Раҷабалӣ ХУДОЁРЗОДА,
омӯзгори Донишгоҳи давлатии Бохтар
ба номи Носири Хусрав, номзади илмҳои филологӣ
Бо мурури замон ба захираи луғавии забони тоҷикӣ аз дигар забонҳо калимаҳои зиёд ворид гардидаанд ва ин гуна калимаҳоро дар истилоҳи забоншиносӣ калимаҳои иқтибосӣ меноманд.
Аз ҳамин хотир, мо барои муайян кардани миқдори калимаҳои иқтибосӣ ба китоби «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (иборат аз ду ҷилд, Москва, 1969) рӯ овардем. Дар натиҷаи таҳқиқ маълум гардид, ки дар фарҳанги мазкур аз ҳама зиёд калимаҳои арабӣ мавҷуд будаанд.
Аз китоби муътабари «Фарҳанги забони тоҷикӣ» миқдори калимаҳои иқтибосиро мутаносибан мувофиқи теъдодашон чунин муайян намудем: калимаҳои арабӣ 40-50 фоиз, туркӣ 354 калима, ҳиндӣ 60 калима, юнонӣ 58 калима, туркию муғулӣ 51 калима, юнонии арабишуда 33 калима, муғулӣ 24 калима, арабии юнонишуда 7 калима, муғулию туркӣ 3 калима, ҳиндии юнонишуда 1 калима, лотинии арабишуда 1 калимаро ташкил медиҳанд.
Калимаҳои иқтибосии юноние, ки ба захираи луғавии забони тоҷикӣ ворид гардидаанд, маъноҳои гуногунро ифода мекунанд. Мо онҳоро вобаста ба мазмуну муҳтавояшон ба чанд гурӯҳ ҷудо намудем: номи шоҳон ва донишмандони қадим: Искандар, Уқлидус/Уқлидус; номи бемориҳо: қуланҷ, молихулиё, мохулиё; номи наботот ва дигар маводи давоӣ: афтимун, апюн, афюн. баласон/балисон, балила, истофил, қаранфул, қир, қор, қуст, мӯмиё, мӯмиёӣ, сандал, сақмуниё, тарёк, тарюк, тирёк, тарёқ/тарюқ/ тирёқ; номи ҳайвоноти ваҳшӣ ва мутааллиқи онҳо: буқаламун, далфин/дулфин, қақнус, сақанқур, истабл; номи ибодатхона ва рутбаҳои олии руҳониёни христианӣ: баториқа, битриқ, калисо/калисиё/калисё, митрон, сакубо/сукубо, усқуф, уқнум, ҷосилиқ, номи илм ва китобҳо: лимиё, симиё, «Ангалюн», «Миҷастӣ»; номи санг ва дигар маъданҳо: булур/ булӯр, зумуррад, замуррад, зумруд, мақнотис/мағниётис/миқнотис, марворид, мармар; номи зарф ва дигар асбоби рӯзгор: қандил/қиндил, қаппон, қаппон, қустос/қистос, пиёла, собун, фонӯс; номи асбобҳои мусиқӣ: арған, арғанун, арғунун, барбат, конун, қонун; номи асбоби ситорашиносӣ ва дигар ҷирмҳои осмонӣ: асир, ситирлоб/сутурлоб, устуқус/ устуқуссот; воҳидҳои ченаки арзиш: дирам, дирҳам, пул; истилоҳоти фалсафӣ: суфастоӣ, файласуф, ҳаюло, истилоҳи ҷуғрофӣ: иқлим; номи узвҳои инсон ва мутаалиқи он: қулун, қифол, номӯс; номи моддаи зардранг: сандарӯс; номи тахт: арика; воҳидҳои ченаки вазн: қирот; номи матоъҳои нафис: буқаламун, сақирлот, сақлотун.
Ҳомид Маҷидов дар мақолаи бо номи «Калимаҳои иқтибосии тоисломӣ дар забони тоҷикӣ» навиштааш доир ба калимаҳои иқтибосии юнонии ба забони тоҷикӣ дохилгардида чунин ибрози назар намудааст: «Калимаҳои дар гузаштаи қадим аз юнонӣ воридшуда низ чандон зиёд нестанд. Дар қиёфаи овозии чунин калимаҳо низ аҳёнаҳён осори сохтори овозии забони асли қадимаро зоҳир кардан мумкин аст. Чунончи, дар охири як гурӯҳ калимаҳои ифодакунандаи шайъҳо боқӣ мондани овози с нишона аз мансубияти онҳо ба исмҳо аст: фонус, номус, сандарус «як навъ моддаи зардранг», обнус «як навъ дарахти сиёҳранги чӯбаш сахт» («Маърифат», 1999, № 5-6, саҳ. 24).
Дар ҳамон мақола Ҳомид Маҷидов баъзе калимаҳои тоҷикиро ба қатори калимаҳои иқтибосии юнонӣ дохил кардааст, ки шояд юнонӣ набошанд, зеро баъди ин қабил калимаҳо ҳарфи ю. (юнонӣ) наомадааст. Масалан, ӯ вожаҳои тоҷикии «алмос», «арғанда», «дафтар», «динор», «ёқанд», «Кайвон», «кимиё», «колбад» «лаган», «наргис», «обнус», «осиё», «сим», «шоф»-ро беасос ба қатори калимаҳои иқтибосии юнонӣ дохил кардааст, ки ба юнонӣ будани онҳо боварии кас намеояд.
Ҳамчунин ҳодисаи дигари забонӣ низ ҳаст, ки баъзе калимаҳои тоҷикии форсӣ ба забонҳои дигар ворид шуда, баъд аз марҳилаҳои таърихӣ боз ба шакли нисбатан тағйир ёфта, ҳамчун калимаҳои умуми-гуфтории байналмилалӣ вориди забони тоҷикӣ шудааст. Аз ҷумла, авитсенна ва медитсина ва ғайра.
Ба хонандаи имрӯз, махсусан ҷавонон, маънои аксар калимаю вожаҳои юнонӣ фаҳмо нестанд. Бинобар ин, лозим медонем чанде аз онҳоро зарур донистем.
Ангалюн – 1. д. китоби Инҷил… 2. номи китоби Монии наққош.
Апюн/афюн – модаи заҳрдоре, ки аз шираи ғӯзаи кӯкнор ҳосил мешавад ва мастию беҳушӣ меоварад.
Арған/арғанун/арғунун – номи асбоби мусиқӣ.
Арика – тахт, тахти ороста.
Асир – 1. кураи оташест дар болои осмон; 2. офтоб; фурӯғи асир равшании офтоб; 3.фалак, осмон; маҷ.баланд, олӣ.
Афтимун – гиёҳи сурхрангу талхмазаест, ки барои муолиҷаи баъзе касалиҳои рӯҳӣ ба кор мерафт.
Баласон/ балисон – номи дарахтест, ки баргҳояш бӯи хуш дошта, аз он равғаи эфир тайёр мекунанд.
Барбат – асбоби қадимии удмонанди мусиқӣ, ки ҳашт тор дорад.
Баториқа/битриқ – 1. падаршоҳ, патриарх, қоид ва пешвои дини исавӣ; 2. сардори фавҷе аз лашкари румиён.
Далфин/дулфин – як навъ ҳайвони ширхори баҳрӣ аз ҷинси ҳайвоноти наҳангмонанд.
Дирам/ дирҳам – 1. танга, сиккаи нуқрагӣ, пули нуқра; 2. пул; 3. воҳиди вазн, барбари 3, 12 г.
Зумуррад/зумурруд зумуруд – санги гаронбаҳои сабзранг.
Иқлим – кишвар, мамлакат, вилоят; минтақае аз кураи Замин.
Искандар – 1. сир, саримсоқ; 2.номи яке аз подшоҳони Юнони қадим, Искандари Мақдунӣ, яъне Искандари Зулқарнайн.
Истабл – ҷойи бошиши аспон, тавила, аспхона, оғилхона, саисхона; ҷойи бастани чорпоён.
Каппон – тарозуи якпалла калон.
Конун/қонун – асбоби мусиқӣ ба шакли тахтаи паҳн бо торҳои бисёр.
Қандил/қиндил – чилчароғ, шамъдони калон, чироғи овезон.
Қаранфул – меваи гиёҳест хушбӯй, ки духтарон ба гардан мисли марҷон меовезанд; фаранҷмушк, ки онро мехак низ гӯянд ва онро барои хӯриш ҳам ба кор мебаранд, ки хӯрокро тунд мекунад.
Қир – 1. моддаи равғанмонанди сиёҳ ва часпак, ки аз нафт ҳосил мешавад ва онро барои муолиҷаи ҷароҳати шутурҳо кор мефармоянд, инчунин ба дарзи киштӣ мемоланд, то ки ба киштӣ об надарояд; 2. маҷ. ранги сиёҳ.
Қистос – тарозу, тарозуе, ки хеле дуруст бармекашад, тарозуи ҳассос.
Қифол – тиб. раги даст, ки аз он хун мегиранд.
Қулун – номи рӯдае.
Қустос – тарозу, тарозуе, ки хеле дуруст бармекашад, тарозуи ҳассос.
Қутос – гови кӯҳӣ, дорои пашм ва ёли дароз; думи вайро бар сари байрақ мебанданд.
Лимиё – яке аз илмҳои асримиёнагӣ, ки доир ба
риёзиёт будааст.
Марворид – 1. донаи хурд ва дурахшон, сафед ё сафеди сурхтоб, ки дар даруни садаф ба вуҷуд мешавад.
Мармар – аз ҷинси сангҳое, ки аз ҷузъҳои булӯришудаи оҳакӣ ба вуҷуд омада, ба воситаи тарош ва соидан ҷилодор мешавад.
Митрон – яке аз унвонҳои олии рӯҳониёни христиёнӣ, митрополит. «Миҷастӣ» – номи китобест доир ба илми риёзӣ ва ҳандаса аз таълифоти ҳакими юнонӣ Батлимус.
Номӯс – 1. обрӯ, шараф, қадру иззат; исмат. 2. овоза шуҳрат.
Пиёла – қадаҳ, ҷоми май, косаи хурди шаробхӯрӣ; зарфи хурд, ки бо он моддаи моеъро мехӯранд.
Пул – зару нуқра ва фулузоти дигари сикказадашуда, ки дар тиҷорат, харидуфурӯш ва додугирифт андозаи арзишро ифода мекунад.
Сакубо/сукубо – руҳонии олимартаба дар дини христианӣ, асқуф, епископ.
Сандал – дарахти ҳамешасабзе, ки дар минтақаҳои гарм мерӯяд; чӯби он хушбӯст ва хосияти давоӣ дорад.
Сақанқур – ҷонвари сусмормонанди обӣ ва хушкӣ.
Сақирлот/сақлотун – матои нафисе, ки бештар ба ранги сурх ё кабудмонанд будааст; як навъ матои зардӯзӣ, ки дар қадим онро дар Бағдод мебофтаанд.
Ситирлоб/сутурлоб/ устурлоб – нуҷ. асбобе, ки ба воситаи он дар расадхонаҳо гардиши ситораҳоро мушоҳида мекунанд ва меомӯзанд.
Собун – он чӣ аз чарбу ё равғанҳои наботӣ бо омехтани сода ва ишқор сохта мешавад ва барои шустушӯи бадан ва либос ба кор меравад.
Тарёқ/тирёқ/тарюқ – давои зидди таъсири заҳр, доруи зидди заҳр, позаҳр.
Усқуф – кашиши калони исавиён, епископ.
Уқлидис/Уқлидус – Эвклид, номи яке аз донишмандони Юнони қадим (асри III пеш аз милод), ки муаллифи китоби машҳури илми ҳандаса мебошад.
Файласуф – дӯстдори илму ҳикмат, ҳаким ва донишманд.
Фонус – чизи қуттимонанди филизии дастадор, ки атрофаш бо шиша, коғаз ва ғ. гирифта шудааст ва дар он чироғ ё шамъи фурӯзон мегузоранд ва шабона бо худ мебаранд ё ки дар ҷое овезон карда мемонанд.
Ҳаюло – модда, моддаи аслӣ, моҳияти ҳар чиз, гавҳар, материя.
Ҷосилиқ – пешвои руҳонии христианҳои католик, ки аз усқуф болотар меистад.