А. МАҲМАДАМИНОВ,
М. СОЛЕҲОВ,
устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Дар ҳаёти ҳар як халқу миллат дар ҳар давру замон зуҳури симоҳо, чеҳраҳо ва шахсиятҳо ҳамчун фарорасии марҳалаи нави таърихӣ маърифат карда мешавад, зеро онҳо дар муаррифии миллат марҳалаи нави таърихиро месозанд. Ҷустору ибтикорот, тозакориу бозёфтҳои илмӣ, нодиракориҳо, амиқравиҳои ҳадафнок, бахусус, кашфу мухтареот ва ғайра, ин ҳама ҳамчун падидаҳоеанд, ки таҷдиди назар ба зиндагиномаи миллатро ногузир месозанд.
Ин ҳам мусаллам аст, ки пешрафти ҷомеа ва шинохту эътирофи миллат ба иртифои мақоми илм ва саҳми калидии уламо дар ин ҷода марбут аст. Аммо раванди бавоярасии тоифаи уламо ҳосили муҳлати кӯтоҳи таърихӣ нест. Тибқи қазовати Одамушшуарои каломи ҳунарии ирфонӣ – Ҳаким Абулмаҷид Маҷдуд ибни Одам Саноии Ғазнавӣ ҷараёни бавоярасии уламо басо тӯлонист. Ба ин маънӣ Ҳаким Саноӣ қазовати ҷолибе дорад, ки мегӯяд:

Солҳо бояд, ки то як санги аслӣ з-офтоб,
Лаъл гардад дар Бадахшон ё ақиқ андар Яман.
Умрҳо бояд, ки то як кӯдаке аз рӯйи табъ,
Олиме гардад наку ё шоире ширинсухан.

Манзури мо аз қазовати фавқуззикр варақгардоне аз корномаву осори илмӣ — пажуҳишии Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи забони арабӣ, доктори илми филология, профессор, устоди соҳибноми кафедраи филологияи араби Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сайидраҳмон Сулаймонӣ аст, ки фузун аз панҷоҳ сол боз тавъам бо ҳирфаи пуршарафи устодӣ-омӯзгорӣ, пешаҳои тарҷумонӣ ва ковишу ҷусторро ҳам бар зимма дорад. Устод Сайидраҳмон Сулаймонӣ дар давоми фаъолияти пурсамару пурманофеи хеш тавассути ҷустору таҳқиқ, таълиму тадрису тарбия дар камолоти маънавии миллат, наслҳои сершумори маълумоти олидор ва соҳибунвонҳои илмии номзадҳою докторҳо саҳми сазовор дорад.
Назар ба эътирофи худи устод С. Сулаймонӣ ҳанӯз дар солҳои таҳсили дабистонӣ, ки ба ашъори суханварони асримиёнагӣ бештар дилбастагӣ доштааст, чанд байте аз Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ӯро ҷиддитарин такон додаанд. Аз ҷумла, байти зерин, ки Мавлоно дар «Маснавии маънавӣ» мегӯяд:

Хоб бедорист, чун бо дониш аст,
Войи бедоре, ки бо нодон нишаст.

Ҳамчунон байти дигаре ҳам аз ҳамин асар, ки таҳкимбахши хостаҳояш шудааст:

Хотами мулки Сулаймон аст илм,
Ҷумла олам сурату ҷон аст илм.

Хосса ин рубоии Мавлоно, ки дар солҳои мактабӣ баҳри амалӣ гардидани орзуҳояш қатъияти том эҳдо намудааст:

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ,
Ҳар ҷо, ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ.
Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз,
То тоҷи наберагони Одам бошӣ.

Устод Сайидраҳмон Сулаймонӣ зодаву парвардаи ноҳияи зебоманзару овозадори Тоҷикобод аст. Таҳсили оғозину мутавасситро дар ҳамон ноҳияи биҳиштосо фаро гирифтааст.
Баъди хатми мактаби миёна дунёи таманно ӯро ба шуъбаи арабии факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) овард, ки ин гардиши сарнавиштсози ҳаёт барояш соли 1964 иттифоқ афтода буд.
Баъди адои хидмати ҳарбӣ устод Сайидраҳмон Сулаймонӣ фаъолияти меҳнатии хешро соли 1972 дар донишгоҳи азизаш оғоз намуда, соли 1974 ба шуъбаи аспирантураи кафедраи филологияи араб дохил шуда, соли 1979 дар мавзуи «Асосҳои лингвистии топонимика дар «Муъҷаму-л-булдон»-и Ёқути Ҳамавӣ дар Пажуҳишгоҳи ховаршиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравӣ рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст.
Устод Сайидраҳмон Сулаймонӣ тайи солҳои 1980-1983 ба Ҷумҳурии Ироқ сафари хидматӣ намуда, ба ҳайси тарҷумон-референти мушовир доир ба равобити иқтисодии сафорати собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар Ҷумҳурии Ироқ фаъолият намудааст. Баъд аз бомуваффақият ба анҷом расидани хидмати фавқуззикр, устод Сулаймонӣ соли 1983 ба Ватан баргашта, дар кафедраи филологияи араби факултети шарқшиносии ДМТ ба ҳайси дотсент фаъолият мекунад. Соли 1985 ӯ бо даъвати раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати ходими калони шуъбаи тарҷума ва таҳияи осори фалсафии мутафаккирони тоҷику форс ба Пажуҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи АИ ҶТ (ҳоло Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон) ба кор омадааст. Мавсуф тайи солҳои 1992-2005 ба ҳайси мудири шуъбаи тарҷума ва таҳияи осори фалсафии мутафаккирони тоҷику форс фаъолият кардааст ва дар ин ҷода барои фарҳангу тамаддуни миллат хидмати бунёдӣ сомон додааст. Хусусан, дар тарҷумаву таҳияи осори илмии Ибни Сино саҳми шоиста гузоштааст.
Метавон гуфт, ки профессор С. Сулаймонӣ дар ҳама гуна ҳолату вазъият бо кафедраи филологияи араби ДМТ буд ва аз кафедраи мазкур равобити илмии хешро канда накардааст:

Гар барканам дил зи туву бардорам аз ту меҳр,
Ин меҳр ба кӣ афканам, ин дил куҷо барам?

Ана ҳамин муҳаббати хосси ӯ ба тадрису таълим ва омодасозии арабшиносону мутахассисони соҳаи филологияи тоҷику араб буд, ки соли 2005 ба тариқи озмун, ба ҳайси мудири кафедраи филологияи араб ба фаъолият оғоз намудааст. Инак, аз соли 2012 ба минбаъд устод Сайидраҳмон Сулаймонӣ ба сифати профессори кафедраи мазкур кор мекунад.
Агар шохистар баҳс ба миён биёварем, профессор С. Сулаймонӣ фаъолияти басо серсоҳа ва ниҳоят пурмаҳсул дорад. Ӯ устод аст ва агар боз ҳам мушаххастар бигӯем, устоди устодони соҳа эътироф шудааст. Профессор С. Сулаймонӣ ба мутахассисон аз предметҳои таълимии зерин дарс мегӯяд: «Забони арабӣ», «Мадхали тахассус», «Таърихи шарқшиносӣ», «Мулаххаси матбуоти даврии араб», «Таълими матнҳои илмӣ-адабӣ, фалсафӣ, забонӣ, таърихӣ, ҷуғрофӣ», «Забоншиносии араб ва методологияи омӯзиши он» ва ғайра.
Соҳаи дигари фаъолияти бисёрпаҳлу ва пурмаҳсули профессор С. Сулаймонӣ тарҷума ва таҳияи осори фалсафии мутафаккирони тоҷику форс аз забони арабӣ, ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ мебошад, ки хеле арзишманд ва писанди аҳли илм қарор гирифтааст. Воқеан, устод Сулаймонӣ тайи 20 соли фаъолияти пурсамар дар Пажуҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (1985-2005) ва ҳатто минбаъд ҳам, як силсила осори Шайхурраис Абуалӣ ибни Синоро тарҷума намуда, ба табъ расонидааст, ки аз силки он осор метавон чандеро номбар кард: «Ал-ҳикмат-ал-машриқия», «Ал-ҳидоя», «Ал-ибора», «Ал-қиёс», «Ал-муғолата», «Китоб-ал-ҳайвон», «Китоб-ан-набот», «Китоб-аш-шифо» ва ғайра. Ё худ аз силки осори динӣ-ирфонии Ибни Сино беш аз 20 рисолаи ӯро тарҷума ва нашр кардааст, ки фузун аз корҳои сомондодаи илмӣ-тадқиқотӣ дар як давраи ҳисоботӣ дар як пажуҳишгоҳ дониста мешавад. Чунончи, номгӯйи баъзе аз он осор: «Ал-ҳудуд», «Андар ахлоқ», «Тафсири Ибни Сино ба бархе аз сураҳо ва оятҳои Қуръон», «Андар ишқ», «Саломон ва Абсол», «Фирдавс дар моҳияти инсон» ва ғайра, ки муҷиби иртифои нуфузу мартабаи ин донишманди хушсалиқа дар ҷомеаи имрӯза маърифат мешавад.
Фаъолияти тарҷумонии профессор Сайид-раҳмон Сулаймонӣ бо он афзал аст, ки ӯ фарогирифтаи чандин забонҳост. Маҳз тавассути заҳматҳои шабонарӯзии ин донишманд, метавон гуфт, ки осори нодири мутафаккирони асримиёнагии тоҷику форс дастраси оламиён гардидааст, ки ин яке аз рисолатҳои сирф таърихии баҷоовардаи С. Сулаймонӣ дар муаррифии осори мутафаккирони тоҷику форс дар сатҳи байналмилалист. Фаразан, маҳз бо саъй ва эҳтимоми С. Сулаймонӣ осори донишманди сатҳи ҷаҳонӣ Ибни Сино бори нахуст бо забони русӣ тарҷума шудааст, ки аз тозакориҳои ӯ дар шуҳратёбии осори ниёӣ ба ҳисоб меравад.
Аз силки ин осор метавон чандеро номбар намуд: «Восточная философия», «Руководство по философии», «Книга спасения», «Родники мудрости», «Книги исцеления» ва ғайра. Инчунин, мутарҷим чандин рисолаҳои дигари ин мутафаккирро низ тарҷума намуда, ба табъ расонидааст. Аз ҷумла: «Об определениях», «Комментарии к некоторым сурам Корана», «Об этике», «О любви», «Живой сын Бодрствуюшего», «Саламан и Абсал», «О птицах», «Касида о душе», ки осори фавқуззикр тайи солҳои 2005 то 2019 дар нашриёти «Дониш»-и АМИТ нашр шудаанд.
Профессор С. Сулаймонӣ тавъам бо осори мазкур, як силсила асарҳои фалсафии Умари Хайёмро низ тарҷума кардааст.
Ҳамин тариқ, С. Сулаймонӣ чандин асари дигари Ибни Синоро аз забонҳои тоҷикӣ ва арабӣ ба забони русӣ тарҷума кардаву соли 2003 нашр кардааст. Тарҷумаҳои С. Сулаймонӣ дар кишварҳои дигари собиқ Шуравӣ низ ба табъ расидаанд, ки натиҷаҳои заҳматҳои бунёдӣ ва сидқию содиқонаи ӯ баҳри муаррифии миллати куҳантаъриху фарҳангсолори хеш аст. Фаразан, рисолаи «Ал-аршия»-и Садриддини Шерозӣ бо заҳмати устод Сулаймонӣ ба забони русӣ тарҷума карда шуда, соли 2004 асари фавқуззикр дар шаҳри Алмаато, таҳти унвони «Небесная мудрость» ба чоп расидааст. Умуман, С. Сулаймонӣ тайи солҳои 1997 то 2004 дар ин мамлакат чандин асари дигарро низ ба забони русӣ тарҷума намуда, дастраси мардум сохтааст, ки аз натоиҷи заҳматқаринии олим башорат медиҳад. Аз он осор метавон чандеро номбар намуд: «Житие Имома Хусайна» (Сайидҷаъфари Шаҳидӣ), «Подобный весенним цветам», «Новый взгляд на жизнь и личность великого Пророка ислама», «Бог в исламской философии» (Муҳаммад Тақӣ Мисбоҳи Яздӣ) ва ғайра.
Профессор С. Сулаймонӣ чанд асари ҳакимонаи адиби садаи XI — Ҳаким Абумуиниддин ибни Ҳорис Носири Хусрави Қубодиёнӣ — «Зоду-л-мусофирин», «Рисолаи ҳикматӣ»-ро ба табъ расонидааст. Ҳамчунин, ӯ «Ақидат-ул-ақоид»-и Насриддини Тӯсиро ба забони русӣ тарҷума кардааст, ки ҳоло дар дасти чоп аст. Фаъолияти С. Сулаймонӣ бисёрсоҳаву серсамт буда, ӯ тавъам бо ҳирфаи устодӣ-омӯзгорӣ, инчунин, тарҷумонӣ, ки қаблан руҷуъ шуд, ба пажуҳишу таҳқиқ низ амиқравиҳои бунёдӣ дорад, ки соҳаи мазкур ҳам натоиҷи дилхоҳ ба бор овардааст. С. Сулаймонӣ хосса дар тарғибу муаррифии осори Ибни Сино ҳампанҷа надорад. Аз тарафи дигар, маҳз амиқравиҳои ӯ ва корҳои бунёдии сомондодааш устодро водор намудаанд, ки соли 1997 дар мавзуи «Таҳаввули истилоҳоти фалсафӣ дар забонҳои арабӣ ва тоҷикӣ дар пояи мероси фалсафии Ибни Сино» рисолаи докторӣ дифоъ намояд, ки дар филологияи араб нодиртарин бозёфт буд.
Дар иртибот бо масоили фавқуззикр ӯ як силсила асару мақолаҳои илмӣ таълиф намудааст, ки метавон чандеро номбар кард: «Очерки мухтасари сарф (морфология)-и забони арабӣ» (2006), «Китоби хониш» (2006), «Матнҳои баргузида барои қироат» (2013), «Китоби хониш» (2016), «Грамматикаи мухтасари забони арабӣ» (2016), «Очерки мухтасари сарфи забони арабӣ» (бо такмилу таҷдиди назар, (2016), «Чиҳил мақола» (маҷмуаи мақолаҳо (2017), «Панду ҳикматҳо аз адабиёти Мисри Қадим» (20017) ва ғайра. Устод С. Сулаймонӣ барои тақозои кунунии иқтисоди бозоргонӣ ва бо дарназардошти ёрӣ ба мутарҷимону мутахассисони ҷавон соли 1999 «Дастури мукотиботи бозаргонӣ»-ро таълиф намуда буд.
Як рисолати сирф таърихии баҷоовардаи ин донишманди беқиёс дар таълифи фарҳангҳои дузабониву сезабонӣ аст, ки бахши мазкур таъмингари шуҳрати олим дар қаламрави Шарқ гардидааст. Ба назар мерасад, ки ин осор комилан мондагортарин таълифотанд. Яке аз хидматҳои бузурги дар ин ҷода сомондодаи С. Сулаймонӣ таълифи аввалин фарҳанги бузургҳаҷми дузабонӣ таҳти унвони «Фарҳанги арабӣ-тоҷикӣ» (дорои 70000 калима) мебошад, ки соли 2005 рӯйи кор омадааст. Баъдтар фарҳанги фавқуззикр бо такмилу иловаҳои зиёд (дорои 100000 калима) соли 2010 ба табъ расидааст.
Ҳоло профессор С. Сулаймонӣ луғати сезабонии алифбоиеро таҳти унвони «Фарҳанги алифбоии арабӣ-тоҷикӣ-русӣ» (дорои 150 000 калима) ва «Фарҳанги фалсафии арабӣ-тоҷикӣ-русӣ» (шомили 25000 калима)-ро ба анҷом расонида, ба таҳрири пешазнашрӣ сарукор дорад.
Чунин хидматҳои шоистаи олим буд, ки ҳанӯз соли 2012 барои таълифи «Фарҳанги арабӣ-тоҷи-
кӣ» донишмандон аз Донишгоҳи Коҳира, Донишгоҳи ал-Азҳар, Маркази забонҳо ва Академияи забони арабӣ профессор С. Сулаймониро ба ҳайси узви вобастаи Академияи забони арабӣ дар Қоҳира интихоб намудаанд, ки метавон падидаи мазкурро ифтихори миллати тоҷик унвон кард.
Хулоса, заҳматҳои илмию адабии донишман-дони асили миллати тоҷик боис шудааст, ки новобаста аз вазъияти сиёсию иқтисодӣ ва мавқеи иҷтимоӣ миллати мо ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун миллати фарҳангофару фарҳанггустар муаррифӣ мешавад. 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *