Ҳусейн АЛИЕВ,
омӯзгори биологияи литсейи
“Умари Хайём”-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Яке аз мавзуъҳое, ки дар синфи 9 аз фанни биология таълим дода мешавад, “Ғадудҳои тарашшуҳи дохилӣ” (Мирзо Устоев, Биология, нашриёти «Маориф», соли 2019, саҳ.44) мебошад. Ғадуд бофтаҳоеро меноманд, ки аз худ қобилияти ҷудо намудани ин ё он намуди моддаҳоро доранд. Моддаҳое, ки ғадудҳо хориҷ мекунанд ҳормон, луоб ва фермент мебошанд. Аз ҳама моддаҳое, ки барои одам заруранд ва ҳолатҳои физиологии организмро танзим мекунанд, ҳормонҳо мебошанд.
Ғадудҳоро аз рӯи тарашшуҳ ба 3 гурӯҳ ҷудо мекунанд.
1. Ғадудҳои тарашшуҳи берунӣ (экзокринӣ), ки маҳсули худро ба ковокии бадан ва ба муҳити атроф ихроҷ мекунанд. Ба ин ғадудҳои луоби даҳон, ғадудҳои ҷудокунии шираи меъда ва рӯда, талха, арақҷудокунӣ, чарбӣ, ширҷудокунӣ ва ғайраҳо дохил мешаванд.
2. Ғадудҳои тарашшуҳи дохилӣ (эндокринӣ) маҷрои маҳсули онҳо фақат ба системаи сарбаста — хун кушода мешавад, яъне, роҳи муайяни худро надорад. Ба ин ғадудҳо ҳипофиз, эпифиз, ғадуди сипаршакл, назди сипаршакл, душоха, болои гурда дохил мешаванд. Ғадудҳои тарашшуҳи дохилӣ аз худ моддаҳои махсуси биологӣ ҷудо мекунанд, ки онҳоро «ҳормон» (аз калимаи лотинӣ «hormo» ба ҳаяҷоноранда) меноманд. Ҳормон бо хун ба тамоми организм рафта, ба кори бисёр системаи узвҳо ва умуман, ба фаъолияти ҳаётии организм таъсир мерасонад. Онҳо ҷараёни мубодилаи моддаҳо, сабзиш ва инкишофи организмро танзим менамоянд (расми 18).
3. Ғадудҳои омехта хосияти экзокринӣ ва эндокринӣ доранд. Маҷрои ин ғадудҳо ба хун ва ба ковокии бадан ҷорӣ мешаванд. Ба ин асосан — ғадуди зери меъда ва ғадудҳои ҷинсӣ дохил мешаванд.
Нақши ҳормонҳо дар мубодилаи моддаҳо, афзоиш ва инкишофи организм
Афзоиш ва инкишофи организмро якчанд ғадудҳои тарашшуҳи дохилӣ таъмин мекунад. Масалан, гипофиз ҳормони сабзишро ҳосил мекунад. Ин ғадуд бо мағзи сар алоқаманд буда, дар қисми поёнии зертеппа (гипоталамус), дар мағзи мобайнӣ ҷойгир шудааст. Ҳормони соматотропини вай ба рибосомаи ҳуҷайра таъсир намуда, тақсимшавии онро таъмин мекунад, ки инкишофи муътадили организм ба роҳ монда мешавад. Муайян карда шудааст, ки аз давраи кӯдакӣ агар миқдори ҳормони сабзиш кам ҳосил шавад, организм аз инкишоф боз монда, қади кӯдак паст мешавад.
Ғадуди сипаршакл ва назди сипаршакл. Дигар ғадуде, ки ҳормони вай метавонад ба мубодилаи моддаҳо таъсир расонад, ин ғадуди сипаршакл мебошад, ки дар қисми пеши гардан ҷойгир шудааст. Ҳангоми нофаъол шудани ин ғадуд ҳормон кам ҳосил мешавад ва дар натиҷа кори дил суст гашта, ҳарорати бадан паст мегардад. Ин имконияти пурра бо ҳаракат даровардани хунро қать гардонида, хун дар мӯйрагҳо ва рагҳои варид ҷамъ мешавад, ки ин ба варами гулӯ оварда мерасонад, онро бемории ҷоғар (зоб) меноманд. Дар кӯдакон бошад, нарасидани ин ҳормон ба суст инкишофёбии скелет, хусусан, сабзиши устухонҳо ва камақлӣ оварда мерасонад. Ин бемориро «кретинизм» меноманд. Ҳангоми аз меъёр зиёд ҳосилшавии ҳормонҳои ин ғадуд неруи зиёд ихроҷ мешавад, ки организмро харобу лоғар мегардонад, асабҳо суст гашта себаки чашм аз косааш мебарояд, ки ин бемориро чашмкалонӣ ё бемории «базед» меноманд.
Ғадуди назди сипаршакл узви ҷуфт буда, дар қисми ақиби қабати болоӣ ва поёнии ғадуди сипаршакл ҷойгир шудаанд. Ҳуҷайраҳои ин ғадуд аз худ паратҳормон, паратин ё паратироид ҷудо мекунанд. Ин ҳормонҳо дар ҷараёни мубодилаи калсий иштирок мекунад. Бо таъсири паратҳормон фаъолгардии витаминӣ дар гурда ва ҷигар мушоҳида мегардад. Ҳангоми кам шудани ин ҳормон кашишхӯрии мушакҳо, хусусан, мушакҳои рӯй ва ақиби сар мушоҳида карда мешавад. Зиёдшавии ин ҳормон ба камшавии моддаҳои минералии устухонҳо оварда мерасонад, ки ин бемориро остеопороз меноманд. Инчунин, миқдори намаки калсий афзуда, боисии пайдошавии санг дар гурдаҳо ва талхадон мешавад.
Ғадуди зери меъда. Аз худ ҳормони инсулин ихроҷ мекунад, ки дар ҷараёни мубодилаи моддаҳо, хусусан, карбогидратҳо нақши марказиро мебозад. Инсулин аз Р-ҳуҷайраҳои ин ғадуд ҳосил мешавад, дар баробаркунии миқдори қанд дар хун фаъолона иштирок мекунад, ки дар вақти оксидшавии он организм неруи даркориро мегирад. Ҳангоми кам ҳосил шудани инсулин ба ҷойи инсулин (қанд) дигар моддаҳо оксид шуда, мубодилаи карбогидратҳоро вайрон мекунад, ки дар натиҷа пайдошавии бемории диабети қанд ба вуҷуд меояд.
Ғадуди болои гурда дар навбати худ аз қабати қишрӣ ва мағзӣ иборат буда, ҳар яки он махсус ҳормонҳоро ҷудо мекунанд. Масалан, қабати қишрӣ ҳормонҳои кортизон, гидрокортизон ҳосил мекунад, ки дар мубодилаи моддаҳо иштирок менамоянд. Аз қабати мағзӣ бошад, ҳормонҳои адреналин ва норадреналин ҳосил мешаванд, ки дар фаъолгардонии кори дилу рагҳо барои иҷрои ин ё он кор иштирок мекунанд. Инчунин, ҳормонҳои ғадуди болои гурда расиши узвҳои ҷинсиро таъмин мекунанд.