Асадулло ШАРИФЗОДА,
барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои олимону омӯзгорони илмҳои табиатшиносӣ,
дақиқ ва риёзӣ, дотсенти ДМТ
Николский Сергей Михайлович 17 апрели соли 1905 дар шаҳраки Заводи Талитсаи губернияи Перм (маъмури вилояти Екатеринбург) таваллуд шудааст. Падараш хатмкардаи Институти Ҷангали Петербург буд ва дар мактаби зикршуда ҳамчун омӯзгор дарс мегуфт. Модараш Людмила Фёдорова дар деҳа ба ҳайси омӯзгор фаъолият мекард. Онҳо дар оила шаш фарзанд буданд ва Сергей фарзанди чорум ба ҳисоб мерафт. Ӯ дониши ибтидоии математикиро аз падараш, ки донандаи хуби математика буд, гирифтааст. Пас аз фавти падар (соли 1921) Сергей бо аҳли оилаашон ба Чернигов кӯч мебанданд. Дар ин ҷо ӯ ба факултети физикаю математикаи Донишгоҳи Екатеринослав дохил мегардад. Ба гуфтаи худи профессор, падари ӯ ҳалли масъалаҳои гуногунро дар сатҳи оғози таҳлили математикӣ дӯст медошт ва ба ҳамаи шаш фарзанди худ, алахусус, Сергей Михайлович таълим медод.
Сергей Михайлович соли 1929 институти Екатеринославро хатм карда, дар ҳамон ҷо ба кор шуруъ мекунад. Сипас, аспирантураи Департаменти математикаи Москваро хатм карда, соли 1935 рисолаи номзадӣ ҳимоя кард. Аз соли 1940 бошад, дар Институти математикаи Академияи илмҳои СССР ба кор қабул мегардад.
Николский С.М. аз соли 1947 профессори Институти физикию техникии Москва буд. Барои муассисаи мазкур шахсияти С.М. Николский рамзи махсусро соҳиб гаштааст. Гуфтан кифоя аст, ки ӯ дар соли 1947 аввалин лексияро ба донишҷӯён хондааст, ки ин лексия оид ба таҳлили математикӣ буд ва лексияи охиринро дар ҳамин мактаби олии техникӣ низ худи ӯ дар соли 1997, дар 92-солагиаш хондааст.
Солҳои 30-юм математики машҳури Шуравӣ А.Н. Колмогоров ба Днепропетровск мунтазам барои хондани лексияҳо меомад ва С.М. Николский шунидани лексияҳои ин олимро дӯст дошт. Дар охир А.Н.Колмогоров ӯро ба шогирдӣ қабул карда, маслиҳат дод, ки ба назди ӯ ба шаҳри Москва ояд. Донишгоҳи Днепров ба зудӣ С.М.
Николскийро ба факултети механикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов интиқол дод. Баъд аз якуним соли хониш дар аспирантура ӯ рисолаи номзадӣ дифоъ кард. Аз соли 1940 сар карда, корманди Институти математикаи ба номи В.А. Стеклови АИ СССР гардид.
Аз ибтидои Ҷанги Дуюми Ҷаҳон сар карда, С.М.
Николский якҷо бо математики дигари машҳури Шуравӣ А.А. Ляпунов дар муҳорибаи Москва ба сохтани истеҳкомҳои боварибахш машғул шуд. Баъдтар, дар қатори математикҳои боистеъдод ба шаҳри Қазон кӯчонида шуд. Дар аввали соли 1942 дар мавзуи “Наздиксозии функсияҳо бо ёрии бисёрузваҳо” рисолаи доктории хешро дифоъ намуда, ба узвияти коллективи таҳририи маҷаллаи бонуфузи “Успехи математических наук” ва узвияти ҳайати таҳририяи нашрияҳои иттилоотӣ оид ба математика ворид гардид.
Николский ходими калони илмии Институти математикаи Академияи илмҳои СССР, профессори Институти физикию техникии Москва ва факултети механикӣматематикӣ, узви Президиуми Шурои илмӣметодӣ аз фанни математика дар назди Вазорати маориф ва илми Россия кор кард. Соли 2005 дар шаҳри Москва бахшида ба 100 – солагии С.М. Николский конференсияи бонуфузи илмӣ барпо гардид, ки худи ӯ дар он иштирок дошт. Николский дар соҳаҳои таҳлили функсионалӣ, дар назарияи наздиксозии функсияҳо, дар назарияи формулаҳои квадратурӣ, дар назарияи фазоҳои фунсионалӣ ва татбиқи онҳо барои методҳои ҳалли муодилаҳои дифференсиалии дорои ҳосилаҳои ҷузъӣ натиҷаҳои фундаменталиро соҳиб гаштааст. Силсилаи зиёди таҳқиқоти ӯ ба назарияи функсияҳои дифференсиалпазири аз якчанд тағйирёбанда вобаста бахшида шудааст. Ӯро дар олам ҳамчун асосгузори мактаби назарияи наздиксозии функсияҳо ва татбиқи он эътироф кардаанд. Ӯ муаллифи беш аз 100 кори илмии чопшуда, ду монография, ду китоби дарсӣ барои макотиби олӣ ва ҳафт китоби дарсӣ барои хонандагони макотиби миёна (Арифметика ( 5-6)), Алгебра ( 7-9), Алгебра ва ибтидои анализ ( 10-11)) мебошад.
Соли 1954 бо даъвати Кумитаи ташкилии Конгресси математикҳои ҷаҳон ба шаҳри Амстердам рафта, доир ба назарияи наздиксозии функсияҳо маъруза кардааст.
Дар муддати 30 сол сармуҳаррири корҳои илмии ИМ АФ СССР, солҳои зиёд узви Комиссияи олии аттестатсионии СССР аз фанни математика, инчунин, узви президиуми он буд.
Дар давраи кораш таҳти роҳбарии бевоситаи Николский зиёда аз 40 нафар аз математика рисолаҳои номзади илм ва зиёда аз 11 нафар рисолаҳои доктори илмҳои физикаю математикаро дифоъ кардаанд.
Николский худро на танҳо олим, балки омӯзгор низ мешуморид. Солҳои тӯлонӣ барои сифати таҳсилоти математикӣ ҳам дар донишгоҳҳо ва ҳам дар мактабҳо мубориза мебурд. Вақте ки дар солҳои ҳафтод тамоюли кам кардани соатҳои математика пайдо шуд, Сергей Михайлович комиссияи Шурои илмӣметодии Вазорати макотиби олии СССР-ро оид ба таҳияи барномаҳои нав оид ба математика роҳбарӣ кард. Вай тавонист исбот кунад, ки барои таълим додани математика соатҳои зиёд лозим аст. Дар аввали солҳои 2000-ум ӯ ҳамчун узви раёсати Шурои илмӣметодии математика дар бораи ислоҳоти дарпешистода дар системаи маориф изҳори нигаронӣ кард ва ҳушдор дод, ки он метавонад ҳам мактаби миёна ва ҳам мактаби олиро хароб кунад. Сергей Михайлович то охири умр ба ҳаёти кафедраи математикаи олии худ фаъолона таваҷҷуҳ дошт ва ҳеҷ гоҳ ба тақдири математикҳо дар Русия бетафовут набуд.
Ӯ дорандаи унвон ва мукофоти хеле зиёд буд, аз ҷумла, академики Академияи илмҳои СССР ( 1972); Барандаи Ҷоизаи сталинӣ барои таҳқиқот оид ба назарияи наздиксозиҳо (1952); ду маротиба барандаи Ҷоизаи давлатии СССР барои монографияи «Пешниҳоди интегралии функсияҳо ва назарияи воридшавӣ» (1977), инчунин, барои китоби сеҷилдаи «Математикаи олӣ: Китоби дарсӣ барои донишгоҳҳо» (дар ҳаммуаллифӣ Бо Я. С.Бугров) (1987); Ҷоизаи давлатии Украина (1994); Ҷоизаи Ҳукумати Федератсияи Россия барои омодасозии амиқи математикии муҳандисӣ — физикӣ ва ихтисосҳои физикӣ — техникии донишгоҳҳо (2002), Ҷоизаи ба номи П. Л. Чебышеви АИ СССР (1972); Ҷоизаи ба номи А.Н. Колмогорови АИ Россия (2000) барои силсилаи корҳо доир ба «Наздикшавии функсияҳо дар бисёршаклиҳо ва идомаи онҳо»; Ҷоизаи ба номи М.В.Остроградский АИ Украина (2000), Ҷоизаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов барои саҳми барҷаста дар рушди маориф (2005); Бо орденҳои «Барои хизматҳо дар назди Ватан» дараҷаи II (18 апрели соли 2005 ); «Барои саҳми барҷаста дар рушди илми ватанӣ ва тайёр кардани мутахассисони соҳибтахассус»; Ордени Ленин (1975); Инқилоби Октябр (1985) ва ғайра.
Николский дӯстдори сайру саёҳат буд. Сари ҳар чанд вақт ба Душанбе меомад. Дар баробари ташкил кардани суҳбату лексияҳои шавқовар барои саёҳат ба кӯҳистони Тоҷикистон сайёҳат карда, аз тамошои он ҳаловат мебурд. Шахси самимӣ ва хушчақчақ буд. Латифаи бисёр медонист. Дар охири умраш аз бемории Паркинсон азият мекашид.
Ба саволи «Чӣ тавр умри дароз дидан мумкин аст?» Сергей Михаилович ҷавоби мушаххас дода наметавонист. Ба гуфти худаш, ӯ сирри дарозумриашро ошкор накардааст. Ҳамаи пайвандони ӯ аз 75 сол беш умр надидаанд. Худи Сергей аз хурдӣ саломатии мустаҳкам надошт, ӯро ангинаҳои шадид азоб медоданд. Дар айёми донишҷӯӣ ба бемории буғумдард мубтало гашта буд. Ӯ аз хӯроки гӯштӣ парҳез намекард, вале ҳеҷ гоҳ аз меъёр зиёд хӯрок намехӯрад. Вақтҳое буданд, ки ҳатто гурусна мегашт. Дар 60 — солагӣ ба дарди зонуҳо мубтало гардида, дере нагузашта, аз ин дард халос гаштааст. Ба шиноварӣ, қаиқронӣ дар Днепр машғул буд, баъди ба вилояти Москва омаданаш бо лижаронӣ шуғл варзида, вақти зиёде пиёда роҳ мерафтааст. Ӯ ҳеҷ гоҳ аз зиндагӣ руҳафтода нашудааст, аз телевизион воқеаву ҳодисаҳоро мешунид, рӯзномаҳоро мутолиа мекард, аз сиёсат бохабар буд, вале шуғли асосиаш ҳалли масъалаҳои математикӣ будаанд.
С.М. Николский 9 ноябри соли 2012 дар шаҳри Москва дар 108 — солагӣ вафот кардааст.
Корҳои асосии таҳлили функсионалӣ, назарияи наздикшавии функсияҳо, назарияи воридшавии синфҳои функсияҳои фарқшавандаи бисёр тағйирёбандаҳо, асосноккунии усулҳои мустақими ҳисобкунии вариатсионӣ, назарияи масъалаҳои канорӣ барои муодилаҳо бо қиматҳои хос. Дар назарияи наздикшавии функсияҳо, ӯ арзёбии асимптотикии дақиқи наздикшавиро бо бисёршаклиҳои тригонометрӣ ва алгебравӣ соҳиб гаштааст.
Назарияи беҳтарин формулаҳои квадратураро офаридааст. Усулҳои наздикшавии Николский бо функсияҳои пурраи намуди экспоненсиалӣ ба ӯ имкон доданд, ки мутахассиси пешсафи ҷаҳон гардад.