Шаҳноза Қосимова,
ходими калони илмии
Пажуҳишгоҳи рушди маориф
ба номи Абдураҳмони Ҷомии АТТ
Ташаккули одоби нутқи кӯдакон аз муҳити хонавода ва муколамаи пайваста бо волидон шуруъ шуда, бо мутолиаи китобҳои бадеӣ такмил меёбад. Кӯдакон гуфтугӯву рафтори калонсолонро дида, дарси ибрат мегиранд ва кӯшиш мекунанд, ки дар хона китобҳои бадеиро мисли волидони худ мутолиа кунанд.
Одоби нутқ маданияти волои ҳар як инсонро нишон медиҳад. Яъне, ҳар як инсон бояд гуфтори намунавӣ, одобу ахлоқи ҳамида ва лафзи гуворо дошта бошад. Лафзи гуворои кӯдак аз мактабу омӯзгорон низ вобастагии амиқ дорад. Мо — омӯзгорон низ бояд ба хонандагон тавре таълим диҳем, ки аз мо мероси маънавӣ ба онҳо эҳдо гардад ва моро фаромӯш накунанд ва суханҳоямонро ҳамеша дар ёд дошта бошанд. Барои он ки қадру қимати худро дар пеши хонандагон пайдо кунем, бояд мо дурусту равон сухан гуфта тавонем. Ҳурмату иззати якдигарро донем, хушрафтору хушгуфтор бошем ва хонандаро, пеш аз ҳама, бо каломи нек ба роҳи илму дониш роҳнамоӣ кунем.
Инсони ҳақиқӣ ҳамон инсонест, ки нутқи шевою гӯшнавоз дошта бошад ва бо панду андарзҳо гуфтори худро тақвият дода, ба дигарон низ омӯзонад. Ҳар як фард, пеш аз ҳама, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ одобу рафтори шоиста аз худ нишон диҳад ва ба фарҳангу забони ҳар як узви ҷамъият эҳтиром гузорад, зеро эҳтироми ҳар як инсон, эҳтиром ба миллату забону таъриху фарҳангу кишвари он аст.
Афсӯс, ки як зумра инсонҳое ҳастанд, ки дар ҷомеа на обрӯи худро ҳифз мекунанду на фикру андешаи дигаронро доранд ва бо ин васила, обрӯи падару модар ва устодони хешро низ мерезонанд.
Мо — омӯзгорон бояд ба хонандагон беҳтарин сифатҳои инсониро омӯзонем, то ин ки аз онҳо олимон, нависандагон ва муҳимтар аз ҳама, инсонҳои нек ба ба камол расид. Шавқу рағбати китобхонию китобдониро дар тиннати онҳо бедор карда тавонем ва дарсҳои тарбиявӣ, машғулиятҳои амалӣ ва беруназсинфиро барпо намоем, то шавқи онҳо бедор шуда, ба китобхонӣ меҳру рағбати хоссе дошта бошанд.
Одоби рафтор, гуфтор, ахлоқ, маданият, фурӯтанию хоксорӣ инсонро зинати хос медиҳад. Бузургони таъриху адаби форсу тоҷик низ дар ин мавзуъ андешаҳои фаровоне иброз намудаанд. Аз ҷумла, Носири Хусрав дар мавриди сухану сухангӯӣ ва муошират бо атрофиён чунин баён доштааст:
Магӯ нохуш, ки посух нохуш ояд,
Ба кӯҳ овози хуш деҳ, то хуш ояд.
Моро мебояд мероси бузурги маънавии гузаштагонамонро ҳифз намуда, афкору рафтори худро дар асоси панду ҳикматҳои омӯзандаи аҷдодони номварамон ташаккул диҳем ва ба ватану давлати хеш содиқона хидмат намоем. Одобу рафтор аз оила маншаъ мегирад ва дар муассисаи таълимию муҳити зиндагӣ таҳкиму такмил меёбад. Танҳо маконе, даргоҳе, ки инсон метавонад аз он таълиму тарбияи дуруст бигираду ба роҳи нек раҳнамун шавад, ин мактаб мебошад.