Ситора ШОДИЕВА,
сармутахассиси шуъбаи тарбия ва кор бо ҷавонони Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи
ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ
Дар баробари Истиқлоли давлатӣ барои мардуми мо Ваҳдати миллӣ неъмати бебаҳо ва муқаддас аст. Бидуни шубҳа, ягонагии миллат иқтидору нуфузи миллат мебошад, ки инро имрӯз ҳамаи мо шоҳидем. Ҳикмати бузургон аст, ки иттифоқи мӯрчагон ба шери жаён ғолиб омадааст. Иттиҳоду эҳсоси муҳаббат ба Ватан ва миллат ин зинда будани як миллат аст. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз аз дӯстиву муҳаббати ҳамватанон ҳарф мезананду бо дарназардошти манфиати умум сиёсати хешро ба роҳ гузоштаанд. Маҳз ягонагист, ки имрӯз амалҳои созанда дар партави он сурат мегиранд, Ватани мо обод мешаваду зиндагии мо рӯз то рӯз беҳтару хубтар мешавад.
Ваҳдату дӯстӣ низ мактаб дорад ва онро бо фаросат аз одитарин ҷузъиёти зиндагӣ метавон омӯхт. Чунончи ангубини ширин меҳнати танҳо як ору нест, ҳамдастию сарҷамъӣ, садоқату меҳнат ва ҳалолу покиза зистани кулли оилаи занбӯронро тақозо мекунад.
Ваҳдатро аз фалсафаи об низ метавон омӯхт. Ҳикмати об як намунаи олии ваҳдат аст, зеро агар сад пора ҳам гардад, боз бо ҳам ошност. Об аз қатра иқтидор пайдо кардааст. Ҷамъи қатраҳои об дарёро ба вуҷуд меорад, ки дар роҳи худ ҳама гуна монеаро барҳам мезанад. Қатраҳову дарёҳо баҳру уқёнусҳоро ба вуҷуд меоранд, ки солору орому гоҳҳо хурӯшон қудрати беҳамтоеро дар худ нигоҳ медоранд.
Ваҳдатро аз панҷаи даст метавон омӯхт. Мушт иттиҳоди панҷ ангушт аст. Агар ҷамъ намебуданд, натанҳо иқтидор намедоштанд, балки худро муҳофизат карда наметавонистанд. Ваҳдати миллат бошад, ҷамъияти одамон аст, ки асолати имрӯзу гузаштаи худро ҳифз мекунанду нигоҳ медоранд. Ғофилон дар ин роҳ зуд мағлуб мешаванд. Ҳастанд миллатҳое, ки бо иллати надоштани ваҳдат сарзамину мулки худро аз даст додаанд.
Дӯстиву ваҳдат низ забон дорад ва он ба ягон тарҷумон ниёзманд нест. Ба саҳифаҳои таърих менигарем: танҳо сулҳу сафои халқу миллатҳо гуворову хотирмону сазовори таҳсин аст. Ба ҷангҳову парокандагиҳо ва хиёнатҳо ҳамеша бо чашми нафрат менигарем. Мо як сарзамин дорему миллионҳо нафарем ва ин якпорчагӣ доиман ҳамдил будани моро тақозо дорад, зеро сарзамини кишвар танҳо дар ягонагии ин миллионҳо нафар устувору мондагору яктост.
Маврид ба зикр аст, ки худшиносии миллии мо – тоҷикон тамоми афкори пешқадамеро, ки аз ҷониби аҷдодонамон баён шудаанд ва онҳо дар адабиёти сершумор ва бисёрсоҳа сабт гардидаанд, фаро мегирад. Хусусиятҳои хоси Ваҳдати миллии мо аз риояи адолати иҷтимоӣ дар роҳи сохтмони ҷомеаи демократӣ иборат мебошад.
Бояд зикр намуд, ки Ваҳдати миллӣ иқтидори худшиносии миллиро низ қавӣ намуда, дар фазои ваҳдат мафҳуми худшиносӣ ба шуури миллӣ мубаддал мешавад. Яке аз файласуфони Юнони қадим Суқрот, ки ба масъалаи инсон пардохта буд, вазифаи аввалини ӯро чунин баён намудааст: “Худро бишнос”. Дар ҳақиқат, фарде, ки худашро нашинохтааст, инсони комил шуда наметавонад ва ӯро дигарон ҳам намешиносанд, қадру қиммат ҳам надорад. Миллат ҳам бояд худашро шиносад. Агар масъалаи Ваҳдатро ҳамаҷониба таҳлил намоем, мефаҳмем, ки шинохти миллат низ аз ваҳдат сарчашма гирифта, дар фазои Ваҳдати миллӣ тақвият меёбад.
Мо итминони комил дорем, ки муваффақиятҳое, ки дар тӯли 33 соли Истиқлоли давлатӣ ба даст овардаем, мақоми кишвари моро дар арсаи байнамилалӣ боз ҳам баланд бардошта, дар рушду такомули маънавиёт, фарҳангу маърифат ва Ваҳдати миллии тоҷикон мактаби бузурги ҳаёт хоҳанд гашт.