КОНСТИТУТСИЯ — ЗАМИНАИ ТАШАККУЛИ ҚОНУНГУЗОРИИ МАМЛАКАТ ВА ҲИФЗИ МАНОФЕИ ҶОМЕАИ КИШВАР
Конститутсия ҳамчун сарчашмаи низоми қонунгузорӣ шиносномаи аслии давлату миллат маҳсуб шуда, дар он номи давлат, сохти давлатдорӣ, низоми идоракунӣ ва дигар сохторҳои калидии давлат нишон дода мешавад. Чӣ тавре ки академик Маҳкам Маҳмудзода мегӯяд: «Конститутсия муайянкунандаи тақдири имрӯзу фардои миллати куҳанбунёди мо маҳсуб ёфта, ба Истиқлоли давлатӣ эътибори ҳуқуқӣ бахшид ва дар ҷаҳон давлати тоҷиконро муаррифӣ намуд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад».
Дар Конститутсия асоси низоми ҳуқуқии давлат муайян гардида, он ҳамеша қонуни асосии давлат ҳисобида мешавад ва сарчашмаи ҳамаи қонунҳои амалкунандаи кишвар мебошад. Ба ибораи дигар, Конститутсия зербинои ҳуқуқии тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии давлат ба ҳисоб рафта, маҳз тавассути он қонунгузории минбаъдаи мамлакат ва зиндагии бонизоми сокинони кишвар ба роҳ монда мешаванд.
Қабули Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои калидии низоми давлатдории миллии мо буда, дар шароити ҳассоси таърихӣ рӯйи кор омадааст. Маҳз дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, бори нахуст аз ҷониби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таҳия ва қабул намудани Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба шароити Истиқлоли давлатӣ дар иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд масъалагузорӣ карда шуд.
Бо дастури бевоситаи Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Раёсати Шурои Олӣ моҳи ноябри соли 1993 гурӯҳи корӣ ҷиҳати омода намудани лоиҳаи нави Конститутсия таъсис дода шуд. Гурӯҳи корӣ ду лоиҳаи Конститутсияро таҳия намуд, ки яке шакли идораи президентӣ ва дигаре шакли идораи ҷумҳурии парламентиро пешниҳод менамуд. Сарвари кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи шакли идораи президентиро ҷонибдорӣ намуданд. Сипас, ин лоиҳа ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод гардид.
6 ноябри соли 1994 халқи Тоҷикистон дар баробари мушкилоти амниятӣ, дасисаҳои ҳизбу ҳаракатҳои ошӯбталаб ва носуботии кишвар, ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, бо масъулияти том дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда худ-ро масъул ва вазифадор донист ва таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурд ва баробарҳуқуқию дӯс-тии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул ва эълон намуд.
Ин санади бунёдӣ дар баробари асос гузоштан ба низоми қонунгузорӣ, ҳамзамон, пояҳои давлатдории моро таҳким бахшида, Истиқлоли кишвари моро қонунан комил ва устувор гардонид. Дар Конститутсия бори нахуст «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона», инчунин, шакли идораи президентӣ ва давлати иҷтимоӣ будани кишвар муайян гардид.
Мавриди зикр аст, ки бори нахуст дар сатҳи Конститутсия халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф шуда, дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ ва бисёрҳизбӣ ба ҳукми қонун дароварда шуд. Натиҷаи амалишавии ин меъёр аз он иборат аст, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизбҳои мухталиф амал намуда, гуногунандешии ҳизбиро дар ҷомеа ба вуҷуд овард. Бояд қайд намуд, ки ҳизбҳои сиёсии расман ба қайд гирифташуда, дар асоси меъёрҳои конститутсионӣ фаъолиятҳои ҳизбии худро пеш мебаранд ва барои таҳкими пояҳои давлатдории мо ҳар кадоме дар сатҳи худ ва дар самти худ масъулияти созгор иҷро мекунад.
Ҳамзамон, бо дарназардошти дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун субъекти мустақил баромад намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конститутсия санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ пазируфта шуд. Ҳамчунин, пазируфта шуд, ки Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро пеша намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷии худро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад. Илова бар ин, Тоҷикистон вобаста ба манфиатҳои халқ метавонад ба иттиҳодияву ташкилотҳои байналмилалӣ дохил шавад, аз онҳо барояд ва ё бо кишварҳои хориҷӣ робита намояд.
Ин меъёрҳои муҳим барои кишвари мо имкон дод, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз асли сиёсати «дарҳои боз» ва бисёрсамтӣ истифода намуда, робитаи худро бо Иттиҳоди Давлатҳои Мус- тақил, Иттиҳоди Аврупо, ИМА, Ҷанубу Шарқи Осиё, кишварҳои арабӣ ва дигар созмону ташкилотҳои ҷаҳонӣ густариш дода, ин равобит дар ҳолати муносиб ба манфиати миллии мо истифода хоҳад шуд. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аксари кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, 192 давлат Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман эътироф кардааст. Тоҷикистон дар созмонҳои минтақавӣ ва аксар созмонҳои байналмилалӣ узвият дошта, аз арзишҳо ва манофеи миллии худ дифоъ мекунад, дар масоили ҷаҳонӣ мавқеи худро матраҳ месозад ва пешниҳодҳои мушаххас- ро доир ба ҳалли масоили глобалӣ ба миён мегузорад.
Дар моддаи 17-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарҳуқуқии мардон ва занон муайян гардида, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани меъёри мазкур аз ҷониби Ҳукумати мамлакат маҷмуи чорабиниҳои дорои хусусияти ҳуқуқиву сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ андешида шудааст. Ҳарчанд ин меъёр дар замони Шуравӣ низ мавҷуд буд, вале ба ҳамагон маълум аст, ки дар баъзе аз деҳаҳо, ҳатто, як бонуи таҳсилдида набуд ва дар мақомоти идоракунӣ низ занон мавқеи намоён надоштанд.
Тибқи маълумот дар 21 соли охир беш аз 504 ҳазор духтару бону муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм кардаанд. Аз ин ҳисоб 239 ҳазор нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ гардида, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтар дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил мекунанд.
Дар такя ба ин меъёр бонувон дар тамоми самтҳо фаъолият намуда, ҳоло танҳо дар Маҷлиси Олӣ 8 нафар узви Маҷлиси миллӣ ва 17 нафар вакили Маҷлиси намояндагонро занон ташкил медиҳанд.
Ин рақамҳо дар дигар сохторҳои давлатӣ хеле зиёд буда, беш аз 71 фоизи кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, инчунин, кормандони соҳаи фарҳанг – 47%, бонкдорӣ – 39% ва дар самти алоқа – 25 фисади кормандонро занону бонувон ташкил медиҳанд.
Конститутсия барои кишвари мо дар баробари дигар озодиҳо, ҳамзамон, иқтисодиёти кишварро аз яккамоликиятӣ берун намуда, асоси иқтисодиётро «шаклҳои гуногуни моликият» эълон намуд. Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла, моликияти хусусиро кафолат медиҳад. Амалишавии ин меъёри Конститутсия боис шуд, ки имрӯз дар баробари бонкҳои давлатӣ, инчунин, бонкҳои ғайридавлатӣ фаъолият карда, хизматрасониро ба мизоҷон саривақтӣ ва сабук гардонида истодаанд.
Мавриди тазаккур аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи асосии ҳуқуқии ташкил ва ташаккули парлумони касбии мамлакат ба ҳисоб меравад. Тибқи Конститутсияи нав Тоҷикистон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки интихобот ба даъвати якуми он 25-уми феврали соли 1995 баргузор гашт, мақоми олии намояндагӣ эътироф гардида, дар солҳои аввали амали Конститутсия ба таври даъватӣ фаъолият мекард. Дар ин давра собит гашт, ки парламенти даъватӣ дигар ба талаботи замон ҷавобгӯ набуда, барои дар сатҳу сифати баланд қабул намудани қонунҳо зарурати ташкили парламенти касбӣ ба миён омадааст.
Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 сентябри соли 1999 дар мамлакат райъпурсии умумихалқӣ доир шуда, ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид гардид. Тибқи ин тағйиру иловаҳо Маҷлиси Олӣ ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузорӣ дар ду маҷлис: Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пазируфта шуда, барои ба сифати баланд ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ қабул гардидани қонунҳо шароит фароҳам оварда шуд.
Маҷлиси Олӣ ба мақомоти доимоамалкунанда табдил ёфта, он, ҳамчунин, мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста шуда, хислати касбӣ доштани фаъолияти он муайян карда шуд. Ҳамин тавр, 27 феврали соли 2000 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва вакилони парлумони касбӣ интихоб шуда, 27 марти соли 2000 аввалин ҷаласаи Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон ва 17 апрели ҳамон сол Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллӣ баргузор гардида, парлумони касбӣ дар мамлакат расман ба фаъолият шуруъ намуд.
Шоистаи таъкид аст, ки ки дилхоҳ Конститутсия наметавонад тамоми муносибатҳои ҷамъиятиро ба таври пурра ба танзим дароварад. Баъзе аз масъалаҳои калидӣ барои танзим шудани фаъолияти ҷамъият бо қонунҳои соҳавӣ ва ҳамчунин, санадҳои зерқонунӣ танзим гардида, дар амалия ба таври васеъ истифода мешаванд.
Ҳамин тариқ, қабули Конститутсия ва амалишавии меъёрҳои он дар тамоми соҳаҳои мамлакат низоми идоракуниро танзим намуда, ваколати мақомоти олии идоракунии давлатиро мушаххас гардонидааст. Маҳз ин ҳолат боис шудааст, ки дар кишвари азизамон қонуният ҳукмфармо буда, уҳдадориҳои байналмилалии он сарбаландона иҷро мешаванд, эътибори байналмилалии давлатамон сол ба сол меафзояд ва ташаббусҳои дар арсаи байналмилалӣ пешниҳоднамудаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирии ҳамаҷониба меёбанд.
Конститутсия ҳамчун санади сарнавиштсоз кишвари моро ба самти низоми қонунӣ, ҷомеаро ба қонунписандӣ ва давлатро ба меъёри мардумият раҳнамун карда, кишварро аз вартаи беназмиҳои гурӯҳӣ ва меъёрҳои силоҳсолорӣ наҷот дод. Дар маҷмуъ, ин санади меъёрӣ ҳамчун роҳнамои низоми давлатӣ ва саодатномаи миллати тоҷик барои имрӯз ва фардои дурухшони сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат мекунад.
Адабиёт
1. Атобуллоев Ш. Конститутсия бояд китоби рӯимизӣ бошад// Садои мардум, 4 ноябри соли 2022,№135-136.- С.1;
2. Дастовардҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон. Сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. URL: https://mfa.tj/tg/main/sijosati-khoriji/dastovardhoi-sijosati-khorijii-tojikiston (санаи муроҷиат: 30 октябри соли 2023)
3. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 бо тағйиру иловаҳо аз 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ). – Душанбе: «Нашриёти Ганҷ» , 2016. – 136 с.
4. Қосимзода И., Бобоҷониён Р.М., Маликзода П.И. «Нақши занон дар пешрафти фаъолияти парламенти касбии мамлакат дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ».[Матн]/ И.Қосимзода, Р.М.Бобоҷониён, П.И. Маликзода //Мақоми олии қонунгузории Тоҷикистон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ. Ҳайати таҳририя: Рустами Эмомалӣ, Зокирзода М.З., Қодири Қосим, Фаттоҳзода С.С., Муртазозода Ҷ.С., Усмонзода Х.У., Матробиён С. — Душанбе.2022. -С.262-283.
5. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷи- кистон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон». 23 декабри соли 2022. Душанбе. «Шарқи озод».2022. –47 с.
6. Раҷабзода М.Н. Конститутсия ва масъалаҳои ҳуқуқи байналмилалӣ. «Садои мардум», 4 ноябри соли 2022,№135-136.- С.5