Шоиста САИДОВА,
омӯзгори Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент

Имрӯз дар кишвари мо раванди такмилу таҷдиди низоми таълим ҷараён дорад, ки он барои ворид шудан ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ равона гардида аст. Ин ҳолат дар назария ва амалияи раванди таълими педагогӣ дигаргуниҳои ҷиддӣ ба амал меорад. Ҷойи як низомро равишҳои нав, муносибатҳои гуногун, рафтори дигар ва тафаккури нави педагогӣ мегирад. Амиқан, барои ин дигаргунӣ технологияи педагогӣ муҳим мебошад.
Ҷиҳати дарки амиқи мафҳуми технологияи педагогӣ, ки ба истилоҳоти педагогии муосир устуворона ворид шудааст, чанд намуна манзур менамоем:
• Технологияи педагогӣ модели мукаммали фаъолияти муштараки педагогӣ дар лоиҳакашӣ, ташкил ва пешбурди раванди таълим бо муҳайё намудани шароити мусоид барои хонандагон ва муаллим мебошад.
• Технологияи педагогӣ равиши муназзами ба офаридан, татбиқ намудан ва муайян кардани тамоми раванди таълиму тарбия бо дарназардошти захираҳои техникӣ ва инсонӣ ва таъсири мутақобилаи онҳо мебошад, ки мақсадаш беҳтар намудани шаклҳои таълим аст.
Ҳамин тариқ, технологияи педагогӣ вазифаҳои илмро дар бар мегирад, ки чӣ тавр оқилонатар кардани таълим, принсипҳо ва усулҳои дар раванди таълим истифодашаванда, инчунин, сифати раванди таълимро меомӯзад.
Технологияи иттилоотӣ (бо забони англисӣ IT) як синфи васеи фанҳо ва соҳаҳои фаъолиятест, ки бо технологияҳои идоракунӣ ва коркарди додаҳо, аз ҷумла, технологияҳои компютерӣ истифода мегардад. Имкониятҳои афзояндаи технологияҳои иттилоотӣ барои рушди низоми маориф на танҳо дар кишвари мо, балки берун аз он низ мусоид аст.
Равандҳои ҷомеаи муосир нишон медиҳад, ки дар ҳар як низоми корӣ мутахассисе лозим аст, то фаъолияти худро ба нақша гирифта, мушкилотро зуд ва мустақилона ҳал кунад ва аз воситаҳои гуногуни техникаи иттилоотӣ бо камоли кордонӣ истифода бибарад. Инчунин, ба натиҷаҳои фаъолияти касбии худ баҳогузорӣ карда, фазои иттилоотиро озодона паймоиш кунад ва донишу малакаи худро такмил диҳад. Бо ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ дар ҳаёти донишомӯзон ин талабот комилан имконпазир мегардад.
Тағйироте, ки дар соҳаи коркарди иттилоот, муносибатҳои виртуалӣ, рушд ва таҷдиди муҳити иттилоотӣ ба амал меоянд, дар маҷмуъ, ба раванди таълим таъсир ва дигаргуниҳои ҷиддӣ ворид мекунанд. То имрӯз роҳҳои гуногуни истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар раванди таълим вуҷуд доранд. Аз ҳама ҷолиб, ба андешаи банда маҳсулоти таълимии нармафзор, технологияҳои интернетӣ, дарсҳои виртуалии коллективӣ (конференсияҳо, семинарҳо, мубоҳисаҳо) мебошанд, ки имконоти онҳо бо рушди алоқаи рақамӣ ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Бахшҳое аз васоити ахбори омма ба ин марбут аст, ки бо истифода аз технологияҳои навтарини таълимӣ дар вебсайтҳои худ вохӯриҳои интерактивии назарияпардозону коршиносон бо истеҳсолкунандагон ва таҷрибаомӯзони ин соҳаро, ки ба пайгирии иттилооти навтарин ва таълимӣ машғул ҳастанд, баргузор месозанд.
Дар низоми маориф зарурияти ба кор бурдани шаклу воситаҳои нави таълим вобаста ба инкишофи илм, техника ва тафаккури ҷамъиятӣ ба миён омадааст. Технологияи иттилоотӣ яке аз чунин воситаҳои таълим аст, ки ба рушди малакаҳои тадқиқотии донишҷӯён мусоидат мекунанд, раванди таълимро шавқовар мегардонанд (барои зинаҳои ибтидоии таҳсил бо унсурҳои бозӣ). Истифодаи воситаҳои муосири техникӣ ва технологияҳои нави иттилоотӣ дар раванди таълим хотира, зеҳн, мушоҳидакориро фаъол ва тарбия мекунад. Инчунин, диққати хонандагонро мутамарказ мекунад, ба онҳо барои ба таври дигар баҳо додан ва ба иттилооти пешниҳодшуда ҷалб шуданро мусоидат мекунад.
Истифодаи компютер дар синф пешниҳоди иттилооти таълимиро гуногунтар мегардонад. Истифодаи садо, графика, ранг ва таҷҳизоти муосири видеоӣ имкон медиҳад, мавзуъро ба таври амалӣ мушоҳида кунем! Ҳамаи ин, ҳавасмандии хонандагонро ба раванди таълим зиёд мекунад. Илова бар ин, истифодаи технологияи иттилоотӣ дар дарс яке аз сабабҳои аз байн бурдани нокомӣ дар ҷараёни дарс мебошад. Ҳангоми кор дар компютер донишомӯз имкон дорад, ки дар иҷрои супориш фаъол бошад ва онро ба анҷом расонад. Ҳамин тариқ, метавон хулоса кард, ки истифодаи технологияи компютерӣ ҷанбаҳои мусбати зеринро медиҳад:
— маҳсулнокии дарсҳоро баланд мебардорад;
— раванди таълимро ҷолиб мегардонад;
— муносибати тафриқавӣ ба омӯзишро имкон медиҳад;
— назорати саривақтӣ ва объективии донишҳоро таъмин мекунад.
Компютерҳо муддати тӯлонӣ дар соҳаи маориф истифода мешаванд. Вақте татбиқи онҳо ба қадри кофӣ васеъ гардид, истилоҳи «Технологияи нави иттилоотии таълим» пайдо шуд. Технологияҳои иттилоотӣ инҳоро дар бар мегиранд:
— таълими барномарезишуда;
— олами микро;
— омӯзиши зеҳнӣ;
— системаҳои экспертӣ;
— намоишҳо;
— гиперматн;
— мултимедиявӣ;
— омӯзиши симулятсия.
Вобаста ба вазъият ва ҳадафҳои омӯзиш, ин ё он усули мушаххас метавонад истифода шавад. Имрӯз истифода аз технологияи иттилоотӣ дар раванди таълим як мавзуи доғ аст. Омӯзгор бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ имкон дорад, омӯзиши маводро аёнтару ҷолибтар гардонад, инчунин, робитаҳои байнифанниро нишон диҳад.
Бояд қайд кард, ки чунин шакли технологияҳои иттилоотӣ, ба монанди эҷоди презентатсияҳо аз имконияти муаррифии аниматсионии мавод истифода мебаранд. Масалан, гардиши сохтори сеченакаи формулаи химиявӣ ё назорати ҳаракати объектҳои алоҳида бо истифода аз унсурҳои идоракунӣ, ба монанди тугмаҳо намоиш дода мешавад, чунки нақши технологияҳои иттилоотӣ дар татбиқи омӯзиши интегративӣ ҳатмист. Ҳамин тариқ, татбиқи лоиҳаҳои мавзуӣ аз фанҳои гуногун метавонад дар дарсҳои информатика амалӣ карда шавад ва ин ҳолат робитаи байни фанҳоро нишон медиҳад.
Дар омӯзиши мустақилона ва фосилавӣ базаҳои иттилоотӣ ҳамчун манбаи иловагӣ нақши муҳим доранд. Ба ин базаҳо луғатҳо, энсиклопедияҳо, китобхонаҳои электронӣ ва бойгониҳо шомил мешаванд.
Дар дарсҳое, ки аз технологияҳои иттилоотӣ истифода мебаранд, ҳамеша таваҷҷуҳи зиёди донишҷӯён ва омӯзгоронро доранд. Онҳо, чун қоида, хуб андешида шудаанд, материалҳои шавқовару асил ва истифодаи қобилиятҳои ақлию эҷодии талабагонро дар бар мегиранд. Бешубҳа, бо чунин шакл ташкили раванди таълим, ки дар он технологияҳои иттилоотӣ бо технологияҳои муосири педагогӣ ба ҳам пайвастааст, ба ташаккули салоҳиятҳои умумӣ ва касбии хонандагон мусоидат намуда, боиси тарбияи одамони эҷодкор, бомаърифат ва соҳибақл мегардад.
Хулоса, дар раванди таълим ҷорӣ намудани усулу воситаҳои нави иттилоотӣ дар ҳамаи зинаҳои таълим зарур аст. Саводи компютериро дар хонандагон ҳарчи зудтар ривоҷ додан аз талаботи муосир мебошад. Ин ҳолат метавонад хонандагонро ба фазои иттилоотии ҷаҳонӣ зуд ворид намояд ва донишҳои муосирро хубу муассир омӯзанд, зеро дар ҷомеаи навин таҳия ва татбиқи технологияҳои нави педагогӣ ҳамеша ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ тавъам будаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *