Абдухолиқи набавӣ,
ходими пешбари илмии Институти забон ва
адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Масъалаи алифбои забони тоҷикӣ ва табдил шудани ба такрори он дар як маҳдудаи замонӣ масъалаи ҳассос дар таърихи илми забоншиносии тоҷик буда, баъзан ин мавзуъ аз масъалаи таърихӣ ба муаммои илмӣ мубаддал мешавад. Ин нигошта метавонад барои устодони забон ва адабиёти тоҷик ва ҳаводорони таърихи забони тоҷикӣ дастури шоистаи иловагӣ бошад.

Яке аз масъалаҳое, ки дар солҳои ошкорбаёнии замони Шуравӣ ва дар даврони Истиқлол низ дар сари забони мардум афтод ва то ба имрӯз аз ҳар ҷониб садо дода меистад (бадбахтона, ба ин маърака баъзе аз намояндагони аҳли зиё низ шарикати фаъолона доранд), масъалаи мақоми устод Садриддин Айнӣ дар табдили алифбои форсии тоҷикӣ ба алифбои лотинӣ мебошад. Ба бовари эшон ташаббускору пешқадами ин маърака маҳз устод Айнӣ будааст. Яъне, чунин фазо сохта мешавад, ки гӯё Айнӣ дар ин маврид аз гунаҳгорони асосӣ мебошад. Ҳарчанд ин қазия аз ҷониби хеле аз уламои тоҷик, ба мисли устод Муҳаммадҷони Шакурӣ, Толиб Ваҳҳобов, Сайфиддин Назарзода, Муҳаммадюсуф Имомов ва муаллифи ин сатрҳо бо далелу бурҳони илмӣ ва таърихӣ рад карда шуда бошад ҳам, вале «зиёиён»-и аз асли масъала ноогоҳ ва гӯё миллатдӯстони эҳсосӣ, ки ба мутолиаи аснод ва мақолаҳои чопшуда хоҳише надоранд ва ё эҳсоси худро пахш кардаву ба ҳақиқат ҳеч бовар карда наметавонанд, гӯё бо ҳамин роҳи содаву ғалат табли миллатгароӣ мезананд. Бояд гуфт, ки чунин ҳангомасозии омиёна ҳам барои илм ва ҳам барои миллат зарари ҷиддӣ дорад. Ба назар чунин мерасад, ки барои баъзе аз афрод як ҳақиқати бебаҳсро бояд, ки такрор ба такрор гӯшрас намоӣ, то зеҳни эшон аз ин ифроту тафрити андеша пок шавад ва дар мантиқи муҳокимаҳои онҳо риояи эътидол ба меъёри муқаррарӣ ворид гардад…
Аммо дар мавриди мақоми устод Айнӣ оид ба табдили алифбо ҳамин нуктаро таъкид кардан лозим аст, ки агар устод мехост ҳам аз уҳдаи ин амал баромада наметавонист. Воқеан, чунонки борҳо таъкид шудааст, Айнӣ аз ибтидои аср ба роҳи танвири афкор ва ислоҳи маориф даромад ва дар ин масъала кӯшиш ба харҷ дода, дар ташкили мактабҳои нав иштирок намуд, китобҳои дарсӣ навишт. Аммо дар ҳеҷ куҷо ба хотири ислоҳи таълиму маориф аз табдили хат ва ё ислоҳи он сухан ба миён наовардааст. Айнӣ ҳатто ба ислоҳи алифбои арабиасос, ки ӯзбекҳо амалӣ карданӣ шуданд, ҳеҷ ибрози андеша накард ва шояд ба эътирозе, ки маҷаллаи «Шуълаи инқилоб» нисбат ба ин масъала дошт ва ӯ дар он ҷо муаллифи фаъол буд, ҳамфикр буд. Яъне, то замони ба арсаи баҳсу муҳокима ва умуман оғози ҷараёни табдили хат (алифбо), ки аз солҳои 1922-1924 дар давлати Шуравӣ оғоз шуда буд, Айнӣ дар ин мавзуъ ҳеҷ гуна назаре иброз надоштааст. Аслан тоҷикон, бо кадом сабабе, ба ин ҷараён аз ҳамаи ҷамоҳири собиқ Шуравӣ баъдтар, фақат дар охири соли 1927 дохил шуданд.
Аммо чанд лаҳза аз таърихи масъала
Дар воқеъ, масъалаи забон ва такомулу таҳаввули он, табдили хат, шакли навишт ва имлои осон аз қазияҳои ҳамешагӣ барои рӯшанфикрони ҷомеа, бахусус, рӯшангарони Шарқ будааст.
Масъалаи мазкур дар Замони Нав (мо замони ба ҷараёни инкишофоту инқилоботи асрӣ ва ба роҳи интибоҳу таҷаддуд даромадани мардумони Шарқи исломӣ ва мустамликаро ҳамин тавр тавсиф кардем — А. Н.) хеле ҷиддӣ ва ҳассос ба майдон баромад. Агар ба маълумотҳое, ки дар матбуоти солҳои 20-30 ба табъ мерасиданд, бовар кунем, пас ин руҳия ва хоҳиш тамоми мамолики Шарқ — чи Шарқи Дур ва чи Шарқи мусулмониро фаро гирифта буд ва дар саргаҳи он афроди мушаххасе меистоданд. Гӯё фикри осон кардан ва ё табдили алифбо аз нимаҳои асри XIX инҷониб дар мамолики Шарқ — Эрон (Малкумхон), Озарбойҷон (Мирзо Фатҳалӣ Охундов), Туркия (Мустафо Камол – Камолпошшо) ва ҳатто, дар Мисру Ҳиндустон ва Чину Ҷопон гоҳ-гоҳ сар мезад, аммо аз сухан ба амал табдил наёфта мемонд.
Масалан, Мирзо Маклумхон — донишманд ва сиёсатмадори эронӣ дар даҳаи ҳаштуму нуҳуми асри ХIХ пас аз санҷидани авзои олам масъалаи табдили алифборо ба майдон мегузорад: «Агар мо алифбои арабиро тарк карда, алифбои лотиниро қабул накунем, тараққӣ кардан ва қатори миллатҳои мутамаддин даромадани мо мумкин нест». Яъне, агар чунин масъала гузорем, ки табдили хати арабиасос ба лотинӣ фақат сиёсати шуравиҳо будааст, пас аз рӯйи адолат сухан накардаем.
Маълум мешавад, ки қазия таърихи дуру дароз дорад ва он ҳам вобастаи мушкилоти азбар кардану хондан ва бахусус, навиштани алифбои арабӣ будааст. Гумон меравад, ки ҳамин масъала дар замони Шуравӣ низ ба миён омад, вале дар амалияи ин кор, вобаста ба ғаразҳои сиёсии ломазҳабии шуравиҳо, он ба мақсадҳои мафкуравию маънавӣ пайваст ва оқибаташ, чунонки мепиндоштанд, на хуш, балки дар бисёр маврид риққатовар анҷом гирифт. Аммо таваҷҷуҳ ба тағйиру ислоҳи алифбо ва дар алоқа бо он масъалаи чигунагии забони адабии муосир дар имперотурии Русия пас аз Инқилоби Октябр оғоз гардид.
Ин масъала дар оғоз хусусияти умумииттифоқӣ дошт ва аз ҷониби сарварони баландпояи давлати Шуравӣ, амсоли В. И. Ленин ва комиссари маориф А. В. Луначарский ба майдон гузошта шуда буд ва ҳатто забони русиро низ фаро мегирифт. Вале дар масъалаи табдили алифбои русӣ ба лотинӣ Ленин саросема нашуданро тақозо карда буд. Шояд ба ҳамин сабаб аст, ки агарчанде соли 1929 дар ин маврид комиссияи махсус ташкил дода шуд ва дар рӯзномаҳои «Учительская газета» ва «Литературная газета» таҳти унвони «Алифбои байналмилалӣ» мақолаҳо ба табъ расида, Шурои олии илмӣ бо сарварии профессор Яковлев корҳои тайёрӣ сар карда буд, вале он бо дарназардошти мулоҳизаҳои Ленин, аз ин марҳала боло нарафт. Аммо кор нисбат ба онҳое, ки алифбои арабиасос доштанд, ранги дигар гирифт.
Дар аввали солҳои 20 дар сатҳи умумииттифоқ барои ба тартиб даровардани «сохтмони забонҳо» ва ё ба зери назорат гирифтану роҳбарӣ кардан ба ин раванд дар назди Президиуми шурои миллии КИМ ҶШСС маркази илмие бо номи Кумитаи марказии умумииттифоқии алифбои нав (ВЦКНА) ташкил шуда буд. Тибқи маълумот дар ин ташкилот уламои салоҳиятдори забоншинос, арбобони ҳизбӣ ва ҷамъиятӣ ҷамъ омада буданд ва Кумита салоҳиятҳои фароху буҷаи худро дошт. Аҳли илм қайд кардаанд, ки «Вазъияти забоние, ки дар солҳои 20 ва ибтидои солҳои 30 дар СССР ба вуҷуд омад, то ба имрӯз ба сифати намунаи беҳтарини амалӣ кардани сиёсати забонӣ дар як мамлакати сермиллат мемонад». Аммо аз нимаи солҳои сӣ дар муносибат ба забонҳои миллӣ шарту шароити дигаре пеш гирифта шуд, ки он моҳиятан аз мақсадҳои дар назди Кумитаи алифбои нав гузошта шуда, сар тофтан, балки бар хилофи он амал кардан буд. Аслан дар чанд соли охир дар ин хусус бисёр навиштаанд ва банда низ дар китоби худ бахшида ба фаъолияти Нарзуллои Бектош (“Нарзуллои Бектош ва илму адаби солҳои 20-30”. — Душанбе: Ирфон, 2004.) ба қадри имкон аз он ёдовар шудаам, ки ҳоҷат ба такрор нест.
Ҳамин тавр, аз соли 1922 ба баъд, бахусус, туркони озарӣ ба таври ҷиддӣ аз паи ислоҳи алифбо шуда, солҳои 1924-1926 корҳои зиёде анҷом доданд ва дар ҷаласаи умумитуркии «Туркшиносӣ» (Боку, феврали соли 1926) қатъан ба алифбои лотинӣ гузаштанро эълон доштанд. Ҳоло дақиқан маълум нест, ки аз ҷониби кӣ — «туркони озарӣ» ё «доҳиёни пролетарӣ» масъалаи тағйири алифбо ба як масъалаи муҳимми сиёсӣ табдил дода шуда буд. Ленин ба сарвари Озарбойҷон Самад Оғомуалӣ уғлӣ гуфта будааст, ки «дигар кардани алифбо дар Шарқ баробар ба инқилоб мебошад». Ва ҳатто, сарвари мазкури Озарбойҷон ба маъракаи амалӣ кардани сиёсати забонӣ ва табдили алифбо дар ҷумҳуриҳои миллӣ ба сифати роҳбар интихоб шуда буд.
Аз соли 1926 аксари ҷумҳуриҳои туркӣ, аз ҷумла, Ӯзбекистон, ки Тоҷикистон дар таркиби он ҷумҳурии худмухтор буд, алифбои лотиниро қабул карданд. Ҳамин тавр, масъалаи дигар кардани алифбо барои тоҷикон низ ба масъалаи давлатӣ ва сиёсӣ табдил ёфт ва баъди ин Анҷумани якуми шуроҳои Тоҷикистон соли 1926 дар асоси маърӯзаи Аббос Алиев дар бораи қабули алифбои нав қарор қабул кард. Ин қарор дар нахустин Анҷумани муаллимони Тоҷикистон дастгирӣ ёфт, вале ба «сабабҳои маънавӣ ва моддӣ» чанд муддат ин кор ба таъхир андохта мешавад ва Комиҷрояи марказии Тоҷикистон бори дигар ба ин масъала баргашта, аз 17 сентябри соли 1927 таҳти рақами 35 қарори алоҳида қабул менамояд.
Бинобар ин, фикру ақидаҳои баъзе ҳангоматалабон, ки дигар кардани алифборо бо ташаббуси шахсони алоҳида, масалан Айнӣ ва дигарон мебанданд, дурӯғи маҳз асту бас. Хусусан, «демократтарошҳои эҳсосотӣ» дар замони бозсозӣ, аз пайи эшон ҷавонони ноогоҳ аз таърихи масъала ва баъзе афроди ҳангоматалаб имрӯз низ ба ҳамин гуна гуфтугузорҳои ғайриҷиддӣ аз худ рӯшанфикру озодандеш сохтан мехостанд ва мехоҳанд. Ҳол он ки ҳуҷҷатҳои сиррӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки бо роҳи тағйири алифбо рафтани донишмандони гарму сарди зиндагиро дидаву санҷида кори содае набудааст. Ба ин ҳуҷҷат диққат диҳед, ки ОГПУ дар Осиёи Миёна соли 1926 ба раиси бюрои Осиёимиёнагӣ Зелинский пешниҳод карда буд: «Муносибати доираҳои миллӣ ба ин масъала (табдили алифбо — А.Н.) чун пештара хайрхоҳона нест, ҳарчанд ки расман дар бораи зарурати ҷорӣ намудани алифбо изҳори ақида мекунанд. Чунин ақида мавҷуд аст, ки алифбои нав «таҳқир, мазҳакаи лухтакӣ аст…».
Дар ҳамин гирудорҳо Абдурауфи Фитрат ба таври расмӣ муносибати худро ба алифбои нав ба андозае тағйир дод. То чӣ андоза самимӣ будани Фитратро аз изҳороти вай фаҳмидан мумкин аст, ки «дар вазъияти ҳозираи ман илоҷи дигар нест» гуфтааст. Ба ақидаи Абдулвоҳид Бурҳонов (Мунзим — А.Н.) «баъди ҷорӣ намудани алифбои нав… тамоми мардуми босаводи ҷаҳони мусулмонӣ бесавод гардиданд. Зеро адабиёт бо алифбои нав барои вай дастнорас гардид» (Дар ин бора ниг. А. Набавӣ. Нарзуллои Бектош ва илму адаби тоҷикии солҳои 20-30. — Душабе: Ирфон, 2004).
Ва чун барои ин мардони соҳибандеша ило-ҷи дигаре намонда буд, аз ин амри иҷборӣ барои амалӣ кардани мақсадҳои маорифпарварона ва ислоҳотхоҳонаи худ истифода кардан хостанд ва барои аз ҷиҳати илмӣ асоснок ва аз лиҳози маънавӣ самарабахш анҷом додани ин маърака кӯшиш ба харҷ доданд. Вагарна устод Айнӣ бо аксари ҳамсафонаш то охири умр аз алифбои арабӣ рӯ нагардонидаанд: Айнӣ худ тамоми осорашро бо ҳамин алифбо таълиф кардааст ва аксари дигар ҳамсафону шогирдонаш низ.
Ҳамин тавр, соли 1927-1928 дар Тоҷикис- тон масъалаи иваз кардани алифбо ҷиддан ба миён омад. Яъне, ба ҷойи ислоҳоти таълим, ки он ҳам дар замони аморат ба қавли Айнӣ кори осону бедардисар набуд, масъалаи ивази алифбо ба миён омад. Чун қазияи мазкур низ аз масъалаи маориф ва илму фарҳанг берун шуда, ба проблемаи сиёсии инқилоби маданӣ ва сохтмони сотсиалистӣ табдил ёфт, ба аҳли фарҳанги тоҷик дигар роҳе намонда буд, ки ба ин ҷараён (аз ҳама охир) пайваста шаванд. Эшон кӯшиданд, ки ин алифбои наве, ки бояд ҷорӣ шавад, ҳеҷ набошад дар шакли хуб ва содаву осонтар, ба табиати овоии забони тоҷикӣ мувофиқ сохтаву манзури мардум гардад ва Айнӣ, Фитрат, Лоҳутӣ, Манофзода, Раҳим Ҳошим, Нисор Муҳаммад, профессорон Семёнов, Фрейман, Мунзим, Бектош, Бурҳониддин Икромӣ, Обид Исматӣ ва боз уламои дигари ховаршинос дар ин маърака иштироки фаъолона доштанд. Аз ҷумла, устод Айнӣ таъкид кардааст, ки «…вақти он расид, ки масъалаи алифбо ҳам ҳал шавад». Фитрат навишта буд, ки «Мумкин нест, ки Тоҷикистон низ аз ин масъала муассир нагардад».
Аксари иштирокдорони мубоҳиса, аз Нус- ратулло Махсум — Садри Кумитаи Иҷроияи Марказии Тоҷикистон сар карда, то муаллимону хонандагони қаторӣ бар ин буданд, ки табдили хат ҳам аҳаммияти сиёсӣ, бахусус, иқтисодӣ дорад, ҳам барои саводнокии умумиро ба зудӣ ҳал кардан ёрӣ расонда, дар натиҷа моро зудтар ба сарманзили мурод мерасонад ва ҷомеаро барои баҳравар шудан аз шаҳди пешрафтҳои асрӣ кумак менамояд.
Бо ин мақсад аввал лоиҳаи алифбои Фитрат таълифу нашр гардид ва баъд лоиҳаи профессор Семёнов чоп шуда, ҳарду ба муҳокима гузошта шуданд. Дар атрофи лоиҳаҳои мазкур баҳсҳои пуршиддату доманадоре, бахусус, миёни Семёнов, Фитрат, Лоҳутӣ, Санҷар, Бектош ва дигарон ба амал омад. Мақсади асосӣ ҳамин буд, ки дар алифбои нави тоҷикӣ ҳуруфи лотинӣ ба як ҳол дароварда шавад, ки тамоман ба махраҷи тоҷикӣ мувофиқ бошад, ба овозҳои дар лотинӣ набуда бе вайрон кардани асоси лотинӣ шакли нав сохта шавад ва ба шаклҳои зиёдатии алифбои туркҳо, ки ба забони тоҷикӣ бегона аст, қатъан роҳ дода нашавад, ба овозҳои махсуси забони тоҷикӣ шакли нав сохта шавад.
Баҳсҳои мазкур зери роҳбарии Кумитаи марказии алифбои лотинӣ сурат мегирифт ва он масъалаҳоро дар ҷаласа ва конференсияҳои худ ба миён гузошта, баррасӣ мекард ва хулосаҳо мебаровард. Пеш аз конференсияи ҷамъбастӣ, 10 октябри соли 1929 маҷлиси машваратӣ бо намояндагони конференсия баргузор мегардад ва дар он лоиҳаи алифбои профессор Фрейман пешниҳод ва аз тарафи аксарияти иштирокдорони маҷлиси машварат қабул карда мешавад. Баъд, 28 октябр, Конференсияи якуми алифбои нави тоҷикӣ баргузор мегардад ва дар натиҷаи баҳсҳои сешабонарӯза лоиҳаи Фитрат дар асоси лоиҳаи Фрейман такмил карда, алифбои нави тоҷикӣ қабул карда мешавад.
Ҳамин тавр, шакли мукаммали алифбои нави лотинии тоҷикӣ, ки дар Конференсияи Тошканд (1929) қабул шудааст, ба ин тартиб буд:
O — آ, B – ب , C – چ , G -ج , D — د, E -اِ , A -اَ, F –ف, g — گ , Y -غ , h -ح , i – «и»-и кӯтоҳ, ī — «и»-и дароз, j -ي , k — ك, I – ل , m -م , n -ن , P — پ , q – ق , r -ر , S — س , Š — ش , t – ت , u – «у»-и кӯтоҳ, ū — «у»-и дароз, ů — «у»-и ғавс, v -و , x -خ , z – ز , ƶ – ژ , (‘) опуструф (ниг. маҷаллаи «Раҳбари дониш, 1929, №2-3). Аммо дар Анҷумани илмии забоншиносӣ ů — вови маъруф (ғавс)-ро бо ū як донистанд; « i » ва « ī» ҳамчунон ки интихоб шуда буданд, монданд, барои غ шакли «q» мувофиқ дониста шуд. Ҳамчунин, анҷуман истифодаи ҳарфи калонро қатъӣ ҳисобид. Ниҳоят, алифбои нави лотинии тоҷикӣ дар шакли охираш даромад, ки дар заминаи савтиёти забони тоҷикӣ сохта шуда буд.
Албатта, дар бораи неку бади табдили алифбои тоҷикӣ ба лотинӣ чизҳои бисёре гуфтан мумкин аст: он моро аз мероси бои гузаштаамон бурид, як қишри муҳимми босаводи аҳолиро, ки бо алифбои арабиасос хондаву навишта метавонистанд, бесавод кард ва ғайраву ва ҳоказо. Вале агар хоҳиши ҷиддӣ мебуд ва давлати Шуравӣ дастури гузаштазудоӣ ва ломазҳабиро пеш намегирифт, шояд тамоман набошад ҳам, як қисм аз ин мушкилотро як андоза сабук паси сар кардан мумкин мегардид.
Аммо масъалаи тағйири алифбо, чунонки дар боло қайд кардем, барои дар сари хусусият ва табиати овоӣ (савтӣ)-и забони тоҷикӣ ба андеша рафтан, илми фонетикаро ба тартиб андохтану ривоҷ додан ва умуман, масъалаҳои забоншиносиро ба таври илмӣ ба миён гузоштан ва омӯхтан сабаб гардид. Чунонки аз гуфтаҳои боло маълум гардид, баҳсу талошҳои аҳли илму адаби тоҷик ҳарчанд аз эҳсоси навҷӯёна холӣ набуданд, вале дар онҳо мулоҳизаҳои ҷиддӣ хеле бисёр ба назар мерасад. Ва ин таҷрибаро бо ҳама баду некаш дидану баррасӣ кардан, минбаъд низ чун масъалаи ислоҳи алифбои нав ба миён ояд ва ҳатто, агар замоне ба алифбои арабиасос баргардем ҳам, ба ҳисоб гирифтан аз манфиат холӣ нахоҳад буд… Яъне, дар ин маврид ҳам устод Айнӣ ба таври худ барои табдили хат ҳеҷ кӯшише ба харҷ надодааст, балки чун вазъият танг омада, ҳама ҷамоҳири Шарқи мусулмонии Шуравӣ ба алифбои лотинӣ гузаштанд (оё ба ин амал ҳам Айнӣ гунаҳгор буд?!), уламои тоҷик, аз ҷумла, Айнӣ барои сохтани алифбои лотинии ба табиати овоии забони тоҷикӣ хос ва шаклан осон кӯшиш карданд ва ба ин васила низ ба мардуми худ хидмати сазовор намуданд!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *