Фирӯз Сайнозимзода,
мушовири калони кумита оид ба қонунгузорӣ
ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

31 сол муқаддам дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯйдоди муҳимму сарнавиштсозе ба вуқуъ пайваст, ки он дар пойдории сулҳу субот, таъмини Истиқлоли давлатӣ, мустаҳкам намудани заминаҳои ҳуқуқии давлат, таҳкими сохти конститутсионӣ, таъмини қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва рушди илму маорифи кишвари азизамон нақши бағоят бузург гузошт.
16 ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум дар давраи басо мушкил ва вазъияти душвори сиёсии ҷомеа оғоз ёфт. Дар он лаҳзаҳо дар минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ, бахусус, пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе вазъи мураккаби сиёсӣ ҳукмрон буд. Гурӯҳҳои сиёсию низомӣ, ки аксаран аз хориҷи кишвар идора мешуданд, ҳар кадоме дар минтақае ҳокимияти ғайрирасмӣ дошту талош мекарданд, ба равандҳои солими сиёсӣ халал ворид кунанд. Аз ин рӯ, иҷлосияи мазкур дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд, ки минтақаи нисбатан ороми кишвар буд, баргузор гардид.
Дар он замон аксари намояндагони қишрҳои ҷомеа дар робита ба вазъи мавҷуда бетарафиро ихтиёр карда, баъзеи дигарашон аз бехабарии вазъи сиёсиву дарки сиёсатҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба ин ё он тарафи гурӯҳҳои даргир ҳамроҳ шуданд ва дар натиҷа кишвар ба доми даргириҳо ва ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шуд.
Дар чунин ҳолате, ки аз лиҳози сиёсию амниятӣ мураккаб маҳсуб мешуд, мардуми Тоҷикистон ба роҳбари кордону ботадбир, ватандӯсту миллатдӯст, дурандешу олиҳиммат, хайрхоҳу хирадманд ва ғаюру далер ниёз дошт.
Дар натиҷа, дар иҷлосияи зикршуда бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми ноябри соли 1992, таҳти №682 фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд ва сокинони мамлакат дар шахсияти ин абармард наҷотбахши давлату миллатро пайдо намуданд.
12-уми декабри ҳамон сол Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон чунин гуфтанд: «Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
Ҳамчунин, 1-уми июни соли 1993 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муроҷиатномаи телевизионӣ бо таваҷҷуҳи хосса ба фирориён рӯ оварда, аз онҳо даъват ба амал оварданд: «Ба Ватан баргардед. Мо ба шумо кӯҳи тилло ваъда намекунем. Ҳамин қадар мегӯем, ки як бурида ноне, ки дорем, якҷоя мехӯрем, як қатра обе, ки дорем, якҷоя менӯшем. Паҳлуи ҳамдигар истода, Ватани вайроншудаамонро обод мекунем, иқтисоди харобгаштаамонро барқарор менамоем… Ватан бе шумо холист, аммо донед, ки шумо ҳам бе Ватан пурра нестед…
Халқи азизам, падару модарон, хоҳару бародарон ва фарзандон! Шуморо хонаатон, заминатон, боғатон, мактабатон интизор аст! Шумо тоҷику тоҷикистониед, Тоҷикистон шуморо интизор аст».
Ҳамин тавр, дар заминаи чунин муроҷиати самимиву саршор аз меҳру муҳаббат нисбат ба халқи шарифи Тоҷикистон, дар кӯтоҳтарин муҳлат тақрибан як миллион мардуми гурезаву сарсон ба Ватани аҷдодии худ баргаштанд ва онҳо аз ҳаёти осудаву осоишта бархӯрдор гардиданд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар Иҷлосияи таърихӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси даровардани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси депутатҳои халқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 18-уми ноябри соли 1992, таҳти №673; «Дар хусуси дохил кардани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи андози даромади шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа» аз 23-юми ноябри соли 1992, таҳти №696; «Дар бораи даровардани тағйирот ба Кодекс оид ба никоҳ ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 23-юми ноябри соли 1992, таҳти №697; «Дар бораи аз андози арзиши иловашуда озод кардани роҳхатҳо ба табобатгоҳҳои санаторию курортӣ, истироҳатгоҳҳо ва лагерҳои солимгардонии тобистона» аз 23-юми ноябри соли 1992, таҳти №700; «Дар бораи гурезагон» аз 24-уми ноябри соли 1992, таҳти №708; «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд» аз 26-уми ноябри соли 1992, таҳти №728; «Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризояти миллии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардани 26-уми ноябри соли 1992» таҳти №731; «Дар хусуси даровардани тағйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 30-юми ноябри соли 1992, таҳти №740; «Дар бораи ба узвияти Захираи арзи байналхалқӣ, Бонки байналмилалии таҷдиду тараққиёт, Ассотсиатсияи байналмилалии тараққиёт, Корпоратсияи байналмилалии молия ва Агентии бисёрҷабҳаи замонати пасандозҳо дохил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 23-юми ноябри соли 1992, таҳти №698; «Дар бораи даровардани тағйирот ба Конститутсияи (Қонуни асосӣ) Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 24-уми ноябри соли 1992, таҳти №704; «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 24-уми ноябри соли 1992, таҳти №705; «Дар хусуси тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 24-уми ноябри соли 1992, таҳти №706; «Дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Қонуни асосӣ) Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 27-уми ноябри соли 1992, таҳти №732; «Дар хусуси тадбирҳои пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноӣ барои содир кардани ҷиноятҳои вазнине, ки бар зидди саломатӣ ва ҳаёти шаҳрвандон, ҳуқуқи амволи онҳо ва барои хароб кардани пояҳои иқтисодию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудаанд» аз 30-юми ноябри соли 1992, таҳти №739 қабул гардиданд.
Дар иртибот ба қабул гардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикршуда профессор Эмомалӣ Насриддинзода чунин иброз менамояд: «Дар Иҷлосияи таърихӣ беш аз 70 қонуну қарори дахлдор қабул шуданд, ки минбаъд барои мустаҳкам намудани асосҳои сохтори конститутсионии ҷумҳурӣ, волоияти қонун, фаъолияти мунтазами мақомоти давлат, аз он ҷумла, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ заминаи боэътимод гузоштанд. Таъмини ризоияти миллӣ шарти аввалиндараҷаи ҳалли бомуваффақияти ҳамаи он нақшаҳо буд. Ин қонунҳо барои гузаштани иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба муносибатҳои бозаргонӣ, ислоҳоти низоми андозу молия, системаи бонкӣ, хоҷагии қишлоқ, истифодаи боигариҳои зеризаминӣ, таълими кадрҳои баландихтисос, ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ, бо хӯрока таъмин намудани аҳолии маҳалҳои бар асари ҷанг зарардида, баргардонидани гурезаҳо, барқарор намудани хоҷагии харобгашта муҳим буданд».
Аҳаммияти таърихии Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он зоҳир мешавад, ки ба фаъолияти нави қонунгузорӣ дар Тоҷикистон замина гузошт. Фарқи фаъолияти қонунгузории давраи пас аз Иҷлосияи таърихӣ аз давраи қаблӣ дар он аст, ки акнун санадҳои қонунгузории давлат баҳри амалӣ намудани қарорҳои таърихии Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти вазъи нави таърихӣ, бо саъю талошҳои роҳбарияти нави сиёсӣ, зимни фаъолияти мақомоти тозабунёди ҷумҳурӣ сурат мегирад. Ин фаъолияти қонунгузорӣ, ки баҳри пойдории истиқлоли давлат, таҳкими ҳокимияти давлатӣ, таъмини рушди босуръати ҷомеа анҷом ёфта, минбаъд асосҳои ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа ва давлатро пойдор мекунад, маҳз аз Иҷлосияи таърихӣ шуруъ мешавад. Иҷлосия саҳифаи навро дар таърихи фаъолияти қонунгузории мамлакат мекушояд.
Мавриди ёдоварист, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар мамлакат тамоми сохторҳои ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии онро фалаҷ гардонида, он замон Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона мақоми олии салоҳиятдор ва дорои ваколати конститутсионӣ буд. Дар робита бо ин, дар давраи басо мураккабу мушкили сиёсӣ қонуну қарорҳои Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдири минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ҳал мекарданд. Аз ин рӯ, мардуми Тоҷикистон хостори он буданд, ки Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ ҳарчи зудтар баргузор гардад ва низоми конститусиониро дар мамлакат барқарор созад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи мураккаби сиёсии ҳамонвақтаи ҷомеаи Тоҷикистон дар суханрониашон ба муносибати 25- умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ чунин иброз доштанд: «Андешаву мафкураи халқ амалан ду тақсим шуда буд ва ҷавонони бетаҷрибаву гирифтори эҳсосот бо дастури хоҷагони дохиливу хориҷии хеш ба майдонҳо баромада, вазъиятро боз ҳам мураккаб месохтанд. Яъне, дар кишвар ба ҷойи қонун беқонунӣ, ба ҷои низому тартибот беназмиву бесарусомонӣ ҳукмрон буд. Дар як муддати начандон тӯлонӣ аз муовинони Сарвазир, аъзои Ҳукумат, вакилони халқ ва зиёиёни маъруф сар карда, даҳҳо ҳазор нафар мардуми бегуноҳ ба қатл расиданд. Тамоми шохаҳои ҳокимият – аз мақомоти марказӣ то зинаҳои маҳаллӣ аз фаъолият бозмонда, бисёре аз роҳбарони онвақта дар чунин шароити ҳассос иродаи сиёсӣ, дурандешӣ, сабру таҳаммул ва азму ҷасорати раҳнамоӣ кардани мардумро аз даст дода буданд. Як қисми зиёиён ва неруҳои солимфикри ҷомеа мавқеи шаҳрвандии худро муайян карда натавонистанд ва аз уҳдаи иҷрои қарзи шаҳрвандии худ дар назди ҷомеа, бахусус, дар назди ҷавонони бетаҷриба набаромаданд. Дар натиҷа эътиқоду эътимоди мардум ба роҳбарияти сиёсӣ ва Ҳукумат шадидан коҳиш ёфт, зеро мамлакат дар чунин вазъи мураккаби сиёсиву ҷамъиятӣ амалан бе роҳбару роҳнамо монда буд. Дар як сол ду Президент ва панҷ Ҳукумат маҷбурӣ ба истеъфо рафтанд, ки ин нишонаи олии беқонуниву беназмӣ буд».
Қонуну қарорҳои қабулгардида дар Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис- тон таърихӣ ва ҳар яке аз онҳо дар андешаву тафаккур ва ғояву ақидаҳои ҳар сокини мамлакат нақши муҳим бозиданд. Мардуми шарафманди Тоҷикистонро дар атрофи Сардори давлат муттаҳид намуда, ба созандагиву бунёдкорӣ раҳнамун сохтанд. Аз ҳама муҳим он буд, ки ин иҷлосияи тақдирсоз заминаи низоми нави давлатдории Тоҷикистонро чун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ гузошт ва он баъдан дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6-уми ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, инъикоси пурраи худро ёфт.
Бо шарофати баргузории иҷлосияи тақдирсоз сохти конститутсионии мамлакат барқарор гардида, фаъолияти сохторҳои фалаҷгардидаи кишвар аз нав ба роҳ монда шуданд. Роҳҳои муайяну мушаххаснамудаи Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати дурандешонаву хирадмандона ва ботадбиронаву суботкоронаи Роҳбари давлати тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаву иҷтимоӣ мешиносад ва эътироф менамояд.
Бояд хотирнишон сохт, ки қабули қонуну қарорҳо дар Иҷлосияи таърихӣ дар баробари дигар соҳаҳо ба ташаккулу рушди қонунгузории соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос гузоштанд.
Дар ин замина дар мамлакат як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ қабул гардидаанд, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» аз 22-юми июли соли 2013, таҳти № 1004; «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» аз 22-юми апрели соли 2003, таҳти № 21; «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» аз 28-уми декабри соли 2013, таҳти № 1056; «Дар бораи адабиёти таълимӣ» аз 26-уми июли соли 2014, таҳти № 1122; «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» аз 8-уми августи соли 2015, таҳти № 1225; қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 1-уми ноябри соли 2006, таҳти № 484; «Дар бораи Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 22-юми июни соли 2019, таҳти № 316; «Дар бораи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» аз 29-уми сентябри соли 2020, таҳти № 526; «Дар бораи Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025» аз 30-юми апрели соли 2021, таҳти № 170 аз ҷумлаи онҳо буда, дар рушду инкишофи соҳаи маориф, ки ҳамчун соҳаи муҳимму афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати мустақили Тоҷикистон эътироф шудааст, мусоидат намуданд.
Ҳамин тавр, Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлату давлатдории навини тоҷикон ва ташаккулу рушди қонунгузории Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши муҳим гузошт. Аз ин лиҳоз, дар вазъияти зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ҳар яки моро зарур аст, ки барои ҳифзи Ватан, манфиатҳои миллӣ, таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва амнияти кишвар ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошем ва ба халқу Ватан содиқонаву садоқатмандона хизмат намоем.

                                                                  Адабиёт:
1. Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 19 ноябри соли 1992, № 682 // Ахбори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 1992, № 21-22. мод. 286.
2. Суханронӣ ба муносибати 25-умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ. [Захираи электронӣ]. – Манбаи дастрасӣ: http://www.president.tj / node/16605 (санаи муроҷиат: 16.11.2023).
3. Сухани ифтитоҳии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ [Матн] // Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – оғози давлатдории навини тоҷикон (Маводи конференсияи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон). – Душанбе. 2022. – 80 с.
4. Насриддинзода, Э.С. Фарҳанги ҳуқуқӣ [Матн] / Э.С. Насриддинзода. – Душанбе: ЭР-граф, 2016. – 316 с.
5. Насриддинзода, Э.С., Шоҳмурод Р. Нақши парламент дар таъмини волоияти қонун ва таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд [Матн] / Э.С. Насриддинзода, Р. Шоҳмурод // Мақоми олии қонунгузории Тоҷикистон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ. – Душанбе.2022. – С.97-118.
6. Раҳмонов Эмомалӣ. Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ [Матн] / Эмомалӣ Раҳмонов. Иборат аз се ҷилд. Ҷилди аввал. – Душанбе: Ирфон, 2001. – 512 с.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *