Дороб МАҲМАДОВ,
омӯзгори география ва биологияи
мактаби №3-и ноҳияи Дарвози
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Дар баланд бардоштани сатҳи дониши илмии хонандагон, маҳорату малакаҳои онҳо ва аз бар намудани барномаҳои таълимии география ташкил ва гузаронидани сайри илмӣ (экскурсия) муҳим мебошад. Дар рафти сайри илмӣ донишҳои назариявии хонандагон мустаҳкам ва дар амал татбиқ мешаванду салоҳиятҳои онҳо афзун мегарданд.
Ҳангоми таълими география дар синфи 6 мо метавонем, сайри илмӣ ташкил намуда, бо унсурҳои табиат, ба монанди дарё, кӯл, чашма, ҷинсҳои кӯҳӣ ва ғайраҳо, шинос шуда, мушоҳидаҳои метеорологӣ гузаронем. Ба ғайр аз ин, мо метавонем, сайри илмии маҷмуӣ ташкил намуда, бо якчанд унсури табиӣ хонандагонро шинос намоем ва алоқамандию ба ҳам таъсиррасонии онҳоро омӯзем. Инчунин, дар рафти сайри илмӣ метавонем, ки таъсири антропогениро ба муҳити зист омӯхта, мавриди таҳлил қарор диҳем.
Ман дар давоми фаъолияти омӯзгорӣ ҳамасола барои шогирдон сайри илмӣ ташкил мекунам. Хонандагон барои гузаронидани сайри илмӣ хеле шавқманд буда, дар раванди он фаъолона иштирок мекунанд. Одатан, сайри илмиро дар фаслҳои тирамоҳу баҳор ташкил мекунам.
Маҳсулнокии сайри илмӣ аз тарзи дуруст ташкил намудани он вобастагии калон дорад. Рӯзи баргузории сайри илмӣ донистани вазъи боду ҳаво дар шароити кӯҳсор низ хеле муҳим аст. Дар сурати мусоид будани боду ҳаво як ё ду рӯз пеш аз сайри илмӣ ба хонандагон хабар дода мешавад. Ҳангоми интихоби мавзеи гузаронидани сайри илмӣ, пеш аз ҳама, бехатарии мавзеъро ба назар гирифтан зарур аст, зеро дар минтақаҳои кӯҳӣ ҳамеша хавфи боридани боронҳои зиёд, омадани сел ва дигар офатҳои табиӣ вуҷуд дорад.
Барои хонандагони синфи 6 ин аввалин сайри илмии географӣ мебошад. Пеш аз баргузории сайри илмӣ бо шогирдон ҳамсуҳбат шуда, дар бораи тарзи одобу рафтор дар рафти ин чорабинии илмӣ маълумот медиҳем. Сипас, дар бораи дуруст интихоб намудани либос ва бо худ гирифтани асбобу анҷоми зарурӣ, ба монанди метр, ресмон, қутбнамо, ҳароратсанҷ, қаровулак барои чен кардани суръати дарё, зарфи шишагин барои муайян намудани шаффофияти оби дарё, дафтару қалам ва дигар ашёи зарурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронам. Хонандагон бо нақшаи маҳали сайри илмӣ шинос карда мешаванд. Барои маълумоти амиқ пайдо кардани бачаҳо дар бораи сайри илмии дарпешистода аз маводҳои ҷамъоварда ва корҳои баиҷрорасондаи солҳои пештар, ки дар кабинети география маҳфуз мебошанд, истифода мебарем. Бо мақсади бонизому самаранок гузаронидани сайри илмӣ аз таҷрибаву таассуроти як ё ду хонандаи синфҳои болоӣ, ки солҳои пештар дар сайри илмӣ иштирок намудаанд ва узви маҳфили «Географони ҷавон» мебошанд, истифода мебарам.
Мактаби рақами 3 дар деҳаи Сангевни Ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир аст ва объекти асосие, ки мо мавриди омӯзиш қарор медиҳем, дарёчаи Пунишори ҳамин минтақа мебошад. Рӯзи баргузории сайри илмӣ дар наздикии дарёча ҷамъ мешавем. Ба хонандагон маълумоти мухтасар дода шуда, вазифаҳо дар байнашон тақсим карда мешавад. Сипас, онҳо ба фаъолияти илмӣ шуруъ мекунанд.
Ҳангоми гузаронидани корҳои омӯзишӣ-тадқиқотӣ ба чунин самтҳои омӯзишӣ аҳамият дода мешавад:
Релефи маҳал: Дар мавқеи кулай истода, тавассути қутбнамо самти ҷоришавии дарёро дақиқ мекунем. Муайян карда мешавад, ки ҷинсҳои кӯҳӣ ба самти ҷоришавии дарёча чӣ гуна таъсир мерасонанд. Оё дарёча ба кӯҳҳо мерезад?
Сарчашмаи дарёча: Муайян карда мешавад, ки дарёча аз чӣ сарчашма мегирад ва манбаи ғизогириаш чист?
Ҳарорати об: Ҳарорати обро ба воситаи гузоштани ҳароратсанҷ дар оби дарёча, то лаҳзаи ист кардани ҳаракати симоби ҳароратсанҷ, дар якчанд мавзеи дарё ва бо ёфтани ҳисоби миёна аниқ мекунем.
Паҳноӣ ва чуқурии дарё: Паҳноии дарёчаро ба воситаи ресмон дар якчанд мавзеи маҷрои дарёча чен мекунем. Чуқурии дарёчаро аз болои купрук истода, ба воситаи тахтачаи дарози бо ченакҳои метри нишонкардашуда муайян мекунем.
Суръати ҳаракати оби дарёча: Мо суръати ҳаракати оби дарёчаро дар мавзеи ростҷараёни маҷрои дарё, ба воситаи партофтани қаровулак ва чен кардани масофаи тайнамудаи он дар давоми як дақиқа ёфта метавонем. Агар масофаи тайнамудаи қаровулакро ба 60 тақсим намоем, суръати обро бо метр сония ё сантиметр сония меёбем.
Остонаҳо ва шаршараҳо дар дарёча: Остонаҳо ва шаршараҳо дар дарёча мушоҳида ва ба қайд гирифта шуда, омилҳои ба вуҷудорандаи онҳо ва баландии шаршараҳо муайян карда мешаванд.
Муайян намудани шаффофии оби дарёча: Бо мақсади муайян намудани шаффофии оби дарёча дар зарфи шишагин оби онро гирифта, ба сӯи равшанӣ равона намуда, мушоҳида менамоем. Сипас, зарфи обдорро ба мактаб оварда, таваҷуҳ мекунем, ки дар қаъри зарфи шишагин ягон ҷинси кӯҳӣ таҳшин шудааст ё не. Инчунин, ба воситаи дар об партофтани ягон ҷисми оҳанине, ки ранги сафед дораду ба ресмони ченаки метрӣ дошта пайваст аст, то лаҳзаи нопадид шуданаш, шаффофияти обро муайян мекунем.
Истифодаи оби дарёча: Дар ин замина ба ин масъалаҳо диққат дода мешавад:
А) Аз оби дарёча чанд деҳа истифода мебарад?
В) Чанд ҷӯйбор аз дарёча сарчашма мегирад?
С) Масоҳати заминҳое, ки аз ҳисоби оби дарёча обёрӣ карда мешаванд, чӣ қадар аст? (Ҷавоби ин суолро аз роҳбари Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ меёбем).
Иваз шудани маҷрои дарёча ва омадани сел: Дар бораи иваз шудани маҷрои дарёча ва омадани сел ба воситаи ҳамсуҳбат шудан бо мардуми куҳансоли деҳа мо маълумот пайдо карда метавонем.
Таъсири антропогенӣ ба дарёча: Фаъолиятҳои хоҷагидориро дар дарёча мавриди омӯзиш қарор дода, таъсири мусбату манфии одамонро ба он муайян менамоем.
Баъди ба охир расидани сайри илмӣ ҳамаи маълумотро ҷамъ намуда, таҳлил ва бо солҳои гузашта муқоиса мекунем.
Сайри илмии маҷмуӣ дар фасли баҳор ташкил карда мешавад. Мақсади ташкили сайри илмии маҷмуӣ, чӣ тавре ки дар боло қайд намудам, шиносоии хонандагон бо унсурҳои табиӣ, алоқамандӣ ва ба ҳам таъсиррасонии онҳо мебошад. Барои ташкил ва гузаронидани чунин сайри илмӣ доманакӯҳ, водии дарёча, талу теппаи атроф ва мавзеъҳое, ки таъсири антропогенӣ дар онҳо кам аст, интихоб карда мешаванд. Барои гузаронидани чунин чорабинии илмӣ ба донишҳои пештар андӯхтаи хонандагон, на танҳо аз география, инчунин, аз биология низ бояд такя намуд.
Дар рафти гузаронидани сайри илмии маҷмуӣ ба ин самтҳои корӣ диққат дода мешавад: Пеш аз ҳама, мавқеи маҳали омӯхташаванда нисбат ба мактаб муайян карда мешавад. Агар шумораи хонандагон зиёд бошад, мо метавонем, ки онҳоро ба ду ё се гурӯҳ тақсим намуда, майдонҳои 20х20-ро барои омӯзиш интихоб намоем. Дар рафти омӯзиш номи маҳал ба қайд гирифта шуда, шаклҳои релеф, намудҳои ҷинсҳои кӯҳӣ, пӯшиши хок ва олами набототу ҳайвоноташ мавриди омӯзиш қарор мегиранд. Сипас, таъсири инсон ба маҷмуи табиӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта муайян карда мешавад, ки ин минтақа барои муҳофизат чӣ гуна заруриятҳо дорад. Дар поёни кор маълумоти ҳамаи гурӯҳҳоро ҷамъ намуда, муқоиса мекунем. Сипас, ҳамаи корҳо ҷамъбаст шуда, хонандагон баромад мекунанд.
Хулоса, сайри илмӣ дар вусъат бахшидани ҷаҳонбинии илмии хонандагон аҳаммияти калон дорад. Гузаронидани корҳои омӯзишию тадқиқотӣ дар рафти сайри илмӣ барои баланд бардоштани маҳорату малакаҳои хонандагон ёрӣ мерасонад. Бинобар ин, ташкили сайри илмӣ ба манфиати кор дар раванди таълиму тарбия мебошад.