Р. Дониёров,
профессори Донишгоҳи давлатии
ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон,
М. Дониёрова,
дотсенти Донишкадаи иқтисод ва савдои
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон
Мақоми илм ва зиёиён дар пешрафт ва рушди устувори ҷомеа хеле баланд аст. Ҳиссаи олимон, хосса, муҳаққиқони табиатшинос дар рушду инкишофи илми тоҷик назаррас мебошад. Яке аз онҳое, ки дар ин ҷода хизмати шоиста ва беназир намудааст, табиатшиноси намоёни тоҷик, олим ва ташаббускори беҳамтои илм, муҳаққиқи варзида академик Муҳаммадқул Нарзиқулов мебошад. Имсол ба мавлуди олими варзида, Арбоби хизматнишондодаи илм, энтомологи дорои шуҳрати ҷаҳонӣ, педагог ва мураббии соҳибмаҳорат, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино, марди хоксору наҷиб, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Нарзиқулов Муҳаммадқул 110 сол пур шуд.
Мавсуф зодаи шаҳри Самарқанд буда, пас аз хатми мактаби миёна ба факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистон дохил мешавад. Пас аз бо дипломи аъло хатм намудани донишгоҳ ӯ барои идомаи фаъолият дар кафедраи зоологияи Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистон ҷалб гардида, ҳамзамон, корҳои пажуҳишии худро аз рӯйи мавзуи илмиаш шуруъ менамояд. Оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои амалӣ гардидани нақшаҳои илмии олими ҷавон халал ворид намуд ва ӯ барои дифои Ватан раҳсипор гардид. Дар муҳорибаҳои шадиди назди Сталинград сахт захмӣ шуда, дар госпитали ҳарбӣ ҷарроҳӣ гузаронид ва пас аз шифоёбӣ ба донишгоҳи худ баргашт. Дар ин ҷо Муҳаммадқул Нарзиқулов баҳри барқарорсозии фаъолияти кафедраҳои факултаи биологияи донишгоҳ фаъолона ширкат варзида, ҳамзамон, таҳти роҳбарии профессори машҳур Н.З. Туркевич корҳои пажуҳиширо идома бахшид ва дар яке аз ҷаласаҳои навбатии Шурои илмии Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистон рисолаи илмии худро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои биологӣ бомуваффақият дифоъ намуд.
Соли 1946 бо даъвати филиали Тоҷикистонии Академияи илмии ИҶШС Муҳаммадқул Нарзиқулов барои идомаи фаъолият ба пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе меояд ва фаъолияти минбаъдаи илмию таълимӣ ва ҷамъиятии олим бо Тоҷикистон иртиботи ҳамешагӣ пайдо намуд. Бо тавсияи президенти аввалини Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва академики АИ ИҶШС, ташаббускори илм дар Тоҷикистон Павловский Евгений Никанорович соли 1947 М. Нарзиқулов директори Институти зоология ва паразитологияи Академияи илмҳо таъйин гардид. Солҳои минбаъда дар Институти зоология ва паразитология самтҳои асосии тадқиқоти олами ҳайвоноти Тоҷикистон, аз содатаринҳо сар карда, то ҳайвоноти сутунмуҳрадор муайян гардиданд. Хусусан, омӯзиши намудҳои ҳашароте, ки аҳаммияти бештар дар хоҷагии халқ доштанд, ба роҳ монда шуд. Бо ҳамин мақсад, сол то сол шуъбаҳои илмии энтомология, паразитология, ихтиология ва гидробиология, ҳайвоноти муҳрадор ва лабораторияҳои омӯзиши агробиосенозҳои пахта, боғҳо, коркарди усулҳои биологии мубориза бо зараррасонҳо ташкил ва таъсис меёфтанд. Институти зоология ва паразитология ба махзани воқеии омода намудани мутахассисони соҳаи зоология табдил гардида, таҳти роҳбарии академик Нарзиқулов М. мактаби энтомологҳо таъсис ёфт. Бояд зикр намуд, ки фаъолияти институт таҳти назорати ҳамешагӣ ва ғамхориву таваҷҷуҳи доимии сарвари Институти зоологияи Академияи илмҳои ИҶШС олими шинохта, академик Е.Н. Павловский қарор дошт. Ӯ дар шахсияти ин олими тоҷик ташаббускори илми биологияи Тоҷикистонро дида, Нарзиқуловро яке аз шогирдони беҳтарини худ меҳисобид. Аз ин лиҳоз, академик Павловский Е.Н. ба кишвари мо пайваста сафарҳо менамуд ва табиист, ки чунин ташриф оварданҳо ба рушди тадқиқоти биологӣ дар минтақа мусоидат менамуд.
Нарзиқулов М. таҳқиқоти илмӣ ва фаъолияти таълимиашро бо маҳорати том пайваста намуда буд. Ӯ дар муддати солҳо вазифаи мудири кафедраи биологияи Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва сарварии кафедраи зоологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро ба уҳда дошта, ҳар сол ба донишҷӯёни Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон доир ба ҳимояи растаниҳо курсҳои махсусро таълим медод. Ҳамчун педагог ва мураббии бомаҳорат ӯ ба эҳтиром ва муҳаббати самимии олимону донишҷӯёни ин муассисаҳои пешсафи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ сазовор гардида буд.
Соли 1956 Нарзиқулов М. рисолаи илмиашро барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои биологӣ дар шаҳри Ленинград бомуваффақият дифоъ намуда, пештар аз ин якдилона ба аъзо-корреспондентии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон интихоб гардида буд. Бо дарназардошти фаъолияти пурмаҳсулу тӯлонии педагогияш дар омода намудани кадрҳои соҳаи биология ба ӯ унвон ва дипломи профессорро низ супориданд. Дар тӯли фаъолияти пурмаҳсули зиёда аз 40-солаи роҳбарияш дар вазифаи директори Институти зоология ва паразитологияи Академияи илмҳо олим дар рушд ва такомули илми зоология саҳми босазо гузоштааст. Дар ин солҳо бевосита таҳти роҳбарии ӯ натанҳо олимони ҷавони Тоҷикистон, балки Русия, Украина, Молдавия, Назди Балтика, Қазоқистон, Қафқоз, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ намудаанд.
М. Нарзиқулов бо олимони намоёни Чехословакия, Полша, Голландия, Ирландия, Ҳиндустон, Покистон ва дигар давлатҳо низ ҳамкории густурда дошта, дар ҳаммуаллифӣ бо олимони ин кишварҳо таълифоти судманде ба анҷом расонидааст. Ҳамчунин, бо маърӯзаву гузоришҳои илмии худ дар форуму симпозиумҳои байналмилалӣ ва конференсияҳои бонуфуз борҳо баромад намудааст.
Ба қалами академик зиёда аз 600 таълифоти илмӣ мансуб буда, дар байни онҳо китобу монографияҳои бузургҳаҷм, китобҳои дарсӣ, дастурҳои илмиву оммавӣ ва васоити мухталифи илмӣ мавҷуданд. Ӯ муҳаррири бисёре аз маводи илмие мебошад, ки аз ҷониби кормандони институт ба нашр расидаанд. Таҳти роҳбарии ӯ аз ҷониби олимони Институти зоология ва паразитологияи ба номи академик Павловский Е.Н. китоби бисёрҷилдаи «Фаунаи Тоҷикистон», ки ба синфҳо ва бахшҳои олами ҳайвоноти ҷумҳурии мо бахшида шудаанд, таҳия ва нашр гардидаанд. Дар ин силсилакитобҳо маълумоти муфассал оид ба таснифот ва таҳаввулоти биологӣ, экология, зоогеография, аҳаммияти хоҷагидорӣ ва роҳу усулҳои мубориза бар зидди зараррасонҳо ва бемориҳои ҳайвоноту наботот оварда шудаанд. Муҳаммадқул Нарзиқулов муаллифи се нашри силсилаи «Ширинчаҳои Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои ҳамсарҳади Осиёи Миёна» мебошад, ки ду нашри он дар ҳаммуаллифӣ бо шогирдонаш — номзадони илмҳои биологӣ Ш. Умаров ва М. Дониёрова таҳия шудаанд.
Соли 1967 барои саҳми бузург дар рушди илми биологияи Тоҷикистон ва омода намудани мутахассисон Нарзиқулов М. ба узвияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон интихоб мешавад. Минбаъд дар вазифаи директори Институти зоология ва академик-котиби шуъбаи илмҳои биология, саркотиби илмии раёсати АМИТ хидмати шоиста карда, дар пешравии илми тоҷик саҳми арзанда гузоштааст. Академик М.Нарзиқулов ҳамеша бо мактабҳои олии ҷумҳурӣ ҳамкорӣ намуда, дар ташкили раванди тадқиқот, таълими илмҳои табиатшиносӣ, тайёр кардани ҳазорҳо кадрҳои баландихтисос хидмати шоиста дорад. Ӯ тайи солҳои зиёд вазифаи раиси Шурои диссертатсиониро оид ба дифои рисолаҳои номзадӣ дар академияи мазкур ба уҳда дошт ва пайваста ба таълими аспирантон, унвонҷӯён эътибори махсус зоҳир намуда, садҳо олими ҷавони соҳибунвонро ба камол расонидааст.
Академик М. Нарзиқулов солҳои тӯлонӣ сармуҳаррири маҷаллаи “Ахбори АИ Тоҷикистон (шуъбаи илмҳои биология)”, узви ҳайати асосии таҳририяи Энсиклопедияи советии тоҷик, узви фаъоли Шурои таҳририяи табъу нашри раёсати АИ Тоҷикистон маҳсуб меёфт. Олими нуқтасанҷ мақолаву рисола ва китобҳое, ки барои чоп пешниҳод мешуданд, бо масъулияти баланд, ҷиддияти тамом ва дақиқкорона таҳлилу таҳрир менамуд. Ҳар як тадқиқоти худи академик М.Нарзиқулов дар илм ҳодисаи намоён, падидаи беназир ба шумор мерафт.
Академик Нарзиқуловро барои хондани лексияҳо доир ба масъалаҳои мубрами илми биология, экология, табодули таҷрибаи усули интегратсионии мубориза бар зидди зараррасонҳои пахтазор, боғҳои мева, растаниҳои шифобахш, гиёҳҳо ба донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ даъват менамуданд. Дар он солҳо Академияи илмҳои Тоҷикистон ҳамчун яке аз беҳтарин сохторҳои зеҳнӣ дар ИҶШС ном баровард, ки баҳри ноил гардидан ба ин шарафи бузург хизматҳои мондагори олимони тоҷик, ки заҳматписандиро дар хидмати холисонаю фидокорона ба Ватан ва наслҳои оянда ҳадафи асосӣ ва аслии худ қарор дода буданд, бениҳоят бузург аст. Хидматҳои академик М. Нарзиқулов ҳамчун яке аз ташкилкунандагон ва роҳбарони нахустини Ҷамъияти ҳифзи табиати ҷумҳурӣ дар ҳифзи табиати нотакрори кишвари мо ва дигар манотиқи Осиёи Марказӣ басо бузург аст. Бо ташаббус ва роҳбарии бевоситаи М. Нарзиқулов «Китоби сурх»-и Тоҷикистон нашр гардид, ки дар он 162 намуди олами ҳайвонот ва 226 намуди наботот дохил гардидаанд. Ҳадаф аз нашри «Китоби сурх» пешгирии камшавии босуръати намудҳои набототу ҳайвонот, андешидани тадбирҳо баҳри ҳифзу эҳёи намудҳои нодир ва таҳдид ба нобудшавӣ доштаву аз байн рафтаистодаи олами флора ва фауна ба ҳисоб мерафт. Ғайр аз ин, нашри ин китоби арзишманд дар тарбияи экологии ҷавонон ва ташвиқи маданияти экологӣ дар байни аҳолии кишвар нақши муҳим дорад.
Дар охири солҳои 1960-ум олимон ва мутахассисони хадамоти ҳифзи растаниҳо дар садади таҳаввулоти ногузиру амиқи таҷрибаи мавҷудаи ҳифзи ҳосил аз зараррасонҳо – канаҳо ва ҳашарот қарор доштанд. Пеш аз ҳама, сухан дар мавриди ба низом даровардани истифодаи воситаҳои химиявӣ бар зидди зараррасонҳои пахта ва боғҳо мерафт. Коркарди ин муаммои басо муҳимро академик М. Нарзиқулов сарварӣ кард. Солҳои 1968 то 1980 дар Тоҷикистон дар ҳифзи интегратсионии пахта, ҳамчун низоми нисбатан пурра ҷавобгӯ ба манфиатҳои беҳдошти ҳосилнокӣ, ҳифзи муҳити атроф аз заҳролудшавӣ бо пестисидҳо (заҳрхимикатҳо), дар иртибот ба ин ҳифзи саломатии аҳолӣ марҳилаи гузариш ба амал пайваст. Самаранокӣ ва боэътимодии ин низоми ҳифзи пахта аз зараррасонҳо бо корбурди миқдори камтарини моддаҳои химиявӣ, фаъолсозии амалиёти популятсияҳои табиии энтомофагҳо, идоракунӣ ва танзими навънокии намудҳои зараровар дар агробиосеноз аз ҷониби кулли мутахассисони соҳаи хоҷагии қишлоқ эътироф гардида, дар аксари манотиқи пахтакори Осиёи Марказӣ татбиқ гардиданд. Дар натиҷа, ҳаҷм ва давраҳои коркарди химиявӣ маҳдуд карда шуда, зарурати истифодаи авиатсияи хоҷагии қишлоқ аз байн рафт. Ин тадбирҳо тозагии тамоми сохторҳои муҳит ва табиати атрофро таъмин намуда, боис гардиданд, ки хоҷагиҳо аз ҳисоби сарфаи маблағҳои барои мубориза бар зидди зараррасонҳо сарфшаванда ва фурӯши маҳсулоти ҳифзшуда даромади зиёд гиранд. Муҳим он аст, ки татбиқи ин усулҳо дар амалия боиси беҳдошти солимии вазъи экологӣ, бавуҷудоии шароити мусоид баҳри баландбардории ҳосилнокии меҳнат, ташаккули мафкура ва фарҳанги экологӣ байни роҳбарияти хоҷагиҳои пахтакори ҷумҳурӣ гардиданд.
Барои коркард ва татбиқи бомуваффақи усулҳои ҳифзи интегратсионии пахтазор бо истифодаи унсурҳои муборизаи биологӣ академик Нарзиқулов М. ва шогирдони ӯ ба мукофоти олитарин дар соҳаи илм ва техника — Ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино сарфароз гардиданд.
Муҳаммадқул Нарзиқулов инсони дорои ҷозибаи нодир ва бениҳоят хоксор буд. Ӯ холисона ба илм хидмат намуд, ҳатто, дар рӯзҳои бемориаш аз болои масоили илмӣ кор мекард, мақолаҳо менавишт ва таассуф аз он мебурд, ки ҳанӯз нақшаҳо ва маромҳои амалинашудаи зиёде дорад. Шоистаи зикр аст, ки номбурда дар радифи дигар ходимони барҷастаи илми кишвар дар шумори 20 нафар машҳуртарин чеҳраҳои илми Тоҷикистон дар асри ХХ шомил гардидааст. Мо хеле сарфароз ва хушбахтем, ки бо чунин инсони фозил, олими соҳибмаърифат, некбин ва хоксор М. Нарзиқулов, ки ҳамеша дар дилу дидаҳои мо симои мунаввараш нақш баставу хотироти некаш дар ёдҳо маъво гирифтааст, зистем, ҳамдаму ҳамсуҳбат ва ҳамкор будем.
Боварманд ҳастем, ки зиндагиномаи ин олими саршиноси тоҷик ва ин чеҳраи маъруфи илми табиатшиносӣ барои насли ҷавони кишвар, барои пажуҳишгарони навроҳ ҳамчун раҳнамо хидмат хоҳад кард ва эҷоду коркардҳои илмии ин шахсияти фарзонаи илму маорифи кишвар барои рушди илми тоҷик дар даврони мо низ хидмати арзишманд хоҳад намуд.