Иззатулло САИДЗОДА,
директори Маркази миллии қонунгузории
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
дотсент

Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маърифати ҳуқуқӣ асоси ташаккули ҳар як ҷомеаи қонунмеҳвар буда, заминаи асосии рушди босуботи ҳар як кишвари муосир ва ҳуқуқбунёд мебошад, зеро муносибатҳои солими ҳар як ҷамъият аз тарз ва сифати дарки маҳфуми маърифати ҳуқуқӣ вобастагии комил дорад.
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии субъектҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ барои рафъи инкори қонун, ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ, рушди институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ба ин васила, мустаҳкам намудани асосҳои давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Имрӯз бо дарназардошти ҷаҳонишавӣ ва ба миён омадани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ мавзуи маърифати ҳуқуқӣ на танҳо рӯзмарра, балки мазмуну моҳияти нав пайдо намуда, он метавонад ба рушди Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд ба сифати омили мусоидаткунанда баромад намояд. Бинобар ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвио миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023 пешниҳод намуданд, ки соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карда шавад.
Дар ҳамин замина, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023, таҳти №668 ба имзо расид.
Зери мафҳуми маърифати ҳуқуқӣ раванди иттилоотонии ҳуқуқӣ доир ба қоидаҳои умумии ҳатмии рафтори (меъёри) муқаррарнамудаи қонунгузорӣ фаҳмида мешавад, ки мақсади он ба баланд бардоштани шуурнокии субъектҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ, амалишавӣ ва риояи қонунҳо, инчунин, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ равона шудааст.

Омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ собит менамояд, ки соли 2024 ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои зерин Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидааст:
1. Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии субъектҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ.
2. Тарғиби арзишҳои демократӣ.
3. Мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон ва муносибати эҳтиромона бо он.
4. Боз ҳам баланд бардоштани мақоми қонун.
5. Тарбияи субъектҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ дар руҳияи эҳтиром нисбат ба қонун ва бартараф намудани инкори он.
6. Таъмини волоияти қонун.
7. Ташаккули низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ.
8. Оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ.
9. Ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ.
10. Ташкили механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии субъектҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ.
Анҷом додани тадбирҳои зикргардида арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро таъмин намуда, ба эҳтиром ва риояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тақвияти рағбати шаҳрвандон ба донишҳои соҳаи ҳуқуқ, васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ, паст гардидани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ ва иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар робита ба фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023 зикр намуданд, ки дастоварду пешравиҳои то имрӯз ноилшудаи кишвар натиҷаи қонунҳои таҳия ва қабулкардаи Парламенти мамлакат мебошад.
Таъмин намудани рушди устувор ва босуръати кишвар танзими ҳуқуқии саривақтӣ ва ҳамаҷонибаро талаб менамояд. Қонунгузорӣ бояд пайваста такмил дода шавад ва ҳамқадами ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бошад. Аз ин рӯ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ҷиҳати боз ҳам ҷоннок намудани кор дар ин самт муроҷиат карданд.
Иштироки фаъолонаи шаҳрвандон ва дигар субъектҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ барои ноил шудан ба ин вазифаи гузошташуда — такмили қонунгузорӣ ба манфиати кор аст.
Қобили зикри хос аст, ки барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон заминаҳои конститутсионӣ-ҳуқуқӣ фароҳам аст. Чунончи, мувофиқи моддаи 1-и Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад.
Дар моддаи 5-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардидааст. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.
Дар моддаи 92-и Конститутсия меъёр пешбинӣ шудааст, ки шаклҳои ёрии ҳуқуқиро қонун муайян менамояд. Ҳамин тариқ, аксари меъёрҳои Конститутсия бевосита ё бавосита ба падидаи маърифати ҳуқуқӣ алоқамандии зич доранд.
Ин заминаҳои конститутсионӣ-ҳуқуқӣ имкон медиҳанд, ки дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар шаклҳои гуногун қабул гарданд ва вазифаҳои онҳо бевосита ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии субъектҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ нигаронида шаванд.
Қабул гардидани Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018, №1005 тасдиқ шудааст, Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, № 599 тасдиқ шудааст, Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021, №565 тасдиқ шудааст, мисоли гуфтаҳои болост.
Баҳри пурра расидан ба ҳадаф — баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии субъектҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ дар заминаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонуни болозикр таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати ҳуқуқии субъектҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ» мувофиқи мақсад мебошад.
Лозим ба ёдоварист, ки пас аз қабули Конститутсияи соли 1994 низоми қонунгузории кишвар мунтазам ташаккул ёфта, имрӯз, тибқи феҳристе, ки дар Маркази миллии қонунгузорӣ пеш бурда мешавад, нишондоди санадҳои қонунгузорӣ дар шаклҳои гуногун 401 ададро ташкил медиҳад. Айни замон, низоми қонунгузории Тоҷикистон аз Конститутсия, 17 қонуни конститутсионӣ, 22 кодекс ва 361 қонун, инчунин, санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар даврони соҳибистиқлолӣ ташаккул ёфта, барои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ маърифатнок намудани субъектҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ нақши назаррас дорад.
Дар баробари ин, мувофиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вазорату идораҳо ва шахсони мансабдори он вазифадор мебошанд, ки барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва дигар субъектҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ чораҳои дахлдор, ба монанди фаҳмондадиҳии муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, иттилоотонии ҳуқуқӣ, қабули бевоситаи шаҳрвандон, нашри мақолаҳои илмӣ-оммавӣ дар маҷаллаву рӯзномаҳо ва дигар корҳои пешбининамудаи қонунгузориро роҳандозӣ намоянд.
Ҳамин тариқ, эълон шудани соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии субъектҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ, таҳкими мақому манзалати инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, таъмини волоияти қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ равона гардида, дар рушди низоми қонунгузорӣ ва муносибатҳои қонунмандонаи ҷамъият саҳми шоиставу маънавӣ хоҳад гузошт!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *