Маликшо ҒАЙРАТОВ,
устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Дар деҳаи Дарғ, ки сарҳади байни ноҳияҳои Айнӣ, Мастчоҳ ва водии Яғноб ҷойгир аст, мисли дигар минтақаҳои Тоҷикистон ҳам дар гузашта ва ҳам имрӯз ҳазорон ашхоси машҳур ба камол расида, дар рушду нумуи кишвар саҳми босазо гузоштаанд. Яке аз чунин афроди саҳмгузор дар рушду нумуи соҳаи обу обёрӣ ва кӯҳкорӣ Гул Шарифов мебошад. Мавсуф 21 марти соли 1964 дар оилаи Аълочии маорифи Тоҷикистон Абдуваҳҳоб Шарифов ба дунё омадааст. Замони кӯдакии ӯ дар ноҳияи Ғончӣ (ҳоло Деваштич) гузаштааст. Соли 1971 бо тақозои зиндагӣ оилаи онҳо боз ба деҳаи Дарғ кӯчида меояд ва Гул Шарифов солҳои 1971-1981 дар мактаби миёнаи №5 ба номи Мирзо Абдулқодири Бедили деҳа таҳсил намуда, онро бо баҳои аъло хатм мекунад.
Баъди хатми мактаби миёна Гул Шарифов 1981 ҳуҷҷатҳояшро ба факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супорида, соли 1986 онро бо ихтисоси инженер-геолог хатм кардааст.
Номбурда соли 1984 ҳангоми таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ дар кони лаъли деҳаи Кӯҳи Лаъли ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо роҳнамоии аввалин геологдухтари тоҷик Савригул Шакармамадова ҳамчун техник-геолог бо тарзи шароити геологии пайдоиши сангҳои қиматбаҳо, ба мисли лаъл (шпинел), клиногумит, рубин ва усули иктишоф, коркард ва ба истифода додани онҳо шинос гардида, қадамҳои нахустини худро дар ин ҷода мегузорад.
Мавсуф соли 1986 рисолаи дипломии худро дар мавзуи «Шароити муҳандисӣ-геологии майдони обанбори Кофарниҳони поён» бо роҳбарии доктори илмҳои геология ва минералогия, профессор Абдураҳим Ҳасанов ҳимоя менамояд.
Баъд аз хатми донишгоҳ Гул Шарифов аз соли 1986 то соли 1987 дар экспедитсияи ҷанубии гидрогеологии Саридораи «Геологияи тоҷик» ба сифати техник-гидрогеологи калон кор кардааст. Дар ин давра ӯ бо ҳамроҳии Н. Малюта, Аҳрор Бедонаев, Акмал Аҳмедов дар даста (партия)-и гидроминералии экспедитсияи болозикр, ки пойгоҳи саҳроиаш дар деҳаи Кӯли Сӯфиёни ноҳияи Данғара қарор дошт, фаъолият намуда, ба омӯзиши воридоти оби чашмаҳо ба обанбори Норак, сифати обҳои воридшаванда ва ҳолати дигаргуншавии соҳилҳои баҳри Норак машғул мешавад.
Аз соли 1987 то соли 1990 дар Пажуҳишгоҳи давлатии кофтукови муҳандисӣ-техникии Тоҷикистон ҳамчун инженер-геолог ва соли 1990 ба сифати ходими илмии Маркази илмӣ-истеҳсолии «Недра»-и ДМТ ва геологии Иттиҳодияи истеҳсолии «Помиркварцсамосветы» (Тоҷикгавҳар) фаъолият кардааст.
Дар ин давра, дар таҳияи даҳҳо лоиҳаҳои кофтуковии муҳандисӣ, аз ҷумла, кофтукови муҳандисӣ-геологӣ ва гидрогеологӣ ширкат варзидааст.
Соли 1989 Гул Шарифов аввалин маротиба дар соҳаи геология ҳисоботи техникиро бо забони тоҷикӣ навишт.
Номбурда зимни фаъолият дар Иттиҳодияи истеҳсолии «Помиркварцсамосветы» (Тоҷикгавҳар) ба омӯзиши шароити геологии пайдоиши санги қиматбаҳои оникс, ки кони он дар деҳаи Селбури ноҳияи Шаҳринав ҷойгир аст, машғул мешавад. Мавсуф аз соли 1990 то соли 2014 дар Иттиҳодияи лоиҳакашию сохтмонии «Тоҷикселхозводопроводстрой» дар вазифаҳои сардори дастаи геологии шуъбаи кофтукови муҳандисӣ-техникии Пажуҳишгоҳи давлатии лоиҳакашии «Тоҷикгипроселхозводоснабжение», сардори дастаи геологӣ, сардори экспедитсияи кофтуковӣ, сардори раёсати кофтуковӣ ва чоҳбурӣ барои об, муовини сардори сарраёсат, сармуҳандис, муовини аввали сардори сарраёсати «Тоҷикобдеҳот» («Тоҷикселхозводопроводстрой») фаъолият намудааст.
Олими пуркор барои анҷом додани корҳои кофтуков ва таҳқиқоти муҳандисӣ-геологӣ дар иншоотҳои таъминоти оби ошомиданӣ ба аҳолии деҳаҳои Сурхкат ва Қалъачаи Гули Зарди ноҳияи Истаравшан, хоҷагии Тоҷикистони ноҳияи Нов (ҳоло ба номи Спитамен), шаҳраки Шӯроби ноҳияи Исфара, Маҷмааи агросаноатии Гулистони ноҳияи Исфара ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ лоиҳа таҳия намуда, иҷрои корҳоро роҳбарӣ намудааст.
Қаҳрамони мо ҳангоми таҳияи лоиҳа ва пармакунии чоҳ ба мақсади обтаъминкунӣ, ҳамеша хулосаи мақоми ваколатдор-Саридораи геологияро ба инобат гирифта, дар мавридҳои зарурӣ бо гидрогеологҳои шинохтаи кишвар Акмал Аҳмедов ва Александр Аҳмедов маслиҳату машварат меорост. Тавсияҳои онҳоро ҳамеша ба инобат мегирифт. Ӯ мутмаин аст, ки на ҳама вақт назария татбиқшаванда аст ва баъзан барои ба мақсад расидан назарияро бо таҷрибаи амалӣ бояд мукаммал намуд. Давраи лоиҳакашӣ, сохтмон, баистифодадиҳӣ ва дар ин замина, қонунгузории соҳа силсилазанҷирае ҳастанд, ки на танҳо ба якдигар алоқаманданд, балки бояд такмилдиҳандаи ҳамдигар бошанд.
Гул Шарифов аз мактаби касбии аввалин сардори Иттиҳодияи оби нӯшокии деҳоти Тоҷикистон Ян Вассерблай касб омӯхта, аз мактаби касбии аввалин сармуҳандис, баъдан сардори Иттиҳодияи оби нӯшокии деҳоти Тоҷикистон Аҳмад Ҷӯраев хислати поктинатию якрӯягӣ, малакаи роҳбарию одамгарӣ, фурӯтанию таҳаммулпазирӣ, қаноатпешагию сабурӣ насибаш гашта, ҳамчун шахсият камол ёфтааст. Дар давоми зиёда аз 40 сол бо тақозои касбу вазифа аз мактаби касбию эҷодии чандин муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зиёда аз даҳ вазирони соҳаи мелиоратсияю хоҷагии об ва захираҳои оби кишвар баҳрабардорӣ намудааст. Ӯ низ мисли дигар бузургони адаб, чизҳои омӯхтаашро ба шогирдони худ меомӯзонад. Тавре ниёгони мо гуфтаанд:

Муаллим чашмасори илму ирфон аст,
Муаллим офтоби ақли инсон аст.
Муаллим гоҳ месозад, муаллим гоҳ месӯзад,
Муаллим чилчароғи равшани базми адибон аст.

Мавсуф аз соли 2014 дар вазифаи муовини сардори раёсати захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон, ба сифати дотсенти кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият дошта, дар таълиму тарбияи ҷавонони худогоҳу босавод саҳми беандоза дорад. Имрӯз як зумра мутахассисон ва олимони ҷавонро тарбия намудааст, ки онҳо ба корҳои тадқиқотӣ- илмӣ ва дигар масъалаҳои соҳа машғул мебошанд.
Дар ин давра ӯ бо ҳамкории коршиносони соҳа, кормандони вазорат ва шарикони рушд дар таҳияю баррасии Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ассотсиатсияи истифодабарандагони об», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ» ва даҳҳо зерсанадҳои марбут ба ин ҳуҷҷатҳо иштирок намудааст.
Дар баробари мутахассиси хуб будан, ҳамзамон, Гул Шарифов аз зумраи қаламкашони эҷодкорест, ки тайи зиёда аз 40 сол бо матбуоти ҷумҳурӣ алоқаи қавии ҳамкорӣ дошта, дар рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва нашрияҳои соҳавӣ даҳҳо интишоротро ба анҷом расонидаву тавассути садою симои ватанӣ мунтазам баромад менамояд. Боиси таҳсин аст, ки нашрияи сарраёсати «Тоҷикобдеҳот» бо номи «Чашмаи ҳаёт» соли 2002 бо пешниҳоди ӯ таъсис ёфтааст.
Бояд гуфт, ки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ба ҳалли масъалаҳои мубрами иҷтимоиву иқтисодии минтақа ва ҷаҳон нигаронида шудааст. Дар ин самт, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз минбарҳои бонуфузи созмонҳои байналмилалӣ пешниҳодҳои мушаххас, созанда ва дурнамосоз ироа намуда, ҳоло аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун ташаббускори ин соҳаи ҳаётан муҳим пазируфта шудааст. Боиси сарфарозист, ки дар натиҷаи талошҳои зиёд аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли даврони соҳибистиқлолӣ масъалаҳои вобаста ба об дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд мақоми хосса пайдо намуда, мавриди баррасии дақиқ қарор дода шуд, ки аксари ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба ҳалли масоили об пешниҳодгардида аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтаанд.
Ин аст, ки Гул Шарифов низ тӯли фаъолияти чандинсолаи худ ба масъалаи об бештар таваҷҷуҳ зоҳир карда, мақолаҳои илмиву оммавӣ дар дохил ва берун аз кишвар интишор кардааст. Номбурда барои силсиламақолаҳояш оид ба мушкилоти об, тағйирёбии иқлим, мутобиқшавӣ батағйирёбии иқлим, таъминоти оби ошомиданӣ, ҳамкории байнидавлатӣ ва минтақавӣ дар истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои обӣ, таъмини суботи экологӣ соли 2007 бо нишони Аълочии матбуоти Тоҷикистон ва соли 2013 барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар бахши обу экология гардидааст. Ҳамчунин, соли 2013 бо нишони Аълочии ифтихории маорифи Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Ҳамзамон, ӯ соҳиби рутбаи тахассусии мушовири хизмати давлатии дараҷаи I буда, узви Комиссияи миллӣ оид ба ирригатсия ва дренаж, узви Конфедератсияи байналмилалии журналистон мебошад.
Дар баробари ин, мавсуф муаллифи 17 китоб ва зиёда аз 120 мақолаи илмӣ, илмӣ-техникӣ ва оммавӣ-фарҳангӣ, аз ҷумла, китобҳои «Фарҳанги тафсирии русӣ ба тоҷикии оби ошомиданӣ ва обтаъминкунӣ» (Душанбе: Недра, 2011), «Луғати англисӣ-русӣ-тоҷикии геоэкологӣ» (Душанбе: Ирфон, 2013), «Усулҳои тадқиқоти гидрогеологӣ ва муҳандисӣ-геологӣ» (Душанбе: Маориф, 2014), «Асосҳои гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ» (Душанбе: Маориф, 2019), «Инженерно-геологическая типизация георисков территории города Душанбе и его агломерации» (Бишкек: ИД «Калем», 2019), «Толковый словарь по водному хозяйству. Русско-таджикский. Фарҳанги тафсирӣ доир ба хоҷагии об Русӣ-тоҷикӣ» (Душанбе: Хирадмандон, 2020), «Фарҳанги тафсирии хоҷагии об» (Душанбе: ДМТ, 2022) ва ғайра мебошад. Бояд гуфт, ки фарҳангҳои тафсирии русӣ ба тоҷикии таҳиянамудаи ӯ аввалин фарҳангҳои соҳавӣ дар соҳаи оби кишвар ба забони тоҷикӣ буда, барои истифода дар ҳама намуди ҳуҷҷатгузории соҳаи об, дар нашри адабиёти илмӣ-техникӣ, таълимӣ ва ахборӣ тавсия шудаанд.
Айни замон бошад, устоди гиромӣ ва ҳамкасби азизи мо Гул Шарифов дар камолоти эҷодию пажуҳишӣ буда, бо ҷӯшу хурӯш ба таҳқиқи масоили дигари печидаи об ва масъалаҳои марбути обёриву кӯҳкорӣ машғул аст. Умед дорем, ки дар ояндаи наздик дастаи нави осори таҳқиқии мавсуф ба дасти донишҷӯёну муҳаққиқон ва мутахассисони соҳа мерасад.
Гул Шарифов соҳиби панҷ фарзанд буда, ҳамаи онҳоро дар роҳи илму дониш тарбия кардааст, ки ҳар яки онҳо имрӯз дар ҷомеа, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагидорӣ фаъолият карда, саҳми арзандаи худро барои пешрафти ҷомеа гузошта истодаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *