Б. ҲАЙДАРОВ,
мутахассиси Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хониши адабӣ яке аз бахшҳои муҳимми дарси адабиёт ба ҳисоб меравад, зеро дар ин дарс хонандагон тарзи дурусту зебои талаффузи калима, назокат ва зебоии забон ва шаффофияти лаҳнро аз бар мекунанд. Агар ин дарс аз як ҷиҳат ба равонии гӯиши хонандагон боис бошад, дар умум, ба зебоии забони миллии мо муҷиб мебошад. Дар ин мақола доир ба вижагиҳои ин дарс маълумот дода, таҷрибаҳо баррасӣ шудаанд.
Дар Барномаи таълимии фанни адабиёти тоҷик дар синфҳои 5-11 (нашри соли 2007) чунин омадааст: «Дар мактаби миёна таълими адабиёт ба ду марҳала ҷудо карда мешавад:
1. Дарсҳои хониши адабӣ дар синфҳои V-VII
2. Дарсҳои таърихи адабиёт дар синфҳои VIII-XI
Дар марҳалаи аввал қироати шогирдон бояд устувор, бе лакнату камбудӣ бошад. Қироат ҳамроҳ бо фаҳми муттасили матн, агар шеър бошад, бо байтҳои ҷудогона ҷараён ёбад. Рафта-рафта дар синфҳои шашуму ҳафтум шогирдон ба фаҳму дарки маънои шеърҳои ҷудогона, порчаҳои насрӣ, ҳикояту навъҳои дигари адабӣ одат мекунанд». Яъне, дар синфҳои V-VII на таърихи адабиёт, балки хониши адабӣ аст, аммо мушоҳида мешавад, ки баъзе омӯзгорон, бахусус, мутахассисони ҷавон, ин нозукиро дуруст сарфаҳм нарафта, таълими марҳалаи аввалро низ чун таълими марҳалаи дуюм мегузаранд.
Бояд гуфт, ки хонандагон дар марҳалаи аввали таълими адабиёт ба латофату зарофати нутқи бурро, сеҳри сухан ва ҷаззобияти он шинос мешаванд. Тарзи бурро хондану задаи мантиқиро дар ҷояш гузоштанро дар назму наср меомӯзанд. Дар баробари ин, омӯзгор ҳангоми таълими мавзуъҳо ба ҷанбаи тарбиявии он, ҷаҳонбинӣ ва худогоҳии хонандагон эътибор медиҳад, то маънавиёти онҳоро ғанӣ гардонад. Яъне, ба воситаи хониши ифоданоки асари бадеӣ омӯзгор метавонад, ба хонандагон тарбияи зебоӣ диҳад, завқ ва ҳаваси онҳоро ба зебогии ҳаёт бештар ҷалб намояд.
Омӯзгор хониши ифоданоки хонандагонро, асосан, бо истифодаи се тарзи хониши намунавию воситаҳои иловагӣ инкишоф ва такмил медиҳад:
1. Хониши намунавии худи омӯзгор.
2. Намунаи хониши устодони санъат.
3. Хониши намунавии хонандагони болаёқат.

Вазифаи дарсҳои хониши адабӣ, пеш аз ҳама, ба хонанда омӯзонидани хониши ифоданок ва тавассути он инкишофи қобилияти нутқ, бо оҳанги ба шунаванда фаҳмо расонидани мазмун ва моҳияти асари бадеӣ буда, дар навбати худ шинос кардани шогирдон бо воситаҳои санъати бадеӣ, аҳаммияти онҳо дар таъсирнокии сухан ва кушода додани симои ботинии қаҳрамони асар мебошад. Аз ин рӯ, ба омӯзгор лозим аст, ки аз машғулиятҳои аввалини дарсҳои хониши адабӣ хонандагонро ҷиҳати бехато, ифоданок хондани матн ва мазмуни матнро бодиққат фаҳмида гирифтан ҳидоят намояд. Дар хониши адабӣ риояи хусусиятҳои фосила, васл, кашиш, задаву ист (пауза) нақши муҳим доранд, зеро ҳар яки инҳо дар талаффуз-ҳангоми қироати асари бадеӣ зоҳир мешаванд.
Дар дарсҳои хониши адабӣ қироати омӯзгор мавқеи асосиро ишғол мекунад. Вай ҳиссиёту ҳаяҷон, муносибату муколамаҳои асари бадеиро бо оҳанги гуфтор, ҳолат ва имову ишораҳои худ ба шогирдон нишон дода тавонад. Омӯзгор дар санъати хониш ва қироати шеър бояд мумтоз бошад. Ӯ бояд ин гуна ҳунару маҳоратро дошта бошад, вагарна дарсҳои вай хушку бетаъсир ва дилгиркунанда мегузаранд. Қироати омӯзгор, гуфтору ҳолати ботинию зоҳирӣ ва кайфияти руҳию равонии ҳар қаҳрамони асарро нишон дода тавонад. Аввал, бо лаҳни гуфтор, тарзи қироат ва садои дилкаш диққати хонандагонро ба дарс ҷалб намояд, дувум, шавқу завқи онҳоро ба хондани асарҳои бадеӣ афзун гардонад ва малакаву маҳорати хушхониву хушбаёниро дар вуҷуди онҳо ҷой карда тавонад. Яъне, бо фораму шево хондани омӯзгор, дар хонандагон шавқу ҳаваси шеърхониву шеърфаҳмӣ пайдо шуда, рушд меёбад, зеро хонанда дар ифоданок хондани шеър ба оҳанги он гӯш андохта, ҳаловат мебарад ва ғизои маънавӣ мегирад. Ба ҳамин маънӣ устод Садриддин Айнӣ чунин гуфтааст: «Ман шеърҳоро дӯст медоштам, ҳарчанд маънои онҳоро дуруст нафаҳмам ҳам, оҳанги онҳо ба ман гуворо менамуд ва ба ёд карда, хонда гаштани баъзе шеърҳо кӯшиш мекардам» (Куллиёт, ҷ.1, саҳ.10).
Омӯзгор дар раванди дарсҳои хониши адабӣ тавассути диску фитта хонандагонро бо намунаи хонишҳои устодони каломи бадеъ, шоирону санъаткорон чун Маҳмудҷон Воҳидов, Лоиқ Шералӣ, Ҳабибулло Абдураззоқов ва Абдуқодир Маниёзов шинос менамояд, то ки онҳо садои фораму марғуладори ин ҳунарваронро шунида, ҳам лаззати маънавӣ бардоранду ҳам маҳорати худро сайқал диҳанд ва мазмуни чизҳои азёд кардаашонро равшан ва фораму шево гуфта тавонанд.
Пас аз хониши намунавии омӯзгор хонандагон матнро бо навбат мехонанд. Ӯ ба тарзи хондани матн, оҳанги талаффузи калимаҳо ва дарки мазмуни матни бадеӣ диққати ҷиддӣ диҳад. Аз хонанда мазмуни хондаашро пурсад ё метавонад нақли мазмуни онро аз дигар хонанда пурсон шавад. Агар хонандагон мазмуни матнро нақл карда натавонанд ё ба мушкилӣ рӯ ба рӯ шаванд, дар ин ҳолат омӯзгор ба онҳо саволҳои иловагӣ медиҳад. Ҳар саволи вай дар ин самт ба хонанда роҳ мекушояд ва ба нақли муфассали мазмуни матн ҳидоят менамояд. Ба туфайли дуруст ба роҳ мондани машғулиятҳои хониши адабӣ нутқи шифоҳии хонандагон рушд меёбад.
Омӯзгор роҳ надиҳад, ки шогирдонаш матнро тез хонанд, зеро суръати хониш баҳри фаҳмидани мазмуни матн халал мерасонад. Сустхонӣ низ хуб нест. Он аломати камсаводӣ буда, баҳри дарки маънӣ монеа эҷод мекунад. Бе дарки мазмун хониш ба талаффузи хушку холии тӯтивор шабоҳат дорад. Агар хонанда порчаи назмӣ ё насриро ифоданоку бо оҳанги мувофиқ хонад, ҳамаи қоидаҳои хониши адабиро риоя намояд, ин шаҳодати он аст, ки вай ба мазмуни матн сарфаҳм рафтааст ва мазмуни матнро мураттаб нақл карда метавонад.
Бинобар ин, омӯзгор ба он эътибор диҳад, ки хонанда мазмуни матнро дарк кунад. Мазмуни онро ифоданок ва дар доираи забони адабӣ нақл карда тавонад. Инчунин, аз хониши ифоданоки ҳамсабақи худ ҳам лаззат бараду ҳам мазмуни матнро фаҳмида тавонад. Бо ин васила, дар муҳити муассисаи таълимӣ баробари нутқи бурро, зебоиҳои адабиёти бадеиро омӯзонидан дар онҳо малакаҳои хушгӯиву хушхонӣ ва дарки мазмуни матнро парваридан зарур аст. Мафҳуми хониши ифоданок танҳо аз хондану нақл кардани мазмуни матн иборат набуда, балки хонанда моҳияти масъаларо хуб дарк кунад, ба рафтору амалиёти қаҳрамони асари бадеӣ баҳои дуруст дода, хулосаи мантиқӣ барорад ва эҷодкор бошаду санъатҳои бадеии онро кушода дода тавонад. Хониши ифоданоки асарҳои адабӣ тафаккур ва ҷаҳонбинии хонандагонро вусъат дода, зеҳн ва фаҳмиши онҳоро инкишоф медиҳад.
Пас аз ифоданок хондани матн омӯзгор метавонад, таҳлили асарро ба роҳ монад, зеро таҳлили асар барои хонанда хеле муҳим буда, вай тибқи таҳлил ба умқи асари бадеӣ ворид мешавад. Дониши назариявию амалии худро мукаммал менамояд. Ба рафтору амалиёти қаҳрамонон дар асоси донишҳои андӯхтааш баҳои холисона ва шаффоф дода метавонад. Ба рафтори ҳамидаи қаҳрамонон пайравӣ мекунад ва ахлоқи зишти ғайриинсониро маҳкум менамояд. Дар таҳлили асар муайян кардани қаҳрамонони мусбат ва манфӣ мавқеи асосӣ дорад. Ба қаҳрамонони асар аз диди худ хислатнома навиштан манфиатнок аст. Ин тартиби кор, аз як ҷиҳат, ба маҳорати эҷодкории хонандагон замина гузорад, аз ҷиҳати дигар, онҳоро ба эссенависӣ омода менамояд. Аз ин рӯ, таҳлили асар чунин лаҳзаҳоро дар бар мегирад:
— шарҳи луғатҳо;
— нақли шифоҳии мазмуни умумии асар;
— муайян кардани пейзаж, қаҳрамонони мусбат ва манфии асар;
— хулоса ва ҷамъбасти мазмун ва ғояи асари хондашуда;
— тартиб додани нақшаи асар;
— саволу ҷавоби шифоҳӣ дар бораи қаҳрамонони асар.

Барои хонандагони синфҳои 5-7 дуруст, бурро ва ифоданоку бошуурона хондани матни асари бадеӣ ва пай дар пай нақли мазмуни умумии асар мавқеи хосса дорад. Инчунин, фаҳмидани ҷараёни воқеаву ҳодисаҳои асар, лаҳзаҳои махсуси диққатҷалбкунандаи он, фарқ кардани хислати қаҳрамони асари бадеӣ низ мебошад. Мақсади ифоданоку бошуурона хондани матни бадеӣ ба боигарии нутқи шифоҳии шогирдон ёрӣ расонида, онҳоро ба баёни дурусти андешаҳо ва нақли равони мазмуни матн роҳнамоӣ менамояд.
Афзалияти хониши ифоданок ҳамчун усули таҳлил аз он иборат аст, ки дар он ба ҳаяҷон омадани хонандагон эҳсос карда шавад. Хонандагон дар рафти хониши асари бадеӣ худро осудаву озод ҳис кунанд, тавассути он овазашон табииву самимӣ ва таъсирбахш ифода шавад. Вобаста ба сохти матн, жанри бадеӣ ва мазмуни он оҳанги хониш баланду паст ва босуръат шуда, бояд аз замир барояду ба дилҳо нишинад. Дар натиҷа, хонандагон неруи ифоданоки каломи мавзунро эҳсос карда, маънои онро дарк мекунанд ва меҳр ба хондани асари бадеӣ мебанданд.
Ба он ноил шудан лозим, ки хонанда ҳангоми хониш чанд талаботро: аломатҳои китобат, оҳанги талаффуз (пауза), нимсукут ё сукути пурра, задаи мантиқӣ, ки барои фаҳмидани маънои калима хидмат мекунад, тағйир додани оҳанги хониш вобаста ба ҳодисаву воқеаҳои асар, ҳолати руҳию равонии қаҳрамонони асар, ба сухани муаллиф мувофиқ намудани оҳанги хониш бояд риоя намояд. Дар сурати риоя нагардидани ин талабот хониши ифоданок моҳияти худро гум карда, ба шунаванда таъсир расонида наметавонад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *