Дилфуза АМОНОВА,
Муқаддас МИСПОХОВА,
омӯзгорони Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент

Гули хайрӣ (Алтей лекарственный) Althaea officinalis гиёҳи бисёрсола буда, ба оилаи тугмачагулҳо-Malvaceae мансуб мебошад. Танарешаи бисёрсараи амудӣ ва решаи шохзада дорад. Баландии пояҳояш то 1,5-2 метр аст. Баргҳои он бутун, пайи ҳам буда, пашмакҳои махмалин дорад. Баргҳои поёнӣ дилмонанди эллипсшакли сепаррадор, баргҳои болоӣ секунҷаи эллипсшакл мебошанд. Гулҳояш дар бағали баргҳои боло ҷойгиранд. Гулаш сафед, сурх ва бунафши сиёҳтоб ҳам дорад. Тухмаш дар ғилофест, ки даруни он тухмҳои сиёҳи паҳни мудаввар дар доира ҷойгиранд. Мевааш кулчамонанд буда, аз якчанд тухмдони бо гулбанд пайваст иборат аст ва аз он ҳангоми пухтан тухмҳо канда шуда, пош мехӯранд.
Гули хайрӣ дар минтақаҳои даштӣ, боғ, канори ҷӯй, марғзори намнок мерӯяд. Дар мавзеъҳои Зарафшон ва ҷануби Тоҷикистон низ месабзад.
Гули хайрӣ растании доруӣ буда, бо мақсади табобатӣ реша, гул ва барги он истифода мешавад. Решаи онро моҳҳои март-июн, инчунин, тирамоҳ ҷамъоварӣ мекунанд. Решаҳои кофташударо аз хок ҷудо менамоянд, зуд мешӯянд, то ин ки ба луобшавӣ роҳ дода нашавад. Решаҳои тозаро бо дарозии 10-20 см бурида, пӯсташро ҷудо мекунанд. Решаҳои ғафси гулро барои зудтар хушк шудан бо дарозиашон мебуранд.
Гули хайрӣ давои дӯстдоштаи тибби халқист ва аз қадим ба беморон бо шаклҳои гуногун тавсия мешавад. Абуалӣ ибни Сино ҷӯшобаи решаи гули хайриро барои табобати сӯзиши масона, рӯда ва омоси мақъад тавсия додааст. Ба ақидаи ӯ барги ин гул низ чунин хосият дорад: онро ҳангоми исҳоли шадид истифода мебаранд. Гули хайрӣ дар тибби халқӣ ҳангоми бемориҳои меъдаю рӯда ҳамчун давои таскинбахш истифода мешавад. Хокаи решаашро ҳангоми муолиҷаи илтиҳоби узвҳои нафаскашӣ ва дарунравӣ рӯзе ду маротиба баъди хӯрок (1-2г) ба кӯдакон медиҳанд. Бо ҷӯшобаи реша ва баргу пояи он гулӯро обгардон мекунанд. Ҷӯшобаи тухми он хунро тоза мекунад. Афшураи гули тару тозаи онро ҳамчун давои исҳоловар якҷоя бо қаймоқ ба кӯдакон медиҳанд. Марҳами аз гули хайрӣ ва орди гандум таҳиякардаро дар ҳолати гармӣ ба захму омосҳо мемоланд. Тухми хушкашро кӯфта, бо оби ширгарм бинӯшанд, санги гурдаро мерезонад.
Миқдори як бор хӯрдан аз барг, реша, гул ва тухми он дар як рӯз 4,5 грамм аст, вале агар дар об ҷӯшонда, обро нӯшиданӣ бошанд, бояд дар як рӯз аз он об 100 грамм бинӯшанд. Бояд гуфт, ки истеъмоли гули хайрӣ барои меъда як андоза зарарнок низ ҳаст. Барои ислоҳи ин зиёнаш оби зирк, асал ва арпабодиён хӯрдан даркор аст. Ба шуш низ зарар дорад, дар ин ҳолат низ бояд асал бихӯранд.
Дар таркиби маводи дорувории “Мукалтин” экстракти растании гули хайрӣ дида мешавад. Мукалтин (Mucaltinum) аз 50,0 грамм экстракти растании гули хайрӣ, инчунин, моддаҳои ёрирасон, ба монанди кислотаи виннигӣ-43,25 мг фосфати калсий, 2-179,75 мг оҳар ва ғайраҳо, таркиб ёфтааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *