Азизбек ЗУМРАТОВ,
омӯзгори химияи Литсейи №3
барои хонандагони болаёқати

 шаҳри Душанбе

Ҷумҳурии офтобии Тоҷикистон бо кӯҳҳои сарбафалаккашидааш анбори беҳамтои сарватҳои табиӣ ва канданиҳои фоиданок ба ҳисоб меравад, ки онҳо сарвати миллӣ мебошанд. Бисёре аз элементҳои химиявие, ки дар Ҷадвали даврии элементҳои химиявии Д.И.Менделеев мавҷуданд, дар сарзамини мо – Тоҷикистон мавҷуданд. Маҳз аз ҳамин ҷиҳат, соли 1936 академик А.Е.Ферсман “Тоҷикистон Ҷадвали зиндаи элементҳои химиявии Д.И.Менделеев аст” гуфта буд.
Ҳамин баҳои баланди олимону пажуҳишгарони бузурги миллию байналмилалӣ ва муҳаббат ба меҳани аҷдодӣ боис гашт, ки бо дарназардошти сарватҳои беназири табиати Тоҷикистон, илму фазилати ниёгон ва фарҳангу оинҳои неки аҷдодони бузургамон ба омӯзиш ва пажуҳиш рӯ орам ва дар ҷодаи илм хидмат кунам.
Бо мақсади амалӣ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040”, инчунин, “Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2021-2025” ва ба хотири рушди тафаккури техникии хонандагон бо истифода аз малака ва маҳоратҳои эҷодкориву навоварӣ якчанд навгониҳоро ба анҷом расонидам, ки аз тарафи Шуъбаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобастаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти муаллифони Федератсияи Россия (КОПИРУС) ба қайд гирифта шуда, бо Шаҳодатномаҳои муаллифӣ тасдиқ шудааст.
Ҳоло дар кишварамон беш аз 400 мавзеи маъданӣ ва ғайримаъдании канданиҳои фоиданок муайян шудаанд, ки барои истифода қарор доранд. Мо ҳаминро ба назар гирифта, харитаи кишвари маҳбубамонро бо чунин шакл тасвир намудем, ки тасдиқи сухани гавҳарбори академик А.Е.Ферсманро мебошад.

Аз нуқтаи назари дигар, ба як нигоҳи кӯтоҳ метавон дид, ки харитаи Тоҷикистони азизи мо аз рӯйи шакл оҳуеро мемонад, ки бо зиракӣ ва чолокии худ ба пушташ нигоҳи дур меандозад. Мувофиқи ривояту асотирҳои гузаштагонамон оҳуро бо тулӯи офтоб, нав шудани маънавиёти инсонӣ ва бедории тамоми инсоният алоқаманд медонанд. Ба ақидаи дигар оҳу рамзи покӣ, авлавият, нармӣ, ҳалимӣ ва файзу баракат аст. Бе шакку шубҳа мардуми тоҷик поквиҷдону нармгуфтору ҳалимтабиат мебошанд ва дар ҳақиқат, сарзамини сулҳофарамон ба таъбири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Биҳишти рӯйи Замин аст”, ки дар он файзу баракат арзонӣ буда, сарватҳои табиии фаровон ҷойгиранд.

Ба қавли корманди Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик Неъматуллоҳ Акбар “Харитаи Тоҷикистон дар тахайюлоти ман ҳамеша мисли як шери шарза (хашмгин) ва ғуррандае буд, ки ба қафо нигоҳ мекунад. Чандин муддат чӣ гуна тасвир намудани он дар зеҳнам чарх мезад. Бо истифода аз фурсати мавҷуда, тавонистам тасаввуроти худро рӯйи коғаз тасвир намоям”. 


Воқеан, ин тасвир аз ҷониби истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ба истиқболи гарм рӯ ба рӯ шуд ва ҳазорон нафар чун рамзи муҳаббат ба Ватан ва якпорчагии Тоҷикистон онро дар саҳифаҳои хеш бознашр карданд. Шер рамзи қудрат, қувват, бузургӣ, ифтихор, ҷасорат, шуҷоат, адолат ва ғалабаро дорад. Ҳамин аст, ки дар майдони Дӯстии шаҳри Душанбе — пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ду ҷониби муҷассамаи Амири аввалини давлати тоҷикон -Шоҳ Исмоили Сомонӣ симои ду шери хобида ҳамчун рамзи устувории давлат, сулҳу суботу осоиш ва ҳокимият мебошанд, сохта шудааст. 


 Ниёгони шарафманди мо бо шуури созанда ва идроки азалии худ ба илми ҷаҳонӣ хидмат намуда, дар тамоми ҷанбаҳои илм — тиб, кимиё, ҳандаса, риёзӣ, физика, ситорашиносӣ, тақвимсозӣ ва ғайра ҳиссагузорӣ намудаанд. 

Ман низ ҳамчун вориси арзандаи Муҳаммад-ал-Хоразмиву Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайёму Носири Хусрав, Муҳаммад Закариёи Розиву Ҷобир ибни Ҳайён ва бузургони дигар кӯшиш намудам, ки дар ҷодаи илм ва маориф як зарра ҳам, ки бошад, тозакориҳоро ворид созам. Бо истифода аз малака ва маҳоратҳои эҷодкориву навоварӣ бо ёрии элементҳои химиявии Ҷадвали даврии элементҳои химиявии Д.И.Менделеев шакл ва намуди тақвими муқаррариро каме тағйир дода, ба он номи “Тақвими химиявӣ”-ро сазовор донистам. Тағйири шакли тақвими пешниҳодкардаи ман аз тақвими шакли муқарраридошта бо он фарқ мекунад, ки ба ҷойи 31 адад, яъне, элементҳои аз 1 то 31 (аз Н (ҳидроген) то Ga (галлий)) ва дар тақвими химиявии рӯйимизӣ бошад, ба ҷойи 53 ҳафта, яъне, элементҳои аз 1 то 53 (аз Н (ҳидроген) то I (йод))-ро истифода намудам.

Тақвими химиявӣ ба хонандагон ва ҳаводорони химия имкон медиҳад, ки 31 ва дар тақвими химиявии рӯйимизӣ бошад, то 53 аломати элементҳои химиявиро бо рақамҳои тартибиашон аз худ намоянд, чунки дар сурати аз худ накардани аломати элементҳои химиявӣ ва рақами тартибии ин элементҳо онҳо ин тақвимро истифода бурда наметавонанд. 

Манфиати ин тақвим дар он аст, ки хонандаро водор менамояд, то диққати худро ба аломати элементҳои химиявӣ равона созад, рақами тартибии онҳоро ба хотир оварад ва ба мақсади худ ноил гардад. Ҳамчунин, ин тақвими химиявӣ барои хонандагоне, ки сатҳи донишашон аз фанни химия дар зинаи паст қарор дорад, метавонад ба боло бурдани тафаккури зеҳнии онҳо вусъат бахшад.

Дар фазои маҷозӣ, махсусан шабакаҳои иҷтимоӣ маводҳои шавқовари фаннӣ ва шиору дигар нишонҳои рамзиро дучор шудан мумкин аст, ки вобаста ба ин ё он фанҳо, озмунҳо, ҷамъияту вохӯриҳо ва ғайра таҳия карда шудаанду як маънии томи мантиқии ин ё он фанро ифода мекунанд.

Ман низ ҳамчун омӯзгори фанни дақиқ барои баланд бардоштани шавқу ҳаваси омӯзиши хонандагон нисбат ба фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар заминаи татбиқи Барномаи давлатии “Бистсолаи рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020-2040” лозим донистам, ки намунаи соатеро нишон диҳам, ки ифодакунандаи мавзуъҳои фанни астрономия бошад, зеро модел ва идеяи сохташ аз эҷодкориам сарчашма гирифта, зина ба зина пурра шудааст.


Дар рақамблоки соати астрономӣ рақамҳо вобаста ба табиат ва хусусияти бурҷҳои солшуморӣ дарҷ карда шудаанд, ки ҳар як бурҷ ифодакунандаи як рақам мебошад.

 Дар ин рақамблоки соат давомнокии шабонарӯз ба ҳаштяк ва давомнокии рӯз бошад, ба чоряки он рост меояд. Барои астрономия: модели сифрблоки соати мазкур аз 12 бурҷ иборат аст, ки дар он аз рӯйи тартиби зерин ҷойгир карда шудаанд:

Мо – омӯзгорон, ки ворисони арзандаи халқи тамаддунсози тоҷик ҳастем, бояд дар дили шогирдонамон ҳамеша ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастиро ҷой намуда, онҳоро ҳамчун насли арзандаву ояндасози миллат тарбия кунем.
Рӯз то рӯз мавқеву манзалати омӯзгор дар ҷомеа боло рафта истодааст. Дастгириҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар партави дастуру супоришҳои Сарвари давлат таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти Вазорати маориф ва илм таконест баҳри ҳар як омӯзгор, ки содиқонаву самимона бештар аз пеш фаъолият намояд, саҳми арзандаи худро дар рушди ҷомеаи соҳибтамаддун гузорад ва дар таҳкими пояҳои маорифи миллӣ хидмати фарзандона анҷом диҳад, зеро маориф муҳимтарин василаи шукуфоии миллат ва тараққиёти давлат мебошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *