Ҷангибеки Улфатшоҳ,
рӯзноманигор,
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Дар умри худ одам бо мардуми зиёд ошноӣ пайдо мекунад ва хоҳу нохоҳ дар тасаввураш таҳлил менамояд ва аз дидгоҳи хеш ба ҳар яке баҳо медиҳад. Ин як хислати одамист ва аз он наметавон канор рафт, лекин чӣ хел баҳо додану чӣ тавр таҳлил кардан худ чизи дигар аст. Албатта, инсони бомантиқ мекӯшад, ки баҳову таҳлилаш холисона бошад ва гузашта аз ин, дар ҳар одам хубиеро биҷӯяду биёбаду бигӯяд. Хуш ба ҳоли касоне, ки инсофу адолату ростӣ чун ченаки меъёрҳои ахлоқӣ ё худ арзишҳои инсонӣ барояшон аз ҳама чиз болотару волотар аст. Ҳамакнун аз рӯйи ин се арзиши воло аз худ бипурсем: мо кӣ ҳастем? Яъне, мо ҳамонҳое ҳастем, ки худро тасаввур мекунем? Ҷавоб ба ин савол дар ибтидо сода менамояд, вале дар асл мушкил аст… Онҳое, ки бисёр андеша карданро хуш надоранд, мегӯянд, ки мо ҳамонем, ки ҳастем. Бархе дигар мулоимакак хоҳанд гуфт, ки намедонем. Танҳо шахсони андешапарвар ва соҳибинсоф дар баҳо додан ба худ душворӣ мекашанд ё ба худ баҳо дода наметавонанд. Пас, матлабу ҳадафи ман аз ин гуфтаҳо чист? Муносибати инсон ба худ, ба дигарон чӣ гуна бошад, ба атроф, саҳеҳтараш, ба зиндагӣ, ба дунё ҳамон гуна хоҳад буд… Матлабу мақсад ҳамин аст, ки мо ба зиндагӣ, ба дунё, ба атрофиён чӣ хел муносибате дорем ва ин муносибатро чӣ тарз шакл медиҳем.
Мо, зиндагӣ ва дунё
Мо дар сайёраи Замин ва ё ба истилоҳи иҷтимоӣ рӯйи дунё зиндагӣ дорем. Пеш аз мо дигарон зиндагӣ кардаанд, пеш аз онҳо касони дигар… баъди мо ояндагон низ хоҳанд зист. Тавре мегӯянд, аз азал чунин будааст. Чунон ки дар боло ишора рафт, мо бояд муносибати худро ба зиндагӣ, ба дунё муайян намоем. Аз як ҷониб, ниёзу эҳтиёҷи мо муносибати моро ба зиндагӣ, ба дунё мушаххас месозад. Яъне, мавриде инсон зинда аст, вай ба бисёр чизҳо ниёз дорад: хона, ғизо, либос, пойпӯш ва ғайраву ғайра. Вале одамон ниёзи худро чӣ хел бароварда мекунанд, ин масъалаест баҳсталаб. Мавзуи асосии матлаби мо ҳам ҳамин аст. Ҳастанд одамоне, ки бо он чизе, ки бо меҳнати ҳалол ба даст меоранду Худованд барояшон рӯзӣ фармудааст, қаноат мекунанд. Ин мардум бо он чизе, ки барои рӯзгор басе зарур аст, иктифо кардаанд. Аммо на ҳама! Имрӯз ҳирси молу чизи олам чунон ақлу ҳуши мардумро рабудааст, ки ҳатто, аз ҳадди тасаввури мо берун аст.
Табиист, ки ин рухдод барои мо, барои ҷомеа, барои оянда оқибати хубе нахоҳад дошт. Миёни мардум мақоле роиҷ аст: “Нафс балои ҷон аст”. Пеш ин мақол, ё ба қавли мардуми мо “матал” дар назарам як гапи одӣ менамуд, вале бо мурури айём ва бардоштҳо аз таҷрибаи зиндагӣ оҳиста – оҳиста ба умқи он фурӯ рафтам ва ҳоло ба натиҷае расидаам, ки пешиниёни мо сад андар сад ҳақанд. Ба яқин, аждаҳои нафс дар сари роҳаш ҳама чизро мебалъад ва иштиҳояш бештар мегардаду камтар не. Имрӯз мушоҳида кардаем, ки кам касе метавонад онро саркӯб бикунад ва саркӯбгари аслии он “ақли пуртадбир” аст.
Ҳавои дунёпарастӣ ва пулпарастию чизпарастӣ иддае аз инсонҳоро чунон ба худ кашидааст, ки гумон мекунед, дар ин сайёраи замин сутуни олам шуданианду ҷойе рафтанӣ нестанду ҳама моли ҷаҳон барояшон абадист. Сарватпарастӣ, гурӯҳеро аз зиндагии инсонӣ ба савдои ҷунун кашидааст. Зумрае тобеи деви нафс шуда, ба корҳои нангин даст мезананд: пора мегиранд, туҳмат мекунанд, буҳтон мезананд, моли давлатро ғорат мекунанд, моликияти ҷамъиятиро бар нафъи худ истифода мебаранд ва ҳатто манфиатҳои давлат, миллат ва ҷомеаро барои молу сарвати нопок барои бегонагон мефурӯшанд.
Ин дар ҳолест, ки фарҳанги асили тоҷикӣ ва андарзҳои неки ниёкон моро водор менамояд, ки дар роҳи омӯзиши илму маърифат, касбу ҳунар, одобу ахлоқи ҳамида ва некию саховатмандӣ ҳарис бошем. Забонҳои хориҷиро аз бар намоем, илмҳои дақиқро омӯзем, техника ва технологияи муосирро дар зиндагии рӯзмарраамон барои муваффақиятҳои бештар аз худ кунем. Арзишҳои волои инсониро пос дорем, барои ҳифзи арзишҳои бузурги маънавӣ камари ҳиммат бандем, манфиати ҷамъияту давлатро воло пиндорем ва бар манофеи миллию давлатӣ ҳамоҳанг гардем.
Инсони оқилу қаноатпеша ҳавою ҳаваси зиёдро аз худ меронад, лекин на ҳар касе қодир аст, онро лаҷом занад. Масалан, фарде орзу мекунад, ки дар миёни фазо қасре дошта бошад. Фарде мехоҳад, ки халтаҳои пури пул ҳамеша дар паҳлуяш бошанд, шахсеро ҳавасаш меравад, ки қитъаеро бо тамоми сарваташ соҳибӣ кунад. Ҳикмати зиндагист, ки на ҳамаи хостаҳои инсонӣ бароварда мешаванд. Фаразан, яке бихоҳад, ки дунёро бисӯзонад …
Аксаран аз ёд мебарорем, ки мо наметавонем зиндагиро тобеи худ гардонем ва ё дунё бо хости дили мо бичархад. Баръакс, мо тобеи қонуну қоидаҳои нонавиштаи ҳаёт ҳастему дунё моро бо чархи сарнавишт мечархонад, гоҳе ба авҷи аъло мебарораду гоҳе дар қаъри чоҳ мефиканад. Аксаран мо барои ҳамин дар рӯёрӯйи дунё ва зиндагӣ ноком мешавем. Буддоиён мегӯянд, ки ту дунё ё худ зиндагиро наметавонӣ тағйир бидиҳӣ, зеро табиаташон чунин аст ва онҳо чунин офарида шудаанд. Ё аз ҷаҳон чизеро дархост мекунӣ, ки дунё наметавонад онро ба ту бидиҳад. Вале воқеият ин аст, ки мо бештари мавридҳо мехоҳем зиндагӣ, ё оламро ба нафъи худ тағйир бидиҳем, ки ин номумкин аст. Ба ин тартиб, муносибати мо ба зиндагӣ чунин шакл гирифтааст, ки мо мехоҳем ҳама хостаҳоямонро бароварда созем. Ин хоҳишу дигар орзую ҳавасҳои мо ба он мерасонанд, ки мо худ бехабар савдои ҷоҳу сарвати олам дар сарамон хона мекунад. Гоҳе ин ҳирси хом моро дар кӯйи балову бадбахтӣ меандозад.
Инсоният ва ҳунар ё мақому сарват…
Шояд мо ба гирду атрофи худ назар мекунему чизеро намебинем ё мебинему воқеияти мавҷуда ва қонунҳои нонавиштаи зиндагиву дунёро пеши худ иқрор намекунем. Вале рӯзе мо ба дастони худ даҳҳо бор назар меандозем, чун бо онҳо кор мекунем. Хоҳу нохоҳ мушоҳида менамоем, ки ангуштони панҷаи даст баробар нестанд ва мо дар баробари ин воқеият коре карда наметавонем. Ба ин хотир, одамон ҳам мисли ангуштони панҷаи даст ба ҳам монанд нестанд ва ҳунару қобилияту истеъдодашон низ ҳар хел аст, ризқу рӯзию зиндагиашон ҳам наметавонад, дар як сатҳу поя бошад. Аз ин ҷо зиндагиву шароити зиндагии мардум ҳам якранг буда наметавонад ва Офаридгор онро ҳамин тавр офаридааст ва ҳикмати аслии дунё низ ҳамин аст. Ё ҳарчанд то хиррӣ шудани овозамон ширро сиёҳ бигӯем, он сафед аст ва новобаста аз хости мо сафед мемонад. Зиндагӣ ва олам низ чунинанд ва қатъи назар аз хоҳиши мо ба ҳоли худ ҳастанд ва мемонанд, чаро ки табиати онҳо ин зайл аст ва ҳеҷ кас қудрат надорад, ки онҳоро дигаргуна созад.
Бо ин ҳама, мо саъю талош дорем, ки аз якдигар пешдастӣ ҷӯем ва пайи молу маноли дунё теша бар решаи ҳамдигарӣ мезанем ва мехоҳем бар дигарон афзалият пайдо кунем, ҳарчанд намехоҳем ба худ иқрор намоем, ки афзалият бар одамӣ на мақому мансаб, балки дониш, ахлоқ, идрок ва маҳорату тавоноӣ аст. Аз ин рӯ, тамоюли ҷоҳпарастӣ дар бадани иддае аз инсонҳо реша давондааст, ки наметавон аз он натиҷаи хубе чашм дошт.