Қурбон Аҳмадзода,
“Маърифати омӯзгор”

Инсоният аз ибтидои нахустин тамаддунҳо ба китобу иттилоот, мутолеаву фарҳанг ва маҷмуан, ба маънавиёт эҳтиёҷ дошт. Мусаллам аст, ки мутолиаи китоб инсонро ба илму маърифат ва донишу фазилат раҳнамун карда, метавонад ҷомеаро аз вартаи ҷаҳолат наҷот бидиҳад. Маҳз ба ин хотир, аҳли зиёи ҳар як кишвар дар ҳар давру замон башариятро ба самти маърифат, ахлоқи ҳамида, хираду маънавиёт ва мутолеа талқин мекунанд. Ҷомеаҳои хирадсолору маърифатпараст низ бо мутолеаи самимӣ ба нуру равшанӣ, саодату некномӣ ва пешрафту ободкорӣ мушарраф мегарданд.

Миллати донишсолори тоҷик аз ибтидои хилқати башарӣ ба фарҳангу китоб, мутолеаву донишпазирӣ равнақ дошта, ҳикмату китоб мероси азалии ин миллат маҳсуб мешавад. Ғановатмандии адабиёт ва бостонияти тамаддуни фарҳангу тамаддуни миллии ориёӣ шаҳодати ин гуфтаҳо мебошад. Маҳз иртиботи таърихии мо бо китоб ва мероси ниёии китобдории мо имконият фароҳам намудааст, ки ин миллат фарзонафарзандонеро аз дабистони маънавии худ бурун оварад, ки на танҳо барои фарҳанги миллии тоҷикӣ-форсӣ, балки барои илму маънавиёти башарӣ низ хидматҳои шоиста анҷом диҳанд. 

Мероси маънавии бузургони мо — Зартушти бузург, Куруши Хаҳоманиш, Монии рангинқалам, Салмони Форс, Эмоми Аъзам, Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синову Носири Хисрав, Фахри Розию Абурайҳони Берунӣ, Саъдиву Ҳофиз, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Низомии Ганҷавию Ҳоқонии Шервонӣ, Бедилу Иқболи Лоҳурӣ, Аҳмади Донишу      Садриддин Айнӣ ва ҳазорон адибу ҳакимон ва олимону зиёиён нуру зиёи илму адаби тоҷикро бо ганҷинаҳои маънавии худ музайян намудаву вориди мактаби фикрии ҷаҳонӣ намудаанд. Маҳз аз ин хотир, Аллома Иқбол таъкидан гуфта буд:

 

                                           Баргу сози мо китобу ҳикмат аст,

                                           Ин ду қувват эътибори миллат аст.

 

Шоистаи таъкид аст, ки новобаста аз ғановати адабӣ ва мероси пурарзиши фарҳангӣ гоҳе тундбоди таърих ва дасисаҳои бадхоҳон ҷаҳолатро бар нуру зиё воло гузошта, тухми кинаву нифоқ ва кудурату ҷаҳолатро дар миёни ҷомеа равнақ медиҳанд, ки китобу китобдорӣ ва китобхонию адабпарварӣ то ҷое аз доираҳо берун мемонад. Ҷойи фарҳанги асил, маънавиёти воло ва санъати ноб музахрафоти биёбонӣ ва жожу мажожҳои хиёбонӣ пешсаф мегарданд. Бешубҳа, ин рӯзу рӯзгор ва ин сарнавишти талхро низ дар замони нобасомониҳои таҳмилӣ гувоҳи комил гардидаву таҷриба намудем.

Ҳарчанд халқи тоҷик бо хиради ирсӣ ва талошҳои фарзанди фарзонаи худ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишварро аз чанголи хаффошони миллаткуш раҳо намуда, давлатро аз бозиҳои абарқудратҳо наҷот дода тавонистанд, вале таъсири ногувори даврони ҷанги таҳмилӣ дар зеҳни ҷомеа то имрӯз низ боқӣ мондааст. Зеро сарони гурӯҳҳои ифротию иртиҷоӣ дар ҳар маконе, ки пойи худро гузошта буданд, дар солҳои ҷангҳои таҳмилӣ аксари китобхонаҳоро ба нестӣ расонида, фарҳангу маънавияти муосирро қариб маҳв карда буданд, ки ба зеҳнияти насли наврасу ҷавон таъсир намуда, онҳоро то андозае аз мутолеаи китоб дур намуда буд. 

Ҷиҳати баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ, такмили захираи луғавӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавии ҷомеа           Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амр доданд, ки озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” (аз 9 феврали соли 2019 таҳти №АП-1165) баргузор карда шавад. 

Озмуни мазкур аз соли 2019 дар миёни тарбиятгирандагону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабиву миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун баргузор шуда, хушбахтона, ҳамасола сафи иштирокдорони ин сабқати фарҳангӣ меафзояд.

Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҳамасола аз рӯйи шаш номинатсия, адабиёти кӯдакон ва наврасон, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм ва эҷоди наср баргузор мегардад.

Соли 5-ум аст, ки озмуни мазкур таҳти сарпарастӣ ва роҳбарии бевоситаи Пешвои муаззами миллат баргузор мегардад ва боиси шодмонист, ки ихлоси мардумро ба ин ганҷи арзишманд зиёд намудаву таваҷҷуҳи ҷомеа ба китобу китобхонӣ барҷастатар гардидааст.

Банда аз нафарони хушбахтам, ки дар 5-солагии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар номинатсияҳои “Эҷоди назм” ва “Эҷоди наср”, дар ташкил ва баргузор намудани он аз ҷониби Вазорати маориф ва илми кишвар масъулият доштам. Имсол даври ниҳоии сабқати мазкур, аз 30 октябр то 15 ноябри соли равон дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт. Ҳарчанд дар даври якуми озмун дар саросари ҷумҳурӣ 239 ҳазору 657 нафар довталаб иштирок намуда бошад, дар даври дуюми озмун 47 ҳазору 51 нафар довталаб иштирок намуда, 3506 нафар ба даври сеюм роҳ ёфтанд. Дар даври ниҳоӣ, вобаста ба шаш номинатсия, 528 нафар довталаб бо шавқи баланд ва талоши фарогир иштирок карданд. Яъне, аз миёни ҳар 453 довталаби даври якум як нафари онҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифта, ба саҳнаи рақобати зеҳнӣ ворид гардид.

Рӯзи аввал аз рӯйи номинатсияҳои адабиёти кӯдакон, адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти ҷаҳон озмун оғоз гардид. Маврид ба зикр аст, ки шароиту имконоти зарурӣ барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани озмун фароҳам оварда шуда, дастгоҳу васоити техникӣ, аз қабили монитору компютер ва ноутбукҳо дар хидмати довталабону ҳакамон ва падару модарони иштирокдорони озмун қарор доштанд. Чун ҳарсола падару модарон ба василаи монитор дар ҳуҷраи алоҳидаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳорат ва дониши фарзандони худро аз рӯйи ҳамаи номинатсияҳо тамошо мекарданд ва дар раванди ташкилу баргузории озмун ба таври шаффофу одилона Ситоди ҷумҳуриявии озмун таҳти сарварии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён амал менамуд.

Камина дар ҷараёни озмун сабқати иштирокдорони номинатсияҳои эҷодҳои назму насрро мушоҳида мекардам. Иштирокдорон аз ҳар гӯшаву канори кишвар ҷамъ омада, яке дар изтиробу бархе худро дар фазои эҷодӣ тасаввур намуда, бо илҳом худ ба худ шеър мехонданд ва ё чизе эҷод мекарданд. Ҳамагӣ дар ҳоли мусобиқа бо ҳамтоёни маънавии худ қарор доштанд. Яке баромад мекарду дигаре омодагӣ медид. Аъзои ҳакамон аз ҳар номинатсия бо чеҳраҳои кушодаву табассуми малеҳона ба довталабон суол медоданду ҷавоб мегирифтанд. 

Ҳар нафар дар ҳар бахш масруфи омодагӣ, баромад ва ё тамошои ҳамтои худ буд. Фазои Китобхонаи миллии Тоҷикистон, саҳни ҳавлӣ ва толорҳои ин макони маънавӣ идгоҳи бузургеро мемонд. Аз ҳар гӯшаву канори мамлакат меҳмонон дар ин ҷо ҷамъ шуданд. Аҷибтар ҳамин буд, ки кӯдакони синфҳои поёнӣ бо лаҳни ширину шево баромад мекарданд ва бо ишораҳои нозанини худ ба ҳакамони озмун саломнома мефиристоданд.

Дар баъзе ҳолатҳо ман мутаҳҳайир мешудам, ки чаро аъзои ҳакамон ҷиҳати имтиҳон бо баъзе иштирокдорон содатар муносибат мекунанд. Яъне, ин даври ҷумҳуриявии озмун аст ва ба гуфти омма бояд “Аз элак бехтан”-ро монад. Вақте ба раиси ҳакамони номинатсияи эҷоди наср Сироҷиддин Икромӣ ин суолро пешниҳод кардам, гуфт:

— Мо, ҳайати ҳакамон вобаста ба синну соли довталабон бо онҳо бархӯрд мекунем. Яъне, бо мактаббачагони хурдсол ва бо донишҷӯёну калонсолон саволу ҷавоб фарқ мекунад. Шумо, ки тӯли чанд рӯз аст бо мо ҳастеду мушоҳида низ мекунед, аксари аз довталабон каммутолеа ҳастанд. Барои нависанда шудан, пеш аз ҳама, хонандаи хуб будан лозим ва ин ҳолат моро зиёд нигарон кардааст. Ин равандро дида, албатта, мо аъзои ҳакамони номинатсияи “Эҷоди наср” ба хулосае омадем, ки барои соли оянда ба довталабони ин номина рӯйхати адабиёти ҷаҳону классику кӯдаконаро низ илова намоянд ва довталаб ҳангоми баромади худ, мисли дигар номинатсияҳо, рӯйхати адабиёти мутолеанамудаашро низ ба мо пешниҳод намояд. 

Баҳманёр Муродӣ, котиби масъули нашрияи адабии “Садои Шарқ” узви ҳайати доварони номинаи мазкур ба саволи болозикри мо чунин посух дод:

— Агарчи теъдоди иштирокдорони имсола назар ба соли қаблӣ камтар ба назар мерасид, вале аз рӯйи сифат омодагӣ беҳтар буд. Аз ҳар як довталаб метавон як ҷумлаи зебо ва ё як калимаи нав дарёфт намуд. Ман ҳамеша ва дар ҳар ҷо таъкид менамоям, ки барои нависандаи хуб шудан хондани зиёди осори бадеӣ дар ҷойи аввал меистад, ки мутаассифона, баъзе иштирокчиён ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд. Эҷодкор пеш аз эҷод кардан, бояд хонанда бошад. Аз адабиёти классику муосиру ҷаҳон огоҳии комил дошта бошад. Ҷиҳатҳои мусбат низ зиёд буданд, хусусан, як масъалаи хушҳолкунанда дар довталабони имсола ҳамин буд, ки дар навиштаи онҳо назар ба соли қабл хатоҳои имлоиву забониву дигар сарфу наҳв кам дида мешуд.

Фаррух Ҳотамов, магистри бахши аввали Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, ки аз довталабони номинатсияи эҷоди наср ба шумор мерафт, баъд аз баромади хеш назари худро ҷиҳати раванди озмун изҳор дошт: “Боиси ифтихор аст, ки тӯли 5 сол дар кишвар ин озмуни фарҳангӣ таҳти сарпарастии Пешвои муаззами миллат дар сатҳи баланд ва бо тамоми шароит давом ёфта истодааст. Ман соли аввал аст, ки дар озмун иштирок  ва эҷодиёти худро пешкаши доварон намудам. Баромадам аз ҷониби ҳакамон баҳои хуб низ гирифт ва ман соҳиби ҷойи сеюм гардидам. Ҷиҳати ислоҳи камбудӣ ва нозукиҳои нигорандагӣ, ки аз ҷониби доварон эрод гирифта шуд, минбаъд дар оянда кӯшиш менамоям, ки онҳоро бартараф кунам”.

Лоиқи зикр аст, ки дар рафти озмун, ҳамарӯза вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода ба ҳар як толоре, ки миёни довталабон сабқат ҷараён дошт, даромада, бо доварону иштирокдорон ҷиҳати камбудиву пешрафти озмун ва масъалаҳои ҷойдошта суҳбат мегузаронид ва ба аъзои ҳакамону дигар масъулони озмун барои шаффоф ва воқеъбинона баҳогузорӣ намудан таъкидҳо мекард. Ҳамчунин, Зиёдулло Абдулзода муовини вазири маориф ва илм низ  ҳар рӯз аз рафти баргузории ҳар номинатсия дидан намуда, ба кормандони Вазорати маориф ва илм, аз ҷумла, Наврӯз Ҷумъазода – сардори Маркази матбуоти вазорат ва дигар ҳамдастагонаш ҷиҳати таблиғу ташвиқи озмун дар шабакаву сомонаҳои интернетӣ дастуру супоришҳо медод. Ҳамарӯза аз ҷониби кормандони Маркази матбуоти вазорат раванди озмун аксбардорӣ шуда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди таблиғ қарор мегирифт.

Дар рӯзҳои охири озмун дар толори Китобхонаи миллӣ бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён маросими супоридани нишони «Маърифатпарвар» ба падару модарон, нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ба омӯзгорони ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», мукофоти пулӣ, сипосномаҳои Вазорати маориф ва илм, мукофоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба иштирокдорони даври чоруми озмуни мазкур, ки ҷойҳои ифтихориро сазовор гардиданд, баргузор шуд ва ба як қатор иштирокдорони фаъоли озмун, хусусан, 26 нафар пиронсолу ятим ва шахсони имконияташон маҳдуд, нафароне, ки ҷойҳои ифтихориро сазовор шудаанд, «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илм ва туҳфаҳои пулӣ тақдим гардид.

Бояд ёдовар шавам, ки дар рӯзҳои баргузории озмун як иқдоми хуби дигар аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид. Тӯли 13 рӯз иштирокдорон ва омӯзгорони озмун аз маконҳои таърихӣ, осорхонаҳову театрҳо, боғу гулгаштҳо дидан намуданд, ки барои ҳар кадоми онҳо ин саёҳатҳо хотирмону мондагор буданд ва барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию зебоипарастияшон нақши назаррас гузошт. 

Маросими тантанавии ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 15 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ доир гардид. Дар оғози чорабинӣ раиси комиссияи озмуни мазкур, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён тазаккур дод, ки таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавии тамоми сокинони мамлакат соли панҷум аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад. Ин иқдоми бузурги Пешвои муаззами миллат тавонист, ки таваҷҷуҳи тамоми сокинони мамлакатро ба китобу китобдорӣ ва китобхонӣ равона созад. Аз ин ҳама дастгириҳои бемислу падарона маълум мегардад, ки Пешвои муаззами миллат дар роҳи тарбияи насли наврасу ҷавон дурандешу оянданигар ҳастанд ва бо ин иқдоми шоиста меҳри китобу китобхониро дар дили ҳар як фарди тоҷик боз ҳам фузунтар мегардонанд. 

Ҳамин гуна, ҷамъбасти озмун нишон дод, ки дар он 121 нафар аз шаҳру навоҳии кишвар соҳиби ҷойҳои якуму дуюм ва сеюм гардиданд. Аз ҷумла, иштирокдорон аз шаҳри Душанбе соҳиби 49 ҷой, вилояти Суғд 27 ҷой, вилояти Хатлон 24, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 15 ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон соҳиби 6 ҷой гардиданд.

Дар маҷмуъ, Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки як сабқати зеҳнӣ мебошад, тӯли 5 соли баргузорияш насли ҷавону калонсолро ба мутолеаи китоб ва осори адабию фарҳангӣ ҷалб намуда, сафи аъзои китобхонаҳоро низ ба маротиб зиёд кардааст. Тибқи иттилои директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷумахон Файзализода, тайи чанд соли баргузории Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тамоюли ҷавонону наврасон ва умуман, аҳолии кишвар ба мутолеаи китоб хеле зиёд шудааст. Аз китобхонаҳои шаҳрию ноҳиявии ҷумҳурӣ ба мо зиёд муроҷиат менамоянд, то барои ғанӣ гардонидани фонди китобхонаҳояшон кумак намоем.

Дар давоми 5 сол тибқи ҳисобҳо беш аз 2 миллион наврасу ҷавон ва шаҳрванди касбу кори гуногун дар ин озмун ширкат намудаанд, ки қадами бузургу устувор ва оянданигарона дар роҳи тарбияи маънавии аҳолӣ ва ҳифзи осори ниёгони тоҷик мебошад.

Дар замоне, ки дар ҳар гӯшаи дунё хабар аз ҷангу қатлу оташу хун меояд, бо сарпарастӣ ва дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  гузаронидани ин навъ озмунҳои зеҳнию илмӣ фазои кишвари моро бо атри маънавият муаттару бо дастагулҳои илмию фарҳангӣ музайян намудааст. 

Дар ин бора Шоири халқии Тоҷикистон Рустам Ваҳҳобзода бамавқеъ гуфтааст:

 

                                                     Фурӯғи коинот аз офтоб аст,

                                                     Фурӯғи одамият аз китоб аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *