Дилафрӯз Сайфиддинзода,
нотариуси давлатии Идораи нотариалии
ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе
Маърифати ҳуқуқӣ унсури муҳимми рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Маърифати ҳуқуқӣ на танҳо донистани меъёрҳои ҳуқуқӣ, балки омодагӣ ба риояи онҳо, эҳтироми қонун, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои худ, инчунин, ҳуқуқи шахсони дигарро дар бар мегирад. Дар Тоҷикистон фарҳанг ва ё маърифати ҳуқуқӣ асоси бунёди ҷомеаи устувор, одилона ва қонунбунёд мебошад.
Дар ташаккули муърифату фарҳанги ҳуқуқӣ муассисаҳои давлатӣ нақши махсус доранд, ки дар байни онҳо идораи нотариалӣ мавқеи муҳимро ишғол мекунад. Мақомоти нотариалӣ, ки миёнарави байни шаҳрванд ва қонун мебошанд, амнияти ҳуқуқиро таъмин намуда, риояи манфиатҳои қонунии иштирокдорони муносибатҳои ҳуқуқиро кафолат медиҳанд.
Маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун воситаи ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон
Фарҳанги ҳуқуқӣ ва маърифати ҳуқуқӣ омили асосии бунёди ҳамон ҷомеае боқӣ мемонад, ки ҳар як шаҳрванд дар он ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худро дарк намояд. Мисоли одӣ, тасаввур кунед, ки нафаре тамоми шарту шароити шартномаи кирояи хонаро нахонда, онро имзо мегузорад. Ба далели надоштани дониши ҳуқуқӣ ӯ бо мушкили аз хонаи кироя берун шудан ва ё пардохти пули коммуналӣ, ки дар шартнома дақиқ зикр нашудааст, рӯбарӯ мешавад. Ин мисоли равшани он аст, ки бесаводии ҳуқуқӣ чӣ тавр боиси душвориҳои ҷиддӣ дар ҳаёти ҳаррӯза шуда метавонад.
Нақши нотариусҳо дар баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқӣ
Нотариат на танҳо дар тасдиқ намудани ин ё он ҳуҷҷат, балки дар додани маслиҳатҳои ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон низ нақши бузург мебозад. Нотариусҳо ҳамарӯза бо нафароне рӯбарӯ мешаванд, ки ҳуқуқҳои худро намедонанд ва аз он ки чӣ гуна манфиатҳои худро ҳимоя кунанд, огоҳ нестанд. Масалан, оилае аз оқибатҳои андоз ё ҳуқуқи меросии хешовандони дигар бехабар аст, метавонад барои тартиб додани васиятнома ба нотариус муроҷиат кунад. Дар чунин мавридҳо нотариус ҳамчун кафили қонуният мисли муаллим ва ё омӯзгоре метавонад, ки ҷузъиёт ва нозукиҳои меъёрҳои ҳуқуқии ба ҳаёти шаҳрвандон таъсиркунандаро шарҳ диҳад.
Мушкилоти муосири маърифати ҳуқуқӣ
Имрӯзҳо масъалаҳои нигилизм (шаккокӣ)-и ҳуқуқӣ ва норасоии маърифати ҳуқуқӣ актуалӣ шудаанд. Мо аксар вақт дар бораи одамоне мешунавем, ки намехоҳанд баҳри дарёфти кумаки ҳуқуқӣ ба ҷое муроҷиат кунанд, зеро онро тамоман намефаҳманд, аммо донистани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худ ба ҳар як шаҳрванд, на танҳо барои ҳифзи манфиатҳои худ, балки барои ба вуҷуд овардани тартиботи одилонаи ҳуқуқӣ дар кишвар мусоидат хоҳад кард.
Ҳар як ҳолат — аз таҳияи ҳуҷҷатҳои нотариалӣ то ҳолатҳои рӯзмарра — агар мо барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ фаъолона кор кунем, метавонад як дарси саводнокии ҳуқуқӣ гардад.
Нотариат ва маданияти ҳуқуқӣ
Фаъолияти нотариус бо ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти ҳуқуқии шаҳрвандон алоқаманд аст. Нотариусҳо тавассути таҳияи ҳуҷҷатҳои дорои аҳаммияти ҳуқуқӣ, аз қабили муомилоти амволи ғайриманқул, созишномаҳои пеш аз ақди никоҳ, васиятномаҳо ва ваколатномаҳо ба одамон кумак мекунанд. Вале онҳо на танҳо барои ба расмият даровардани ниятҳои аҳли ҷомеа дар соҳаи ҳуқуқ мадад мерасонанд, балки ба онҳо дар фаҳмидани аҳаммияти риояи қонун ва ҳуқуқҳояшон ёрӣ мерасонанд.
Дар Тоҷикистон нотариусҳо дар баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши муҳим доранд. Онҳо ҳамчун коршинос баромад карда, ба шаҳрвандон ҳуқуқу уҳдадориҳояшонро фаҳмонда медиҳанд ва бо ҳамин дар баланд бардоштани маданияти ҳуқуқӣ саҳм мегузоранд.
Маърифати ҳуқуқӣ ва наврасону ҷавонон
Яке аз муҳимтарин ҷиҳатҳои маърифати ҳуқуқӣ кор бо ҷавонон мебошад. Муҳим он аст, ки ҷавонон дар марҳилаи аввали ҳаёт аҳаммияти қонун ва масъулияти худро дар назди ҷомеа дарк кунанд. Масалан, хонандаеро гирем, ки дар мактаб бо рафтори ношоиста дучор омада, намедонад, ки ба куҷо муроҷиат кунад ва ҳуқуқашро чӣ тавр ҳимоя созад. Маҳз барои пешгирии ана ҳамин гуна ноогоҳии ҳуқуқӣ машғулиятҳои мунтазаме лозиманд, ки дар он наврасон на танҳо дар бораи ҳуқуқҳои худ, балки дар бораи уҳдадориҳои хеш, инчунин, роҳҳои ҳаллу фасли низоъҳоро одилона ва қонунӣ омӯзанд.
Ҳамкории нотариат бо муассисаҳои таълимӣ
Муҳимтарин унсури таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ дар ҷомеа тарбияи ҳуқуқии наврасону ҷавонон мебошад. Дар ин ҷо алоқаи зичи мақомоти нотариалӣ ва муассисаҳои таълимӣ имконпазир аст. Нотариусҳо метавонанд дар гузарондани маърӯзаю семинарҳо барои хонандагон ва донишҷӯён, ба онҳо фаҳмонда додани аҳаммияти риояи қонун дар ҳаёти ҳаррӯза, инчунин, шиносонидани онҳо бо асосҳои танзими ҳуқуқии аҳдҳо ва мерос фаъолона иштирок кунанд.
Чунин ҳамкорӣ метавонад ба шакли зер сурат гирад:
1. Гузаронидани барномаҳои таълимӣ. Нотариусҳо метавонанд дар якҷоягӣ бо муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати фаҳмонидани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрвандон дар доираи амалҳои нотариалӣ дарсҳои интерактивӣ ташкил намоянд.
2. Гузаронидани озмуну сабқатҳо дар мавзуи ҳуқуқ ва қонун.
Барои донишҷӯёни факултаҳои ҳуқуқшиносӣ дар бораи донистани асосҳои ҳуқуқи нотариатӣ озмунҳо ташкил кардан мумкин аст, ки барои амиқтар кардани дониши ҷавонон ва омода намудани онҳо ба касби ояндаашон мусоидат хоҳад кард.
3. Экскурсияҳо ба идораҳои нотариалӣ. Ин ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки бо ҷанбаҳои амалии кори нотариусҳо ошно шаванд ва аҳаммияти ҳуҷҷатҳо ва муомилотро аз нигоҳи ҳуқуқӣ бибинанд.
Сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистон ва рушди маърифати ҳуқуқӣ
Маърифати ҳуқуқӣ на танҳо масъулияти шаҳрвандони алоҳида ё нотариус барин мутахассисон, балки натиҷаи сиёсати давлат мебошад. Яке аз ҳадафҳои Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028, ки бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 6 феврали соли 2018 таҳти №1005 тасдиқ шудааст, баланд бардоштани сатҳи саводнокии ҳуқуқии аҳолӣ ва ташаккули шуури ҳуқуқӣ мебошад ва ба тарбияи маданияти ҳуқуқӣ бевосита таъсир мерасонад.
Мақомоти нотариалӣ метавонад, дар татбиқи консепсияи мазкур бо иштирок дар барномаҳои таълимию иттилоотӣ, ки ба тарбияи ҳуқуқӣ нигаронида шудаанд, нақши асосӣ ва мондагор бибозад.
Дар фарҷом ҳаминро қайд кардан зарур аст, ки рушди маърифату фарҳанги ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон ҳамдастиву ҳамкориву ширкати ниҳодҳои гуногуни давлатӣ, аз ҷумла, идораи нотариалиро тақозо мекунад. Нотариусҳо бо таъмини қонунияти муомилот ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба ташаккули шуури ҳуқуқӣ ва эҳтироми қонун мусоидат мекунанд.
Ҳамкории мутақобила бо муассисаҳои таълимӣ як қадами дигар дар таҳкими фарҳанги ҳуқуқии наврасону ҷавонон аст, ки дар оянда кафолати боқӣ мондани ҷомеаи қонунбунёд ва устувор мебошад.