Шоҳзамон РАҲМОН,
профессор

Оид ба эҷодиёт ва осори устод Рӯдакӣ аз замони зиндагонии ӯ то имрӯз миёни донишмандон баҳс зиёд давом дорад. Ҳусни таълифоташ ҳамеша мавриди суҳбат ва гуфтугӯйҳои зиёд қарор мегирифт. Баъзе нотавонбиноне, мисли Абузироа муқобили устод Рӯдакӣ эътироз карда, гуфта буд, ки ӯ ба кӯрии чашм давлати бисёр ёфт ё Хусравонӣ, ки “Ришу мӯйлаб ҳаме хизоб кунӣ”, лекин қариб ҳамеша осори устод мавриди таърифу тавсиф буда, лаҳни суханаш «саҳли мумтанеъ» ва сабки сухани ӯ мақбули ҳамагон буд. Сабки навишти ӯ ва ҳамзамононашро хуросонӣ ё “сабки Рӯдакӣ” ном мегирифтанд.
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ соҳибқирони шеъри замони худ буда, нахустин касе шуморида мешуд, ки назми форсии тоҷикиро ба авҷи инкишоф расонда буд. Ӯро ҳанӯз дар замонаш ҳамчун паямбари шеъру сухан мешинохтанд. Ӯ сардафтари адабиёти форсии тоҷикӣ буда, ба шеъри дарӣ маърифати ориёӣ, ҳиндию арабӣ бахшида, онро умумихалқӣ гардонид.
Одамушшуаро Рӯдакӣ дар назди шоҳону аҳли дарбор бо мавзуъҳои тозаи сиёсиву иҷтимоӣ, ошиқона, панду андарз, тавсифи абармардон, лаҳни ширину гуворо эътибори бештаре дошт.
Тазкиранависон осори Рӯдакиро «аз ҳад муҷовиз» номида, муҳаққиқи осори Рӯдакӣ Саид Нафисӣ миқдори зиёди ашъор доштану бо вай баробар шуда натавонистани ҳеҷ шоиреро дар давоми асрҳои миёна чунин қайд менамояд: «Ин идда дар зоҳир муболиға ба назар меояд… ба ҳеҷ ваҷҳ тардид нест. Зеро назми «Калила ва Димна» корест, ки аз тавонотарин шоир бармеояд. Пас, дур нест, ки Рӯдакӣ тавониста бошад шабонарӯзӣ 100 байт назм кунад ва пас аз чил соли давраи шоирӣ баъид наменамояд, ки як миллиону сесад ҳазор аз худ нагузорад ва беҳтарин далел ҳамон аст, ки Рӯдакӣ бо қатъу яқин гуфтааст» (1, 11, 575; Ниг.: 2, с.10). Ба қавли ин муаллиф, девони Рӯдакӣ беш аз 20 ҳазор байт, «Калила ва Димна» 18 ҳазор байт ва шаш ё 12 маснавӣ ҳар кадом 6-7 ҳазор байт доштааст. Муҳаққиқони осори Рӯдакӣ дар давраҳои гуногун миқдори осори устод Рӯдакиро бо рақамҳои гуногун ифода кардаанд:
Асадии Тӯсӣ:
Шоир чу гузин Рӯдакӣ он, к-аш бувад ашъор,
Беш аз саду ҳаштод ҳазор аз дурру девон.

Рашидии Самарқандӣ:
Шеъри ӯро баршумурдам сездаҳ раҳ садҳазор,
Ҳам фузун ояд агар чунон ки бояд бишмарӣ.

Муҳаммад Авфӣ: Ҳазор ҳазору 300 ҳазор байт; Абдураҳмони Ҷомӣ: сездаҳ раҳ садҳазор ва баробар ба 100 дафтар; Ҳамдуллоҳи Қазвинӣ: 700 ҳазор байт; Саид Нафисӣ: 1 миллиону 300 ҳазор байт; Ҳаким Муҳаммадшоҳи Қазвинӣ: 300 ҳазор байт; Аълохон Афсаҳзод: 300-400 ҳазор байт ва ҳоказо.
Мутаассифона, то имрӯз аз осори безаволи устод Рӯдакӣ 1050 байт боқӣ мондааст. Осори Рӯдакиро Арӯзии Самарқандӣ дар «Чаҳор мақола» то соли 650 ҳазор ва Муҳаммад Авфии Бухороӣ дар «Лубоб-ул-албоб» то соли 618 ҳазор мутадовил дониста бошанд, пас Ҳамдуллоҳӣ Муставфӣ дар «Таърихи гузида» аз соли 730 мутадовил набудани осорашро қайд менамояд. Маълум мешавад, ки ғасб шудани Хуросону Мовароуннаҳр аз тарафи туркони ғазнавию салчуқӣ, хунхорони Чингизу Темур боиси толону тороҷ шудани осори номбардорони илму адаб, аз ҷумла, Рӯдакӣ шудааст.
Донишмандон, хусусан, тазкиранависону муаррихон минбаъд ҳар чизи аз А. Рӯдакӣ дар ёд доштаашонро ҷамъ намуда, дар шакли китоб таҳия менамуданд ва ин кор аср ба аср давом мекард, вале шакли пурраи осори устод Рӯдакӣ кайҳо аз даст рафтааст. Гоҳ барои пурра кардани девони ашъори нобиғае чун Рӯдакӣ ӯро баъзе маврид бо Қатрону дигар шоирон меомезанд.
Мулоҳизаҳо дар атрофи аз байн рафтани осори Рӯдакӣ хеле зиёд мебошанд. Ҳанӯз дар қайди ҳаёт буд, душманони ғоявиаш охирҳои умр ӯро ҳамчун қарматӣ кӯр карда, дороӣ ва ҳамаи мероси адабиашро толону тороҷ ва ба нестӣ расонда буданд. Ба мулоҳизаи А. Афсаҳзод сӯзондану маҳв гардонидани осори қарматиён ҳанӯз дар замони Ғазнавиёну Салчуқиён давом менамуд (1,190). Сӯзонидани Китобхонаи Сомониён ва харобкориҳои муғулон сабаби дигари аз байн рафтани осори безаволи Рӯдакӣ мегардид. Сипас, аз байн рафтани Давлати Сомониён ва ба дасти турку муғулу манғит расидани ин давлат ва ба раъйи хилофату ислом фаъолият карданашон тадриҷан намунаҳои осори пешин, ки анъанаҳои чандҳазорсоларо тарғиб менамуданд, ба дасти ҳукуматдорони нав рӯ ба завол мениҳоданд..
Амрияздон Алимардонов дар мақолаи «Рӯдакӣ аз назари донишмандони Ҳинд» мақому мартабаи А. Рӯдакиро ҳамчун шоири закитабъ дар Ҳиндустон хеле хуб нишон медиҳад. Ӯ аввал бо як идда адибону олимоне, ки пас аз Рӯдакӣ умр ба сар бурда, дар бораи ӯ суханҳои босазо навиштаанд, мисли Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Муҳаммад Авфии Бухороӣ, баъд дар рикоби Султон Маҳмуду Султон Масъуд то Ҳиндустон рафтану дар он ҷо мустаҳкам кардани забони форсии тоҷикӣ ва машҳур гардонидани Рӯдакӣ дар ин минтақа сухан меронад. Ё аз шоирони мулки Ҳинд Масъуди Саъди Салмон ва Абулфайзи Файзӣ, ки дар замони Акбар маликушшуаро буда, дар навиштаҳояш аз ашъори Рӯдакӣ намуна оварда ва дар фахрияҳо доди сухан додани Рӯдакиро зикр мекунанд.
Ҳар чизе, ки адибону донишмандон дар давраҳои мухталиф гуфтаанд, бо вуҷуди мухтасар навишта шуданашон барои муҳаққиқони осори Рӯдакӣ неъмати арзанда мебошанд. Маҳз суханони чунин қаламкашон буданд, ки ҳаёту эҷодиёти устод Рӯдакӣ ва фаъолияти адабии ӯ аз қабати асрҳо то имрӯз расида, чеҳраи адабию фаъолияти эҷодиашро хеле хуб намудор менамоянд.
А. Алимардонов аз намунаҳои зиёди тазкираву асарҳои илмӣ дар Ҳиндустон ёд мекунад, ки бисёре аз онҳо барои хонандагони тоҷик то ҳанӯз маълум набуда, маълумоти дар бораи Рӯдакӣ чун гавҳарҳои нуҳуфта имрӯз барои аҳли илму адаб, тобишу ҷилваҳои тоза доранд. Вай аз мулоҳизаҳои муаллифони «Лубоб-ул-албоб» (1221, Муҳаммад Авфӣ), «Иёри дониш» (1587, Абулфазли Муборак) «Ҳафт иқлим» (а.16, Амин Аҳмади Розӣ) ва бисёри дигарон ҷавҳарҳоеро чида, манзури хонандагон мегардонад, ки дар равшан гардонидани чеҳраи устод Рӯдакӣ ва паҳлуҳои нозуки эҷодиёти ӯ муфид мебошанд. Дар байни ин асарҳо «Ҳафт иқлим»-и Амин Аҳмади Розӣ аз овози хушу савти дилкаш доштани Рӯдакӣ, аз суханони дар ситоиши ӯ гуфтаи шоирони ҳамзамону пасомад ҳамчун Шаҳиди Балхӣ, Дақиқӣ, Маъруфи Балхӣ, Рашидии Самарқандӣ, Унсурӣ, Низомии Арӯзии Самарқандӣ, девони ашъораш замоне «аз ҳад мутаҷовиз буда, вале акнун бинобар ҳукми калат аз ёқути асфар ва кибрити аҳмар азизтар» будани ашъори боқимонда мулоҳиза ронда, дар бораи «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён» муфассал андеша меронад. Ин муаллиф тибқи сухани А. Мирзоев пеш аз Рӯдакӣ девон доштани дигар шоирон ва аз ҳаким будани Рӯдакӣ мулоҳизаи Манучеҳриро ёд меорад:
Аз ҳакимони Хуросон, ку Шаҳиду Рӯдакӣ?
Бушакури Балхиву Булфатҳи Бустӣ ҳоказо.
Рӯзгоре, к-он ҳакимону сухангӯён буданд,
Буд ҳар якро ба шеъри нағз гуфтан иштиҳо.

Шеърхони Лудӣ (Шералихон ибни Алиаҳмадхони Лудӣ) аз надими маҷлиси Наср ибни Аҳмад (913-943) будани Рӯдакӣ, дар замони ӯ навиштани «Калила ва Димна» ва инъомҳои гарон гирифтанаш, миқдори ашъорашро 13 лак гуфта бошад, Мирҳусайндӯсти Санбҳалӣ миқдори ашъорашро «лак байти мубайян» меномад. Ба андешаи Ҳусайнқулихони Азимободӣ Рӯдакӣ Хизри ҷодаи суханварӣ, ғаввоси маъниёб, ҷамеи фозилону комилони ҷаҳон ба устодии вай муътақиду қоиланд, Арастунажод, ҳеҷ шоиреро он мартабаву ҳашмат муяссар нагашта, миқдори ашъорашро ҳанӯз сад дафтар ё 1328 байт донистааст… Хулоса, Рӯдакӣ аз асри 11 то охири асри 19 дар Ҳинд аз шоирони олирутба шинохта шуда, аз ашъораш дар мавридҳои зарурӣ истифода менамуданд.
Аз соли 1873 инҷониб, бо ташаббуси меросбарони Рӯдакии Панҷрӯдӣ ва аврупоиён ҷустуҷӯйи ашъори устоди бузурги сухан ва таҳлили эҷодиёташ оғоз шуда, кам-кам намунаҳо бо мулоҳизоти тоза пайдо шудан мегиранд. Ҳермон Эте аз 24 маъхаз 52 пора-242 байт ашъори Рӯдакиро пайдо намуда, ба забони олмонӣ тарҷума кардааст. Павл Ҳорн ба миқдори боло 18 байт илова менамояд. Денисон Росс соли 1924 хонандагонро огоҳ намуд, ки як қисм ашъори Қатрон ба номи Рӯдакӣ гузаштааст. Дар ҷамъоварии ашъори ин нобиғаи сухан хидмати устод Айнӣ низ калон мебошад. Ӯ дар асоси «Оташкада»-и Озар, «Маҷмаъ-ул-фурс»-и Сурурӣ, махсусан, «Туҳфат-ул-аҳбоб»-и Ҳофизи Ӯбаҳӣ шеърҳои зиёди Рӯдакиро пайдо намуда, соли 1940 рисолае бо номи «Устод Рӯдакӣ» чоп намуд. Ҳанӯз соли 1956 шуъбаи шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон дар ҳайати шаш нафар: Баҳром Сирус, Камол Айнӣ, Расул Ҳодизода, Михаил Занд, С. Тоҷиддинов ва бо раҳбарии А. Мирзоев гурӯҳи корӣ ташкил намуда, захираи дастхатҳои шарқшиносии китобхонаҳои Ленинград, Тбилисӣ, Ереван, Боку, Алмаато, Тошканд, Бухоро, Сталинободро тафтиш карда, ҳар байти аз Рӯдакӣ буда ва аз рисолаҳои назарии «Тарҷумон-ул-балоға»-и Муҳаммади Родуёнӣ, луғати «Донишномаи Қадархон», «Туҳфат-ул-аҳбоб»-и Ҳофизи Ӯбаҳӣ, «Фарҳангнома»-и Ҳусайни Вафоӣ миқдори шеърҳои тоза пайдо намуда буданд. С. Нафисӣ аз ҷашни 1100-солагии Рӯдакӣ бохабар шуда, шеърҳои тоза ёфтаашро ба дасти устод М. Турсунзода ба ҳайати корӣ фиристода буд. Хулоса, ҳамон вақт 920 байт (1840 мисраъ) ашъори Рӯдакиро дар шакли китобҳои алоҳида ба хонандагон расонида, аҳли ҷамоати ҷумҳурӣ ва берун аз он ҷашни ёдбуди устодро бо тантана қайд кардаанд.
Пас аз ҷашни шукӯҳманди устод Рӯдакӣ (соли 1958) ҷустуҷӯйи ашъори устод Рӯдакӣ боз ҷиддитар давом кард. Аҳмад Абдуллоев 5 байти тоза, З. Ворожайкина 5 қитъа дар ҳаҷми 21 байт, Асрори Раҳмонфар 18 байт ашъори тозаи ӯро пайдо намудаанд (1, 194), лекин муҳаққиқон ҳамеша ба ҷуз ашъори пароканда дар пайи пайдо намудани девони шоир низ буданд. Наход аз ҳафтсаду ҳаштсад ҳазор ё як миллиону сесад ҳазор байт дар олами форсизабон ва берун аз он ин орзу амалӣ нагардад? — фикр доштанд пажуҳишгарон. Ин чӣ миллатест, ки осори бузургтарин шахсияти миллиро аз ғосибон ҳифз карда натавонистааст! Ин андеша аз сари бисёр муҳаққиқони осори устод Рӯдакӣ, махсусан, кормандони эҷодиёти Рӯдакӣ ҳеҷ дур намерафт. Агар С. Нафисиву устод С. Айнӣ ашъори Рӯдакиро аз миёни осори хаттиву қаламӣ пайдо кардаанд, А. Мирзоев ҳам тамоми китобхонаҳои Иттиҳоди Шуравиро давр задаву кофта, ашъор бар осори Рӯдакӣ зам менамуд.
Мардуми тоҷику форс аз он рӯзе, ки худрову Рӯдакиро шинохтанд, ин орзуро дар дил ва дар ақлу ҳуш мепарваранд, ки рӯзе пайдо кардани девону ашъори мукаммали Рӯдакӣ муяссар мегардад. Тоҷикон бо чунин умеду орзу ҳамеша дар пайи ҷустуҷӯйи ашъору осори устод Рӯдакӣ мебошанд. Баъзан овозаҳое пайдо мешуданд, ки девони Рӯдакиро дар Тошканду Теҳрон ё кишвари Ҳинд пайдо кардаанд, лекин баъд мебинем, ки онҳо ашъори номукаммали омехта бо моли дигар шоирон мебошанд.
Соли 1945 олими араб Асъад Талас дар маҷаллаи “Димишқ” (1945, №1-3) мақолае чоп карда, аз мавҷуд будани нусхаҳои хаттии китобҳои Рӯдакӣ — «Тоҷ-ул-масодир» ва «Ассомӣ фи-л-асомӣ» хабар додааст (5, 34). Ин хабар дар дили тоҷикон шӯру шавқ бедор кард, вале бинобар ба сухани шифоҳии А. Мухторов гӯё М. Занд хабар дода бошад, ки дар китобхонаҳои Фаластин чунин нусхаҳо вуҷуд доранд (4, 189).
Ҳоло дар назди муҳаққиқони тоҷик чунин масъалае меистод, ки бо кишварҳои дуру наздик робита афзун намуда, ганҷинаҳои маънавии халқу миллатҳои дунёро тагурӯ бикобанд. Дар ин масъала аввал кор ба Ҳиндустон пайдо шуд. Аз аввали солҳои 60-ум як гурӯҳ олимони тоҷик ба ин кишвари бо мо дӯсти ориёӣ рафта, хазинаҳои доштаашонро дида, воқеан, ба хулосае омадаанд, ки дар ин кишвар дар муддати беш аз ҳазор сол молу маводи форсии тоҷикӣ хеле зиёд ҷамъ шудааст. Дар Ҳиндустон ганҷинаҳое хобидаанд, ки ҳазорҳо сол даст нарасондаанд ва аз он ҷо бисёр мавод пайдо кардан мумкин аст.
Дар замони ҳукумати Шуравӣ ба хориҷи кишвар сафар кардани коргарони илм душвор буд. Аз рӯйи сухани устод Аҳрор Мухторов, ҳатто, моҳу солҳо интизор шуда, ба мақсад расида наметавонистем. Устод Бобоҷон Ғафуров ҳанӯз соли 1964 аввалин сафарро дар ҳайати худашон бо А. Мирзоев, К. Айнӣ ва А. Мухторов баргузор карда, минбаъд бо шахсони бонуфузи Ҳиндустон ошно шуда, ин орзуро тез-тез ҷомаи амал мепӯшонданд. Ҳамзамон, олимони тоҷик Р. Ҳодизода, А. Маниёзов дар ҷустуҷӯйи девон шуда, ба ин кор худро омода менамуданд (4, 112). Манбаъҳои қадимии хаттию қаламиро варақгардон намуда, дар бораи Рӯдакӣ боз бештар фикр мекарданд.
Аҳрор Мухторов яке аз муаррихони номии Тоҷикистон ба масъалаҳои мухталифи таърихи асрҳои миёна, ҳуҷҷату ёдгориҳои эпиграфӣ таҳқиқот бурдааст. Ӯ умрашро дар пайдо намудани осори гузаштагон бахшидааст. Бинобар ин, зарур донистааст, ки ба мамолики ҳамсояву дур роҳхат гирифта, муддатҳо ганҷинаҳои маҳфузмондаи ҳиндро омӯзад. Дар чунин фурсат як гӯшаи фикраш ба омӯхтани осори илмию адабӣ, хусусан, осори Рӯдакӣ банд будааст. Вай хеле аз адибони гумном ё камомӯхташударо, мисли Дилшоди Барно пайдо намуда, дар борааш рисолаҳои ҷудогона навиштааст.
Тоҷикон ҳамчун мардуми ориёӣ бо ҳиндувон сахт пайвандӣ доранд. Қариб ҳазор сол забони форсии тоҷикӣ забони дувуми ин мардум шинохта мешавад. Мардум дар рӯзҳои душвори даҳшатовар бештар худро ба диёри ҳинди ҳамсоя кашида, дар паноҳи онҳо зиндагонӣ мекарданд ва аз худ осори зиёд боқӣ гузоштаанд.
А. Мухторов ҳашт дафъа ба ин кишвари пурасрор сафар намуда, ба ҷуз масъалаҳои таърихиву конференсияҳои илмӣ як гӯшаи хотирашон ба масъалаҳои адабиву илмӣ ва махсусан, ёфтани девони устод Рӯдакӣ банд будааст, зеро А. Тоҳирҷонов ҳанӯз солҳои аввали шастум ковишҳову ҷустуҷӯҳои ин олимро дар Панҷакент, таърихи Балх дида, ба яке аз ҳамкоронаш Александр Белинитский гуфта будааст, ки «ман чунин пиндорам, ки А. Мухторов оқибат девони Рӯдакиро ҳам пайдо мекунад» (4, 111) ва ӯ аз ҳамон вақт то вопасин солҳои умри худ дар ҷустуҷӯйи девони Рӯдакӣ фаъолият кардааст. Вай дар Ҳиндустон манбаъҳои зиёди илмиву адабии, воқеан, бесоҳибро дида, пурра бовар ҳосил менамуд, ки ҳатман девони Рӯдакиро аз миёни кӯҳи китобҳои хаттӣ пайдо менамояд, бинобар ин, боз бо шавқ ҷустуҷӯ менамуд.
Устод нахустин коре, ки нисбат ба эҷодиёти Рӯдакӣ кард, аз як китоби шогирдаш туҳфакарда се байт аз ашъори шоирро ёфт ва орзу менамуд, ки минбаъд боз шеърҳои номаълумашро пайдо кардан мегирад. Аз байни силсилаи шоирони мовароуннаҳрӣ шеърҳои Рӯдакиро пайдо намуда, рӯбардор мекард. Дар натиҷа, ҳар бори ҷамъоварии ашъори Рӯдакӣ ва муқоисаашон бо ашъори мавҷуд буда, маълум мешуд, ки шеърҳои шоирро хеле зиёд пайдо кардааст. Боре як қисме аз онҳоро аз назари муҳаққиқи эҷодиёти Рӯдакӣ Садрӣ Саъдиев гузаронда, аз 302 мисраъ 34 мисраъ шеъри тозаи Рӯдакиро пайдо кардааст. Ин кор ӯро ҳавасманд менамуд, ки бештар аз пайи ҷустуҷӯйи осори Рӯдакӣ шавад.
Дар Банғола, ки мардумонаш ба ин забон ҳанӯз дуруст сухан гуфта наметавонистанд, лекин ашъори Рӯдакиро фаромӯш накарда, хусусан, қасидаи «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён»-ро қариб ҳама аз ёд мехондаанд, бо тазкираи Волаи Доғистонӣ «Риёз-уш-шуаро» ва китоби «Маҷмуаи ашъор» ошно шуда, боз 122 байту 1 мисраъ ашъори Рӯдакиро пайдо менамояд, ки аз ин миқдор 75 байту 1 мисраъ дар чопҳои маълумии шоир дида нашуда буданд (4, 88).
Дар «Фарҳанги Қаввос» 60 байт ёфтааст, ки дар миёни шеърҳои маъмул вуҷуд дошта бошанд ҳам, дар онҳо тағйироти зиёди калимаву ибора ва мисраъҳоро дучор меоем. Бинобар ин, миқдори зиёди ашъори ёфтаашро аз ҷиҳати вариантнокӣ муҳимму зарур мешуморид.
Рӯдакӣ, чунонки мебинем, дар ин мамлакати пурасрор ҷойгоҳи арзанда дошта, дар бисёр осори қаламӣ мавқеи муҳим доштааст. Ҳатто дар «Тазкират-уш-шуаро»-и Балгиромӣ навиштаанд, ки «амир Наср бинни Нуҳи Сомонӣ ӯро тарбият кард. Ба фармудаи амир «Калила ва Димна»-ро ба назм оварда, чиҳил ҳазор дирам сила ёфта. Гӯянд, чоқаш (мақомаш) ба ҷойе расидааст, ки дувист ғуломи зархарид дар рикоби ӯ мерафтанд, чаҳорсад уштур аҷмол ва ақсоми ӯ мекашиданд. Баъд аз ӯ ҳеҷ шоирро он қадар мукнат даст надода» (Ниг.: 4,86).
А. Мухторов, воқеан, дар ин кишвар борҳо, гаштаву баргашта сафар карда, корҳои зиёди илмиву адабӣ анҷом дода, асарҳое мисли «Дурдонаҳои маданияти тоҷикон дар ганҷинаҳои Ҳиндустон» (1984), «Мероси ниёгон» (1998) ва «Рӯдакӣ ва мероси ӯ» (2008)-ро таҳия карда, хидматҳои бесобиқа анҷом додааст. Чангу ғубори осори асрҳо хобидаву кирмхӯрдаро нафас кашида, чашм давондаву бо умед ҷустуҷӯ намуда, бо зӯри ақлу идрок, бо эҳсос нангу номус ба ҷо оварда, агарчи девонро наёфтааст, вале шеърҳои зиёди асрҳои дароз дар ганҷинаҳо хобидаи шоирони форсу тоҷик, махсусан, шеърҳои устод Рӯдакиро пайдо намудааст, ки дар таҳлилу такмил гирифтани осори устод саҳми муносиб пайдо менамоянд.
                                                             Адабиёт:
1. Афсаҳзод А. Одамушшуаро Рӯдакӣ. Душанбе: Адиб, 2003. -304 с.
2. Мардонӣ Т. Рӯдакӣ ва адабиёти араб. Душанбе: Ирфон, 2010. -128 с
3. Мирзоев А. Осори Рӯдакӣ. Сталинобод: Нашрдавтоҷик, 1958.
4. Мухторов А. Рӯдакӣ ва мероси ӯ. Душанбе: Дониш, 2008.
5. Нафисӣ. Аҳвол ва ашъори Рӯдакӣ. Ҷ. 1-3. Теҳрон, ҷ. 2, 1310.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *