Ҳасан АЗИЗОВ,
“Маърифати омӯзгор”

Солҳои охир дар кишвари соҳибистиқлолу хуршедии мо Рӯзи ҷавонон бо шукӯҳу шаҳомати хосса ва басо хотирмон таҷлил мегардад. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” низ санаи 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонон сабт гардидааст. Ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтан аз ин санаи муҳим аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишгоҳу донишкадаҳо ва дигар вазорату кумитаҳои дахлдор ҳар гуна конфронс, семинар, мизи мудаввару фестивалҳо ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ — фароғатии сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ баргузор карда мешаванд, ки ҳамаи ин, аз таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ин қишри пешбарандаи ҷомеа мебошад.
Масъалаҳои аслию ҳалталаби ҷавононро, ки як қишри муҳимми ҷомеа маҳсуб мешаванд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози соҳибистиқлолӣ ва расидан ба сулҳу салоҳи миллат дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дода, масъалаи беҳтару хубтар намудани шароити кору таҳсили ҷавононро дар маркази таваҷҷуҳи хеш қарор додаанд. Чунин ғамхориву таваҷҷуҳи ҳамешагии Президенти маҳбуби кишвар аст, ки имрӯзҳо фаъолияти ҷавонон миёни аҳли ҷомеа торафт рушду тақвият ёфта, онҳо дар тамоми самтҳои иқтисодию фарҳангӣ, иҷтимоию сиёсӣ ва илмию адабӣ иштироки фаъолона намуда, тарафдории самимонаву ватанпарастонаи худро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон бо кору рафтори пешқадамонаи худ собит сохта истодаанд.
Боиси ифтихор ва фараҳмандист, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати ҷавононро дар авлавияти кори худ қарор дода, барои дастгирии онҳо тамоми чораҳои заруриро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, барои ҳавасманд гардонидани ҷавонони фаъолу пажуҳанда, ки дар самти таҳқиқоти илмӣ кор мекунанд, таъсис додани Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавонон дар риштаи илм, Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимон ва омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, пешниҳоди имтиёзҳо, додани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба омӯзгорони ҷавон ва стипендияҳои Президентӣ барои аспирантон ва олимони ҷавон, квотаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирӣ ва ҷалби духтарону писарони деҳот ба таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таъсис дода шудааст.
Ҳамзамон, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба роҳ мондани ташаббусҳои навин ва татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешавад. Масалан, ҳамасола аз тарафи Вазорати маориф ва илм озмунҳои “Грантҳои хурд ҷиҳати ҷалби донишҷӯён ба таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва кашфиёту ихтироъкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Навовари беҳтарин” ва “Донишҷӯ ва пешрафти илму техника” гузаронида мешавад, ки дар он донишҷӯёни зиёд иштирок мекунанд. Ҳадаф аз баргузор намудани озмунҳои мазкур, ҷалби ҷавонон ба илм, бедор намудани шавқу завқи онҳо ба донишу худшиносӣ ва ватанпарастӣ, пайдо намудани ҷавонони боистеъдод дар бахши илму маориф, ихтироъкориву навоварӣ мебошад.
Аксари ҷавонони худогоҳу меҳанпарасти кишвар ва ҷавонони диловару ғаюри кишвар дар навбати худ ин ҳама дастгирию имтиёзҳои Ҳукумати мамлакатро дарк намуда, ҳар кадоме дар самтҳои фаъолияти худ самимона кор карда, ҳам дар риштаи илму маърифат ва ҳам дар иқтисоду тиҷорат ва ё дар самти варзиш самимонаву содиқона масъулияти фарзандии худро адо менамоянд.
Дар ҳақиқат, маҳз бо дастгириҳои ҳамаҷонибаи Пешвои муаззами миллат соли 2017 Соли ҷавонон эълон гардид, ки ин як ҷаҳон фараҳу шодӣ барои ҳар як ҷавони кишвар буд.
Ҷавонони кишвари мо бояд кӯшиш намоянд, ки муассисаҳои таълимиро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, таҳсили худро дар муассисаҳои олии кишвар идома диҳанд. Ҳар як ҷавони кишвари мо бояд ба падару модар, инчунин, ба Ватани хеш содиқона хидмат намояд. Дар ҷомеаи имрӯза ҳастанд ҷавононе, ки аз рӯйи нодонӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ шомил гардида, зиндагии ширини худро талх гардонда, худро ба кӯи бадбахтию нокомӣ мебаранд. Ҷавононе, ки ба ин гуна гурӯҳҳо шомил мегарданд, онҳо натанҳо ояндаи хешро тира месозанд, балки падару модари худро низ ба ғаму ғуссаи беинтиҳо гирифтор мекунанд. Хушбахтона, ҷавонони мо ҷиҳати касбу кори муносиб ва ояндаи дурахшони худ аз тамоми шароите, ки дар кишвари азизамон — Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсилу ҳунаромӯзӣ фароҳам оварда шудааст, хубу самарабахш истифода мебаранд ва соҳибкасб гардида, барои гул-гулшукуфии Ватанамон саҳми беандозаи худро мегузоранд.
Маҳз чунин самимият ва иродатмандии насли ҷавони кишвар аст, ки Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихор баён доштанд: “Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд. Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем… Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад”.
Дар ҳақиқат, зери роҳбарии хирадмандонаи Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҷавонони кишвар бо истифода аз шароити муҳайёгардида вазифаҳои худро бо масъулияти баланд иҷро менамоянд ва ҳамчун насли ташаббускору ояндасоз дар саросари мамлакат ба корҳои бунёдгаронаву созанда машғул буда, натиҷаи мондагорро дар кулли соҳаҳо, аз ҷумла, соҳаи илму маориф аз худ боқӣ мегузоранд. Айни замон, тибқи ҳисоботи оморӣ дар ҷумҳурӣ 5869 нафар кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 911 нафар доктори илм, 4800 нафар номзади илм мебошанд, ки беш аз 80 фисадашонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Инчунин, 158 нафар доктори фалсафа (PhD) доктор аз рӯйи ихтисос дар риштаҳои гуногуни илмӣ дифоъ карда, дар самти илму истеҳсолот кор мекунанд. Илова бар ин, дар мамлакати мо 18260 нафар хизматчии давлатӣ фаъолият мекунанд, ки аз ин миқдор 8765 нафарашро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳад.
Ин нишондодҳо далолат аз он аст, ки ҷавонон дар баробари ғамхориҳову дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати мамлакат бетаваҷҷуҳ набуда, балки ҳамеша дар талоши илму навовариҳо ва муаррифии Ватани азизи худ дар арсаи ҷаҳонанд. Чунин дастгириву ғамхориҳост, ки солҳои охир олимони ҷавон ва навҷавонони мо дар озмунҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок карда, сазовори ҷойҳои фахрӣ гашта, бо ин амали некашон номи Тоҷикистони азизро шуҳраи ҷаҳонӣ бахшидаанд.
Бо чунин саъю кӯшиши ҷавонон ҷиҳати рушди Ватани азизамон, бовар дорем, ки ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ минбаъд низ барои гулгулшукуфоӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлол, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи кишвари азизамон ва муаррифии он дар арсаи ҷаҳонӣ тамоми неруи худро сарф мекунанд. Маҳз бо ҳамин ормон ва эътиқод Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мефармоянд, ки “Ҷавононро мебояд амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд”.
Донишмандону ҷомеашиносон бар он назаранд, ки таърихи тамаддун ва дастовардҳои арзандаи кишварҳои абарқудрату мутамаддин собит менамояд, ки омӯзондани насли ҷавон, фароҳам овардани имконоти ташаккулёбӣ ва муҳайё намудани омилҳое, ки ба рушди зеҳнию ҷисмонии онҳо замина мегузорад, асоси рушду пешрафти ҳар кишвар маҳсуб меёбад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *