Омӯзгорӣ болотар аз касб, балки ишқ аст. Касоне ин пешаро намуда, умри худро сарф кунед, ки тарбияи насли наврас мешавад, ки ба он ошиқанд. Ба тарбияи омӯзгорон бо чанде аз устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимии кишвар оид ба пешаи омӯзгорӣ ва рисолати вазифаҳои тарбиятгаронро идора кунед, ки фишурдашро ба шумо пешкаш мекунем.
Сафаргул ОДИНАЗОДА,
декани факултети Белоруссия ДМТ бо МТО, номзади илмхои физикаю математика
Дар оилаи педагог ба дунё омадаам. Падарам муаллими математика ва модарам мураббия буданд. Бо нони ҳалоли омӯзгорӣ ба воя расидаам. Нони ҳалолро ёдовар шуданам, ин аст, ки аз заҳмати волидонам дарк кардам, омӯзгорӣ ягона пешаест, ки дар он инсони оқил наметавонад хиёнат кунад, каҷ гӯяду каҷ равад. Ҳамеша дар фикри пешрафти нафаре камари ҳиммат мебандаду равшании қалбу зеҳни аҳли ҷомеаро орзуманд аст.
Омӯзгори асил будан ба ҳар кас муяссар намегардад. Баъзеҳо соҳиби ҳуҷҷати ин касбанд, аммо пас аз як ё ду соли фаъолият дар ин соҳа тарки пеша мекунанд. Ин далели он аст, ки бори сангинеро ба дӯш дорад муаллим.
Агар омӯзгор мувофиқи завқу шавқ ва бо муҳаббат ба касби худ амал кунад, шогирдон ҳамеша ӯро гӯш мекунанду донишашро аз бар.
Ҳар як омӯзгор усулҳои махсуси дарсгузаронии хоси худро дорад. Масалан, ман вақте дар рӯзҳои аввали дарс ба синфхонаи гурӯҳҳои нав дохил мешавам, бо ҳайрат ба ман менигаранд. Яъне, донишҷӯёне ҳастанд, ки аз нигоҳи
чашмонашон пай мебарӣ, ки дар дил барои аз худ кардани илму дониш рағбат доранд ва ман эҳсос мекунам, ки донишҷӯ фанни маро аз худ кардан мехоҳад. Бархеи дигар ба он чизе, ки шумо таълим медиҳед, парво надоранд, вале вазифаи мо аз он иборат аст, ки ба мавзуи худ таваҷҷуҳ ва муҳаббати зиёд зоҳир кунем. Ба ҳама як навъ назар кунем. Ба касбу пешаву ишқи худ хиёнат накунем ва рисолати касбии хешро сарбаландона ба ҷо биёрем.
Абдулвоҳид АБДУЛҲАЕВ, омӯзгори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ишқ ба шогирдон, ишқ ба қаламу китоб, ишқ ба сухангӯиву суханварӣ ва ишқ ба илму дониш, рисолати аслии ҳар як омӯзгор аст!
Ба як кас омӯзонидани як калима ва ё як ҳарф маҳорати зиёдро талаб менамояд ва албатта, шахси соҳибмаҳорат метавонад ба ҳама мақсаду ният ва орзуи худ бирасад. Ман ба ин касб аз кӯдакӣ, аз давраи гузоштани аввалин қадамҳоям ба мактаб ошиқ гашта будам. Бо дидани нахустин омӯзгори худ, дар наздам мақсад гузоштам, ки рӯзе ба мисли эшон соҳиби шогирдони зиёд мегардаму барояшон сидқан ҳарфе меомӯзонам. Муҳаббатам нисбат ба ин пеша самимиву қарин аст ва ҳамеша кӯшиш менамоям, то чизи наве биомӯзаму ба шогирдон пешкаш созам. Махсусияти ин касб низ дар ҳамин аст, ки бояд аз болои худ бештар кор куниву барои таъмини ояндаи неки шогирдонат талош варзӣ. Ишқ ба касби омӯзгорӣ на танҳо ишқ ба як касб аст, балки доштани муҳаббату садоқат ба ҳар дақиқаи дарсҳоят, ба шогирдонат, ба ҳамкоронат ва муҳимтар аз ҳама, ба меҳнати худат мебошад.
Набояд фаромӯш созем, ки омӯзгорӣ яке аз бузургтарин масъулиятҳо ба шумор рафта, бунёдгузори тақдири ояндаи давлату миллат ҳисоб меёбад. Зеро, маҳз омӯзгор ҳам духтуру ҳам муаллим ва ҳам роҳбару ҳам муҳандисро таълиму тарбия медиҳаду омода мекунад.
Давоми фаъолияти омӯзгорӣ кӯшиш менамоям, ки бештар ба масъалаи ҷолибият ва оммафаҳмии машғулиятҳои худ аҳамият диҳам.
Талош мекунам ҳамчун омӯзгори ҷавон дар фаъолияти касбии худ аз навовариҳо бештар истифода бурда, аз уҳдаи рисолати аслии хеш тарбияи насли наврас бо сарбаландӣ бароям.