Илҳом ХОМӮШОВ,

ассистенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва молиявии 

факултети ҳуқуқшиносии Академияи идоракунии 

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам оварда, дар маҷмуъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад.

                                                                                                                  Эмомалӣ Раҳмон


Коррупсия яке мавзуъҳои мубрами рӯз ва проблемаҳои нангин дар замони муосир ба шумор меравад. Зеро он дар қатори дигар омилҳои номатлуб зуҳуроти барои ҷомеа ва давлат хатарнок дониста шуда, яке аз масъалаҳои доғи рӯзи тамоми мамлакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Коррупсия зуҳуроти замони нав набуда, дар давраи пайдоиши аввалин давлатҳо низ арзи вуҷуд дошт. Масалан, чанд аср қабл, яке аз мутафаккирони бузург Ш.Л. Монтескё гуфта буд: “Дар натиҷаи амалҳои коррупсионӣ тартиботи хуби ҷамъиятӣ аз байн рафта, дастгоҳи давлатӣ фалаҷ ва ба як чизи бекора мубаддал мешавад”.

Бояд қайд намуд, ки баъд аз соҳибистиқлол эълон гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар як қатор санадҳои муҳимми байналмилалӣ ва миллӣ, аз қабили Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» (соли 2005) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» (соли 2020), инчунин, стратегияҳои давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсия қабул карда шудааст.

Мақсад аз қабули чунин санаду стратегияҳои давлатӣ, пеш аз ҳама, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионии шаҳрвандон, фароҳам овардани шароити тоқатнопазирӣ бо зуҳуроти коррупсия ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда, ки дар маҷмуъ, барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар равона карда шудааст, мебошад.

Бояд иброз намуд, ки зуҳуроти коррупсия феълан рухдоди иҷтимоиест, ки дар тафаккури ҷамъиятӣ низ фаҳмиш ва тафсири якхела надорад. Имрӯзҳо муносибати шаҳрвандон бо коррупсия гуногун буда, онро ришва, сӯистифода аз мансаб, пораситонӣ, судхӯрӣ, падидаи тамаллуқкорӣ, хушомад задан ва ғайра, мешуморанд. Бо вуҷуди ин ҳама, новобаста аз нуқтаи назарҳои гуногун нисбат ба коррупсия, аксари одамон дар он ақидаанд, ки ин амал ҳамчун зуҳуроти манфӣ пояҳои ҷомеаро вайрон намуда, таҳаввулоти ҷомеаро зери хатар мегузорад, вазъияти рифоҳӣ ва ахлоқии одамонро хароб ва ба пайвасти институтҳои давлатӣ бо доираҳои ҷиноятӣ ва коҳиш ёфтани боварии мардум нисбат ба мақомоти давлатӣ оварда мерасонад.

Имрӯзҳо доираи коррупсия васеъ гашта, ба соҳаҳои гуногуни фаъолияти ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Барои муқовимати самаранок ба он тадбирҳои комплексиро, аз қабили иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ андешидан зарур аст. Тибқи моддаи 14-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» пешгирии коррупсия ва роҳҳои амалигардонии он пешбинӣ карда шудааст, ки аз инҳо иборат мебошанд:

— тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ;

— таълиму тарбияи зиддикоррупсионӣ;

— таҳлили хавфҳои коррупсионӣ;

— мониторинги зиддикоррупсионӣ;

-экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

— чораҳои назорати давлатии молиявӣ ва ғайра.

Дар баробари субъектҳои бевоситаи ба коррупсия муқовиматкунанда, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ ба шумор мераванд, инчунин, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандонро низ ҳамчун субъекти иштироккунанда муқаррар намудааст, ки дар муқовимат ба ин амали номатлуби ҷомеа, яъне, коррупсия иштироки фаъолона намоянд, то ки кишвари азизамон барои ба даст овардани ҳадафҳои стратегӣ ва ормонҳои миллӣ комёб гардад.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *