Умринисо НАҶМИДДИНОВА,
дотсенти кафедраи забонҳои ДБССТ
Чанд андеша вобаста ба таҷлили
2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир дар сатҳи Юнеско
Тоҷикон яке аз миллатҳои қадимаи дунё ва дорои таърихи беш аз 6000-сола буда, ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ соҳиби саводу қалам, девону дафтар, илмдӯсту адабпарвар, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне, фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда ба шумор мераванд. Воқеан, Тоҷикистон, барҳақ, ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст. Мо — тоҷикон мероси гаронбаҳову ҷовидонаи ҳанӯз беш аз ҳазор сол қабл ба ёдгор гузоштаи ниёгони худро ҳифз карда, барои тарбияи наслҳои навраси халқамон истифода мебарем ва намунаи арзишманди онро ба мардуми олам муаррифӣ мекунем. Халқи шарафманди тоҷик нангу номуси ватандорӣ ва ҳисси баланди миллӣ дорад ва бо чунин хислатҳои неку созандаи худ метавонад иқдомоти аз имрӯза ҳам бештарро амалӣ карда, Ватани муқаддаси худро ба кишвари ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳад. Дар Паёми навбатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҷлили бошукӯҳи 2550-солагии Эъломияи ҳуқуки башари Куруши Кабир дар сатҳи Юнеско чун анъана аз гиромидошти чеҳраҳои таърихӣ дар кишвар ба масъулин дастуру супоришҳо доданд. Чун дигар шахсиятҳои таърихии тамаддуни тоҷику форс дар давлатдории Форс Куруши Кабир яке аз бузургтарин шахсиятҳои таърихи аҳди қадим ба шумор меравад. Тибқи маълумоти Ҳеродот дар империяи таъсисдодаи Куруш намояндагони зиёда аз 50 забону 70 халқияти гуногуни Осиёи Хурд ва Шарқи Наздик зиндагӣ мекарданд. Куруш шоҳи хирадманд, меҳрубон ва боирода буд. Куруш ҳангоми лашкаркашӣ қатлу ғорат намекард, эътиқодот ва муқаддасоти мағлубонро муҳтарам мешумурд, бо миллатҳо ба шафқат ва бо подшоҳон ва фармонравоён, ки аз ӯ шикаст хӯрда буданд, ба мадоро ва меҳрубонӣ рафтор мекард. Лаёқат дар сиёсат, ҷавонмардӣ дар ҷанг ва инсоният бо Эъломияи Куруши Кабир нахустин санади кафолати озодии мазҳабу эътиқоди динӣ ва эҳтироми ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ дониста мешавад. Роҳбари муаззами миллат ба хотири ошноии бештар аз ин санади ҳуқуқӣ бори дигар саҳифаҳои таърихи халқу миллатро дар шинохти як чеҳраи сиёсӣ дар мисоли Куруши Кабир ва Эъломияи башардӯстонааш кушоданд, ки ин нукта моро водор месозад, то ба мазҳари таърихию аҷдодии хеш дубора назар андозем. Эъломияи Куруши Кабир, ки аз 39 модда иборат аст, имрӯз нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар дар ҷаҳон эътироф гардидааст. Ин эъломия соли 1879 кашф гардида, дар музеи Британия ва нусхаи он дар Созмони Милали Муттаҳид нигаҳдорӣ мешавад. Дар Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир 50 афкори инсондӯстона, ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ инъикос ёфтааст. Дар 30 моддаи Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар 44 мавриди он идеяҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир дар шаклу мазмуни дақиқи имрӯза омадаанд. Аз тафовут дар байни Эъломияи Куруши Кабир ва Эъломияи умумии ҳуқуқи башар бармеояд, ки қонунҳо, дар баробари талаботи умумӣ, бояд махсусиятҳои ҷомеаи мушаххасеро низ ифода намоянд, ки барои он навишта мешаванд, бо истиснои Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва асноди дигари ҳуқуқи байналмилалие, ки дар замони мо барои давлатҳои узв аз тарафи СММ ва созмонҳои дигари байналмилалӣ навишта ва қабул карда шудаанд. Бояд гуфт, ки қабули қонунҳо ва санадҳои дигари байналмилалӣ ва минтақавии ҳуқуқию меъёрии замони мо дар шакл ва усули дастаҷамъонаи намояндагони давлатҳои узви созмон сурат мегирад ва аз тасдиқу бақайдгирӣ дар мақомоти қонунгузор мегузаранд. Эъломияи ҳуқуқи башар аз тариқи андешаҳои Куруши Кабир дар сатҳи хеле баланди ғояҳои башардӯстона, содаю бо забони равон ва нақлӣ таҳия карда шуда, қариб ҳамаи он масъалаҳоеро инъикос кардааст, ки барои инсоният натанҳо дар Бобулу тамоми Шаҳаншоҳии Ҳахоманишиён ва аксарияти давлатҳои дунёи қадим, балки дар асрҳои миёна ва ҳатто, дар асрҳои нав ва замонҳои таърихи навину муосир ҳам хос ба назар мерасанд.
Дар ин раванд, Пешвои муаззами миллат дар нуктаҳои баррасишавандаи Паём дар бораи ҳифзи анъанаҳо, гиромидошти чеҳраҳои таърихӣ ҷойгузин нашудани фарҳанги бегона ба фарҳанги миллии мо, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва таъмиру нигоҳдории онҳо ва тавассути созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ муаррифӣ намудани мероси моддӣ ва ғайримоддии кишварамон ба аҳли олам изҳори назар карданд. Хотирнишон гардид, ки ин вазифаи ҳар як фарди ватандӯст, аз ҷумла, падару модарон, омӯзгорон, аҳли маориф, илм, зиёиёни кишвар, кормандони воситаҳои ахбори омма ва адибону олимони мамлакат аст, то дар ин кори дастаҷамъӣ ба хотири арзишҳои фарҳангию тамаддунӣ кӯшиши бевосита ба харҷ диҳем. Тоҷикон фарҳанги бисёр ғанӣ ва таърихи басо пурифтихори бостонӣ доранд. Арҷ гузоштан ба фарҳангу таърихи бостонии миллат ва омӯхтани он, инчунин, аз худ кардани мероси ҷовидонаи садҳо ва ҳазорон нафар фарзандони фарзонаи халқамон, яъне, шоирону адибон ва олимону мутафаккирони барҷастаи миллат вазифаи ҳар як соҳибватану соҳибмиллат мебошад. Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин росто оид ба вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла, терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, сухан ронда, масъалаҳои таъмини амнияти кишварамонро аввалиндараҷа ҳисобиданд. Имрӯзҳо пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва ҷиҳати тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд. Аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид, ки хоинони миллат то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд. Фаъолияти чунин равияҳои экстремистӣ, радикалӣ ва хурофотпарастӣ яке аз омилҳои асосии хатарзо барои имрӯзу фардои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа ба шумор меравад ва аз мо андешидани чораҳои муштаракро дар айни замон талаб менамояд.
Бояд гуфт, ки Куруши Кабир, дар сафи абармардони майдони сиёсат, аз қабили Исмоили Сомонӣ, Зардушт, Муқаннаъ, Спитамен, Восеъ, Темурмалик, Бобоҷон Ғафуров, Садриддин Айнӣ ва даҳҳо бузургон, хусусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаҳои таърих ҷойгоҳи хоссаи худро дорад. Пешвои миллат ҳамчун абармарди дунёи сиёсат баҳри ободӣ, сулҳу субот ва аз нав эҳё намудани як давлати бузург ва шахсиятҳои таърихию фарҳангии он, зимни ҳифзи арзишҳои миллӣ ҷаҳду талош намуда, бори дигар ҳиммату созандагии мардумро дар арсаи байналмилалӣ дар ҳайсияти як чеҳра-Куруши Кабир муаррифӣ хоҳанд кард. Бояд тазаккур дод, ки замина ва эҳёи дубораи сохтори давлатдории тоҷикон маҳз бо заҳматҳои бевоситаи Роҳбари давлат аст, ки ин талошҳо хусусият ва арзиши аслии таърихию мондагор дар наслҳои оянда дорад. Заҳматҳои беназири Сарвари кишвар чун корномаи бузургони мардони илму адаб, фарҳангу сиёсат ва маърифату ҳақшиносони гузаштагони мост, ки назираш дар тамаддуни ҷаҳон кам андар кам аст. Шахсиятҳои таърихсози тоҷику форс, дар мисоли Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, Шамси Табрезӣ, Имоми Аъзам, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Спитамен, Восеъ, Куруши Кабир, Садриддин Айнӣ, Зардушт, Исмоили Сомонӣ ва дигарон, ки барои дифоъ ва озодӣ, башардӯстию рафоқат, ҳамдилии халкҳои олам кӯшидаанд ва ба ин васила, бо ғояҳои мустаҳкаму инсондӯстии хеш дар таърихи башарӣ ҷовидонанд, намунаи олии шинохти аслияти таърихию фарҳангии мост. Пешвои миллати тоҷикон дар як давраи кӯтоҳи таърихӣ тавонистанд, ки бо хоксорию ҷавонмардияшон чун яке аз чеҳраҳои асили дунёи сиёсат, баҳри пойдории давлати миллӣ ва тамаддуни ориёӣ, сулҳу субот раҳоӣ аз парокандагӣ, ҳамбастагӣ, озодӣ, ҷаҳд намояд ва аслияти шахсиятҳои таърихии форсро дар як муддати кӯтоҳ ба ҷаҳониён муаррифӣ созад.
Аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаҳои илму фарҳанг, ки таҷассумгари симои маънавии миллат, муттаҳидсозандаи неруҳои ақлонию зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, анъана, одобу ахлоқи ҳамида ва дигар муқаддасоти миллӣ дар ҷомеа маҳсуб мегардад, мақоми арзанда касб намуданд. Ба шарофати сулҳу оромӣ ба хотири фаъолияти пурсамари муассисаҳои илмию фарҳангии кишвар ва ҳаллу фасли маҷмуи мушкилоти мавҷудаи соҳа як силсила қонун ва барномаҳои давлатӣ қабул шуд, ки ба рушду такомули фарҳанги маънавиёти миллӣ такони бузург бахшид. Воқеан, саҳифаҳои таърихи миллат бозгӯи муборизаҳои дурударози мазҳабию фарҳангӣ бо аҷнабиён буда, ҷоннисориву фидокориҳои миллати моро дар роҳи озодӣ ва ҳифзи сарзамин, забону фарҳанг дар ҳар давру замон инъикос месозад. Ин миллат, миллати соҳибмаърифат ва дорои тамаддуни оламгир аст ва месазад, ки мо арзишҳои онро, мероси фарҳангӣ, таърихи куҳанбунёд, илму адабиёт ва ҳунари воло, истиқлол, ҳувияташро ҳифз ва эҳтиром намоем, зеро миллати мо дар ҳама давру замон соҳиби хирад, озодманиш, донишандӯзу сарбаланд чун кӯҳсорон буданд ва ба ин маъниҳо умри ҷовидона ёфтаанд. Хулоса, заҳматҳои Сарвари кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кӯшишҳои созандаашон дар роҳи эҷоди ваҳдати комили миллӣ бори дигар марзҳои ҷангу хушунат, бесарусомониро дар замони муосир бишикаст, муҳаббатҳоро миёни мо афзуд, ба ин васила, барои мустаҳкамии равобитҳои ҳасанаи кишварҳои дигар бо мо замина гузошт.
Иқдомҳои Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон, бахусус, анҷуманҳо, симпозиумҳои байналмилалии дар кишвар баргузоргардида, тарғиби робитаҳои илмию фарҳангӣ ва адабии судманд, шиносоии анъанаҳои миллии мо ба оламиён, ҳамкориҳо дар самти рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, озмунҳо, ҷашнвораҳо, ин ҳама танҳо ба хотири тақвияти дӯстию ҳамбастагии мардумони олам аст, то шароитро фароҳам ва машваратҳои дӯстонаро самар бахшад. Раиси тоҷикони ҷаҳон-Пешвои миллати кишвари тозаистиқлоли мо барои мову тоҷикони ҷаҳон номҳои Куруши Кабиру Зардушт ва Спитамену Восеъ, Турсунзодаю Айниро абадию ҷовидонӣ месозанд ва ба шахсиятҳои нотакрори таърихӣ арҷ мегузоранд.
Бо итминон метавон гуфт, ки Роҳбари давлати мо имрӯз чун Куруши Кабир воқеан, шахсияти ваҳдатсозу поягузори арзишҳои волои миллӣ ва ҳуқуқи башар дар таърихи тоҷикони ҷаҳон мебошанд.