Шаҳноза ҲАСАНОВА,
омӯзгори мактаби №13-и
ноҳияи Рашт

Мо дар давлате зиндагӣ дорем, ки дар он Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ кафолати ҳифзи ҳуқуқ ва механизми танзими тамоми соҳаҳои ҷамъиятӣ мебошанд. Мамлакати мо давлати ҳуқуқбунёд буда, фаъолияти он ба таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва шаъну шарафи инсон нигаронида шудааст. Чуноне ки Конститутсия дар моддаи 5 эълон доштааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд».
Яъне, имрӯз Тоҷикистон дар шароити Истиқлоли давлатӣ барои шинохти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва муқаддасоти давлатдорӣ аз диди тоза назар андохта, беҳтарин арзишҳо, ормонҳо ва ченакҳоеро муайян кардааст, ки метавонанд манфиатҳои имрӯзу фардои миллату давлатро дилпурона дифоъ намоянд. Бо ин мақсад, таҷрибаи таърихии ҳуқуқи ниёгон ва дастовардҳои ҷаҳони муосир низ мавриди омӯзиш қарор мегирад. Шинохти инсон ҳамчун арзиши олӣ дар анъанаҳои афкори ҳуқуқии мардуми мо ҷойгоҳи сазовор касб намуда, дар низоми ҳуқуқии имрӯзаи мо, ба таври арзанда инъикос ёфтааст.
Барои пойдор нигоҳ доштани давлати ҳуқуқбунёд, инчунин, таъмини мавқеи сазовори он дар сиёсати хориҷӣ, бояд барои ҷамъоварӣ ва азхудкунии донишҳои ҳуқуқӣ аз ҷониби шаҳрвандон, ҳамчунин, фароҳам овардани эҳтиром ба қонун ва муносибати дуруст ба он шароит муҳайё кард. Ҳамин тариқ, бояд барои дуруст ташкил кардан ва ба амал баровардани раванди тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат намуд.
Ба маънои васеъ тарбия раванди ташаккули шахс, такмили одатҳои устувори рафтор мебошад. Илова бар ин, дар раванди таълим фароҳам овардани шароите, ки ба таври бояд худмуайянкунии шахсиятро дар асоси меъёрҳои маънавию ахлоқӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва ахлоқӣ ба манфиати шахсият, оила, давлат ва ҷамъият ба амал меоварад, хеле муҳим аст.
Намудҳои зиёди таълим вуҷуд доранд, ки дар онҳо тарбияи ҳуқуқии шахс нақши муҳим дорад. Масъалаи ташаккули шуури ҳуқуқӣ дар муассисаи таълимии муосир, инчунин, ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ дар байни субъектҳои раванди таълим аҳаммияти махсус дорад.
Масалан, мушкилоти давраи таҳсили наврасро бо ҷустуҷӯйи роҳҳои қонеъ гардондани шаш талаботи асосӣ алоқаманд кардан мумкин аст:
— эҳтиёҷоти физиологие, ки ба фаъолияти ҷисмонӣ ва ҷинсии наврасон такон мебахшад;
— зарурати амнияте, ки наврасон дар мансубият ба гурӯҳ пайдо мекунанд;
— эҳтиёҷоти мустақилият ва озодшавӣ аз оила;
— эҳтиёҷот ба муҳаббат;
— зарурати муваффақият, санҷидани қоби-лиятҳои худ;
— эҳтиёҷот дар худшиносӣ ва рушди шахсият, ки бо мафҳуми «Ман» ифода меёбад.
Барои рушди дурусти ҳар яке аз ин бандҳо дар эҳтиром ба қонун ва зарурати такмили он ҳамчун манбаи уҳдадориҳои ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқӣ муассисаи таълимӣ нақши бузург дорад.
Тарбияи ҳуқуқии наврасон — ин равандест, ки барои ташаккули шаҳрванди фаъол, худбаҳодиҳии ахлоқӣ ва саводнокии ҳуқуқӣ нигаронида шудааст.
Мақсади тарбияи ҳуқуқии мактаббачагон дар муассисаи таълимӣ ин омӯзонидани таҷрибаи зарурии ҳуқуқӣ ва донишҳои ҳуқуқӣ, муносибати мусбат ба давлат ва ҳуқуқ мебошад.
Вазифаҳои тарбияи ҳуқуқии мактаббачагон дар шароити муассисаи таълимӣ аз инҳо иборатанд:
— баланд бардоштани сатҳи саводнокии ҳуқуқии хонандагон;
— ташаккули рафтори ҳуқуқии мактаб-бачагон дар муҳити муассисаи таълимӣ ва берун аз он;

— ташаккули ақидаҳо дар бораи аҳаммияти қонун дар ҳаёти шахси муосир.
Тарбияи ҳуқуқии хонандагони мактаб бо тарбияи ахлоқӣ робитаи зич дорад, зеро муносибати мусбат ба қонун бе эҳтироми шахс ба ҳуқуқ ва озодиҳои шахсони дигар ташаккул ёфта наметавонад ва дар натиҷаи тарбияи дурусти мактаббачагон тарбияи ҳуқуқии онҳо ҳам ташаккул меёбад.
Раванди тарбияи ҳуқуқии наврасон дар мактаб аз синфҳои ибтидоӣ оғоз гардида, танҳо пас аз хатми таҳсил ба охир мерасад. Ҳаёти мактаббачагони синфҳои ибтидоӣ аз рӯйи қоидаҳо ва меъёрҳои одӣ идора мешавад. Ба ташаккули саводнокии ҳуқуқии наврас обрую эътибори баланди омӯзгор, истеъдод ва ошкорбаёнии ӯ таъсири мусбат мерасонад.
Муҳим аст, ки хонандагони хурдсол бо ҳуқуқҳои асосӣ, ки қонунгузории Тоҷикистон пешбинӣ мекунад, шинос карда шаванд. Наврасон бояд дарк кунанд, ки қонунҳо барои ҷомеа хеле муҳиманду набояд онҳоро вайрон кард. Раванди тарбияи ҳуқуқии синфҳои ибтидоӣ бояд дар асоси бозиҳо ва суҳбатҳои тарбиявӣ, инчунин, бо истифодаи презентатсияҳо ва видеороликҳо гузаронида шаванд.
Хонандагони синфҳои болоӣ метавонанд маълумоти мураккабтари ҳуқуқиро дарк кунанд. Дар фаъолият бо онҳо бояд эҳтиром нисбати қонунҳои мамлакат, ки дар ҳаёти минбаъдаи онҳо ҷузъи ҷаҳонбинии онҳо хоҳад шуд, инчунин, тарбияи рафтори қонунӣ ва пешгирии ҷиноят ва ҷинояткориро инкишоф додан зарур аст ва наврасон бояд фаҳманд, ки дар қонун ҷавобгарии мувофиқ барои кирдорҳои дорои хусусияти ғайриқонунӣ пешбинӣ шудааст.
Дуруст ташкил кардан ва ба амал баровардани раванди тарбияи ҳуқуқии аҳолии ҷумҳурӣ, ки бунёди он ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ пайванд аст, муҳим буда, барои пойдории давлати демократии ҳуқуқбунёд ва қонунмеҳварии аҳолӣ нақши калидӣ дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *