Нуриддин САЙФИДДИНЗОДА,
нозири калони раёсати муқовимат ба коррупсияи
Агентии назорати давлатии молиявӣ
ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,
лейтенанти калони адлия
Ҳар як халқу миллат дар марҳилаҳои гуногуни ташаккули давлатдории худ низоми муайяни идоракунӣ ва ташкили ҳокимияти давлатиро бо тартиб ва махсусиятҳои таърихию фарҳангии хеш интихоб намуда, онро бо дарназардошти манфиатҳои умумимиллии шаҳрвандон, таҳкими арзишҳои фарҳангӣ, ғояҳои демократӣ ва таъмини сулҳу пойдории умумимиллӣ мустаҳкам менамояд.
Таҳлили ташкили ҳокимияти давлатӣ ва тарзи баамалбарории он дар ҳамаи марҳилаҳои таърихӣ нишон медиҳад, ки падидаи шакли идоракунӣ аз ташкили ҳокимияти монархиявӣ оғоз гардида, то ба имрӯз ба тобишҳои гуногуни сиёсиву ҳуқуқӣ рӯ ба рӯ гардидааст.
Дар низоми имрӯзаи давлатдорӣ шакли идоракунии монархиявӣ бо дарназардошти муносибатҳои кунунии идоракунии муносибатҳои ҷамъиятӣ тарзу воситаҳои ба худ хосро интихоб намуда, дар шакли монархияи парлумонӣ ташаккул ёфтааст.
Бо дарназардошти инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ, ба миён омадани институтҳои давлати демокративу ҳуқуқбунёд шакли идоракунии давлатӣ низ такмил ёфта, хусусиятҳои нави ба худ хосро интихоб кард.
Маҳз омилҳои болозикр асос гардиданд, ки кишварҳои мутараққии сайёра аз шакли куҳнашудаи идоракунӣ, яъне, монархиявӣ ба шакли муосири идоракунӣ — ба шакли идоракунии ҷумҳуриявӣ, ҳамчун навъи муосири идоракунии давлатӣ, гузаштанд ва ин шакли ташкили ҳокимияти давлатӣ, ки дар он халқ сарчашмаи асосии ҳокимият дониста мешавад, мавқеи муҳим ва асосиро соҳиб гардидааст.
Ҳоло кишварҳои шакли идоракуниашон ҷумҳуриявиро вобаста ба тартиби ташкили ҳокимияти давлатӣ ба ду гурӯҳ: ҷумҳурии президентӣ ва ҷумҳурии парлумонӣ ҷудо менамоянд, ки ҳар яке аз ин шаклҳои идоракунии ҷумҳуриявӣ аз ҳамдигар бо тартиби таъсиси ҳокимият ва тарзи амалисозии он тафовут доранд.
Таърихи таъсисёбӣ ва ташаккули институти ҷумҳурии президентӣ нишон медиҳад, ки он марҳилаи дурударози таърихиро тай накарда, ба мазмуни кунуниаш дар ду садсолаи охир ба миён омадааст. Агар мо ба пайдоиши институти президентӣ назар афканем, он бори нахуст соли 1787 ҳангоми қабули Конститутсияи ИМА таъсис ёфтааст. Минбаъд дар ибтидои асри XIX ба ин таҷрибаи ИМА мамолики Амрикои Лотинӣ ва қитъаи Аврупо таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Зарурат ва аҳаммияти таъсиси институти президентӣ ва афзалияти он дар низоми идоракунии давлатӣ ҳанӯз дар кишвари ИМА бо далоили сегона: «озодӣ», «худидора» ва «ташаббус» муайян мегардад, ки ин мафҳумҳо нишонаи давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро дар худ таҷассум месозанд.
Ҳоло кишварҳои мутараққии ҷаҳонӣ шакли идоракунии ҷумҳурии президентиро бо дарназардошти як қатор афзалиятҳои хос қабул ва ба конститутсияҳои хеш ин шакли идоракуниро мустаҳкам намудаанд. Афзалиятҳои ин сохти идоракунӣ чунин мебошанд:
— Ҳамчун мансаби олии идоракунии давлатӣ, ки бевосита аз ҷониби халқ интихоб карда мешавад.
— Президент идоракунии давлатро дар кишварҳои дорои шакли ҷумҳуриявӣ ба муҳлати муқаррарнамудаи Конститутсия ба амал мебарорад.
— Дар ҷумҳуриҳои президентӣ — Президент дорои ваколатҳои васеи конститутсионӣ буда, салоҳиятҳои хешро бевосита аз халқ тавассути интихобот мегирад.
— Президент тибқи Конститутсия ҳомии Конститутсия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлоли миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии миллат ва мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ мебошад.
— Шакли идораи президентӣ ба ҳайси ниҳоде, ки сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатро муайян менамояд ва ҳуқуқи муаррифӣ намудани давлатро дар дохил ва хориҷи мамлакат дорад.
Бо дарназардошти чунин афзалиятҳо ва нақши босазо доштани он дар таъмини қонуният ва амалисозии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ба махсусиятҳои чунин шакли идоракунӣ авлавияти хосса дода мешавад.
Институти президентӣ, чӣ тавре ки таҷрибаи таърих нишон медиҳад, ба шакли идоракунии давлатҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ғайр аз сохти подшоҳӣ, қобили қабул аст.
Таъсиси ин падидаи ҳуқуқи конститутсионӣ дар қаламрави собиқ давлати Шуравӣ ба солҳои охири мавҷудияти он мувофиқ омад. Гарчи масъалаи дар Иттиҳоди Шуравӣ таъсис додани институти президентӣ ҳанӯз дар маъракаи муҳокимаи Конститутсияи соли 1936 пайдо шуда буд, вале он вақт чунин таклифро роҳбарияти ҳизбию давлатии Шуравӣ номақбул ва барои сохтори шуравӣ зарарнок дониста буданд.
Дар оғози соли 1990 гузариш ба низоми идораи президентӣ дар давлатҳои Шуравӣ хеле оромона ва дар муҳлати начандон тӯлонӣ ба вуқуъ пайваста буд. Афкори ҷамъиятӣ дар чунин ақида буд, ки ин падида воситаи хеле муҳимми ташкилу амалӣ гардонидани ҳокимияти олии давлатӣ, нуқта ва ё маркази пайванди ҳокимияти қонунбарорӣ, иҷроия ва судӣ мебошад.
Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон баъди пароканда шудани Иттиҳоди Шуравӣ дар бунёди давлатдории навин шакли идораи ҷумҳурии президентиро ҳадафи олии хеш қарор дода, чун дигар давлатҳои пасошӯравӣ барои ташкили чунин шакли идоракунӣ заминаҳои ташкилию ҳуқуқиро фароҳам овард.
Дар таҷрибаи давлатдории миллии мамлакатамон таъсиси мансаби олии ҳокимияти давлатӣ-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як ҷониб падидаи нави ҳуқуқӣ-конститутсионӣ бошад, аз ҷониби дигар ин шакли идоракунӣ дар амалисозии ҳадафу ормонҳои ҳазорсолаи миллати тоҷик, ки эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоиро пеша гирифтааст, заминаи боэътимод мегузошт.
Бо чунин ҳадафҳои созанда дар кишвари мо таъсиси Институти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санадҳои сиёсию ҳуқуқии Эъломияи Истиқлоли ҶШС Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990, қарори Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 “Дар хусуси дохил кардани тағйиру иловаҳо ба Эъломияи Истиқлолияти ҶШС Тоҷикистон”, изҳороти Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон дар бораи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 ба расмият дароварда шуданд.
Бо эътимоди қавӣ метавон гуфт, ки таъсиси мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар марҳилаи ниҳоят шадиди таърихӣ, хусусан, низоъҳои дохилӣ ба миён омадааст, аз ҷаҳду талош ва иродаи қотеи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад ва ҳамин шакли идоракунӣ бо сарварии Пешвои муаззами миллат тавонистааст, хатари нобудшавии миллати тоҷикро дар охири қарни гузашта пешгирӣ карда, давлати нав ба мустақилият ноилгардидаро ҳифз намояд.
Миллати саодатманди тоҷик бо ҷонибдорӣ аз чунин шакли идоракунӣ 6-уми ноябри соли 1994 нахустин Конститутсияи миллӣ ва Президенти худро тариқи овоздиҳии шаффофи демократӣ қабул ва интихоб намуда, таҳкими чунин шакли идоракуниро дар сатҳи конститутсионӣ мустаҳкам намуданд. Ҳамин тариқ, баъди қабули Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идораи президентӣ расман ҷорӣ гардида, таҳкими ҳуқуқии он бо меъёрҳои конститутсионӣ кафолат дода шуд.
Тибқи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалиятҳои шакли идоракунии президентӣ бевосита таҳким ва таҷассум карда шуданд. Чунончи ҳамчун Намояндаи Олии халқ аз номи халқи Тоҷикистон баромад намудани Президент дар дохил ва хориҷӣ кишвар; дар асоси таҷзия ба се шохаи ҳокимият ба амал баровардани ҳокимияти давлатӣ; ҳамчун сарвари давлат ва сардори ҳокимияти иҷроя ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд будан; кафили Истиқлоли миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо будан ва риояи иҷрои қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон шаҳодати ин гуфта мебошад.
Раванди минбаъдаи давлатдории миллии мо нишон дод, ки шакли идораи президентӣ дар кишвари соҳибистиқлоламон ба мавқеъ ва манзалати Роҳбарияти Олии давлат иртиботи қавӣ дошта, таъмини афзалиятҳои ин шакли идоракунӣ, таҳкими волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ, амалисозии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва ҷорӣ намудани ҳадафу ормонҳои миллӣ дар ҳаёти воқеӣ маҳз аз хиради олии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад. Зеро дар ҷодаи барқарор намудани сулҳу ваҳдат ягонагии қавлу амали Сарвари давлат боис шуд, ки мо дар фазои амну осоиш зиндагии шоиста дорем. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо фaзилaти сиёсaтмaдориву дaвлaтдории Роҳбари кишвaрамон дaр Тоҷикистон ҳaмбaстaгии миллӣ ба вуҷуд омада, эътибори Тоҷикистон дaр aрсaи бaйнaлмилaлӣ боло рaфт ва Ватани азизамон бa шоҳроҳи созaндaгӣ бaромaда, бa як дaвлaти aмнтaрину рӯ бa тaрaққӣ тaбдил ёфт.
Бузургтaрин сиёсaтмaдорони ҷaҳон хирaди воло, гуфтори шево, ҷaсорaту мaрдонaгӣ, ҳиммaтбaлaндӣ, дӯст доштaни Вaтaну зaбону миллaт, тaшaббусҳои оқилонaву одилонaи Сaрвaри маҳбуби моро тaвсиф нaмудa, aз он пaйрaвӣ менaмоянд.
Мо aз вусъaти ободкориҳо вa фaзои орому осудaи кишвaри худ, ки тӯли 30 сол бa он шaрaфёб гaрдидем, ифтихор мекунем. Aз тaҷдиду бунёди роҳу пулҳо, нaқбҳо, роҳи оҳан, бунёди инфрасохтори соҳаи маориф, таъсиси донишгоҳу донишкадаҳо, мактабҳои усули сохти муосир то ислоҳот дaр соҳaҳои гуногун вa рушди бонизоми кишвaри aзизaмон ҳaмa aз фaйзи сиёсaти созaндaи Пешвои миллaт муяссaр гaрдидaнд.
Яке аз махсусиятҳои муҳимми шакли идоракунии президентӣ дар кишвари мо аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доштани он бармеояд. Ташаббусҳои қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ, бо дарназардошти ҳадафҳо ва вазифаҳои давлати соҳибистиқлол, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, таъмини сулҳу суботи ҷомеа, ваҳдати миллӣ, худшиносии миллӣ ва пешрафти ҳаёти ҷомеа сурат гирифтанд.
Дар ҳамин асно, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин қонунҳои муҳимми танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ дар шакли қонунҳои мукаммал ва дар шакли пешниҳод намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда ба парлумони кишвар пешниҳод гардиданд.
Метавон кодексҳои мурофиавии гражданӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, мурофиавии иқтисодӣ, оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», «Дар бораи танзими ҷашну маросим», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии баъзе маблағҳои онҳо», «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» ва ғайраро ба ин ташаббусҳо шомил намуд.
Ҳамин тавр, таҷрибаи идоракунии давоми се даҳсолаи сипаришуда нишон медиҳад, ки банақшагирӣ ва пешбинии сиёсии ниҳоди президентӣ муваффақияти идоракунии пайгиронаро таъмин намуда, барои дуруст муайян намудани афзалият дар ҳалли мушкилиҳои ҷомеа таъсири калидӣ мерасонад.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6-уми ноябри соли ҷорӣ зимни суханронии хеш ба муносибати 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд: “Рушди минбаъдаи Тоҷикистони азизамон бори дигар исбот намуд, ки мо дар интихоби шакли идоракунии давлатамон хато накардаем”.