Акмал ЮСУФБЕКОВ,
мушовири Китобхонаи марказии
шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд
Имрӯз масъалаи хушунат ва зӯроварӣ дар оила ба масъалаи ҳассоси ҷомеа ва то андозае ба доғи рӯз мубаддал шудааст. Хушунат ва зӯроварӣ омилҳои гуногун дошта, дар аксар маврид нофаҳмиҳо дар муҳити хонадон аз ҷониби ин ё он узви оила сар зада, ба носуботии хонаводаҳо, ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва гоҳҳо шоҳид мешавем, ки ба аз ҳаёт маҳрум шудани одамон оварда мерасонад. Аз ҷумла, дар фазои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ борҳо хондаву дидаем, ки духтаре, зане, ҷавоне ва навҷавоне сӯиқасд ба ҷони худ ва ё наздикону ақрабояш кардааст ва агар масъаларо таҳлил намоем, маълум мешавад, ки решаи ҳар як норизоиятӣ ва ё сӯиқасд дар носуботии оилаҳо мебошад. Аммо даст ба ҷони худу наздикон задан роҳи наҷоту халосӣ буда наметавонад, баръакс, бояд ба дарку фаҳми наврасону ҷавонон расонид, ки чунин амалҳои ноҷоро набояд анҷом дод. Аз ин хотир, месазад, ки бунёди тарбияи хонаводагиро мустаҳкам кард ва аз хурдсолӣ насли ояндаро дар руҳияи зиндагидӯстӣ ва гиромидошти арзишҳои оилавӣ тарбия намуд ва насли калонсол бояд, пеш аз ҳама, маърифати оиладориро донанд ва фарзандонро дуруст ба камол расонанд ва доир ба ҳалли масоили оилавӣ худ намунаи ибрат бошанд.
Илова бар ин, зарур аст, ки фарзандонро аз хурдсолӣ ба дӯст доштани узви оила, шарофати зиндагии муштарак, баракати ҳамзистии иттифоқона ва оянданигарона бояд омода кард. Чун тарбия аз гоҳвора оғоз ва то охири умр идома меёбад, нахуст, дар оила, баъдан, дар кӯдакистону дабистонҳо онҳоро дар руҳияи эҳтироми калонсолону хурдсолон, истодагарӣ карда тавонистанро алайҳи мушкилоти зиндагӣ тарбия мебояд намуд.
Мусаллам аст, ки хурдсолон аз насли калонсол меомӯзанду ибрат мегиранд ва мекӯшанд, ки барои хеш роҳкору роҳбаре интихоб кунанд. Табиист, ки барои ҳар як фарзанд волидон намунаи волои пайравӣ- роҳбалади зиндагияшон мебошанд.
Бинобар ин, ҳар кору рафтору гуфтори пайвандону наздикону атрофиён метавонанд, ки дар шуури тифл ва ё кӯдакон таъсиргузор бошанд ва ба чӣ гуна ба камол расидани фарзандон омил гардад. Чун нармгуфтор ҳастем, фарзандонамон ҳам ҳамин гуна камол меёбанд ва баръакс, чун дуруштмуомилаву хашмгин ҳастем, фарзандонамон ҳам ин гуна тарбия хоҳанд гирифт.
Ҳамзамон, олимони соҳаи равоншиносӣ ва муҳаққиқони соҳаи омӯзгорӣ (педагогика) собит кардаанд, ки хушунат дар муҳити хонавода тифлро ба рукуди зеҳнӣ бурда, генҳои омӯзишии онро маҳдуд карда, шуури ҳифозатӣ ё худмуҳофизатии кӯдаконро бештар мекунад. Яъне, тифл ба омӯзиш майл нишон намедиҳад, балки ҳамеша аз муҳит эҳсоси хатар мекунад. Ин ҳолат ба равони тифл таъсири ногувор дошта, ҷаҳонбинии иҷтимоӣ, маънавӣ ва ҳисси зебоипарастии ӯро маҳдуд месозад.
Бо дарназардошти дар руҳияи беҳтарин хислатҳои инсонӣ ба камол расонидани насли наврас, имрӯз дар кишвар қонунҳо, стратегияҳо ва консепсияҳо дар самти ҳифозат аз ҳуқуқҳои фарзанд таҳия ва қабул шуда, мавриди амал қарор доранд. Биноан, волидон, дар умум, ҳар як фарди ҷомеаро зарур аст, ки худро дар тарбияи насли навраси кишвар масъул шуморида, иқдомҳое рӯи даст бигиранд ва бори гарони тарбияро танҳо ба дӯши мактабу омӯзгорон вогузор накунанд.
Агар хоҳем, ки ҷомеаи мо пешрафтаву зиндагӣ хушу гуворо бошад ва ҳолатҳои нигаронкунандаи даст ба амалҳои номатлуб задан дар ҷомеа рух надиҳанд, се ниҳод — оила, мактаб ва ҷомеа байни ҳам муттаҳид бояд бошанд ва дар тарбияи насли ояндасози ҷомеа баробар саҳм гузоранд, зеро фарзанди солим оилаи солим аст, оилаи солим ҷомеаи солим аст ва ҷомеаи солим нуфузи миллат, давлат ва иқтидори давлати миллии тоҷикон мебошад.