Марҷона МУЗАФФАРЗОДА,
унвонҷӯи шуъбаи ҳуқуқи хусусии Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии хеш баҳри рушди муносибатҳои меҳнатӣ як қатор тадбирҳоро андешид, ки ин соҳаи барои халқу кишвар ҳаётан муҳим сол то сол пеш рафта истодааст. Бешубҳа, рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа ва умуман, ояндаи дурахшони Ватан аз вазъи ҳуқуқии муносибатҳои меҳнатӣ вобастагии калон дорад. Дар таърихи муносибатҳои меҳнатии Тоҷикистон ва дар маҷмуъ, давлатдории тоҷикон бо татбиқи сиёсат ва бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои сифатан нав ба вуҷуд омаданд, ки ин ҳама дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд. 

Солҳои 90-ум, новобаста аз мураккабии замон ва авҷи низоъҳои сиёсию ҳарбӣ, фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ аз нав cурат гирифт ва дар самти ташаккули заминаи қонунгузории шарикии иҷтимоӣ қадамҳои муайян гузошта шуд, ки аввалин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул шуданд.

Моҳи апрели соли 1992 лоиҳаи Конститутсия аз тарафи Суди Олӣ ба муҳокимаи умумихалқӣ гузошта шуда, тавассути ахбори омма паҳн гардид, вале сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ин равандро муддате боздошт.

Моҳи ноябри соли 1992 баъд аз интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон, Раиси Комиссияи конститутсионӣ таъйин гардиданд. Барои лоиҳаи Конститутсияро тайёр намудан Гурӯҳи корӣ созмон дода шуд. Гурӯҳи корӣ лоиҳаи Конститутсияро дар моҳи апрели соли 1994 барои муҳокима ба ҳайати комиссия пешниҳод намуд. 

Президиуми Шурои Олӣ лоиҳаи Конститутсияро 13 апрели соли 1994 интишор кард. Ҳамзамон, Президиум комиссияи конститутсиониро ваколатдор кард, ки фикру ақидаҳои шаҳрвандонро оид ба Конститутсияи пешниҳодшуда то моҳи июни соли 1994 ба инобат гирад. Лоиҳаи Конститутсия дар воситаҳои ахбори омма 21-22 апрели соли 1994 нашр шуд. Лоиҳа аз 10 боб ва 100 модда иборат буд, ки айни ҳол сохтори Конститутсияи амалкунандаро ташкил медиҳад.

6 ноябри соли 1994 аввалин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд ва ин санад дар таҷлили давлати навини мо рӯйдоди сарнавиштсоз буд.

Барои баррасии мавзуи мазкур аввал асосҳои конститутсионии соҳаро таҳлил менамоем, чунки баҳри танзими муносибатҳои меҳнатӣ дар ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии хуқуқӣ заминаҳои ҳуқуқии рушди соҳаро фароҳам гузошт.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии дохилидавлатии мамлакат ва мутаносибан дар низоми сарчашмаҳои танзими ҳуқуқии муносибатҳои меҳнатӣ дар ҷойи аввал меистад. Волоияти он бар дигар санадҳои ҳуқуқии дар сатҳи миллӣ қабул мешуда, натанҳо дар маъхазҳои илмӣ ва таълимӣ, балки дар сатҳи қонунгузорӣ низ эътироф шудааст. 

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қонуни волоияти олии ҳуқуқидошта, аз ҷумла, ҳуқуқу озодиҳои иҷтимоӣ-меҳнатии инсон пешбинӣ, ғоя, муқаррарот ва меъёрҳои умдаи танзими ҳуқуқии муносибатҳои гуногуни ҷамъиятӣ, аз қабили муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ мустаҳкам шудаанд.

Мутобиқи муқаррароти қисми 2-и моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, сиёсати пешгирифтаи он ба фароҳам овардани шароит барои ҳаёти арзандаи инсон, фароҳам овардани инкишофи озодонаи инсон ва рушди инсон равона карда шудааст. Аз як тараф давлат бояд ба инсон барои ташаккулёбии шахсияти ӯ, гирифтани маълумот, касбомӯзӣ, ёфтани кор ва таъмин кардани худ ва оилааш кумак расонад, аз тарафи дигар, дар ҳолати ба амал омадани ягон муаммо, давлат бояд инсонро аз ҷиҳати иҷтимоӣ ҳимоя карда, ба ӯ як андозаи муайяни воситаҳоро барои ҳаётгузаронӣ пешниҳод намояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва субъекти мушаххаси ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамеша бо ҷаҳони муосир дар иртибот буда, баҳри рушди муносибатҳои байналмилалӣ ва роҳандозӣ намудани муносибатҳои мутақобилан судманд тамоми имкониятҳоро дар ихтиёр дорад. Дар қисми 3-и моддаи 10-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд».

Хусусан, сухан дар бораи санадҳои қабулкардаи Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат, ки дар шакли Конвенсия ва Тавсияҳо ба танзими одилонаи муносибатҳои меҳнатӣ мусоидат менамоянд ва эътирофи 51 Конвенсия ва 22 Тавсияи Ташкилоти Байналмилалии Меҳнатро аз ҷониби Тоҷикистон пазироӣ шудааст, меравад.

Дар ҳақиқат, дар танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва дигар муносибатҳои ба онҳо вобаста мавқеъ ва нақши Конвенсия (Созишнома) ва Тавсияномаҳои Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат бағоят назаррас аст. Айни ҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳҳо Конвенсия (Созишнома) ва Тавсияномаҳои ТБМ-ро эътироф намудааст, аз ҷумла, тибқи моддаи 35-и Конститутсия ҳар кас ба меҳнат, интихоби озодонаи касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ, ба музд ба андозаи на камтар аз ҳадди ақали музди меҳнат ҳуқуқ дорад. Моддаи мазкур манъ будани ҳама гуна маҳдудият дар муносибатҳои меҳнатӣ, ҳуқуқ ба музди баробар барои иҷрои кори якхела, манъ будани меҳнати занон ва ноболиғон дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароиташон зарарнокро эълон доштааст.

Ҳаминро бояд тазаккур дод, ки устувор ва доимӣ будани меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳия ва қабул намудани қонунҳо шароит фароҳам овард, ки дар соҳаи қонунгузорӣ оид ба меҳнат як қатор қонунҳои муҳимми муносибатҳои меҳнатӣ, хусусан, танзимкунандаи шарикии иҷтимоӣ қабул шуданд. 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 1992, № 725 «Дар бораи шарикии иҷтимоӣ, созишномаю шартномаҳои коллективӣ» қабул карда шуд, баъдан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2006, №202 «Дар бораи шарикии иҷтимоӣ, созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ» дар таҳрири нав қабул гардид. Ҳамчунин, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки феълан дар кишвар амал мекунад, дар он Фасли IV бо номи «Шарикии иҷтимоӣ ва муносибатҳои коллективӣ дар соҳаи меҳнат», бобҳои нав — боби 29 — «Коллективи меҳнатӣ ва шарикии иҷтимоӣ дар соҳаи меҳнат», боби 30 — Тартиби бастани созишнома байни тарафҳои шарикии иҷтимоӣ», боби 31 — «Шартномаи коллективӣ» ва боби 32 — «Назорат ва бақайдгирии созишнома ва шартномаҳои коллективӣ» ҷой дода шудаанд, ки меъёрҳои он ба институти шарикии иҷтимоӣ алоқаманд мебошанд.

Ҳамзамон, маҷмуи маводи қонунгузорӣ ва машваратӣ оид ба танзими шаклҳои шарикии иҷтимоӣ таҳия карда шуд. Дар байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва иттиҳодияҳои корфармоён оид ба бастани созишномаҳои генералӣ комиссияҳо ташкил шуда, ба кор шуруъ намуданд. 

Ҳамин тавр, дар тӯли 30 соли фаъолияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои мукаммал қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд, ки дар танзими ҳуқуқҳои муносибатҳои инкишофи шарикии иҷтимоӣ мавқеи муҳимро ишғол намуда, муносибатҳои навини шарикии иҷтимоиро ба роҳ мондаанд.

Хулоса, новобаста аз мураккабиҳову мушкилоти замони гузариш, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолии давлатамон ба амал омада буданд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танзими муносибатҳои меҳнатиро ҳамчун соҳаи афзалиятноки кишвар таҳти назорат ва пуштибонии худ қарор дод ва дар ин самт пешрафт кард. 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *