Ҳасан АЗИЗОВ,
«Маърифати омӯзгор»

 

Рухдоди манфури коррупсия дар ҳама давру замон ҳамчун вабои хатарнок маҳсуб шуда, бар ҳайсият ва тафаккури башарӣ зиёни азим мерасонад. Ин маризӣ фалаҷкунандаи тамоми шохаҳои ҳокимият, идоракунӣ ва монеаи ҷиддӣ барои пешрафту тараққиёти инсонҳо ва кишварҳо, хусусан, кишварҳои рӯ ба рушд ба шумор меравад. 

Ин масъала ва мубориза бар зидди ин маризии саратонӣ дар ҳама марҳилаҳои давлатдории миллии тоҷикон аз масъалаҳои асосӣ маҳсуб мешавад. Аз ин рӯст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун кафили ҳуқуқу озодиҳо ва амнияти мардум ҳамасола дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мубориза бар зидди рухдодҳои зиддимиллӣ таъкидҳо менамоянд. 

Некуаҳволии мардум ҳадафи аввалиндараҷаи Роҳбарияти Олии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад ва бинобар ин, дар Паёми навбатии хеш Президенти кишвар ба масоили сиёсати давлатии молиявию иқтисодии ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ хос зоҳир намуданд. Аз ҷумла, перомуни мушкилоти коррупсия таъкидҳои хосса карданд, зеро коррупсия дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ, ба мисли терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва савдои одамон яке аз масъалаҳои глобалӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, ба мафкураи инсоният таъсири манфии худро мерасонад. Махсусан, Сарвари давлат вобаста ба мавзуи коррупсия, ки вабои аср дониста мешавад, дар яке аз суханрониҳояшон чунин таъкид намуданд: «Ришвадиҳӣ ва ришваситонӣ дар ҳар шакл ва дар ҳар зинаи мақомоти давлатӣ ё субъектҳои хусусӣ, ки сурат гирад, пеш аз ҳама, нуфузу эътибори давлат ва хусусан, мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар миёни халқ паст мекунад. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди ин ҷиноят бояд яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ташкил диҳад». 

Дар ҳақиқат, мушкилоти аввалиндараҷае, ки рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишварро халалдор намуда, боиси нигаронии шаҳрвандон шудааст, содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ мебошад, зеро ҳанӯз ҳам ҳолатҳои аз тарафи баъзе кормандони мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо содир гардидани ҷиноятҳои коррупсионӣ мушоҳида мешавад. Вобаста ба ин, имрӯзҳо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар самти таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсону шаҳрванд, инчунин, ҷамъияту давлат аз коррупсия, ошкор ва барҳам додани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, фарогир намудани татбиқи чораҳои пешгирикунанда дар мубориза бо коррупсия, ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, васеъ ва фаъол гардонидани ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бо коррупсия чорабиниҳои муҳимро амалӣ намуда, ин ҷараён имрӯзҳо бо иқдомоти нав идома доранд. 

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвият бахшидани «мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ, аз байн бурдани такроркунии вазифаву ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини шаффофият ва такмили фаъолияти назорати тафтишотӣ» таъсис ёфтанд ва дар заминаи фаъолияти ин ниҳодҳо “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008 – 2012», «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020», «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025)” қабул гардидааст, ки ҳадаф аз қабули чунин аснод дар соҳаи қонунгузории кишвар бартараф намудани проблемаҳои дар ин самт ҷойдошта, рушди иқтисоди миллӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва умуман, пешравиҳои ҷомеа мебошад. 

Ҳамчунин, ин вабои зишти замон дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоси худро ёфтааст, аз ҷумла, дар моддаҳои 319 (барои гирифтани пора) ва 320 (барои додани пора) ҷазо пешбинӣ шудааст. Аммо то ҳол дар ҷомеа баъзе аз шаҳрвандони беандешаву кӯтоҳназар, ки манфиатҳои ҷомеаро сарфи назар мекунанд, ба ин амали нангину ба ҷомеа зараррасон даст мезананд. Онҳо андеша намекунанд, ки хавфнокии коррупсия дар он аст, ки он устувории ахлоқи ҷомеаро коста гардонида, ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ ба тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъсири манфии худро мерасонад. Барои ҳамин ҳамаи вазорату кумитаву идораҳои давлативу ғайридавлатӣ ва дар умум, ҳамаи аҳолии ҷумҳуриро мебояд, ки бар зидди кирдорҳои коррупсионӣ муборизаи беамон бурда, дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори хеш қарор диҳанд ва барои зиндагии шоистаи сокинони кишвар бо дасту дили пок хидмати шоиста намоянд. Зеро муқовимат ба коррупсия ва коҳиш додани сатҳи он аз бисёр омилҳо, ба монанди фаъолияти дастаҷамъӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, савияи баланди донишу маърифати ҳуқуқӣ ва фаъолнокии ҳар як фарди ҷомеа дар муносибати оштинопазир бо ин зуҳурот вобаста аст. 

 Аз ҳама кори баде, ки имрӯз ва дар оянда таъсири манфии худро мерасонад, ин амали нангини коррупсионӣ дар соҳаи маориф мебошад. Агар дар ин соҳаи муҳим, ки сармояи инсонӣ аст ва рушду нумуи тамоми соҳаҳо ва дар умум, тамоми ҷомеа аз он вобастагии калон дорад, ин амали паст ва нангин ҷой гирад, ояндаи дурахшони давлату миллат зери суол меравад, чунки таълиму тарбия аз ин соҳаи ҳаётан муҳим сарчашма мегирад ва тафаккури миллат дар муҳити мактаб ташаккул ва такомул меёбад. 

Ин нуктаҳои муҳимро ба инобат гирифта, роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми саъю кӯшиши худро баҳри аз байн бурдани ин амали нангину мафкурахӯр, яъне, коррупсия равона карда истодаанд. Вазорат дар ҳамкорӣ бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳо ҷиҳати баланд бардоштани саводи ҳуқуқии муҳосибон, риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар боби пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва беҳтар намудани фаъолияти молиявии муассисаҳои таълимӣ мулоқоту суҳбатҳои судманд, чорабиниҳои маърифатӣ – ҳуқуқии гуногунро баргузор мекунад. Аз ҷумла, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар бештари маҷлису мулоқотҳои худ бо намояндагони маориф дар бораи ин амали нангин ва пасткунандаи обрӯву эътибори устодону омӯзгорон, дар умум, миллату давлат суҳбат мекунад. Номбурда ҳамеша таъкид менамояд, ки “мубориза бо коррупсия вазифаи танҳо як ниҳод ё гурӯҳи алоҳида нест, балки рисолати инсонии тамоми аҳли ҷомеа мебошад”, зеро бо густариши ин зуҳуроти нанговар зиёни он натанҳо соҳаи маорифро, балки тамоми соҳаҳои ҷамъиятию давлатиро фаро мегирад ва паёмадҳои басо хатарнокро ба бор меоварад. 

Таъкид намудан бамаврид аст, ки имрӯз коррупсия ҳамчун яке аз мушкилоти замони муосир ва зуҳуроти манфии дорои хусусияти миллию байналмилалӣ буда, ба яке аз масъалаҳои глобалии ҷаҳон табдил ёфтааст. Ин масъала аксари давлатҳои ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ истисно буда наметавонад. Бинобар ин, Вазорати маориф ва илм Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои судманди зиддикоррупсиониро танҳо дар доираи нақша-чорабиниҳо маҳдуд накарда, дар ҳамаи давру марҳилаҳои фаъолият тарғиботи зиддикоррупсиониро вусъат медиҳад. 

Аҳли маорифи кишвар дар самти иҷрои уҳдадориҳои мансабию вазифавии худ самимонаю софдилона амал намуда, минбаъд низ дар муқобилият бо коррупсия ва пешгирӣ аз амалҳои фасодкоронаву нангин дар татбиқи “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025)” ва решакан намудани ин вабои миллаткуш бо талошҳои ҳамешагӣ ҳиссагузор хоҳанд шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *