Илёсиддин НАБИЕВ ,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон


Муаллим, воқеан, симои асосии ҷомеа мебошад. Бо овардани номи ӯ пеши назар марди ғамхору дилсӯз ва мушфиқу меҳрубоне намудор мешавад, ки бе таълиму мактаб ва маориф ҳаёташро тасаввур намекунад, тамоми дороии маънавию ахлоқиашро сарфи шогирдон месозад. Яке аз чунин омӯзгорон Мурод Ҳасанзода мебошад, ки имсол дар арафаи таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ қадрдонӣ гардид.
Мурод Ҳасанзода соли 1961 дар деҳаи Пахтаободи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба дунё омада, мактаби №4-и ноҳияро соли 1978 бомуваффақият хатм намуд. Дилбастагии зиёд ба пешаи омӯзгорӣ ӯро шомили факултаи химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ гардонд.
Дар донишгоҳ шарафи шогирдӣ ба кимиёшиноси маъруф ва шинохтаи тоҷик, доктори илми кимиё, узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон устод Сироҷиддин Бандаев насибаш гашт ва дониши хешро мукаммалу қавитар гардонид.
Соли 1982 дар Олимпиадаи умумииттифоқии “Донишҷӯ ва прогресси илмӣ-техникӣ” дар шаҳри Новосибирск, дар мавзуи “Пайвастагиҳоии симобии дисемил сиклопропанҳо” баромад карда, ҳамзамон, рисолаи дипломиашро низ дар ҳамин мавзуъ ҳимоя намуд.
Пас аз хатми донишгоҳ (соли 1983) фаъолияти омӯзгориро дар мактаби №27-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оғоз бахшид. Дониш, заковат, маҳорати хуби омӯзгориашро ба назар гирифта, баъди ду сол ӯро дар шуъбаи маорифи ноҳия ба ҳайси мушовири фанҳои химия ва биология ба кор қабул карданд. Аммо меҳри мактаб ва шогирдон ӯро баъди ду сол боз ба дабистон баргардонд ва кори омӯзгориро дар мактаби №4 идома дод.
Муаллим дар асоси таҷрибаи собиқадорон ҳамеша пайи омӯзиш, эҷод ва навоварист. Ӯ дарси имрӯзаро бе технологияи муосир тасаввур карда наметавонад. Аз ин рӯ, ҳамеша кӯшиш мекунад, ҳам дарсҳои химияву биология ва ҳам машғулиятҳои лабораториро, хоҳ назариявӣ ва хоҳ амалӣ, тавассути воситаҳои аёнӣ ва технологияи компютерӣ гузаронад. Натиҷаи ин заҳматҳои муаллим аст, ки шогирдон тарзи кор кардан бо зарфҳои химиявӣ, моддаҳои сода ва мураккаби химиявӣ, тайёр кардани ҳар гуна маҳлул ва истилоҳоти олами химияро меомӯзанд.
Ташкилу ба роҳ мондани маҳфилҳо дар фаъолияти М. Ҳасанзода мавқеи махсус дорад. Аз ҷумла, дар вақти баргузории маҳфилҳо бо номи “Рӯзи элементи химиявӣ”, “Иди элементҳои химиявӣ” муаллим ба ҳадафҳои дар назди худ гузошта — бедор кардани завқу ҳаваси хонандагон нисбат ба фанни химия ва ба онҳо омӯзондани тарзи дурусти тавсифи элементҳои химиявӣ аз рӯйи тартиби ҷойгиршавии онҳо дар системаи даврӣ, хуб мебарояд.
Ба ақидаи муаллим, ин қабил тадбирҳо ба инкишофи диққат, шавқ, маърифат ва фароҳам овардани фазои мусоиди психологӣ на танҳо дар рафти дарс, инчунин, дар чорабиниҳои беруназсинфӣ низ мусоидат карда метавонанд. Муҳим аз ҳама, хонандагон дар чунин чорабиниҳо донишро на танҳо аз омӯзгор меомӯзанд, балки худи онҳо иштирокдорони бевоситаи корҳои ҷустуҷӯӣ ва эҷодӣ шуда, бо ҳамдигар мубодилаи иттилоот ҳам мекунанд.
Мурод Ҳасанзода дар тӯли фаъолияти беш аз 40-солааш дар омода намудани шогирдон барои иштирок дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ дастовардҳои зиёд дорад. Шогирдонаш ҳамасола дар озмуну олимпиадаҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ ширкат меварзанд ва медалҳои тиллову нуқра ва биринҷиро сазовор мегарданд.
Чунончи, яке аз шогирдони муаллим Амрияздон Набиев, ки айни ҳол дар курси дуюми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино таҳсил дорад, давоми се соли охир аз иштирок дар даври ҷумҳуриявии озмуну олимпиадаҳои химия ба гирифтани мақомҳои дуюму сеюм муваффақ гашта, сазовори медалҳои нуқраву биринҷӣ гардид. Мавсуф аз заҳматҳои кашидаи устод ёдоварӣ карда, меафзояд:
— Устоди мактабии ман Мурод Ҳасанзода, пеш аз ҳама, омӯзгори асил, навҷӯй, эҷодкор ва дар маҷмуъ, инсони комил буда, як умр барои шогирдон заҳмат мекашад. Ҳеч аз ёдам намеравад, он дарсу машғулият ва чорабиниҳое, ки устод барои мо ташкил мекарданд. Ҳар нафар аз маҳфилҳо, конференсияҳо, викторинаву шабҳои саволу ҷавоб ва бозиҳои химиявие, ки устод мегузаронд, таассуроти калон мебардошт. Ҳамзамон, бо таълим, устод моро дар руҳияи баланди ватандорӣ тарбия мекард. Ман тавассути роҳбарии устод соли 2023 дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”, ки бо ибтикор ва сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил ва роҳандозӣ гардидааст, ширкат намуда, ба гирифтани мақоми сеюм ва ҷоиза мушарраф гардидам.
Ҳамзамон, чанде аз шогирдонаш пас аз хатми донишгоҳ дар ҳамчун табиб дар беморхонаҳои кишвар кору фаъолият мекунанд. Қисми дигаре аз шогирдонаш дар пайравӣ ба устод, касби пурифтихори омӯзгориро пеша кардаанд, ки ин ҳама боиси ифтихори устоданд.
— Дар ҷараёни дарс бо шогирдон ҳаракат мекунам, ки гуфта ва тавсияҳои додаи устодро дар бораи он ки “дар дарсҳои химия ба масъалаи дар ҳаёт ба кор бурдани химия ва мустақилона гузаронидани таҷрибаҳои химиявӣ”, “ҳалли масъалаҳои химикиро тавре ташкил кардан лозим аст, ки онҳо ба истеҳсолот вобастагӣ дошта бошанд” амалӣ созам”, — иброз медорад муаллимаи ҷавон аз мактаби №52 Фарзона Абдулназарова.
Меҳру садоқат, дилбастагӣ ба касб ва ҳисси баланди масъулиятнокӣ дар иҷрои рисолаташ буд, ки Мурод Ҳасанзода миёни омӯзгорон ҷойгоҳ ва мақоми махсусро касб намуд. Ҳар як дарси ӯ дарси кушод буда, минбари таҷрибаи пешқадам, таҷрибаивазкунӣ ва озмоишгоҳи эҷодии омӯзгорони ҷавони муассисаҳои таълимии ноҳияанд. Хонаи методии муассисаи таълимие, ки дар он дарс мегӯяд, гӯшаи таҷрибаи пешқадами ӯро бо номи “Машъалафрӯз” ташкил кардааст.
Аз соли 2020 инҷониб, ҳамасола ҳамчун мутахассиси варзида дар Филиали Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Кӯлоб ба муаллимони фанҳои химия ва биологияи муассисаҳои таълимии минтақаи Кӯлоб дарс ва семинарҳои омӯзишӣ мегузаронад. Устод Мурод Ҳасанзода дар баробари кори омӯзгорӣ, ҳамзамон, ба рӯзномаву маҷаллаҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ, вилоятию ноҳиявӣ ҳамкорӣ дошта, матлабҳояш мунтазам чоп мешавад.
Муаллим соҳиби хонаи обод буда, бо ҳамсари меҳрубонаш фарзандону наберагонро дар руҳияи меҳру муҳаббат ба Ватани азиз, донишандӯзӣ ва инсондӯстӣ ба камол расонидааст. Писаронаш Неъматуллову Сомон касби ӯро интихоб кардаанд. Неъматулло баъди хатми факултети химия ва биологияи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо қиблагоҳаш дар як муассиса ба кори таълиму тарбия машғул аст. Сомон баъди хатми факултаи ҳарбии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов бо тавсияи роҳбарияти донишкада фаъолияташро дар муассисаи мазкур идома дода истодааст. Дар ҳақиқат, устод дар тӯли фаъолияти қариб нимасра умри худро пурра ба роҳе фидо кардааст, ки он на мол дораду на сарват, вале обрӯ, эҳтиром ва намунаи ибрат буданро дар ҷомеа ба даст овардааст.
Давоми фаъолияти меҳнатӣ Мурод Ҳасанзода ба хотири хидматҳои арзандааш дар рушди соҳаи маорифи ноҳия, таълиму тарбияи насли наврас ва дастовардҳо дар омода намудани шогирдон ба озмуну олимпиадаҳои гуногун ба нишони фахрии “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ифтихорномаву сипосномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон, раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ифтихорномаҳои раиси ноҳия ва шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ сазовор гардидааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *