Аминҷон ЗАРИФӢ,
устоди Коллеҷи политехникии
ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд

Пажуҳиш ва шинохти кору пайкори озодамардони ориёӣ, назири Ҳаким Шаҳносир пури Хусрав, пури Ҳориси Қубодиёнӣ (1004-1088 сол), ки бо афкори озодихоҳона, ҳақиқатҷӯёна, инсонгарову халлоқонаи хеш тавониста дар рушди илм, фарҳанг, адабиёт, ахлоқ, маънавиёт, ҷаҳонбинию эътиқоди мардумони олам нақши мондагор гузорад, дар даврони бархурди тамаддунҳо басо заруру саривақтист. Шаҳодати таърихист, ки озодазодагони ориёӣ ҳеҷ гоҳ “Озодиро ба бандагӣ нафурӯшанд” ва пеши ҳеҷ ғосибу аҷнабие зону назадаанд. Фарри Озодагон ё ғурури Ориён ягона риштаи пайванд ва ҷонбахшое гардид, баъди вуруди қабилаҳои бадавии араб ба сарзаминҳои биҳиштии Ориёнои Бузург, то Хуросону Вароруд дар садаи VII-ум. Зи оғоз мардони озодакеши ориёӣ бо шамшери ватандорӣ, пасон бо сеҳри қаламу вусъати андеша, хиради азалӣ, донишу хулқи биҳиштӣ посдории арзишҳои ориёии миллатро намуданд.
Агар хирадмандоне чун Муқаннаъ (номи ориёияш Рӯзбеҳ 721-757 асту зиёда аз 60 нодиркитоби паҳлавӣ ба арабӣ баргардонида, халифа Муовия ӯро даст буридаву дар зиндон ба ваҳшоният бикушта), Ибни Хурдодбеҳ (820-912), Табарӣ (ваф.923), Башшор пури Бурд (710-784), Пури Хурраймӣ (а.VII), Саолибӣ (961-1058), Наршахӣ ва даҳҳо озодакеш барои зери суми аспону уштурони араби ғосиб намондани осори хаттии ориёӣ ҷон рӯйи каф он ганҷинаҳои ҳикматро ба забони ғосибон баргардон намуда, озодагоне чун устод Рӯдакию Дақиқӣ, Ҳаким Фирдавсию Носири Хусрав бо забони шевои тоҷикӣ-форсӣ таҳкурсии кохи бузурги сухан, фарҳангу тамаддуни навини Ориёиро гузоштаанд.
Ин даврони заррини рушди фарҳангу тамаддуни Ориёӣ дар замони салтанати давлати Сомониён, чун Даврони Эҳё (Реносанси Шарқ) шинохта шуда, ҳалқаи васли тамаддунҳои гузаштаи Юнонӣ, Мисрӣ, Ҳиндӣ, Чинӣ, Бобулию Ошӯрӣ аст, ки заминагузори Даврони Эҳёи Аврупо ва Даврони навини инсоният мебошад.
Ҳаракати Шуубия, ки зиндасозандаи хат, забон, фарҳанг, дину кеши Зардуштӣ, Монавия, Маздакия, Зарвония ва Митроия буд, бо чанд шеваву ранг падид омада, давлати миллии Сомониёнро бар хостаҳои арзишманди ориёӣ расонид.
Ҳаким Шаҳносир пури Хусрав, пури Ҳориси Қубодиёнӣ (1004-1088 сол) замоне чашм ба олам бикшод, ки давлати ормонию фарҳанггустари Сомониён бо нифоқи дину мазҳаб ва бегонапарастии ҳокимони ноуҳдабарою ба чоҳи нафс ғутидаи ин хонадон завол меёфт. Охирин намояндаи хонадони Сомонӣ Абуиброҳими далер (Мунтасир) солҳои 999-1005 кӯшиши эҳёву нигоҳдории ин давлати миллиро намуд, лек воҳасрато, ки мафкураи ифротии динӣ-мазҳабӣ дар дили мардумон ифтихори ориёӣ ва ҳисси миллиро кушта буд ва ин шери жаёнро дар танҳоӣ шағолони худӣ бо гургони биёбонӣ бидариданд.
Тибқи ахбори сарчашмаҳои таърихӣ ниёгони Носири Хусрав аз авлодони шаҳаншоҳони каёнӣ буда, пайванд бо Кайқубод доштаанд. Шаҳри Қубод, ки бо номҳои Қубодобод, Қубодиён, Тахти Қубод дар “Таърихи Табарӣ”, “Таърихи Ҳумоюн”, “Тоҷикон” ва дигар осори таърихӣ зикр шудаанд, ҳамон куҳандизи бостонии шоҳ Кайқубоди Сосонӣ бунёд ниҳода аст, ки зодгоҳи Ҳаким Шаҳносири Хусрав аст. Ободкорию адлу додгустарии Кайқубодро Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар “Шоҳнома”-и безаволи хеш чун рамзи хирад ва маниши накуи озодагон ба риштаи тасвир кашида:

Басе шаҳри хуррам бино кард Кай!
Чу сад деҳ бино кард бар гирди вай.

Носири Хусрави ашрофзодаю озодаманиш бо фарри донишу вусъати андеша, чун Унсурию Фаррухӣ, Манучеҳрию Фахриддини Гургонӣ, Муизию Низомулмулку Берунӣ ва садҳо фарзонафарзандони ориёӣ, ки бо дабирию дафтардорӣ, дар сарварии вазорату идораи давлатҳои навини Қарохониён, Ғазнавиён (963-1186), Салҷуқиён (1034-1300) обрӯи хоса доштааст. Ӯ чун ашрофзодаи ҳушманд ва донандаи забону таърих, адабиёту фалсафаи Юнон, Ҳинд, Арабу Аҷам ва риёзидони дақиқназар дар вазорату дафтардории Ғазнавиёну Салҷуқиён шуғле доштааст. “Ман боргоҳи мулук ва салотини Аҷам дидам чун Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ва писараш Султон Масъуд” (“Сафарнома” саҳ.78). Ҳамчунин, дар муқаддимаи “Сафарнома” нигошта, ки “Ман марди дабирпеша будам ва аз ҷумлаи мутасаррафон дар амвол ва амволи султонӣ. Ва ба корҳои девонӣ машғул будам ва муддате дар он шуғл мубошират намуда, дар миёни ақром шуҳрате ёфта будам”.
Ҳарчанд Шоҳносир бо хиради худ дар ҳукуматдории туркони кӯчманчӣ ба унвонҳои фахрии “Дабири фозил”, “Хоҷаи хотир”, “Ҳуҷҷат” шарафёб гардида бошад ҳам, сар фуруд наовардаву ғуруру асолати ориёнаи хешро пос доштааст.
Ӯ аз 26-солагӣ то ба 40-солагӣ дар Балху Ғазнӣ ва сипас, дар Марв дар дарбори Ғазнавиёну Салҷуқиён вазифаҳои дабирӣ, масъули боҷу хироҷғундориро бар дӯш доштааст. Ин марди озодаманиш бо ҳисси баланди миллӣ, зи бедодгариҳои салотини кӯчманчии қарохонӣ, ғазнавию салҷуқӣ ба ҷон омада буд, зеро бо чашми сар ҷаҳлу ҳамоқат, фаҳшу фуҷур, хунрезию харобкорӣ, ғорату тороҷгариҳои ин галлаи “гургони биёбонӣ”-ро медиду хуни дил мехурд. Бо вуруди нопоки худ ин лаҷомгусастагон ба сарзаминҳои биҳиштии Варорӯду Хуросон, то Ҳинду Эрону Ироқ ҳама ҷоро ба майдони тохту тоз, ғорату тороҷ табдил дода буданд. Ҳамаи ин бедодгарию қатлу куштор ва харобкориҳо нисбат ба мардумони таҳҷоӣ зери парчами дини ислом ва фатвои шайхону воизони динбохта амалӣ мегашту ин ғосибон унвонҳои “Сайфуддавла”, “Ғиёсуддавла”, “Фотеҳ” ва ғайраро соҳиб мегаштанд. Чун Носири Хусрави озодихӯву ватандор дид, ки бо насиҳату панд ин тӯдаи аз хоки паст хестаро наметавон ба адлу дод овард, тарки мансаб намуд. Ҳарчанд чандин соҳибватанони ҳувиятбохта бо шиори “Олам сӯзад, кабоби девона пазад” шарики ин ғосибон буда, Носири Хусравро низ ба тамаллуқкорӣ ташвиқ менамуданд, ӯ инро нанг медонист ва ҷавоби сахт дода буд:
Кай резам обрӯй чун ту бехирад,
Бар тамаи он ки тӯбра пурнон кунам.
Туркон раҳиву бандаи ман буданд,
Ман тан чӣ гуна бандаи туркон кунам?!
Эй бад насиҳате, ки ту кардаӣ маро,
То чун фалон хасису чун беҳмон кунам.

Ҳақ бар ҷониби ин ҳакими закист, ки таърихан қабилаҳои кӯчӣ ғуломони Сосониён, сипас, Саффориёну Сомониён буданд. Ҳамон Алптегину Сабуктегин ғуломони Сомониён буданд, ки ба сипаҳсолорӣ расиданду вориси носипоси онҳо Маҳмуд сабаби заволи давлати миллии тоҷикон Сомониён гардид. Иллати ҳамаи ин шикасти ҷуброннопазирро Носири Хусрав аз бегонапарастӣ, бандаи нафс гаштани аҳли дарбор, зери фатвои авомфиребонаи ходимони дину шариат гӯшту бадани ҳамдигарро кандани пайравони мазҳабу тариқаҳо дар ислом, ҳувиятбохтагӣ, аз решаҳои асолати миллӣ канда шудан ва чанд ишколи ҷонсӯзӣ дигар медонад:
Туркон ба пеши мардон з-ин пеш дар Хуросон,
Буданд хору оҷиз ҳамчу зани сароӣ,
Имрӯз шарм н-ояд озодазодагонро,
Кардан ба пеши туркон пушт аз тамаъ дутоӣ!?

Ҳарчанд яке аз бародарони донишвари ӯ Абулфатҳ, вазорати давлати Салҷуқиёнро бар зимма дошту худи ӯ мутасаддии боҷу хироҷ буд, аммо ғуруру орияти ҷавонмардии Носири Хусрав нагузошт, ки бо золимони ғосиб хидмат намояд, пас бо бародари дигари худ Абусаид ва ғуломи ҳиндуе аз 16-уми октябри соли 1045 то 23-юми октябри соли 1052 ба сайри олам баромад. Чуноне аз тафсилоти “Сафарнома”-и ӯ бар меояд, дар ин сафари ҳафтсолаи омӯзишӣ аз шаҳру деҳоти Хуросону Вароруд, Ҳиндустон, Эрон, мамолики Шарқи наздик, Ироқу Шом, Сурияву Фаластин, Мисру Ҳабашистон ва шаҳрҳои Ҳиҷоз, Мадина, Макка, Басра, Байтулмуқаддас ва чанде дигар дидан намудааст. Мақсад аз ин ҳама саргаштагиҳо дидани одаму олам, дарёфти фозилону олимони замон, шиносоиву баҳси илмӣ сохтан, омӯзиши санъату фарҳанг, урфу одати мардумон, боздид аз ёдгориҳои таърихию фарҳангии олам, ҷустуҷӯи роҳи ҳақ будааст. Ин абармарди хирадёр ба ҳар диёре мерасид, чун сафири фарҳанггустари ориёӣ, бо донишу хирад, андешаву афкор, гуфтору пайкори накуманиш, чун нобиға садри маҳфилҳову пайвандгари дилҳо мегашт.
Бадбахтона, дар он замонаи нобасомон, хурофоту ҷаҳл боло гирифта буду забони риёву таассуби динию мазҳабӣ дароз гашта, теғи бедоди бодиён дар ҷавлон сари озодагонро ба бод медод. Чунин буд, ки Носири Хусрав-озодамарди ватандӯсту адолатхоҳ баъд аз фоҷеаи ҷаҳлу хурофот ва мазҳабталошию динзадагӣ маҷбур фирорию овора гашта, ба Юмгони кӯҳистони Бадахшон панаҳ ёфт. Мардумони бонангу сарбаланди Бадахшон, ки дар теғаи кӯҳҳо ҳамболи уқобон ва дур аз фитнаи замону офати ғосибон мезистанд, Носири Хусрави адодатхоҳу асилзодаро бо хушиву сидқ пазируфтанд. Мактаби ҳикмату маърифат, илму адаб ва шинохти оламу одам дар ин сарзамини фариштагони қудсӣ бо шарофати ин асилзодаи ориёӣ боз ва ростиву вафо, сидқу сафо дар дилу дидаҳои кеҳтару меҳтар ҷой гардида, ба ҳукми русуми меросӣ даромадааст. Шоҳносир дар ин макон бузургтарин осори илмӣ, фалсафӣ, таърихӣ, тиббӣ, риёзӣ, ҳандасӣ, ҷуғрофӣ, саргузаштӣ, пандию насиҳатии хешро эҷод намудааст. Назария ва тафаккури ин ҳакими донишманд дар боби шинохти оламу одам, офаридгору паёмбарон, муъҷизаҳои ҳастӣ, ҳаёт ва марг дар ченак ва чаҳорчӯбаи илмӣ асос ёфта, бо усули муқоиса, таҳлил, хулосабарории мантиқӣ бо такя ба назарияи донишмандони юнонӣ, ҳиндӣ, чинӣ ва муосиронаш баён гардидаанд. Дар ду девони ашъор (бо забонҳои тоҷикӣ ва арабӣ) қитъа ва ғазалҳои ирфонию фалсафӣ намунаи балоғати калом ва фарохнои донишу ҷаҳони андешаи ӯ бозгӯ шуда, дар маснавиҳои “Рӯшноинома” ва “Саодатнома” намоди хиради ориёӣ, ҳикмати озодагону русуми фархундагон хуршедсон дар тобу равшаноист. Бистуяк гуфтори “Рӯшноинома” дар ботин маъниву бисту як наски “Авасто” аст, ки Ҳаким Носири Хусрав бо рамз ба гӯши бедорон расонида. Дар гуфтори панҷум “Дар зуҳури аносир ва табиати ҳар як” ошкоро чаҳор унсури ҳаёт, ки Зардушт муқаддас фармудааст, баён гардидаанд:
Аз эшон гашт пайдо чор унсур,
Зи ман бишнав ту ин маънии чун дур(р).
Асир, он гаҳ ҳаво, пас обу пас хок,
Ки зодастанд ин ҳар чор афлок.

Дар гуфтори ҳафтум “Андар кайфияти моддаи инсонӣ” гуфтори бепояи аз хок пайдо шудани инсонро канор гузошта, ҳикмати бо нуҳ сайёра ҳамбаста будани асли ҳаётро ба миён меорад, ки бо донишу ҳикмати ҳиндуя ва митроия пайванд мехурад. Дар гуфтори нуҳум “Ишора ба руҳи инсонӣ” фалсафаи бостонии ориёии ҷовидонагии руҳ ва хирадро чун намоди руҳи бедор зинда месозад:
Зиҳӣ нодон, ки худро ҷисм хонӣ,
Раҳо кун ин сухан, зеро, ки ҷонӣ!

Дар гуфтори сездаҳум “Ишора ба шарафи инсонӣ” ҳикмати озодагон, ки хирадро афсари шаҳриёрон мехонанд, бо тамсили латиф баён гардида, ки омӯхтанисту лоиқи пазириш:
Дарахт аст ин ҷаҳону мева моем,
Ки хуррам бар дарахти ӯ бароем…
Ҳар он мева, ки набвад рангу бӯяш,
Набошад боғбон дар ҷустуҷӯяш.
Туро лаззат зи илму аз амал бӯй,
Камолатро ту аз илму амал ҷӯй!

“Рӯшноинома” ганҷест беҳисоб ва дуррест ноёб барои мо ворисони он ҷадди бузург, ки бо сабки хуросонии чун об равону босафо баён шуда. Дил мехоҳад он шаҳди ноб ба ком бибарам, лек қофила танг аст ва иктифо бар ин ангубин дорем:
Шиносои вуҷуди хештан шав,
Пас он гаҳ сарфарози анҷуман шав…
Туро нуҳ чарху ҳафт ахтар ғулом аст,
Ту шогирди танӣ- ҳайфи тамом аст!

Манзумаи “Саодатнома” ангораҳои ҳикмати “Занд”-у “Позанд” аст, ки оини фарзонагон ва хиради шаҳриёрони ориёиро дар бобҳои: насиҳат, ризо, хомӯшӣ, дӯстӣ, сахо, саодат, зиндагонӣ, марҳамат, рафиқ, тамиз, касб, деҳқонӣ, ҳаё, манзил, ғурур, қаноат ва чанде дигар фарогир аст.
Асарҳои “Зод-ул-усофирин”, “Ваҷҳи дин”, “Ҷомеъ-ул-ҳикматайн”, “Хон-ул-ихвон”, “Кӯшоишу раҳоиш”, “Далел-ул-мутаҳирин”афкори фалсафӣ ва назариёти ҷараёни исмоилияро фарогир буда, дар онҳо Ҳаким Носири Хусрав тамоми паҳлуҳои масъаларо бо такя бар асосҳои илм дар тарозуи ақл муҳокима намудааст. Баёни равону соф тоҷиконаи масъалаҳои баҳсноки фалсафӣ дар “Хон-ул-ихвон” реша бар фалсафаи ҷаҳони бекарони Зарвония дошта, мурод аз ҳастӣ ва асли офаринишро аз хирад медонад. “Чун дуруст шуд, ки донишу тавоноӣ ва ҳикмат мар Офаридагоррост ба тамомӣ, лозим ояд, ки муроди ӯ андар офариниши олам ҳама некӣ ва салоҳу ростӣ аст бағоятулғоёт, аз баҳри он, ки бадӣ ва зиштӣ ва фасоду карӣ аз нодонию оҷизӣ ояд”. “Ҷомеъ-ул-ҳикматайн” ва “Кӯшоишу раҳоиш” ҳам бо услуби пурсишу посух нигошта шуда, ба ҳар масъала назарияи хосу санҷидаи ҳаким бо такя бар далелу асосҳои мантиқию шавоҳиди таърихӣ баён шудаанд. Чунончи: “Пурсидӣ, эй бародар, ки раҳоиши мардум ба чист ва савоб чист? Баён кун, то бидонем. Ҷавоб: Бидон, эй бародар, ки раҳоиши мардум ба дониш аст ва мардумро ду чиз аст, ки донишро бад-он битавонад, пазируфт: яке аз ӯ дил аст, ки бад-он бидонад ва дигар тан аст, ки бад-ӯ мар он дониш кор бандад”.
Назариёт, ҷаҳонбинӣ ва андешаҳои даҳриёнаи ин марди нобиға, дар манзумаи “Мунозира бо Худо” рамзест, ки асрори онро ҳамаи бузургони илму адаби тоҷик ҷӯё будаву бо тамсил ба гӯши бедорон расонидаанд. Наҳзати Шуубия бузургтарин мавҷи бедории ақвоми ориёӣ баъди истилои бадавиёни араб дар асрҳои VIII-IX мебошад, ки шайхони ҷоҳилу ҳокимони ҳувиятбохта, ҳамаи пешвоёни озодихоҳу ватандӯст ва муборизони эҳёсози арзишҳои беназири ориёиро бо гуноҳи рофизӣ, қарматӣ, зандақӣ, муътазила, хуррамӣ ва чанде дигар бадному кофар хонда, ба марг маҳкум мекардаанд. Шуҷоати таърихӣ, ғурури миллӣ ва дониши илмии Ҳаким Носири Хусрав бар он аст, ки ҷасурона бо усули саволгузории мантиқӣ бепоя будани даъвову фатво ва хатту каломи шайхону воизон, имомони ба ҷаҳл ғутаварро, ки на вусъати қудрати Худорову на моҳияти китобҳои осмонӣ, на тавони шарҳи рисолати паёмбаронро доранд, ба баҳс кашидааст. Мақсади ин баҳси ҳаким фош кардани назариёти аз мантиқ дури руҳониёни шахшудамағз аст, ки қудрати беинтиҳои Худоро дар баробари ақли кӯтоҳи хеш медонанд. Зеро:
Худоё, арзу тӯли оламатро,
Тавонӣ дар дили мӯре кашидан.
На вусъат дар даруни мӯр додан,
На аз олам сари мӯе буридан…

Ҳаким Шаҳносири Хусрав, ки бо камоли дониш ва андешаи бикр рисолати пешвоиро дораду унвони Ҳуҷҷат дараҷоти ифтихорист барои ӯ ва пайравонаш дар мақтаи манзума нуқтаи таммат мегузорад, ба кавданиҳои зоҳиди зоҳирбин:
Надорам эътиқоде як сари мӯй,
Каломи зоҳиди нодон шунидан.

Дар даврони ҳуҷумҳои ифротгароёнаи дину мазҳабҳои мухталиф, сиёсатҳои пасипардагӣ, густариши раванди ҷаҳлу хурофот, дур афтодани иддае аз наслҳои ҷавон аз донишу хирад, дастрасӣ ба ҷаҳони бемаҳдуди фазои иттилоот ва чанд омилҳои мағзкушу бегонасоз рӯй овардан ба осори бузургмардони адабу фарҳанги миллат амри таърихист. Зеро таассуб заволи андешаву маърифат аст ва Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ таъкид мекунанд, ки: “Ҳар қавму миллате, ки дар рафтори он нишонаҳои ҷаҳолату хурофотпарастӣ густариш меёбанд, он миллат аз зиндагии босаодат маҳрум мегардад”.
Хушбахтона, миллати куҳанбунёди тоҷик тӯли ҳафт ҳазор соли мавҷудият танҳо тавассути афкори бузургони ҷаҳони андеша, назири Ҳаким Шаҳносири Қубодиёнӣ бо нури хирад, чашмаи ҷовидонаи дониш то ба сарманзили мурод расидаву аз банди офоти ҷаҳолат раҳоидаанд. Имрӯз низ дар қиболи ҳамаи дасисаҳо бояд ба хиради ниёӣ ва афкору андешаҳои миллиямон такя намоем ва худро аз зулмату хурофот раҳо созем:
Ҷаҳолат зулмати ҷону ҷаҳон аст,
Бар аҳли дил ин маънӣ аён аст!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *