Муҳаббат ЭМОМНАЗАРОВА,
омӯзгори кафедраи психологияи умумидонишгоҳии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Илми психология дар қатори илмҳои дунявии замони муосир, беш аз ҳар вақти дигар, рӯ ба инкишоф аст. Дар адабиёти илмӣ омадааст, ки психология ҳаёти руҳии инсонро меомӯзад ва имрӯз ба илми равоншиносӣ ниёз бештар гардидааст.
Омӯзишҳо собит намудаанд, ки ҳаёти инсонро бе донистани руҳу равони ӯ тасаввур кардан номумкин аст. Инсонҳо ҳамарӯза ва ҳар соат бо якдигар вохӯрда, бо ҳам муносибат менамоянд. Ҳамаи ин тавассути психика идора мегардад. Дар замони ҳозира психология дар омӯзиш ва тарбияи руҳии одам муҳимтарин соҳаи илм ба шумор рафта, сохту таркиби мураккаб дорад ва соҳаҳои мухталифро ба ҳам мепайвандад.
Ҳоло ба ҳар кадом соҳаи ҳаёти иҷтимоии ҷомеа назар бикунем, он соҳа психологияи хоси худро дорад. Донишҳои психологӣ барои барқарор намудани муносибатҳои байниҳамдигарии одамон, ба касе таъсири мусбати психологӣ расонида тавонистан, дар фаъолияти гуногун одамонро руҳбаланд намудан низ истифода мегардад.
Hовобаста аз он ки дар тамоми ҳуҷҷатҳои асоситарини соҳаи маориф дар бораи инкишоф додани донишҳои психологӣ ва дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ҷорӣ намудани воҳиди кории психологи мактабӣ таъкид шудааст, аммо то ҳанӯз ин дастур ба таври ҷиддӣ дар мактабҳо иҷро намешавад. Аз ҷумла, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» омадааст: «Дар системаи маориф имкон дорад, хадамоти давлатии психологӣ, тиббию омӯзгорӣ амал кунад».
Ба вуҷуд омадани маҷмуи арзишҳои нави ҷамъиятӣ дар назди соҳаи маориф ва илм талаботи ҷиддӣ мегузорад, ки дар мазмун ва раванди таълиму тарбияи насли наврас усулҳои наверо ба миён биоварад.
Консепсияи мактаби миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати баланд бардоштани дараҷаи психологию педагогии омӯзгоронро таъкид менамояд. Чунин талабот аҳаммияти азхудкунии донишҳои психологиро дар тайёрии касбии омӯзгорон беш аз пеш меафзояд.
Имрӯзҳо яке аз комёбиҳои асосии олимони тоҷик дар Ҷумҳурии Тоҷикистон он аст, ки соҳаи «Психологияи амалӣ»-ро мавриди таҳқиқ қарор додаанд. Дар натиҷа, вобаста ба мавзуи мазкур аз тарафи олимон С. Алиев, Н. Юнусова, М. Давлатова ва дигарон китоби «Психологияи амалӣ» ба табъ расид. Дар китоби болозикр роҳу усулҳои дар амал татбиқ намудани донишҳои психологӣ дарҷ гардидааст. Шиносоӣ бо муҳтавои ин асари илмӣ кори омӯзгоронро ба маротиб осон хоҳад кард.
Хулоса, ҳоло мақсад аз омӯзиши илми психология он аст, ки қонуниятҳои психологии ҷомеаро дар шуури ҳар фарди ҷомеа шарҳ диҳад ва тарзҳои истифодабарии онҳоро дар ҷараёни муносибатҳои байниҳамдигарии одамон, дар коллективҳои педагогӣ ва инчунин, дар байни хонандагон ҳамаҷониба дида барояд.
Аз ин хотир, пешниҳодҳое вобаста ба рушди илми психологӣ ба шаҳрвандон, пеш аз ҳама, ба омӯзгорону донишомӯзони муассисаҳои таълимӣ дар мавриди расонидани кумаки руҳиву равонӣ дорем, ки ба чунин шакл аст:
1. Таҳия ва омӯзиши бештари адабиёти илмӣ-психологӣ.
2. Таъсиси озмоишгоҳҳои психологӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ.
3. Кушодани марказҳои психологӣ дар назди кафедраҳои психологияи донишгоҳҳо барои расонидани ёрии психологӣ ба шаҳрвандон.
4. Боло бурдани нақш ва ҷойгоҳи қонуниятҳои психологияи муколама ҳамчун илм дар нақшаҳои таълимӣ.
Табиист, ки ин пешниҳодҳоро якбора иҷро кардан ғайриимкон аст, аммо дар пайи ба нақша гирифтану давра ба давра амалӣ намудан, ин чораҳо барои пешрафти омӯзишу такмили ин соҳа ва боло рафтани нақшу самаранокии он дар рушди ҷомеа мусоидат хоҳад кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *