Марҳабо Ҳакимова,
Сулаймони Ҳакимзод,
омӯзгорони факултаҳои табиӣ – риёзӣ, педагогика
ва психологияи Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи
ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ
Табиат ва набототу растаниҳо бахши асосии ҳаёти инсониро дар рӯйи замин ташкил намуда, нафаси тозаи инсон аз ин рустаниҳо вобастагии амиқ дорад. Аз ин рӯ, ҳифзу нигоҳдошт ва парваришу хуррамгардонии табиати кишвар яке аз шартҳои асосии ҳаёти ҳарӯзаи мо буда, он на фақат бар зиммаи мутахассисон, балки вазифаи муқаддаси кулли сокинони кишвар, аз ҷумла, наврасону ҷавонон низ мебошад.
Тавре медонем, қисми зиёди аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Роҳандозӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва гузаронидани дарсҳо дар мактабҳо доир ба ҳифзи табиат яке аз асоситарин василаи тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ҳифзи муҳити зист ба шумор меравад. Корҳои табиатдӯстию муҳофизати табиатро дар мактаб на танҳо ҳангоми дарс ба таври назариявӣ гузаронидан лозим аст, балки дар фаъолияти беруназсинфии хонандагон низ роҳандозӣ намудани ин масъала яке аз усулҳои муфиду муассир мебошад.
Азбаски табиат соҳиби арзиши тарбиявӣ ва эстетикӣ мебошад, ақидаҳои муҳофизати он дар фолклори халқҳо, адабиёти халқӣ, дар асарҳои илмию оммавӣ ба шакли васеъ инъикос ёфта, дар китобҳои дарсии забони модарӣ, хониш ва адабиёт низ дарҷ гардидааст.
Яке аз шартҳои муҳофизати табиат ва истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ тарбия намудани мактаббачагон дар руҳияи ғамхорӣ нисбат ба табиат ва сарватҳои табиӣ мебошад.
Барои дар амал татбиқ намудани ин андешаҳо дар самти муҳофизати табиат ба хонандагон фаҳмонидани чунин масъалаҳо зарур аст:
1. Аҳаммияти робитаи ҳамаҷониба байни табиат ва инсон.
2. Аҳаммияти маҷмуи ашёи табиӣ.
3. Аҳаммияти корҳои оммавию тарғиботӣ оид ба ҳифзи табиат.
Муҳимтарин шарте, ки муҳофизати табиатро таъмин менамояд, ин оқилона, эҳтиёткорона ва ғамхорона муносибат кардан ба табиат аст. Чунин шакли муносибатро бо табиат ба хонандагон дар синфҳои ибтидоӣ фаҳмонидан зарур аст. Шарти муҳим ин аст, ки хонандагон дар руҳияи дӯст доштани табиат ва сарфакорона, эҳтиёткорона ва оқилона истифода бурдани боигариҳои табиат тарбия карда шаванд.
Толибилмон бояд фаҳманд, ки табиат макони ягонаест, ки аз қисмҳои ба ҳам алоқаманд, аз ҷумла, об, ҳаво, хок, наботот, ҳайвонот, маъдан ва ғайра иборат аст. Бинобар ин, таuйири яке аз онҳо боиси тағйир ёфтани қисми дигаре мегардад. Табиатро дӯст доштан онро донистан аст. Танҳо дониши сатҳию рӯякӣ барои дӯст доштани табиат кофӣ нест. Аслан, табиатро на танҳо бо чашми сар, балки бо чашми қалб ва бо нигоҳи хирад бояд назар намуд. Он вақт табиат ба инсон ҳаловати руҳию равонӣ ва ҳиссиёти эҷодӣ медиҳад, ҳамон тавре ки ба ҳар як нависандаю рассом ва шоиру олими табиатшинос дарки ин эҳсос муяссар гардидааст. Барои ин ҳар як талабаву донишомӯз бояд бо корҳои амалӣ дӯстдори табиат будани худро нишон диҳад.
Оид ба муҳофизати табиат бояд дар мактабу донишгоҳҳо маҳфилҳои табиатшиносони ҷавон ташкил карда, инчунин, тариқи оинаи нилгун барномаҳои ҷолибу диданӣ оид ба табиатшиносию табиатдӯстӣ бештар намоиш дода шавад ва ҷавононро ба ин гуна барномаҳо бештар ҷалб бояд намуд. Хонандагон дар маҳфилҳо иштирок карда, қонунҳои соҳавӣ ва қонунмандиҳои табиатро дониста, зебоӣ ва рангорангии табиатро дарк менамоянд. Инчунин, хонандагон ботинан ва зеҳнан мефаҳманд, ки инсон маҳсули табиат аст.
Бояд қайд намуд, ки меҳр нисбат ба табиат дар замири кӯдакон нахуст дар оила, сипас дар боғчаю мактаб ва муҳити атроф парварда мешавад. Дар марҳилаи баъдӣ – ҷавонӣ, онҳо бо дарназардошти шинохти дуруст аз табиати гирду атроф ба рушду нумуи он ва ҳифзи сарватҳои табиӣ аз рӯйи шинохту донишҳои доштаашон машғул мешаванд. Дар бисёр ҳолат зумрае аз калонсолон суол мегузоранд, ки “чаро дар аксаре аз давлатҳо кӯдакону наврасон дар ҷангалу боғҳо лона сохта, нисбат ба паррандагон ғамхорӣ мекунанду дар дигар кишварҳо наврасону ҷавонон дар даст камонғулак гирифта, ба нест намудани паррандагони нодир машғул мешаванд”. Ҳамон тавре ки дар боло зикр намудем, тарзи муносибат ба табиат аз хонаю боғча, мактабу донишгоҳ ва муҳити зиндагӣ дар тиннати инсон парвариш меёбад. Афсӯс, ки аксари устодону омӯзгорон ҳангоми дарс аз қисматҳои дарсҳои кушоду дарсҳои беруназсифӣ ва саёҳат ба табиат (экскурсия) истифодаи васеъ намебаранд. Бинобар ин, дарсҳои назариявӣ ба қалби хонанда таъсири мусбат намерасонад ва онҳо, ҳатто, баъди хатми мактаб ҳам ба шикори бераҳмонаи ҳайвоноту паррандагон ва дигар объектҳои табиат даст мезананд, ки боиси нест шудан ё дар арафаи нестӣ қарор ёфтани ин ё он намуди набототу ҳайвонот мегардад.
Ба шарофати Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон фурсате фароҳам омад, ки аҳаммияти китобҳои дарсии табиатшиносӣ аз ҷониби олимони кишвар бо забони тоҷикӣ фаҳмою равшан ва бо аксҳои рангаю ҷадвалҳо дар шакли муосир таҳия ва нашр карда шаванд. Ҳамин тавр, аз ҷониби олимони табиатшинос китобҳои дарсӣ барои синфҳои 1-4 табиатшиносӣ, 5-6 – ботаника, 7-8 – зоология, 9 – биологияи одам (анатомия), 10-11 – биологияи умумӣ аз нашри нав баромадааст, ки ба талаботи замон ҷавобгӯ мебошанд.
Устодону омӯзгоронро мебояд, ки ҷавобан ба ин шароити созгор ва ғамхориҳои доимӣ дарсҳоро хубу ҳадафнок роҳандозӣ намуда, дар руҳияи табиатдӯстию ватанпарварӣ ва хештаншиносӣ тарбия кардани насли наврас саҳми арзанда гузоранд.