Бахтовар ТЕМИРЗОДА,
муаррих
Таърих довари адолат ва ҳақиқат аст, ки бо мурури замон фарзандони фарзонаи ҳар як қавму халқиятҳоро ба саҳнаи хеш меорад, ки онҳо бо кору пайкори худ ба халқу миллатҳо хидматҳои арзандаву мондагор мекунанд. Вақте мо дар бораи фарзандони фарзонаи миллатҳо сухан меронем, пеш аз ҳама, аз меҳнати қаҳрамонона ва шаъну шуҳрати онҳо ҳарф мезанем. Ин бесабаб нест. Машҳуртарин одамони ҷаҳон маҳз бо кордонию меҳнатдӯстӣ, бо хоксорӣ ва хислатҳои неки худ маъруф гаштаанд. Яке аз чунин шахсони наҷибу содиқу хидматгузор ходими намоёни давлатӣ, яке аз поягузорони соҳаи маорифи Тоҷикистон Нисор Муҳаммад Юсуфзиё (1897-1937) мебошад.
Нисор Муҳаммад соли 1897 дар деҳаи Зиддии вилояти Пешовари Покистони имрӯза, дар оилаи мактабдори камбағали деҳотӣ ба дунё омада, дар 15-рӯзагӣ, аз модар ва дар 15-солагӣ аз падар маҳрум мегардад. Нисорро бобои модариаш ба тарбияи худ мегирад. Ӯ мактаби миёнаро зери назорати бобояш дар Пешовар хатм карда, дар овони ҷавонӣ дар ҳаракати миллӣ — озодихоҳии Ҳиндустон, Афғонистон фаъолона иштирок мекунад. Баъди хатми мактаб солҳои 1914-1915 дар донишкадаи Пешовар таҳсилашро давом медиҳад. Бар асари тадқиқоти М.А. Персик — «Инқилобиёни ҳиндустонӣ дар мамлакати Шуравӣ» (М; «Наука», 1973) дар бораи яке аз маҷлисҳои инқилобиёни Ҳиндустон дар Пешовар андеша ронда, таъкид мекунад, ки «Нисор Муҳаммади 23-сола дар ин ҷамъомад ошкоро изҳор намуд, ки агар принсипҳои коммунистӣ дуруст ба роҳ монда шаванд, тамоми дунё озод хоҳад шуд». Соли 1919 Нисор Муҳаммад ба пойтахти Афғонистон — шаҳри Кобул меояд ва дар мактаби Ҳабибия ба ҳайси омӯзгор фаъолият мекунад.
Ба туфайли Инқилоби Октябр дар Афғонистон ҳам ҳаракати миллӣ-озодихоҳӣ авҷ мегирад, ки дар баробари равшанфикрону тараққихоҳони афғон, дар он Нисор Муҳаммад низ фаъолона иштирок мекунад. Ӯ соли 1920 бо як қатор инқилобиён ба шаҳри Тошканд меояд ва дар ин ҷо бо шарқшиносони номӣ В.В. Бартолд, А.А. Семёнов, М.С. Андреев, А.М. Дяков, ходимони намоёни давлатӣ – Шириншоҳ Шоҳтемур, Чинор Имомов, Абдуқодир Муҳиддинов, Абдураҳим Ҳоҷибоев аз наздик шиносоӣ пайдо мекунад. Дар Тошканд бо як дилбастагии хосса ба кори таълиму тарбия машғул мешавад.
Нисор Муҳаммад аз лаҳзаи аввали ворид шуданаш ба шаҳри Тошканд худро озод ва дар ҳалқаи дӯстон дид. Ӯ бо ақли расо ва хирадаш дар дили кормандони маорифи шаҳри Тошканд ба зудӣ роҳ ёфт ва бо назарияи марксизм-ленинизм ошно гардида, барои омӯзиши забони русӣ кӯшиш кард. Ӯ аввал дар мактаби ҳарбӣ ва баъдтар дар Университети коммунистии Осиёи Миёна ба номи В.И. Ленин ба сифати омӯзгор кор мекунад. Низоми сотсиалистӣ мавриди писанди Нисор Муҳаммад гардида, соли 1922 узви Иттиҳодияи синфӣ шуд. Соли 1924 дархост ба узвияти Ҳизби коммунистӣ намуд. Чанд нафар коммунистон, аз ҷумла, Дяков Алексей Михайлович – мудири шуъбаи корҳои ташкилоти Ҳизби Комунистии Осиёи Миёна ӯро ба узвияти Ҳизби коммуннист тавсия кард. Ба ин тартиб, аз 13-уми августи соли 1924 Нисор Муҳаммад ба узвияти Ҳизби коммунистӣ пазируфта шуд.
Дар ин солҳои мураккаб Нисор Муҳаммад дар вазифаҳои гуногун — раиси комиссияи илмии тоҷикии Комиссариати халқии маорифи Туркистон, раиси комиссияи илмии маорифи ҶШС Ӯзбекистон, раиси идораи нашриёти давлатии ҶМШС Тоҷикистон кор кардааст. Инчунин, ӯ аввалин ректори Дорулмуаллимини тоҷик дар Тошканд буд ва дар омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ аз ҳисоби мардуми маҳаллӣ (тоҷикон) хидматҳои арзанда кардааст. Моҳи октябри соли 1924 дар таърихи халқҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла, барои тоҷикон давраи ниҳоят муҳим ва тақдирсоз буд, зеро дар ин давра тақсимоти миллию марзӣ гузаронида шуд ва душманони халқи тоҷик талош бар он мекарданд, ки аз ҳисоби тоҷикон ҷумҳурии алоҳида таъсис наёбад. Кор то ҷое расида буд, ки пантуркистон тоҷиконро ҳамчун миллат эътироф намекарданд.
Дар чунин вазъияти мушкил Нисор Муҳаммад дар қатори Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Чинор Имомов, Саидаҳмад Анваров ва дигар фарзандони баруманди халқи тоҷик талош бар он мекард, ки дар рафти тақсимот ҳуқуқҳои тоҷикон ҳамчун миллати қадимтарини Осиёи Миёна поймол нагардад. Мавсуф ба маҳалҳои тоҷикнишин рафта, аҳаммияти тақсимоти миллию марзиро ба мардум мефаҳмонд. Донишманди маъруфи тоҷик Камол Айнӣ дар сарсухани “Намунаи адабиёти тоҷик” нигоштааст: “Тобистони соли 1922 масъалаи нашр кардани як рӯзномаи тоҷикӣ дар Тошканд ба миён омад ва комиссари маорифи Туркистон Нисор Муҳаммад барои ошно шудан ва омӯхтани масъалаи тоҷикӣ ба Самарқанд фиристода шуд ва ба маҷлис-машварат даъват гардид, ки дар он нашри рӯзномаи тоҷикӣ бо номи “Овози тоҷик”-ро ба миён гузошт.
Нисор Муҳаммад дар ташкил кардани рӯзномаи тоҷикии “Овози тоҷик”, ки аз моҳи августи соли 1924 дар шаҳри Самарқанд мебаромад, инчунин, дар нашр кардани аввалин китобҳои дарсӣ, барои ба забони тоҷикӣ таълим додани мактаббачагони тоҷик дар мактабҳои советӣ хидмати бузург намудааст. Ҳадафи аслии рӯзномаи тоҷикӣ ин дастгирӣ ва тарғиби забони тоҷикӣ буд. Зеро дар ибтидои солҳои бистум ба ин забон бо роҳҳои гуногун фишор оварда мешуд ва ҳатто, хатари тамоман нестшавии он ба вуҷуд меомад. Дар маҳфилҳо ба забони тоҷикӣ, умуман, суҳбат намекарданд. Он танҳо забони муоширати хонаводагӣ шуда буду халос. Нисор Муҳаммад дар яке аз гузоришҳо ба душманони миллати тоҷик хитоб карда, мегӯяд: «Забони тоҷикиро барҳам додан ин миллати тоҷикро барҳам додан аст». Ходими намоёни давлатӣ Баҳринисо Тоҳирова дар ёддоштҳои худ қайд менамояд: “Нисор Муҳаммад шахси ҳалим, хоксор, маорифпарвар ва босадоқат нисбат ба миллати тоҷик буд. Дар анҷуману конфронсҳои ҷамоҳири шуравӣ баромад намуда, эҳсоси тоҷикгароиро аз даст намедод”.
Дар солҳои аввали ташкилёбии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷумҳурӣ аз сабаби харобии хоҷагӣ ва набудани кадрҳо ташкил намудани курсҳои гуногуни кӯтоҳмуддат хеле мушкил ва душвор буд. Масалан, раиси комиссияи илми тоҷик Нисор Муҳаммад 24 октябри соли 1925 дар маърӯзаи худ чунин гуфта буд: «Дар шароити ҳозира дар Тоҷикистон ба коркунони соҳаи маданӣ талаботи зиёде ҳис карда мешавад, бинобар он ҳам, бисёртар одамонро ба мактабҳо ҷалб кардан лозим аст. Аммо чунон ки маълум аст, дар худи Тоҷикистон ғайр аз мактабҳои ибтидоӣ, ки дар онҳо саводнокшавиро меомӯзанд, дигар мактабҳо нестанд. Мо медонем, ки аз халқи маҳаллӣ тайёр кардани коркунони ҳизбӣ ва давлатӣ ин ғалаба бар зидди босмачиён аст. Аз ҳамин сабаб, Ҳукумати Ӯзбекистон вазифадор буд, ки дар мактаб ва донишкадаҳои худ барои тоҷикон ва Тоҷикистон фоизи муайяни ҷой намояд». Номбурда дар бобати ташкил намудани «Ҷамъияти илмии омӯзиши Тоҷикистон ва халқҳои эроннажоди берун аз ҳудуди он», ки 9 январи соли 1925 дар шаҳри Тошканд таъсис ёфта буд, инчунин, дар таъсиси Дорулмуаллимини тоҷикии Тошканд низ саҳми арзанда дорад. Дар вақтҳои аввали Тоҷикистон дар масъалаи ҷамъ кардан ва ба Дорулмуаллимин фиристодани талабагон бисёр душвориҳо мекашид. Бинобар он, вай талабагонро аз байни тоҷикони Самарқанд, Бухоро, Хуҷанд ва водии Фарғона ба хондан ҷалб мекард.
Дар кори ташкилу мустаҳкам намудани Дорулмуаллимини тоҷик дар радифи хидматҳои Г. Чичерин, В. Бартолд, А. Лоҳутӣ хидмати Н. Муҳаммад низ бағоят калон аст. Моҳи октябри соли 1925, дар соли дуюми таъсиси Комиссариати халқии маорифи ҶМШС Тоҷикистон Нисор Муҳаммад ба вазифаи муовини комиссари халқии маорифи ҷумҳурӣ интихоб мегардад. Ҳайати мушовараи Вазорати маорифи ҶМШС Тоҷикистон Нисор Муҳаммадро ба узвияти худ мепазирад ва ӯро ба ҳайси мудири масъули рӯзномаи «Бедории тоҷик» таъйин менамояд. Дар аксар маҷлисҳое, ки оид ба фаҳмондадиҳии моҳияти сиёсати ҳизби коммунист гузаронида мешуд, ӯ бо маърӯзаву лексияҳои пурмазмун баромад менамуд.
Нақши Нисор Муҳаммад ҳамчун узви мушовараи Комиссариати халқии маорифи ҶШС Ӯзбекистон дар бобати ташкил намудани шабакаи васеи мактабҳои маълумоти умумӣ, бо дастурҳои таълимӣ таъмин намудани онҳо ва дар маҳви бесаводии аҳолии калонсол ҳам хеле арзишманд мебошад. Ба забони тоҷикӣ мавҷуд набудани китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методию таълимӣ дар ривоҷу равнақи таҳсилоти умумии ҳатмӣ ва маҳви бесаводии аҳолии калонсол монеаи ҷиддӣ мавҷуд буд.
Дар натиҷаи талошу кӯшишҳои Нисор Муҳаммад як силсила китобҳои дарсӣ барои мактабҳои тоҷикӣ, ба монанди «Мухтасари раҳнамои ҳисоб»-и Н. Муҳаммадов (1923), «Соли нахуст»-и Саидризо Ализода (1924), «Алифбои забони тоҷикӣ»-и Н. Муҳаммадов (1924), «Сарфу наҳви забони тоҷикӣ»-и Саидризо Ализода (1924 нашри якум), «Алифбои тоҷикӣ»-и Мазҳар Махдум Бурҳонов ва Садриддин Киром (1925), «Роҳбари бесаводон»-и Исматулло Раҳматуллозода ва Ҳоҷимуъмин Шукруллозода (1925), китоби хониши «Калиди дониш»-и Манофзода (1926), «Сарфу наҳви забони точикӣ»-и С. Ализода (1926 нашри дуюм), «Омӯзиш»-и В. Маҳмудӣ ва Т. Зеҳнӣ (қисми I-III.(1928) ба табъ расиданд.
Нисор Муҳаммад ба таҳсили духтарон низ диққати хосса медод. Муаллифони китоби «Муаллимони сурх» қайд намудаанд, ки Нисор Муҳаммад, махсусан, дар ташкили мактабҳои духтарона саҳми ниҳоят калон гузоштааст. Ӯ ба маҳалҳо рафта, ба аҳолии бумӣ моҳияти таҳсили духтарон дар мактаб ва оқибатҳои он-барҳам додани маҳви бесаводӣ, саводнокшавии занони тоҷикро мефаҳмонид ва бо тарғибу ташвиқ шумораи зиёди духтаронро ба мактаб меовард. Аз охирҳои солҳои 20-ум ва аввали 30-юм cap карда, баробари афзудани шумораи мактабҳо, курсҳои педагогӣ ва омӯзишгоҳҳо таълиф ва нашри китобҳои дарсӣ торафт зиёд шуда, сифати онҳо низ беҳтар мегардид. Нисор Муҳаммад кӯшиш мекард, ки қоидаҳои забони тоҷикӣ риоя карда шуда, он таҳким ва такмил ёбад. Пас аз ташкил ёфтани ҶМШС Тоҷикистон Нисор Муҳаммад ду маротиба солҳои 1928-1929 ва 1930-1932 ба вазифаи Комиссари халкии маорифи Тоҷикистон таъйин гардид. Дар ин давра шумораи мактабҳо, омӯзишгоҳҳо ва мактабҳои олии бозшуда зиёд шуд. Аввалин бор дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Душанбе таъсиси мактабҳо ба роҳ монда шуданд.
Ӯ соли 1932 бо мақсади такмили дониши худ ба шуъбаи аспирантураи Институти шарқшиносии ба номи Наримонови шаҳри Москва дохил ва ҳамзамон, дар ин даргоҳ аз забонҳои урду ва пашту дарс мегуфт. Баъди хатми аспирантура ӯ дар шаҳри Москва монд ва солҳои 1932-1937 зиндагияш дар шаҳри Масква гузашт.
Нисор Муҳаммад муаллифи 11 асари илмӣ буда, муҳимтарини онҳо: «Роҳнамои ҳисоб» (1923), «Алифбо» (1924), «Масъалаи баромади тоҷикон» (1929), «Тоҷикон дар роҳи ҳақиқат», инчунин, 130 мақолаву гузоришҳояш дар матбуоти даврӣ нашр гардидааст.
Ин марди фидоӣ дар роҳи пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз корҳои зиёди илмию маънавӣ карда метавонист, вале тақдир амри дигар кард. Ӯ соли 1937 ба ҳабс гирифта шуд ва дере нагузашта, қурбонии беадолатию бадкирдориҳои таъқиботи Сталинӣ гардид. Зиндагиномаи ин марди шариф сазовори омӯзиши зиёд аст, зеро фаъолияти ӯ серҷабҳа буда, махсусан, дар самти низоми маориф корҳои мондагор анҷом додааст, ки барои ҷавонони Тоҷикистон метавонад, намунаи ибрат бошад.