Аслонбек АМИНОВ,
котиби илмии Институти математикаи
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
номзади илмҳои физика ва математика

Илм, махсусан, илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ дар замони муосир бо суръати бениҳоят зиёд рӯ ба рушд аст. Барои дар радифи ин ҳама пешравиҳо қарор гирифтану иқтисоди устувор доштан роҳе ҷуз ба илм рӯ овардан ва дар амал татбиқсозии он вуҷуд надорад. Аз таҷрибаи давлатҳои пешрафта маълум мегардад, ки роҳи ғанисозии донишҳои илмӣ ва ботадриҷ расидан ба донишҳои татбиқшаванда, ба рушди босуръати истеҳсолот замина гузоштааст. Имрӯз самти илм ба сӯйи донишҳои амалӣ, яъне, ба он маҷмуи назарияҳое, ки дар амал татбиқ мешаванд, равона шудааст. Бинобар ин, агар хоҳем илмро ба истеҳсолот пайванд созем, бояд донишҳои амалӣ ва соҳавиро рушд диҳем, ки ин ба ҳарчи зудтар расидан ба ҳадафи чоруми мамлакат — саноатикунонии босуръат боис мегардад.
26 январи соли 2021 дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон пешниҳод гардид, ки ҳамасола Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шавад. Ин тадбири ояндасоз дар маҷрои ду озмун: «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баҳри тақвияти истеъдодҳои нодири миллати тамаддунофари тоҷик, дастгириву ҳавасмандгардонии насли ҷавон ва ба ин васила, дар сатҳи баланд роҳандозӣ намудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» равона гардидааст.
Озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” дар худ қувваи бузургеро ифода мекунад, ки метавонад, иштирокдорони озмунро ба хондани даҳҳо китобҳои илмӣ водор сохта, сатҳи дониши аҳолии кишварро беш аз пеш рушд диҳад. Ба таври системанок сол ба сол, бо илова кардани китобҳои муҳтавои баланди илмидошта ба барномаи озмун, сатҳи дониши насли ҷавони кишварро рушд медиҳанд. Дар сурати мавҷудияти китобҳои дорои муҳтавои баланди илмӣ дар рӯйхати китобҳои тавсияшавандаи барномаи озмун, иштирокдорон беихтиёр онҳоро мутолиа карда, дар асоси аз худ кардани маълумоти бештари илмӣ дар зеҳнашон идеяҳои нав пайдо мешаванд. Пас, ҳангоми мутолиа намудани тамоми китобҳои дар барномаи озмун дарҷгардида, дар зеҳни хонандагон беихтиёр идеяҳои нави роҳҳои ҳалли мушкилоти масъалаҳои мубрами ҳаёт пайдо гардида, қадами минбаъдаи он пайвасти ҳамон идея бо истеҳсолот мебошад[1].
Барои ҳар инсони соҳибтафаккур маълум аст, ки давлатҳои абарқудрати ҷаҳон барои расидан ба дараҷаи баланди рушд, пеш аз ҳама, тамоми ҳастияшонро дар соҳаи илму маориф барои баланд бардоштани донишҳои илмӣ, бахусус, илмҳои бунёдӣ, яъне, илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва математика заминасозӣ намудаанд. Иқдоми маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар самти баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» низ аз ҳадафҳои оянданигарона мебошад, ки ҳар кадоми ин озмунҳо барои рушди тафаккури илмии ҷавонону наврасони кишвар мусоидат мекунад.
Эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, озмунҳои ҷумҳуриявӣ, таъсиси ҷоизаҳои давлатӣ, пайваста зиёд намудани стипендияҳо, мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, таъсиси шуроҳои диссертатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, баланд бардоштани маблағҳои ҷоизаҳои озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва стипендия барои олимон аз ҷумлаи иқдомҳоест, ки маҳз ба хотири рушди соҳаи илм ва маориф роҳандозӣ гардидаанд. Иқдомоти зикршуда барои ташаккул додани ҷаҳонбинии илмии ҷомеа, рушди тафаккури техникӣ, пайванди илм бо истеҳсолот ва хусусан, ҷалб намудани ҷавонон ба ихтироъкорӣ ва навоварӣ яке аз омилҳои муҳим ба шумор мераванд[2].
Озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” ҳамасола дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо тақсимот ба ду гурӯҳ дар алоҳидагӣ: муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии муқаррарӣ ва муассисаҳои типи нав (литсейҳо, гимназияҳо, муассисаҳои таълимии президентӣ ва хусусӣ), хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ (бакалаврон ва магистрон), ходимони илмӣ (ба истиснои докторони илм, профессорон, узви вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ), аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва дигар намояндагони касбу кори гуногун баргузор мегардад.
Озмун аз рӯйи ҳафт номинатсия гузаронида мешавад:
1. Математика (арифметика, алгебра, геометрия).
2. Физика ва астрономия.
3. Химия.
4. Биология (ботаника, зоология, анатомия).
5. География.
6. Технологияи иттилоотӣ.
7. Ихтироъкорӣ ва навоварӣ.

Озмун аз рӯйи ҳар як номинатсия дар чор давр баргузор ва ҷамъбаст карда мешавад:
даври якум — дохилимуассисавӣ,
-даври дуюм — ноҳиявию шаҳрӣ,
-даври сеюм — вилоятӣ
-даври чорум — даври ниҳоӣ ё ҷумҳуриявӣ
мебошад.
Барои гузаронидани Озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” комиссияи ҷумҳуриявӣ (минбаъд-комиссияи озмун) таъсис дода мешавад, ки ҳайати он бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегардад[3].
Дар баробари ҷалби наврасону ҷавонон ба мутолиа ва рушди тафаккури илмӣ, инчунин, яке аз ҳадафҳои баргузории Озмуни ҷумҳурияви “Илм-фурӯғи маърифат” пайдо намудани истеъдодҳои нав ва пайвасти илм бо истеҳсолот мебошад. Барои расидан ба ин ҳадафҳои нек дар асоси пешниҳодҳо ба озмун сол ба сол вусъат бахшидан лозим аст.
Дар ин озмун довталабоне ба ҷойҳои намоён ноил мегарданд, ки китобҳои зиёдеро хондаву таҳлил кардаанд ва аз уҳдаи ҷавоб додани саволу масъалаҳои нисбатан мушкил, ки аз тарафи ҳакамон пешниҳод мегардад, баромада метавонанд. Аз ин хотир, гуфтан мумкин аст, ки барои ба талаботи озмун сол ба сол сифат бахшидан нишондиҳандааш он аст, ки сол ба сол саволу масъалаҳо нисбатан мушкилтар гардад, то ки довталабони боистеъдоди дар оянда мутахассисони арзандаи ба бозори меҳнат ҷавобгӯро пайдо намоем.
Соли чорум аст, ки ин гуна озмунҳо аз тарафи ҳайати ҳакамон шаффоф гузаронида шуда истодаанд. Яке аз шартҳои низомномаи озмун ин аст, ки узви ҳакамон дар номинатсияҳо ҳамон нафарҳое интихоб мегарданд, ки дар номинатсияи мазкур шогирд надошта бошанд ё волидони довталаб набошанд. Ин яке аз шартҳои асосиест, ки кафолати шаффоф гузаштани озмун буда, зери шубҳа нарафтани маҳорати довталабонро нишон медиҳад.
Барои бартараф намудани шубҳаҳои нодурусти довталабон ва оммаи мардум, инчунин, барои дар оянда боз ҳам муфиду муассир ва шаффофтар гузаштани озмун пешниҳод менамоем, ки Кумитаи махсуси озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад. Дар ин асос, барои сол ба сол босифаттар гузаштани озмунҳо ва ба дурнамои он ноил гардидан, якчанд пешниҳодҳоро пешкаш менамоем:
1. Дар кумитаи мазкур гурӯҳи махсуси корӣ аз ҳисоби олимони варзида (аз ҳар самти илм) барои шаффоф гузаронидани озмунҳо ташкил карда шавад, ки дар он ҷо ба таври доимӣ кор кунанд.
2. Аз тарафи олимон, ки дар кумитаи мазкур пайваста, дар тӯли сол кор мекунанд, китобҳои ба рӯйхати озмуну олимпиадаҳо шомилшаванда (китобҳои озмуниву олимпиадавии идеяофар) ба забони давлатӣ таҳия ва пешкаши довталабон гардонда шаванд.
3. Узви ҳакамон, ки дар ин кумита кор мекунанд, барои ҳар даври озмун масъалаҳои нисбатан мушкил ва наздик ба масъалаҳои ҳамон китобҳоеро, ки дар рӯйхати китобҳои низомномаи озмун омадааст, интихоб намуда, пешкаш намоянд.
4. Узви ҳакамон бояд дар ягон муассисаи таҳсилотӣ, таълимӣ ё корхонаҳои давлатию шахсӣ кор накунанд, яъне, фаъолияташон сирф дар кумитаи мазкур бошад.
5. Узви ҳакамон, ки дар кумита кор мекунанд, бо дилу нияти пок фаъолият намуда, барои шаффоф гузаронидани озмунҳо “Савганд” арза намоянд, чунки ин озмунҳо бо амри Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаронида мешаванд ва ҳар кадоми онҳо барои ояндаи неки миллат ва давлат равона шуда, ҳадафашон пайвасти илм бо истеҳсолот мебошад. Пайвасти илм бо истеҳсолот ин умед ба ояндаи дурахшонии миллати мост.
6. Узви ҳакамон бо сардори кумита он нафаронеро, ки дар озмунҳо ғолиб омадаанд, барои чораҷӯӣ доир ба пайвасти илм бо истеҳсолот ба институтҳои тадқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва академияҳои соҳаҳои гуногун сафарбар намоянд.
Дар ҳар давру замон чизе, ки инсонро дар самти бомаърифат шудан такон мебахшад, ин китоб аст. Инсон наметавонад, бе китоб хондан сатҳи донишу маърифати хешро боло барад. Омӯзгор тавассути китоб шогирдонашро соҳиби илму маърифат мекунад, ба монанди оне, ки усто тавассути асбобҳои корӣ ҳунарашро нишон медиҳад. Агар инсон бо донишу маҳорат мусаллат набошад, ӯ мисли устои беасбоб аст, ки наметавонад, ҳунари худро нишон диҳад. Аз ин хотир, моро зарур аст, ки ба забони давлатиамон китобҳои пурмуҳтавои дарсӣ, илмиву оммавӣ таҳия намуда, пешкаши насли наврас ва ҷомеаи хеш гардонем. Ногуфта намонад, ки китобҳои пурмуҳтаворо дар асосӣ гурӯҳҳои махсуси корӣ аз тарафи донишмандон ва олимони эҷодкори ҳар соҳа ба таври муқоисавӣ бо китобҳои давлатҳои дуру наздик таҳия кардан лозим аст.
Хулоса, Озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” дар баробари озмунҳои дигар, аз як тараф барои баланд бардоштани маърифати қишрҳои гуногуни ҷомеа хидмат намуда, аз ҷониби дигар, қувваи бузургеро доро мебошад, ки барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар тамоми зинаҳои таҳсилот судманд аст. Илова бар ин, кори ҷиддӣ бо ин озмунҳо метавонад, норасоиҳоеро, ки дар раванди низоми таълим дар зинаҳои гуногуни таҳсилот вуҷуд дорад, пайдо ва бартараф намояд. Яъне, Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳандозӣ намудани озмунҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ кафолати муваффақиятҳои соҳавиро дар дасти миллат ва мутахассисон додааст, то тавонанд, дар самтҳои худ дастоварду пешрафтҳои илмӣ дошта бошанд ва аз ин роҳ барои миллату давлат фарзандвор хидмати содиқона дошта бошанд.
Адабиёт:
1. Барномаи омодагӣ ба Озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат”. Душанбе, «Дониш», 2024, 238 с.
2. Усулҳои инноватсионии таълим: ҳолати муосир ва дурнамои такомул.// Маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-методӣ. Хуҷанд: “Дабир”, 2021. — 397 сол.
3. Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат”, замимаи 1 ба амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2024, №АП-481.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *