Муҷибахон ҶАВҲАРӢ,
вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои филологӣ,
Номвар ҚУРБОН,
муовини директор оид ба илм ва таълими
Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва
экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
номзади илмҳои техникӣ, дотсент

Яке аз институтҳои байналмилалии марбут ба мушкилоти глобалии об Шурои Ҷаҳонии Об (World Water Council) мебошад, ки соли 1996 таъсис ёфта, 260 созмонро аз 52 кишвари ҷаҳон муттаҳид месозад. Шурои мазкур 358 узв дошта, ниҳодҳои марбутаи СММ, созмонҳои байниҳукуматӣ, ҳукуматҳо, вазорату идораҳои мухталиф, бахши хусусӣ (ширкатҳои сохтмонӣ, муҳандисӣ, истеҳсолӣ), муассисаҳои илмӣ ва гурӯҳҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ узви он ҳастанд. Муассисон ва узви таркибии Шурои Ҷаҳонии Об Комиссияи байналмилалӣ оид ба обёрӣ ва заҳбур (ICID), Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (IUCN), Ассотсиатсияи байналмилалии об (IWA), Федератсияи байналмилалии операторони хусусии об (AquaFed), Suez Lyonnaise des Eaux (Иттиҳодияи фаромиллии фаронсавӣ), Барномаи рушди СММ (UNDP), Идораи СММ оид ба маориф, илм ва фарҳанг (UNESCO) ва инчунин, Бонки ҷаҳонӣ мебошанд.
Мувофиқи Принсипҳои Дублин (соли 1992) ва дар посух ба қарори Конференсияи вазирону шахсони расмӣ оид ба оби нӯшиданӣ ва беҳдошти муҳити зист, ки моҳи марти соли 1994 дар шаҳри Нюрдвейки Нидерланд баргузор шуд, Ассотсиатсияи байналмилалии захираҳои об зимни яке аз ҷаласаҳои худ дар соли 1994 (Қоҳира, Миср), барои омӯзиши консепсияи Форуми ҷаҳонии об, ба кумита дастур дод, то корҳои омодагиро ҷиҳати таъсиси Шурои Ҷаҳонии Об ба анҷом расонад. Кумитаи мазкур бори аввал моҳи марти соли 1995 дар шаҳри Монреал (Канада) ва маротибаи дуюм моҳи сентябри ҳамон сол дар шаҳри Бари (Италия) ҷаласаҳояшро доир намуд. Зимни баргузории ин ҷаласаҳо ҳадафу вазифаҳои Шурои Ҷаҳонии Об, ки 14 июни соли 1996 дар шаҳри Марсел (Фаронса) расман таъсис ёфт, муайян карда шуданд.
Яке аз дастовардҳои асосии ин шуро саҳми назарраси он дар баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ оид ба мушкилоти глобалии об ва сафарбарнамоии сиёсӣ мебошад, ки тавассути баргузории Форуми ҷаҳонии об ноил мегардад. Форум ҳамчун заминаи мусоид ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи об хидмат намуда, платформаи муҳиме мегардад, ки дар он сиёсатмадорону тасмимгирандагон аз тамоми манотиқи кураи арз дар баррасӣ, муҳокима ва кӯшиши пайдо намудани роҳҳои ҳалли таъмини бехатарии обӣ дар сайёра ширкат меварзанд.
Шурои мазкур дар ҳамкорӣ бо давлати мизбон ҳар се сол як маротиба Форуми ҷаҳонии обро баргузор мекунад, ки бузургтарин чорабинии байналмилалӣ дар соҳаи об аст. Аз соли 1997 то имрӯз 10 форум – (Марокаш, 1997), (Нидерланд, 2000), (Ҷопон, 2003), (Мексика, 2006), (Туркия, 2009), (Фаронса, 2012), (Кореяи Ҷанубӣ, 2015), (Бразилия, 2018), (Сенегал, 2021) ва (Индонезия, 2024) доир гардида, Форуми 11-уми ҷаҳонии об соли 2027 дар Арабистони Саудӣ (Риёз) ба нақша гирифта шудааст. Ҳар як Форуми ҷаҳонии об 4 ҳадафи меҳварӣ: 1) баланд бардоштани аҳаммияти нақши об дар Рӯзномаи сиёсӣ, 2) мусоидат ба мубоҳисаҳои амиқ дар ҳалли мушкилоти байналмилалии об дар асри XXI, 3) таҳияи пешниҳодҳои мушаххас ва таваҷҷуҳи умумӣ ба аҳаммияти онҳо, 4) таҳияи уҳдадориҳои сиёсӣ дорад.
Табиист, ки об барои тамоми мавҷудоти зиндаи сайёра ва экосистема бағоят муҳим буда, истифодаи оқилонаи он маънои ҳосили фаровон, саломатии бардавом, рушду инкишоф ва таъмини амнияти экологиро дорад. Баръакси он, оби ифлос ба вусъат ёфтани камбизоатӣ, авҷ гирифтани бемориҳо, зиёд шудани обхезӣ, шусташавии хок, шӯршавии замин, ботлоқшавӣ, коҳишёбии биологӣ, таназзули муҳити зист ва муноқишаи байни инсонҳо меорад. Дар навбати худ, идоракунии самараноку истифодаи дурусти захираҳои об ба таҳкими сулҳу субот ва ҳамкорию муносиботи дӯстонаи байни миллатҳову давлатҳо, дар асоси принсипҳои адолат ва баробарҳуқуқӣ мусоидат менамояд. Дар ин маврид ҳақ ба ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки таъкид кардаанд: «Захираҳои об дар тавсеаи ҳамкории миёни давлатҳо нақши муҳим мебозанд. Дар таърих бисёр низоъҳои байни давлатҳо маълуманд, ки дар асоси ихтилофи назар доир ба масъалаҳои об рӯй додаанд. Вале бояд гуфт, ки об дар аксари мавридҳо на ҳамчун омили ҷудокунандаи одамон ва мамлакатҳо, балки чун муттаҳидсозандаи онҳо нақши муҳим мебозад».
Форуми якуми ҷаҳонии об (21-25 марти соли 1997, Марокаш) таҳти унвони «Биниш ба об, ҳаёт ва муҳити зист» бо ширкати зиёди коршиносону намояндагони соҳаҳои иҷтимоӣ баргузор гардида, миқёси хеле васеъ доштани буҳрони ҷаҳонии обро собит намуд. Пас аз анҷоми форум Шурои Ҷаҳонии Об дар баробари қабули Эъломияи Марокаш муваззаф гардид, то ҳуҷҷати махсусеро доир ба дурнамои захираҳои об, ҳаёт ва муҳити зисти сайёра дар асри XXI таҳия намояд. Зеро «Биниши ҷаҳонии захираҳои об» қадами нахуст дар ҳалли буҳрони глобалии об маҳсуб ёфта, зимни баргузории Форуми дуюми ҷаҳонии об рӯнамоӣ гардид ва мавриди истифода қарор гирифт.
Форуми дуюм (17-22 марти соли 2000, Гаага) бо баргузории мубоҳисаҳои зиёде дар бораи «Аз биниш ба амал», яъне, биниши оянда ба об ва Барномаи қолабии амал оид ба ҳолат ва дурнамои захираҳои об, иқтидори рушди онҳо, амсилаҳои идоракунию маблағгузорӣ ва таъсири онҳо ба сатҳи камбизоатӣ, рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва муҳити зист доир гардид. Дар рафти форуми мазкур вазифаҳои асосӣ барои оянда, яъне, қонеъ гардонидани эҳтиёҷот ба об, таъмини маводи ғизоӣ, ҳифзи экосистемаҳо, мубодилаи захираҳои об, идоракунии хатарҳо, ҳифз, танзимнамоӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои об муайян карда шуданд. Дар натиҷа, соли 2003 гузориши «Амалҳо оид ба захираҳои об дар ҷаҳон» интишор ёфт, ки дар он 3000 амал номбар ва таҳлил гардида, саъю талошҳои назарраси аҳолии сайёраро барои ҳалли мушкилоти бисёр муҳимми марбут ба об нишон медиҳад. Ҳамчунин, дар доираи Форуми дуюми ҷаҳонии об бори нахуст ҷаласаи вазирон баргузор гардид, ки барои муайян кардани масоили мубрами об мусоидат намуд.
Форуми сеюм (16-23 марти соли 2003, Киото, Осака ва Шига) бонуфустарин конференсия дар соҳаи об буда, дар он 24 000 иштирокдор, аз ҷумла, беш аз 130 вазир, 8 000 меҳмони хориҷӣ аз 170 кишвар ва инчунин, 12 000 сокини Ҷопон ширкат варзидаанд. Давоми 6 рӯзи форум, дар он 351 ҷаласа, ки аз рӯйи аломатҳои «географӣ» ба рӯзҳои минтақавӣ (Африқо, Осиё ва Уқёнус, Амрико, Шарқи Наздик ва Баҳри Миёназамин, Аврупо) тақсим шуданд, доир гардида, дар онҳо мавзуъҳои обу иқлим; обтаъминнамоӣ; беҳдошт ва ифлосшавии об; об ва муҳити зист; идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об; об, кишоварзӣ ва озуқа; об ва паст кардани камбизоатӣ; сарбандҳо ва рушди устувор ва ғайра, мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.
Форуми чорум (16-22 марти соли 2006, Мехико) таҳти унвони «Амалҳои минтақавӣ барои хатарҳои глобалӣ» баргузор гардида, мавзуъҳои меҳварии онро таҳлили масоили афзалиятноки раванди об вобаста ба истифодаи об дар доираи стратегияҳои рушд, гузариш ба идоракунии маҷмуии захираҳои об, таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳо дар соҳаи об ва беҳдошт, ҳифзи захираҳои об ҳамчун ҷузъи муҳимми муҳити зист, коҳиш додани офатҳои марбут ба об ва инчунин, баррасии мушкилоту имконоти мушаххасе, ки институтҳо ва созмонҳои гуногуни хусусию ҷамъиятӣ дар самти устувории экологӣ дучор меоянд, ташкил медиҳад.
Форуми панҷум (15-22 марти соли 2009, Истанбул) бо номи «Бартараф намудани ҳудудҳои тақсимкунандаи об» баргузор шуда, мавзуи асосии он чорроҳаи географии байни Осиёву Аврупо, Ховари Миёнаву Африқо, Шимолу Ҷануб ва инчунин, монеаҳои консептуалӣ дар байни фарҳангҳои гуногун оид ба об, сарватмандону камбизоатон, манотиқи пешрафтаву рушдёбандаи ҷаҳонро таъкид мекард. Мафҳуми «бунёди иртиботот» ва баланд бардоштани дарк ва такмили табодули иттилоотро байни истифодабарандагон, тасмимгирандагон, коршиносон ва кормандони бахши амалии об дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар бар мегирад.
Мавриди зикр аст, ки дар таърихи форумҳои ҷаҳонии об дар ин форум нахустин бор Пешвои миллати тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва яке аз пешниҳодҳои ҷаҳонӣ дар самти обро манзур намуданд.
Форуми шашум (12-17 марти соли 2012, Марсел) бо номи «Вақти қабули қарорҳо» доир гардида, дар он 3 самти стратегӣ ва 12 авлавияти асосии амалиёти об муайян карда шуд, то саҳми ҷомеаи ҷаҳониро дар раванди таъмини сайёраи солим, осоишта, шукуфо ва сабзу устувор таъмин намояд.
Форуми ҳафтуми ҷаҳонии об (12-17 апрели соли 2015, Тэгу-Кенгбук) дар як лаҳзаи барои ҷомеаи ҷаҳонӣ бағоят муҳим баргузор гардид, зеро баргузории он бо қабули Ҳадафҳои Рушди Устувор, ки ҳамчун «нақшаи ноил гардидан ба ояндаи беҳтару устувортар барои ҳамагон» аз ҷониби СММ таҳия шудааст, тавъам омад. Ҳамчунин, дар як вақт тавъам омадани баргузории Форуми «Ояндаи об дар дасти мост», таҳияву қабул шудани Ҳадафҳои Рушди Устувор аз тарафи СММ ва пешниҳоду қабул гардидани ташаббуси чоруми ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», падидаи ҷадидест, ки ҷомеаи ҷаҳониро дар масири бехатарии захираҳои об ва таъмини рушди устувори экологии сайёра роҳнамоӣ мекунад.
Форуми ҳаштум (18-23 марти соли 2018, Бразилиа) аз он ҷиҳат таърихӣ аст, ки чунин ҳамоиши марбут ба об бори нахуст дар Нимкураи ҷанубӣ баргузор гардида, дар он ҳудуди 100 000 нафар, аз ҷумла, 57 000 ҷавону наврас ширкат варзиданд. Зиёда аз ин, дар форуми «Истифодаи муштараки об» аввалин маротиба 83 судяву додситон дар муҳокимаҳои марбут ба об ва мурофиаҳои судӣ, аз ҷумла, муҳокимаҳо дар бораи ҳуқуқи дарёҳо ҳамчун шахсони ҳуқуқӣ ё буҳрони тағйирёбии иқлим ширкат варзиданд.
Форуми нуҳум (21-26 марти соли 2022, Дакар) бо номи «Бехатарии обӣ барои сулҳ ва рушд» баргузор шуда, 4 самти афзалиятнок – бехатарии обӣ ва беҳдошт, ҳамкорӣ, об барои рушди деҳот ва маблағгузорию воситаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳадафи меҳварии форумро, ки дар чаҳорчӯбаи инноватсионӣ асос ёфтааст, муайян кардан, пешбарӣ намудан ва амалӣ сохтани вокунишҳо ва амалҳои мушаххас дар соҳаи обтаъминнамоӣ ва беҳдошт ташкил медиҳад.
Форуми даҳуми ҷаҳонии об (18-24 майи соли 2024, Бали) ҳудуди 20 000 нафар, аз ҷумла сарони давлатҳо, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ, намояндагони мақомоти баландпоя, коршиносон ва соҳибкоронро аз 160 кишвар ба ҳам овард. Мавзуи умумии форум «Об барои шукуфоии муштарак» унвон дошта, ҳадафи он пешниҳоди маълумоти комилан ҷадид дар бораи ҳолати кунунии захираҳои об, мусоидат ба табодули донишу таҷрибаи пешқадам дар самти истифодаи оқилонаю самараноки об ва таҳияи роҳҳалҳои муштарак ҷиҳати рафъи мушкилоти мубрами марбут ба об мебошад.
Ҳамин тавр, ҳар як форум мавзуи меҳварӣ ва ҳадафи мушаххас дошта, дар заминаи он ҳуҷҷати натиҷавие қабул мегардад, ки барои бартараф намудани мушкилоти марбут ба об мусоидат менамояд. Дар робита ба ин, бояд зикр намуд, ки қабл аз баргузории форумҳои ҷаҳонии об ва ҷиҳати омодагӣ ба онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон пайваста ҳамоишу чорабиниҳои сатҳи баланд доир гардида, ҳуҷҷатҳои зарурӣ қабул ва пешниҳод мешаванд. Аз ҷумла, қабл аз Форуми 4-ум Конференсияи байналмилалӣ оид ба ҳамкории минтақавӣ дар ҳавзаи дарёҳои фаромарзӣ (30.05-01.06.2005, Душанбе), пеш аз Форуми 5-ум Конференсияи байналмилалӣ оид ба коҳиш додани офатҳои табиии марбут ба об (27-28.06.2008, Душанбе), қабл аз Форуми 7-ум Конференсияи зерминтақавии омодагӣ (8-9.07.2014, Душанбе) ва пеш аз Форуми 9-ум Конференсияи зерминтақавии омодагӣ дар мавзуи «Бехатарии обӣ барои сулҳ ва рушд» (19-20.11.2021, Душанбе) гузаронида шуданд. Доир намудани конференсияҳо дар шаҳри Душанбе қабл аз баргузории форумҳои ҷаҳонии об шаҳодати бармалои он аст, ки «Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон ба ҳамкории фаъоли ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор дар самти мудирияти захираҳои об ва татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи об, инчунин, дар амалисозии фанноварию навовариҳои муосир мусоидат намуданд». Зиёда аз ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварӣ ва роҳнамоии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун кишвари ташаббускор ва пешсафи ҳалли масоили глобалии марбут ба об дар ҳама форумҳо фаъолона ширкат меварзад ва иқдомҳои аҳаммияти ҷаҳонидоштаро пешниҳод менамояд. Фарзи мисол, аз 5 ташаббуси ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 иқдом маҳз дар доираи се форуми ҷаҳонии об, яъне, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015» дар Форуми 3-юм, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об дар Форуми 5-ум ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар Форуми 7-ум пешниҳод карда шуданд.

 

Боиси ифтихор аст, ки Ватани мо давоми беш аз ду даҳсола масоили марбут ба обро дар доираи Рӯзномаи ҷаҳонии об фаъолона пеш мебарад. Зеро бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат масъалаҳои беҳтар намудани сифати оби нӯшиданӣ, самаранокии истифодаи захираҳои об, ба роҳ мондани идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об, ҳифзи низоми экологии об ва дигар масоили марбут ба об ба Рӯзномаи нави ҷаҳонии рушд ворид гардидаанд, ки худ яке аз дастовардҳои муҳимми талошҳои муштараки чанд соли охири ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Аз тарафи дигар, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидани иқдомҳои моҳияти глобалидошта дар раванди муттаҳид намудани талошҳои муштараки давлатҳои ҷаҳон дар масири мубориза ба тағйирёбии иқлим, дастрасӣ ба оби нӯшиданӣ, коҳиш додани таъсири хатарҳои экологӣ, расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор заминаҳои бунёдӣ ва қадамҳои устувор мегузоранд.
Татбиқи ин ташаббусҳо дар амиқ дарк кардани мушкилоти экологии мавҷуда, пайдо намудани роҳҳалҳо ҷиҳати рафъи ин масоил, коҳиш додани таъсироти манфии онҳо, бартараф кардани пайомадҳои хатароти экологӣ, нигаҳ доштани тавозуни экологӣ ва ҳифзи экосистемаҳо, таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ, вусъат бахшидани саноати камкарбону бепартов ва инчунин, таъмини сулҳу субот саҳми назаррас мегузоранд. Тавъам ба ин ҳама, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2000 талошҳои худро дар арсаҳои минтақавию байнамилалӣ бо мақсади тақвияти пешравиҳои бадастомада ва дастёбӣ ба натиҷаҳои комилан нав идома медиҳад. Зеро ҳар як ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор заминаи мусоид фароҳам месозад.
Дар баробари форумҳои ҷаҳонии об, яке аз платформаҳои мусоиде, ки ҳам дар ҳалли мушкилоти болозикр ва ҳам дар самти ноил гардидан ба аҳдофи Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 саҳми назаррас дорад, платформаи «Раванди оби Душанбе» мебошад. «Раванди оби Душанбе» ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии татбиқи ҳадафҳои иқдомоти ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об аст, ки бо роҳи баргузории конференсияҳои байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо СММ дар 2 сол як маротиба аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста кӯшиш мекунад, ки платформаи мазкурро барои пайгирӣ, пешбурд ва дастгирии иҷрои уҳдадориҳои Рӯзномаи ҷаҳонии об, инчунин, ҳавасмандгардонии шарикии нав ва суръатбахшии амалҳо дар масири ноил гардидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор таъмин намояд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо СММ, дар доираи платформаи «Раванди оби Душанбе» Конференсияи дуюми оби СММ (22-24 марти соли 2023, Ню-Йорк) ва Конференсияҳои якум (20-21 июли соли 2018), дуюм (6-9 июни соли 2022), сеюми (10-13 июни соли 2024) байналмилалии сатҳи баланди Душанберо ба таври шоиста баргузор кард. Бояд қайд кард, ки пас аз 46 сол, маҳз дар доираи ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» Конференсияи оби СММ-2023 гузаронида шуд. Конференсияи СММ оид ба масоили об дар чунин сатҳи баланд ва иштироки васеи ҳукуматҳову ташкилотҳою коршиносон, ҳанӯз соли 1977 дар шаҳри Мар-дел-Плата (Аргентина) баргузор гардида буд. Бинобар ин, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон конференсияи мазкурро таърихӣ унвон карданд, зеро «он дар таърихи Созмони Милали Муттаҳид бори дуввум – баъди қариб 50 сол ба вуқуъ пайваст».
Конференсияҳои «Раванди оби Душанбе» барои пешбурди амалҳо, шарикӣ ва муколамаи сиёсӣ, баррасии раванди татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об, алалхусус, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва мусоидат ба робита бо дигар равандҳои дахлдор, платформаи муайянеро фароҳам меоранд. Аз ин рӯ, Тоҷикистон маркази дипломатияи об ба ҳисоб рафта, дар ин масъала Душанбе арсаи бузурги баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ дар баррасӣ, муҳокима ва ҳалли масоили ҳаётан муҳимми аҳли башар, махсусан, обу иқлим эътироф гардидааст. Масалан, яке аз ин ҳамоишҳо ва имконоти хуб дар масири ҳаллу фасли мушкилоти мазкур Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» буд, ки дар доираи он 9 форум (Форуми Осиёи Марказӣ оид ба об ва тағйирёбии иқлим, Форуми Африқо оид ба об, Форуми сеюми минтақавии созмонҳои ҳавзавӣ, Форуми байналмилалии пиряхҳо, Форуми кӯдакону ҷавонон оид ба об ва иқлим, Форуми бонувон ва об, Форуми илм ва технология, Форуми бахши хусусӣ ва Форуми байналмилалии парлумонӣ), 5 муколамаи интерактивӣ, 18 чорабинии иловагӣ ва 1 фестивал баргузор гардиданд.
Ҳамин тавр, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускору пешсаф дар ҳалли мушкилоти марбут ба об дар форумҳои ҷаҳонии об пайваста ва фаъолона ширкат варзида, баҳри бартараф кардани мушкилоти мавҷуда иқдомҳои илман асоснок, мубрам ва воқеъбинонаро пешниҳод мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *