Асадулло ШАРИФЗОДА,
дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Математики машҳур Андрей Николаевич Колмогоров 12-уми апрели соли 1903 дар шаҳри Тамбови Федератсияи Россия таваллуд шудааст. Соли 1910 ба шаҳри Москва муҳоҷир шуда, ба гимназияи хусусии ба номи Е. А. Репман дохил гардидааст. Истеъдоди фитрии ин олими оянда имкон дод, ки ӯ ба синфи боло гузаронида шавад. Маърӯзаи нахустини илмиашро Андрей дар 17 — солагӣ дар Донишгоҳи давлатии Москва ироакардааст, ки он на ба математика, балки ба заминсозӣ дар Новгород иртибот дошт. Андрей дар ин баромадаш ҳанго ми таҳлили китобҳои муҳосибони асрҳои XV-XVI элементҳои назарияи эҳтимолиятро аз математика истифода бурдааст. Соли 1920 А. Н. Колмогоров бе супурдани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба факултети математикаи Донишгоҳи давлатии Москва ва ҳамзамон ба факултети металлургии Институти ба номи Д. И. Менделеев дохил гардидааст. Ӯ соли 1922 дар баробари донишҷӯ будан ба таълими математика дар мактаб шуруъ кардааст. Дар ҳамон сол таҳти роҳбарии профессор В. В. Степанов ба омӯзиши назарияи қаторҳои тригонометрӣ машғул шудааст. Баъди хатми Донишгоҳи давлатии Москва доир ба назарияи функсияҳои дорои тағйирёбандаи ҳақиқӣ 15 мақолаи илмӣ таълиф намуда буд. Соли 1925 ӯ ба аспирантура дохил шуда, дар баробари таҳти роҳбарии Н. Н. Лузин ба омӯзиши назарияи функсияҳои дорои тағйирёбандаи ҳақиқӣ машғул шудан, бо математики дигари машҳу ри Шуравӣ, профессор А. Я. Хинчин ҳамроҳ дар соҳаи назарияи эҳтимолиятҳо кори илмиро идома додаанд ва маҳз дар ҳамин соҳаи математика то охири умр пойдор монд. Пас аз хатми аспирантура дар Институти тадқиқотӣ-илмии математика ва механикаи Донишгоҳи давлатии Москва (солҳои 1933-1939) бо кори илмӣ машғул шуда, солҳои 1951-1953 директори ин муассисаи илмӣ буд.
ба донишгоҳҳои Гёттинген, Мюнхен, Париж сафар карда, бо математикҳои машҳури замон, аз ҷумла, Р. Курант, Г. Вейл, Д. Гилберт ва дигарон ошноӣ пайдо кардааст. Баъд аз бозгашт ба унвони илмии профессори Донишгоҳи давлатии Москва сазовор дониста шудааст. Солҳои 1954-1956 дар вазифаи декан ва аз соли 1978 то охири умр дар вазифаи мудири шуъбаи математикаи факултети механикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Москва кор кардааст.
Доираи тадқиқоти анҷомдодаи А. Н. Колмогоров фароху доманадор мебошад. Маърӯзае, ки дар конгресси математикҳои ҷаҳон (Амстердам, с. 1954) бо номи “Назарияи умумии системаҳои динамикӣ ва механикаи классикӣ”ироа намуд, яке аз муҳимтарин мавзуъҳо арзёбӣ гардид. Ба ғайр аз механикаи классикӣ А. Н. Колмогоров дар соҳаи аэродинамика (назарияи турбулентнокӣ) низ саҳми бузург гузоштааст. Дар ин ҷо чанде аз пажуҳишҳояшро номбар мекунем:
Дар назарияи функсияҳо кори донишҷӯиаш (он вақт ӯ 19 сол дошт), ки дар он мавҷудияти қатори қариб дар ҳама ҷо дуршавандаи Фуриеро ошкор кард; дар соҳаи назарияи маҷмуъҳо ва топология ҳамроҳ бо П. С. Александров назарияи гомологияро асос гузоштааст; назарияи информатсияҳо, ки якҷоя бо Шеннон бо номи назарияи алгоритмҳо мушаххас шудааст: назарияи эҳтимолиятҳо, ки дар тамоми олам ӯро ҳамчун мутахассиси дараҷаи аввали ин илм эътироф кардаанд, ба вуҷуд овардааст. Дар ин илм А. Н. Колмогоров методҳои назарияи функсияҳои дорои тағйирёбандаи ҳақиқиро истифода бурда, бо А. Я. Хинчин (с. 1933) системаи асоснокккунии ин шохаи илми математикаро асос гузоштаанд. Корҳои илмии А. Н. Колмогоров доир ба теоремаҳои ҳудудӣ, назарияи умумии равандҳои тасодуфӣ, инчунин, равандҳои марковӣ дар назарияи муосири эҳтимолиятҳо нақши муҳим мебозанд. Асари илмиаш “Мафҳумҳои асосии назарияиэҳтимолиятҳо” (с. 1933) пажуҳиши бунёдӣ эътироф гардидааст. Дар асоси назарияи эҳтимолиятҳо А. Н. Колмогоров дар асоси мушоҳидаи ҳаводиси тасодуфӣ пешгӯӣ кардани равандҳои тасодуфиро ошкор сохтааст.
Хидматҳои бузурги ин олими сатҳи ҷаҳониро ба эътибор гирифта, як қатор марказҳои илмии олам ӯро ба узвияти хеш пазируфтаанд. Дар ин миён метавон аз Академияи илмҳои Париж, Ҷамъияти ашрофони Лондон, Академияи илмҳои “Леополдина”-и Олмон, Ҷамъияти математикҳои Лондон, Академияи миллии ИМА-ро ёдовар гардид. Ӯ дар баробари муаллифи китобҳои дарсии мактабӣ будан, барои наврасону ҷавонони Шуравӣ маҷаллаи илмӣ-оммавии “ Квант” таъсис додааст, ки ҳоло ҳам нашр мешавад. Дар назди ДДМ ба номи М. В. Ломоносов барои хонандагони болаёқат таъсис додани мактаб-интернати физикӣ-математикӣ низ аз ҷониби А. Н. Колмогоров пешниҳод ва амалӣ гаштааст.
В. И. Арнолд, И. М. Гелфанд, М. Д. Миллионшиков, Ю. В. Прохоров ва дигарон шогирдони ин олими тавоно мебошанд, ки ҳар кадоми онҳо мактаби математикии худро дороянд ва дар илм мавқеи шоиста доранд. Бо номи А. Н. Колмогоров мукофоти илмӣ, медал, муодилаи Колмогоров, астероид, кӯча ва ҳатто тайёра номгузорӣ шудааст.
А. Н. Колмогоров 20 октябри соли 1987 дар шаҳри Москва вафот кардааст.