Д. Аваз,
«Маърифати омӯзгор»,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
Истиқлол арзишмандтарин вожа, зеботарин мафҳум ва қимматтарин неъматест, ки ба мо — тоҷикон насиб гардидааст. Пӯшида нест, ки мо ба унвони миллати соҳибтамаддун, бешак, тӯли асрҳо соҳибдавлату соҳибистиқлол будему ба ҷаҳониён дарси хештаншиносию давлатдорӣ меомӯзондем. Муддате фалак бар коми мо нагашту давлатҳои ободу зебои худро бо таъсири манфии аҷнабиён аз даст додем. Пас аз чанде, тоҷикони тоҷбарсару фаррухфол бо инояти тақдир боз соҳибдавлату соҳибихтиёр гаштанду фарзанди фарзонаи хешро ба сарварӣ интихоб намуданд. Аммо боз ҳам боди манҳуси парешонӣ вазиду бар мамлакати тозаистиқлоли мо хатари нобудшавӣ таҳдид кард.
Бо иродату матонату кордонии ҷигарбанди сарбаланди Ватан — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оташи ҷанги таҳмилии миллатсӯз хомӯш гардиду таҳти корбарии устодонаашон созандагиро мардуми кишвар пешаи худ сохтанд. Бо гузашти замони андаке мулки офатрасида ба сарзамини сабзу хурраме табдил ёфту чаманистон гашт ва мо бо шукргузорӣ аз фазои руҳбахши диёр соҳибистиқлолии давлати худро бо шукӯҳу ҷалоли хосса ҳамасола истиқбол мекунем.
Ин ҷашни ҳумоюнӣ дар гӯшаву канори мамлакат рангорангу хотирмон ва басо диданӣ таҷлил мегардад, ки таассуроти ширин аз ин базмҳои ҷамшедӣ дар ёди тамошобинону иштирокдорон то дер гоҳ боқӣ мемонад.
Муддате буд, мехостам, ки шукӯҳи ин фархундаҷашнро дар Бадахшони нозанин аз наздик бинаму дар таҷлили он иштирок кунам. Хушбахтона, соли равон имкон даст дод, ки дурахши офтоби истиқлолро дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дида, аз файзи арҷгузорӣ ба ин санаи фархунда баҳравар гардам.
Дар саҳни Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назаров, ки макони баргузории ҳамоиши муҳташами сатҳи вилоятӣ ба шумор мерафт, мардум гурӯҳ-гурӯҳ ҷамъ омада, саршавии ҷашнро интизорӣ мекашанд. Сокинону меҳмонон бо либосҳои ороставу руҳияи идона ба ҷашнгоҳ мешитобанд. Табъи ҳамагон болида асту шукуфтарӯву хандонанд ва сархуш аз фазои орому осудаи Ватан, шукргузор аз ободию сарсабзии кишвар. Бо намояндагони касбу кори мухталиф, аз ҷумла, собиқадорону роҳбарон ва кормандони маорифи вилоят вохӯрдаву бо ҷашни муқаддаси миллӣ ҳамдигарро таҳният гуфтем ва бо пеш омадани шароити мусоид бо ҳам суҳбатҳои гарм ороста, аз комёбиву дастовардҳои соҳа дар ҳудуди ВМКБ огаҳӣ пайдо кардем…
Бо ишораи масъулони маҳфил ҳамагон вориди толор гардидем. Пас аз садо додани Суруди миллӣ раиси вилоят Алишер Мирзонабот паёми табрикии хешро ба ҳозирин ироа намуда, доир ба таърихи истиқлоли Ватанамон сухан гуфт. Мавсуф қайд кард, ки Истиқлоли давлатӣ ба мо-мардуми тоҷик шароит фароҳам овард, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо заҳмати аҳлонаву бунёдкорона бисёр монеаҳои сахту сангинро паси сар намоем ва давлатамонро ба марҳилаи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ расонем. Маҳз роҳбарии ҷасурона, роҳнамоии оқилона, миллатдӯстӣ, ватанпарастӣ, ҷонфидоӣ, хиради воло, дурандешӣ ва дигар сифатҳои ба Пешвои миллат хос имкон ба вуҷуд оварданд, ки халқи тоҷик сулҳу суботро дар Ватани худ таъмин ва Истиқлоли давлатии худро ҳифз намояд. Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ миллати шарафманди тоҷик имкон пайдо кард, ки дар радифи бунёди давлатдории миллии навини худ, ҳамчунин, ғановатмандии таърихӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва ҳунарии худро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам намояд. Бояд гуфт, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ, алалхусус, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, айни замон марҳилаи нави рушди бесобиқаи вилоят, ки аз ҷониби Сарвари бунёдкори миллат эълон гардидааст, вусъати тоза касб намуда истодааст.
Насрулло Маҳмудзода, котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки роҳи 33-солаи созанда, пурифтихор ва муваффақонаи кишвар, ки аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, барои ҳар як фарди ватандӯсту заҳматпешаи Тоҷикистон азизу арзишманд боқӣ мемонад.
Қадрдонӣ аз заҳматҳои мардум беҳтарин амал аст. Аз ин рӯ, пас аз фарҷоми суханрониҳо барои саҳми арзанда дар рушди илму маориф ва фарҳанги мамлакат, ҳифзи саломатии аҳолӣ, фаъолияти самаранок дар хидмати давлатӣ ва дастовардҳои назаррас бархе аз кормандону собиқадорони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, кормандони соҳаи маорифи вилоят, бо Медали “Хизмати шоиста”, Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи раиси вилоят ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ шуданд.
Сипас, барномаи фарҳангии аҳли ҳунари вилоят ба муносибати 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардид, ки воқеан рангину диданӣ буд. Гулдухтарони хушхироми Бадахшон зери навои дилнавози рубоби бадахшонӣ дар саҳна ба парвоз омаданду бо ҷилваҳои мавзуну рақсҳои гуногунашон ба дилҳои ҳозирин фараҳ бахшиданд. Сарояндагони мумтозу хушсадои маҳфил, ки аз тамоми шаҳру навоҳии вилоят дар саҳнаи ҳунар ҷамъ омада буданд, ба сони булбулони шӯрида, бо оҳангу сурудҳои марғубашон табъи болидаи аҳли нишастро болидатар гардониданд. Санъаткорон Сано Саидиков, Муяссар Мубораков, Муҳайё Давлаталиева, Сафархон Мирбозхонов, Аҳмади Ёрбек, Наврӯз Баҳодуров, Асаншоҳ Саидиков, бонуи ҳунар-овозхони шинохта Майсара Дилдорова ва дигар ҳунармандони хушсалиқа дар ин базми ҷамшедӣ аз худ маҳорату лаёқати бесобиқа нишон доданд ва бо ҳузурашон онро гармтару ободтар бинмуда, аҳли толорро ба шӯр оварданд. Ҳозирин шоду масрур аз навою оҳангҳои марғуб дар ҳавои идонаи Ватан мерақсиданду шодмонӣ мекарданд. Хулосаи калом, дар ҳамбастагӣ бо тамоми минтақаҳои кишвар сокинони Бадахшон низ ҷашни истиқлолро ба таври шоиста, дар сатҳи хеле баланд таҷлил намуданд, ки барои ман ин лаҳзаҳои фараҳбахш чун нақш бар сангесту то ҳастам дар хотирам мемонаду пеши рӯям ҷилвагар хоҳад шуд…
Ҳамзамон, тавре огаҳ ҳастем, тантанаҳои ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (13-уми октябри соли равон) бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор шуду ба он Сарвари кишвар баҳои баланд доданд. Зимни мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилоят зимни таҳлили вазъи соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, хусусан, соҳаи маориф Роҳбари давлат қайд карданд, ки дар давоми 20 соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маорифи вилоят зиёда аз 2 миллиард сомонӣ равона гардида, дар натиҷа заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимии вилоят хеле мустаҳкам шуда, шумораи онҳо ба таври назаррас беҳтар гардидааст. Дар соли 2024 барои рушди соҳаи маорифи вилоят беш аз 300 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 28 фоиз зиёд мебошад. Дар даври соҳибистиқлолии мамлакат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 215 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 43 ҳазор ҷои нишаст ба маблағи беш аз 450 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудаанд. Ҳоло ба маблағи 144 миллион сомонӣ сохтмони боз 26 муассисаи таълимӣ барои 9 ҳазор хонанда идома дорад. Имрӯз дар вилоят 26 муассисаи таълимии томактабӣ, 157 маркази инкишофи кӯдак ва 313 муассисаи таълимӣ фаъолият дорад…
Бо итминон метавон гуфт, ки сарчашмаи тамоми ин дастоварду пешрафтҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, дар соҳаи маориф танҳо аз баракати Истиқлол, оромию осудагии ҳукмрон дар Ватан мебошад. Танҳо аз баракати Истиқлоли давлатию фазои осоиштаи кишвар дар тамоми гӯшаю канори мамлакат, аз ҷумла, Бадахшони нозанин бунёдкориҳою созандагиҳо бомаром идома дошта, мардум бо шукргузорӣ аз истиқлолу озодии кишвар, зери роҳбарии Сарвари раъиятпарвари миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзгори хушу хурраме доранду ин неъмати бузургу гаронарзишро гиромӣ медоранд ва ҳамасола бо шукӯҳи беқиёс фаро расидани онро таҷлил менамоянд.