Азизбек Зумратов,
омӯзгори химияи
Литсейи №3 барои хонандагони
болаёқати шаҳри Душанбе
Илми нуҷум яке аз илмҳои муҳимми табиатшиносӣ маҳсуб шуда, аз қадимтарин илмҳои дунё маҳсуб мешавад. Барои муҳиммият ва хусусияти ин илмро шарҳ додан, моро зарур аст, ки аввалан, аниқ кунем, ки мунаҷҷимӣ (астрология) ба одамон чи медиҳад. Барои ҳар як шахс донистани қобилиятҳои модарзодии худ, намуди одамоне, ки бо онҳо забони умумӣ пайдо кардан осонтар аст, майдони фаъолияти муваффақтарин ва мушкилоти имконпазири ҳаёт муҳим аст. Илмҳои дақиқ ба ҳамаи ин саволҳо ҷавоб дода наметавонанд. Ин соҳаи фаъолияти мунаҷҷимӣ аст, ки хислат ва сарнавишти инсонро муайян намуда, санаи таваллуди ӯро бо мавқеи ситораҳои осмон, пеш аз ҳама, бо дувоздаҳ бурҷи солшуморӣ: Далв, Ҳут, Ҳамал, Савр ва ғайра, мепайвандад. Ҳамин тариқ, тамоми инсоният танҳо ба дувоздаҳ гурӯҳ тақсим карда мешавад. Бо ин розӣ шудан душвор аст, зеро дар ҳаёт хелҳои беандоза зиёди сарнавиштҳо ва хислатҳо мавҷуданд.
Ҷойгузини ин солшуморӣ системаи дигари аломатҳо буда метавонад, ки хусусиятҳои одамонро муфассалтар тавсиф мекунанд. Чунин система пайдо шудааст. Ин ҷадвали даврии элементҳои химиявӣ мебошад. Дар ҳақиқат, атомҳо, ки тамоми ҷаҳони атрофи мо аз онҳо иборатанд (аз ҷумла одамон), бояд ҳама маълумоти заруриро дошта бошанд. Инро, ҳатто, алхимикҳои қадим, ки робитаи баъзе металлҳо, офтобу сайёраҳо ва аз ин рӯ, тақдири одамонро муқаррар карда буданд, пай бурда буданд.
Фақат баъди кашфи системаи даврӣ илми нав – химология, ки ҷойи астрологияро иваз мекунад, ба вуҷуд омад. Далели онро, ки системаи даврӣ баъзе қонуниятҳои номаълумро дар бар мегирад, ба ғайр аз химикҳо, дигар одамон низ кайҳо эҳсос кардаанд. Кӯшишҳои пайвастани шумораи гурӯҳҳои элементҳои химиявӣ бо октаваҳои мусиқӣ, рангҳои асосии спектри рӯшноӣ вуҷуд доштанд. Намуди зоҳирии ҷадвал борҳо дигар шудааст. Зиёда аз 500 гузинаи он вуҷуд дорад: дар шакли аҳром (пирамида), спирал, ҷевони китоб, дар шакли модели атом ва ғайра («Д.И.Менделеев дар бораи кадом хосиятҳои қонуни даврӣ маълумот надошт», «Химия», 1997, №38).
Шиносоии пурраи илми нав пас аз пайдо шудани формулае ба амал омад, ки санаи дақиқи таваллуди шахсро бо рақами тартибии элементи химиявӣ алоқаманд мекунад:
дар ин ҷо
N — адади элементи химиявӣ (аз рӯйи системаи даврӣ);
x — санаи рӯзи таваллуд (аз 1 то 31);
y — моҳи таваллуд (аз 1 то 12);
z — рақами пеш аз охирини соли таваллуд (аз 0 то 9);
u — рақами охирини соли таваллуд (аз 0 то 9).
Барои фаҳмидани он ки кадом элементи химиявӣ сарнавишти шуморо муайян мекунад, мувофиқи формулаи боло ҳисоб кунед; аз натиҷаи ба даст овардашуда, танҳо қисми бутунро гирифта, қисми касриро хориҷ кунед. Агар натиҷаи ҳисоб сифр бошад, дар ин ҳолат натиҷаи ниҳоӣ ба як баробар гирифта мешавад. Формула элементҳои химиявиро аз №1 (гидроген) то №93 (нептуний) дар бар мегирад. Элементҳои рақами тартибияшон калон ба система дохил карда намешаванд, зеро хосиятҳои химиявии онҳо кам фарқ мекунанд, ғайр аз ин, бисёре аз онҳо танҳо ба миқдори чанд атом ҳосил карда шудаанд.
Акнун ки рақами тартибии элементи мувофиқро муайян карда метавонед, шумо имкон доред, мустақилона барои худ, дӯстон ва хешовандон толеъномаи равшан ва боэътимод тайёр кунед. Дар аввал дониши химияи мактабӣ кифоя аст.
Саволи аввалине, ки фавран ба миён меояд, ин аст: оё ягон элемент нисбат ба дигараш бартарӣ дорад? Шояд беҳтаринаш вуҷуд дорад? Не! Ҳамаи элементҳо баробаранд. Маҳз элементҳои якҷоя гирифташуда тасвири пурраи оламро медиҳанд, аммо онҳо дар ташаккули ҷаҳони гирду атрофи мо бо ҳиссаҳои баробар иштирок намекунанд.
Дар сатҳи Замин паҳншавии элементҳои химиявӣ бо тартиби камшавӣ чунин нишон дода шудааст, массаи онҳо бо %: О, Si, Al, Fe, Ca, Mg, Na. Ҳамин тариқ, агар шумо ё яке аз дӯстони шумо яке аз ин элементҳо бошед, пас мо метавонем тахмин кунем, ки ба чунин одамон тафаккури васеъ, идеяҳои васеъ, майл ба ҳалли мушкилоти глобалӣ ва эҷоди лоиҳаҳои бузург хос аст.
Дар ядрои Замин элементҳои Fe ва Ni бартарӣ доранд. Ин одамон бо эътимоднокӣ, дурустии касби интихобкарда ва хоҳиш (на ҳамеша имконпазир) барои гирифтани ҷойи марказӣ дар коллектив фарқ мекунанд.
Дар кайҳон ҷойи пешбаранда ба ду элемент — Н ва Не тааллуқ дорад. Чунин одамонро техникаи кайҳонӣ ва парвози кайҳонӣ ба худ ҷалб мекунанд, ин элементи онҳост.
Саволи дуюми муҳим ин аст: кадом элементҳо ба мардон ва кадоме ба занон дахл доранд? Дар ин ҷо ҳам баробарии комил вуҷуд дорад, афзалиятҳо вуҷуд надоранд. Баъзе фарқиятҳо ҳангоми оиладоршавии одамон ба вуҷуд меоянд, аммо дар ин бора баъдтар маълумот медиҳем. Баъзе хусусиятҳои умумиеро, ки одамонро аз рӯйи хислатҳо гурӯҳбандӣ мекунанд, дида мебароем.
Ёздаҳ элементи газӣ (H, He, N, O, F, Ne, Cl, Ar, Kr, Xe, Rn) бо сабукии характер, қобилияти ба осонӣ кам кардани ҳаҷми дархостҳои онҳо дар зери фишори номусоиди беруна, шаффофии фикру ниятҳояшон фарқ мекунанд.
Дар ҳолати моеъ танҳо ду элемент мавҷуд аст — Br ва Hg. Онҳо ниҳоят ҳаракаткунандаанд, дар як ҷо нигоҳ доштанашон осон нест ва дар натиҷа, онҳо аз як коллектив ба коллективи дигар ба осонӣ мегузаранд. Галлий низ чунин хусусиятҳоро дорад (нуқтаи обшавии он ба ҳарорати хонагӣ 29,8°С наздик аст).
Аксари элементҳои химиявӣ ё беранганд ё ранги хокистарӣ — пӯлодии “металлӣ” доранд. Дар ин замина он чанд элементе, ки ранги ғайристандартӣ доранд (F, Cl, S, Cu, Br, I, Au), фарқ мекунанд. Онҳо истисно будани худро эҳсос мекунанд ва аз ин рӯ, баъзан бе сабабҳои кофӣ мехоҳанд, таваҷҷуҳи бештар ба шахсияти худ дошта бошанд. Фосфор дорои се тағйироти ранга — сафед, сурх ва сиёҳ буда, аз дигар элементҳо фарқ мекунад. Чунин одамон майл ба тарҳрезӣ, ороиши рангаи интерер, тарроҳии либос доранд.
Чор элемент номҳои занона доранд — S, Hg, Sb ва Pt. Агар онҳо ба занон мансуб бошанд, пас онҳо зебоиро кафолат медиҳанд, агар онҳо ба мардон мансуб бошанд, нисбат ба ягон кас ғамхорӣ доштани онҳоро ифода мекунанд.
Элементҳои Fe, Ag, Sn ва Au, новобаста аз он ки онҳо ба мардон ё занон мансубанд, қобилияти ба осонӣ аз худ кардани касбҳои мардона — рондани ҳавопаймо, вазнбардорӣ, навохтани асбобҳои зарбӣ ва аз касбҳои занона бошад – тӯрбофӣ ва навохтани удро метавонанд. Бо вуҷуди ин, ин қобилиятҳо дар сурати мавҷуд набудани шароити мусоид метавонанд, худро зоҳир накунанд.
Донистан дар бораи хислатҳои аслии худ ҳамеша муфид аст, бинобар ин, дар вақташ омода кардани толеъномаи дуруст муҳим аст. Аз ҳама муҳиммаш таҳлили хосиятҳои химиявии элементҳо мебошад. Дар ин ҷо хотиррасон кардан бамаврид аст, ки калимаи «элемент» дар адабиёти химиявии русзабон нисбат ба атом ё аломати химиявии мушаххас истифода мешавад. Вақте ки сухан дар бораи хосиятҳои химиявӣ ё физикавӣ меравад, онҳо моддаеро дар назар доранд, ки аз атомҳои як намуд иборатанд, ба истилоҳ моддаи одӣ. Дар адабиёти инглисизабон барои ҳарду мафҳум – элемент як калима истифода мешавад, аз ин рӯ, мо дар оянда калимаи “элемент”-ро дар ҳама ҳолатҳо истифода хоҳем кард.
Биёед бубинем, онҳое, ки ба як гурӯҳи системаи даврӣ дохил мешаванд, чӣ гуна хусусиятҳоро доранд.
Металлҳои ишқорӣ бениҳоят энергетикӣ, дар муошират дағал, вале уҳдабаро мебошанд, фурсати муносибро интизор нашуда, тақдири худро худашон ҳал мекунанд.
Металҳои ишқорзаминӣ аз рӯи сифат нисбат ба металлҳои ишқорӣ пасттаранд, аммо устуворанд ва чун қоида, дар ҳама коре, ки ба нақша мегиранд, муваффақ мешаванд.
Металлҳои интиқолӣ дар муошират ба таври ғайриодӣ гуворо мебошанд, табъи хушҳолӣ доранд, либосҳои рангашон равшанро дӯст медоранд (рангҳои гуногунро, ки пайвастагиҳои мураккаби онҳо доранд, ба ёд оред) ва дар ҳама ҷо зеби коллектив мебошанд. Аз гурӯҳи металлҳои интиқолдиҳанда металлҳои тобовар то андозае фарқ мекунанд, масалан, V, Мо ва W. Хусусияти фарқкунандаи онҳо худдорӣ кардан аз эродҳои сахт, оташин нашудан ва ба душвориҳо тоб овардан мебошад.
Агар шумо фикр кунед, ки металлҳои мансуб ба гурӯҳи металлҳои нодир (Au, Pt, Ag, Ir, Os, Pd, Rh, Ru) фоидаи калон ва тиҷорати бобарор доранд, пас ин тавр нест. Фақат ба хосиятҳои химиявӣ ва физикавӣ диққат додан лозим аст. Ин одамон ба душвориҳои рӯзгор ба осонӣ тоб меоранд, дар вазъиятҳои душвор худдориро аз даст намедиҳанд (ба хотир оваред, ки тобоварии баланди химиявӣ), бо меҳрубонӣ ва наҷибият фарқ мекунанд. Осмий саёҳат карданро дӯст намедорад, зеро нисбат ба дигарон гашту гузораш хеле вазнин аст (зиччиаш 22,5 г/см3 мебошад, ки нисбат ба тилло баландтар аст).
Ҳамаи элементҳои радиоактивӣ дорои энергияи эҷодӣ мебошанд, дӯст медоранд, ки ғояҳо ва ҳама чизеро, ки доранд, бо дигарон нишон диҳанд. Аксарияти онҳо хеле зуд (вобаста ба нимпайвастшавӣ) ҳам таъминоти энергия ва ҳам сарвати моддии ба дастомадаро сарф мекунанд.
Табиати карбон метавонад гуногун бошад, аммо дар ҳар сурат, ӯ хеле меҳнатдӯст аст. Агар вай дорои хислати ғайриодӣ ба мисли алмос бошад, пас ӯ дар ҳалли масъалаҳои душвор ҳамто надорад, аммо агар ӯ нарм, мисли графит бошад, пас ӯро бисёриҳо эҳтиром мекунанд, зеро дар ҳолатҳои вазнин ба азму иродаи ӯ эътимод доштан мумкин аст.
Галогенҳо як каме хислати масхаракунанда доранд ва ба оҳанги заҳролуд майл доранд. Газҳои инертӣ ташаббуси кам доранд, ташаббускор нестанд, танҳоӣ ва инъикоси амиқро дӯст медоранд.
Хусусиятҳои элементҳои боқимонда набояд номбар карда шаванд. Худи хонанда аз он хурсанд мешавад, ки китоби дарсии химияи ғайриорганикиро ба даст гирифта, хосиятҳои «инсонии» он элементҳои зикрнашударо кашф кунад.
Азбаски дар байни хонандагон мактаббачагоне ҳастанд, ки барои ворид шудан ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд, масъалаи ёфтани ҳамсафари зиндагӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, ҳамаро ба ташвиш меорад. Барои одамоне, ки химияро медонанд, ин чандон мушкил нест. Принсипи умумӣ шояд равшан бошад: барои металл, беҳтарин ҷуфт ғайриметалл аст.
Фарз мекунем, ки шумо 13 марти соли 1973 таваллуд шудаед. Баъди ҳисоб кардани формулаи дар боло овардашуда рақами 37-ро мегирем; мувофиқи системаи даврӣ, мо муайян мекунем, ки шумо рубидий ҳастед. Аз ин рӯ, як ҷуфти идеалӣ бо шумо галоген хоҳад буд, масалан хлор (6 июни 1973) ё бром (12 майи 1973). Лутфан таваҷҷуҳ намоед, ки дар системаи даврӣ аксарияти мутлақи онҳо металлҳо ё элементҳо мебошанд, ки хосиятҳои металлии намоён доранд. Факат 16 ғайриметаллҳои аз ҷиҳати химиявӣ фаъол мавҷуданд, ки қодиранд бо металлҳо пайвастагиҳои мустаҳкам ба вуҷуд оваранд Оё ин чунин маъно дорад, ки барои металлҳо интихоби ҷуфт хеле душвор аст? Албатта не, зеро чунин як варианти бузург ба монанди ташаккули хӯлаҳои металлӣ вуҷуд дорад. Дар омади гап, ғайриметаллҳо метавонанд ҷуфтҳои хуби устуворро ташкил кунанд: SiO2, H2O, CCl4 ва ғайра.
Донистани химия фавран ба мо имкон медиҳад, ки баъзе пешгӯиҳо кунем. Барои ҷуфти SiO2 шинос шудан бо F (санаи таваллуд 3 сентябри соли 1976) номатлуб аст, зеро ӯ метавонад онро ба осонӣ нобуд кунад ва барои ҷуфти H2O беҳтар аст, ки металлҳои ишқорӣ, ба монанди Na (4 августи 1976) даъват накунанд. Пайвастани нитроген бо оксиген метавонад оқибатҳои пешгӯинашаванда дошта бошад, ҳаёт метавонад ё хеле шавқовар (N2O — гази хандон) ё нафасгиранда (NO2 — гази қаҳваранг) шавад. Омезиши нитроген бо галогенҳо дар як ҷуфт бояд ба ҳар ҳол пешгирӣ карда шавад, чунин иттифоқ метавонад ба шикастани ғайричашмдошт оварда расонад (NI3 ва NCl3 аз хурдтарин ларзиш таркиданаш мумкин). Интихоби рафиқ, шарики кор, ҳамсафар барои истироҳати якҷоя аз рӯи ҳамин принсипҳо сурат мегирад.
Пешгӯиҳои ситорашиносон, ки дар маҷаллаҳои гуногун нашр шудаанд, ҳатман нишон медиҳанд, ки кадом рӯзҳои ҳафта барои шахси мушаххас мусоид мебошанд. Дар химия ин низ пешбинӣ шудааст. Металлҳо дар ин ҷо бартарӣ доранд, зеро рӯзҳои хушбахт танҳо бо хусусиятҳои инфиродии онҳо муайян карда мешаванд.
Ҳолатҳои оксидшавӣ аз ҳама хоси металлҳои додашуда шумораи рӯзҳои мусоиди ҳафтаро нишон медиҳанд: барои металлҳои ишқорӣ — душанбе (K2O, Na2O), металлҳои ишқорзаминӣ — сешанбе (CaO, BaO), барои алюминий муҳити мувофиқтарин — чоршанбе (AlCl3), волфрам — сешанбе, панҷшанбе, ҷумъа ва шанбе (WCl2, WCl4, WCl5, WCl6), рений — чоршанбе, панҷшанбе, шанбе, якшанбе (Re2O3, ReO2, ReO3, Re2O7). Мо мехоҳем онҳоеро, ки дар ҳафта рӯзҳои бобарори зиёде доранд, огоҳ кунем. Ноумедиҳо низ имконпазир аст. Фарз мекунем, ки шумо рений ҳастед ва интизоред, ки рӯзи чоршанбе муваффақ мешавед, аммо ба нокомӣ рӯ ба рӯ мегардед. Ин маънои онро дорад, ки алюминийи пурқуввате, ки дар як ҳафта танҳо як рӯзи хуб дорад, бахти шуморо гирифтааст.
Рӯзҳои мусоид барои оксиген ва галогенҳо ба таври гуногун муайян карда мешаванд. Рақами рӯзи ҳафта индекси адади элементи додашуда дар ҳама гуна робита мебошад. Ҳамааш аз шарики онҳо вобаста аст. Агар хлор бо волфрам алоқаманд бошад (нигаред ба боло), пас рӯзҳои бахти он сешанбе, панҷшанбе, ҷумъа ва шанбе, агар бо алюминий алоқаманд бошад, танҳо чоршанбе (AlCl3) ва агар бо ҳамдигар бошад, сешанбе (Cl2) мебошад.
Дар ҳаёти одам пайдо кардани дӯстони хуб, дар коллектив муносибатҳои муътадил пайдо карда тавонистан, барои истироҳати сайёҳии душвор ва ё кӯҳнавардӣ гурӯҳи дуруст интихоб карда тавонистан, аҳаммияти калон дорад. Толеъномаи химиявӣ барои чунин мақсадҳо бениҳоят қулай аст. Принсипи умумӣ ҳамон аст — устувории пайвастагиҳои химиявӣ.
Ҳангоми гузаштан ба пайвастагиҳое, ки се ё зиёда элемент доранд, бояд ба он чизе, ки худи табиат ба мо пешниҳод мекунад, роҳнамоӣ кард. Минералҳои табиӣ устувортарин, пеш аз ҳама, алюмосиликатҳои гуногун мебошанд: шпатҳои саҳроӣ — KAlSi3O8, NaAlSi3O8, CaAl2Si2O8, слюдаҳо — KAl2[AlSi3O10](OH)2 ва ғайра. Аксари металлҳо дар чунин муҳит худро хеле бароҳат ҳис мекунанд. Дар ин ҳолат, барои дастаҳои гуногун, ки бо муносибатҳои дӯстона муттаҳид шудаанд, имконоти зиёде мавҷуданд. Чунин ҷамъиятҳо масъалаҳои истеҳсолиро низ бомуваффақият ҳал карда метавонанд. Агар ягон коллективи эҷодӣ вазифаи басо душворро ҳал кунад, пас на пайвастагиҳои табиӣ, балки онҳоеро гирифтан лозим аст, ки нишондиҳандаҳои баландашонро таҷрибаи инсоният муқаррар кардааст. Дар баробари ин, хӯлаҳои металлии дорои хосиятҳои махсус ба майдон меоянд.
Хӯлаҳое, ки Fe, Co, Ni, Cr, Mn доранд, дорои қобилияти кории хуб мебошанд, тобовар буда, метавонанд ба амали хашмгинонаи дигарон муқобилият нишон диҳанд. Дар чунин ҷамъият иштироки карбон ҳамеша фоиданок аст, ки ин ба коллектив чандирии пӯлод медиҳад, дар ҳоле ки таъсири карбон бояд ночиз бошад (на бештар аз 2%), вагарна коллектив аз сабаби шикастани хоси оҳани чӯян рахна пайдо мекунад.
Гурӯҳи корӣ, аз ҷумла V, Mo, W, метавонад ба гармии баланд тоб оварад ва дар ягон нуқтаи гарми сайёра оромиро аз даст намедиҳад. Қатори сайёри оперативӣ бояд бо иштироки металлҳои сабуки Mg, Al, Ti интихоб карда шавад.
Дар ҳама гуна ҷуфт ва дигар комбинатсияҳои Fe, Co, Ni ва Gd хеле хубанд. Онҳо ферромагнитӣ мебошанд ва аз ин рӯ, дар байни онҳо майдони мусоиди муносибатҳои дӯстона ба осонӣ ба вуҷуд меояд.
Биёед, фарқи асосии байни химология ва астрологияи анъанавиро қайд кунем. Ду нафаре, ки рӯзи таваллуди паси ҳамдигар доранд, масалан, 17 феврали соли 1976 ва 18 феврали соли 1976, пешгӯиҳои якхелаи астрологӣ доранд ва толеъномаи химиявии онҳо гуногун аст — онҳо ба рақамҳои 50 (қалъагӣ) ва 53 (йод) мувофиқ меоянд. Тафовут дар характери ин одамон асосӣ аст. Илова бар ин, астрология чунин меҳисобад, ки дар як сол доираи бурҷҳои солшуморӣ (ва аз ин рӯ, маҷмуи толеъномаҳо) такрор мешавад. Дар химология қонуният мураккабтар аст. Масалан, литий на дар соли 1974 ва на дар соли 1975 мувофиқи формула пайдо шуда наметавонад, вай танҳо дар охири соли 1976 пайдо мешавад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки пешгӯиҳои астрологии ҳарҳафтаина, ки дар маҷаллаҳои гуногун нашр мешаванд, аз ҳамдигар ба таври назаррас фарқ мекунанд. Мунаҷҷимон кӯшиш мекунанд, ки толеъномаҳоро муфассалтар кунанд, мавқеи сайёраҳоро ба назар мегиранд, ки онро то ҳадде озодона шарҳ медиҳанд. Эҳтимол на ҳама астрологҳо дар бораи сохтори системаи офтобӣ тасаввуроти кофӣ доранд. Масалан, аз суҳбат бо астрологҳо ба ман муяссар шуд, муқаррар кунам, ки ба фикри онҳо тағйири фазаҳои Моҳ (ба ҳилол табдил ёфтани Моҳи пурра), дар натиҷаи афтодани соя аз Замин ба Моҳ ба амал меояд. Албатта, ин дуруст нест! Шумо ҷавоби дурустро дар ҳама китобҳои дарсии астрономия хоҳед ёфт.
Бартарии химология дар он аст, ки он ба илми фундаменталӣ асос ёфтааст ва тамоми адабиёти химиявӣ, ки барои тартиб додани толеъномаҳо заруранд, тафсирҳои якхела ва безиддият доранд. Табиат, ки (бо иштироки Д.И.Менделеев ҳалкунанда) ҳамаи блокҳои ибтидоии коинотро бо тартиби муайян ба таври қатъӣ ҷо ба ҷо гузоштааст, ба мо асбоби боэътимоди пешгӯиро пешкаш намуд.
Диққати шуморо ба он ҷалб карданием, ки формулаи химиявии дар боло пешниҳодшуда ҳангоми ҳалли масъалаи бевосита — муайян кардани шумораи элементи химиявӣ аз рӯи санаи таваллуд хеле хуб кор мекунад. Дигар вазифаҳоро ҳал кардан хеле душвортар аст. Масалан, шумо барои ҳалли мушкилоти нави техникӣ як гурӯҳи мутахассисонро ҷалб мекунед. Дар ҳайати гурӯҳ ба шумо як элементи муайяне лозим аст, масалан уран (№92), яъне синну соли наздик ба 25 сола. Эҳтимол шумо дарҳол роҳи ҳалли худро намеёбед. Агар шумо дар натиҷаи ҳисобҳо санаи муайян ба даст оред, ҳатман ҳисоби санҷишаш баръаксро гузаронед, қимати ҳосилшударо ба формула гузоред. Эҳтимол, шумо элементе, ки интизор будед, нахоҳед гирифт. Дар ин сурат яке аз ҷавобҳои дуруст барои уран 31 августи соли 1976 аст. Агар шумо тарзи ҳалли ин гуна масъалаҳоро омӯзед, худро химологи касбие ҳисоб карда метавонед, ки ба ҳар савол ҷавоб ёфта метавонад.
Бо мурури замон, эҳтимолан ҷадвали химиявӣ нашр шавад, ки ба ҷадвали даврӣ шабоҳат дорад ва бо расмҳо ва маълумоти дахлдор пурра карда шавад. Чунин ҷадвал барои онҳое, ки бо кимиёдонҳо ошно ҳастанд, муфид хоҳад буд. Дар ин сурат, кимиёдонҳо нисбат ба ҳар кас бартарӣ доранд: ба онҳо чунин ҷадвал лозим нест, дар баробари системаи даврӣ китоби хуби химияи ғайриорганикиро гирифта, толеъномаи босалоҳият тартиб додан қулайтар аст. Бо мурури замон, одамоне, ки аз химия дуранд, ба ҳамин кор шурӯъ мекунанд. Ба ҷои кӯшиши азёд кардани хосиятҳои пурасрори Саратон, Далв ва Ақраб, одамон ба омӯхтани хосиятҳои химиявӣ ва физикии элементҳои химиявӣ шурӯъ мекунанд. Шубҳае нест, ки инкишофи минбаъдаи илми нав боиси боз ҳам бештар такмил додани усулҳои пешгӯии аз ҷиҳати илмӣ асоснок мегардад. Махсусан дар замоне, ки инсоният ба иттилооти дақиқ ва фаврӣ ниёзи бештар пайдо намудааст.