Н. Шерматова,
омӯзгори мактаби
№64-и ноҳияи Варзоб

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, ҳамчун барномаи мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеаи моро дар соли 2023 мавриди таҳлилу натиҷагирӣ қарор  гирифта, дар он бобати ноил шудан ба дастовардҳои боз ҳам назаррас дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, таҳкими суботу оромии ҷомеа, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

Тибқи муқаррароти моддаи 1-и Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф карда шудааст. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя  ва ҳифз менамояд. Ин аст, ки яке аз хусусиятҳои хоси давлати ҳуқуқбунёд мавҷудияти сатҳи баланди фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Вобаста ба ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ то ба имрӯз бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои алоҳида қабул кардааст.                                                                                                         Маврид ба зикр аст, ки дар баробари дигар дастовардҳои даврони истиқлол яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо ин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 6-уми ноябри соли 2024 сиюмин солгарди он таҷлил карда мешавад. Ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шавад. Ин пешниҳоди Пешвои муаззами миллат боз ҳам дар баланд бардош- тани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини волоияти қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи риояи талаботҳои қонун ва эҳтиром ба он, тарғиби арзишҳои демократӣ, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва эҳтиром ба давлату миллат нақши муассир дорад.

Мақсади асосии қабул ва татбиқи ин пешниҳод аз вазифаҳои зерин иборат аст:

— риояи Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ;

— баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон;

— таъмини дастрасии тарзу усулҳои қонунии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон;

— тарғиби арзишҳои демократӣ, дарк намудани ягонагии ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асоси инсон ва шаҳрванд, таъмини иштироки фаъоли аҳолӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии                            Тоҷикистон;

— мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он; 

— баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва аз байн бурдани ҳеҷангории (нигилизм) ҳуқуқӣ;

— байни шаҳрвандон ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ ва ногузирии масъулияти ҳуқуқӣ;

— баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ;

— ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектони ҳуқуқӣ;

— ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон;

— ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш ва фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон истифодаи иқтидори илмиву фарҳангии ҷомеа.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандиро ҳадафи имрӯза ва ояндаи инкишофи худ қарор додааст. Аз ин рӯ, дар раванди ташаккули чунин давлат ва ҷомеа ҳуқуқ нақши бузург ва ҳалкунанда дорад. Дар чунин давлат ҳамагуна муносибатҳо бояд дар асоси ҳуқуқ ва қонун танзим карда шаванд. Волоияти қонун ҳамчун нишонаи асосии давлати ҳуқуқбунёд аз ҷониби ҷомеа воқеан бояд дарк карда шавад.  Дар ҷомеаи муосир қонун ҳамчун воситаи танзимкунандаи ҳама паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа нақш ва мавқеи муҳим дорад, зеро пешрафти ҷомеа фақат бо роҳи танзими қонунӣ ва одилонаи муносибатҳои ҷамъиятӣ имконпазир аст. Маърифати ҳуқуқӣ танҳо аз моҳияти ҳуқуқӣ иборат нест, балки бо маҷмуи арзишҳои маънавӣ, ба монанди расму оинҳои миллию ахлоқӣ оид ба некию некукорӣ, раҳму шафқат ва дилсӯзӣ, ростию росткорӣ, ҳақиқату адолат ва дигар арзишҳои миллӣ, ки дар таърихи миллат исбот шудааст, пайванди ногусастанӣ дорад.                                                                                

Дар шароити ҷаҳонишавӣ, рушд ёфтани муносибатҳои иқтисодӣ, раванди афзоиши иттилоот ва проблемаҳои маърифати ҳуқуқӣ тарбия ва таълим мазмуни нав пайдо кардаанд. Имрӯз риояи қатъии қонун як тамоюли муайяни меъёриро ифода мекунад ва дар атрофи худ ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма, табақаҳои иҷтимоӣ ва қувваҳои ҷамъиятӣ-сиёсиро муттаҳид месозад. 

Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки маърифати ҳуқуқӣ бояд аз оила оғоз гардад. Имрӯзҳо қисми зиёди аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳад ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару мо-  дар дар таълиму тарбияи фарзанд” волидонро масъул ва вазифадор менамояд, ки фарзандони худро дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун ва арзишҳои миллӣ тарбия намоянд. Ин ҳама ба хотири инкишофи ҳамаҷонибаи фарзанд ва барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кӯдак равона гардидааст. Волидонро лозим аст, ки худ қонунҳоро донанд, онҳоро дарк ва риоя намоянд ва ба фарзанди худ омӯзонанд. 

Дар ин вазифаи масъулиятнок мо бояд бетараф набошем ва аз таҷрибаи корӣ, донишу малака ва имкониятҳои ҷойдошта васеъ  истифода карда, баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон корҳои назаррасро ба сомон расонем. 

Вохӯрӣ ва маҷлисҳои сайёрро бо сокинони маҳал ва коллективҳои меҳнатӣ ба маротиб зиёд намуда, тарғибу ташвиқи қонунҳоро аз тариқи чопи маводҳои илмию таълимӣ ба роҳ монем. Зимнан, ҳар як даъвату ҳидоятҳои Сарвари давлат, пеш аз ҳама, роҳнамоӣ ба сӯйи рӯзгори ободу осоишта ва босаодату бомаърифати мардуми шарифи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, ҷавобан ба ин ҳама ғамхориву ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо бояд чорабиниҳои гуногуни таълимию тарбиявиро ба хотири баланд бардоштани фарҳангу маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон хубтару беҳтар баргузор намоем.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *