Маъруфҷон тӯхтаев,
омӯзгори мактаби №41-и
ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Дар замони мушкилоти амиқи экологӣ, ки чораандешӣ барои ҳифзи табиат на танҳо муҳим, балки вазифаи таъхирнопазир мегардад, соҳаи маориф нақши махсус мебозад. Муҳофизати муҳити зист на танҳо масъалаи глобалӣ, балки масъулияти бевоситаи ҳар яки мост. Мо, аҳли маориф, бояд дар сафи пеши ин мубориза қарор гирифта, ҷомеаро, махсусан, хонандагону донишҷӯёнро бо паёмадҳои он, роҳҳои ислоҳи вазъ шинос намуда, муносибати бошуурона ба табиатро омӯзонем. Омӯзиш барои ҳифзи табиат ва баланд бардоштани маърифати экологии ҷомеа саҳми мо дар эҷоди ояндаи устувортар ва бехатар аст. Мо бояд кӯшиш кунем, ки ҳар як узви ҷомеа фаҳмад: ҳифзи табиат ва мубориза бо тағйирёбии иқлим на танҳо як барномаи байналмилалӣ, балки масъулияти шахсии шаҳрвандӣ низ мебошад. Бо иҷрои ин нақш, бо ташаккул додани ҷомеаи масъулиятшинос ва огоҳ, метавонем, ки дар посбонии хонаи умумии мо – Замин саҳмгузор бошем!
Ҳифзи табиат муҳимтарин вазифаи инсоният дар асри 21 буда, захираҳои табиӣ, гуногунии биологӣ ва экосистема калиди нигоҳ доштани саломатии сайёра ва некуаҳволии тамоми сокинони он мебошад. Муҳофизати табиат на танҳо вазифаи маънавии инсоният, балки зарурати амалии таъмини ояндаи устувори сайёраи мост. Ҳар яки мо метавонем дар ҳифзи табиат саҳм гузорем, аз амалҳои ҳаррӯза, аз қабили коркард ва сарфаи об то иштирок дар ташаббусҳои экологӣ ва барномаҳои таълимӣ. Якҷоя мо метавонем ояндаи сабзтар ва солимтарро барои наслҳои оянда созему ба мерос гузорем.
Тибқи иттилои Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш соли 2023 ҳарорати ҳаво ба дараҷаи рекордӣ расида, дар саросари ҷаҳон хушксолӣ, сӯхтори ҷангалзор ва обхезиҳо бештар мушоҳида шудаанд. Мушкилоти камбизоатӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ таъсири ин офатҳоро бештар гардонда, ба вайроншавии ҳаво таъсири худро гузошта истодааст. Тибқи таҳлилҳои мутахассисиони Созмони Милали Муттаҳид то соли 2030 дар ҷаҳон ҳар сол тақрибан 560 офати табиӣ ба амал меояд. СММ ба муносибати Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ки ҳамасола 13-уми октябр таҷлил мегардад, пешниҳод намуда буд: “Айни ҳол, тахмин 75 дарсади ҳодисаҳои фавқулода бо тағйирёбии иқлим алоқаманд аст”.
Мутаассифона, кишвари мо низ аз тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, ба амал омадани тӯфонҳои чангӣ ва оқибатҳои фалокатбори офатҳои табиӣ дар канор нест. Тавре Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханрониашон дар Саммити Гурӯҳи 77 ва Хитой дар ҳошияи Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иброз намуданд: «Офатҳои табиӣ ҳамасола ба соҳаҳои кишоварзӣ, муҳити зист ва дар маҷмуъ, иқтисодиёти кишварҳои рӯ ба тараққӣ хисороти зиёд ворид менамоянд. Тоҷикистон низ, ки 93 фоизи қаламравашро минтақаҳои кӯҳӣ ташкил медиҳанд, бинобар мунтазам рух додани офатҳои табиӣ аз тағйирёбии иқлим осебпазир мебошад. Ҳамасола офатҳои табиӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон ба маблағи садҳо миллион доллар зарар расонда, дар бисёр мавридҳо талафоти ҷониро низ ба бор меоранд».
Солҳои охир ғуборолуд шудани ҳаво ва зудзуд рух додани тӯфонҳои чангӣ сокинони кишварро нигарон кардааст. Чанг, ғубор ё хока ҳаммаъно буда, падидаҳои пурқуввати табиӣ мебошанд, ки дар минтақаҳои хушк ва нимхушки кураи замин бештар ба амал меоянд. Ғубор аз шамолҳои сахт ба вуҷуд меоянд. Онҳо метавонанд, боиси чанд мушкилоти ҷиддии муҳити зист ва табиат гарданд, аз ҷумла, сифати пасти ҳаво, зарар ба хоку растаниҳо ва ба саломатии инсон таъсири манфӣ расонанд.
Аз кӯшишҳои Сарвари давлат дида мешавад, ки ҳамкории пайваста бо ташкилоти байналмиллалӣ ба роҳ монда шудааст, то барои пешгирии офатҳои табиӣ ва ҳифзи табиат тадбирҳои зарурӣ андешида шавад. Инсоният дар кадом ҳолате, ки набошад, дар куҷое, ки зиндагӣ накунад, ҳама хурду бузург ба табиат ва ҳастиҳои он эҳтиёҷ доранд. Бидуни табиат ҳаёт дар ягон давру замон пойдор буда наметавонад, зеро ҳастии ҳар як ҷисми зинда ба об, хок ва боду ҳаво алоқаманд аст. Аз ин рӯ, барои ҳавои тозаро нафас кашидан, дар табиати бегазанд зистан, ҳар яки моро зарур аст, то тарбия ва саводнокиро оид ба ин мавзуъҳо аз худ ва оила оғоз намоем. Зеро бо баланд бардоштани сатҳи саводнокӣ амали инсон нисбат ба табиат тағйир меёбад.
Сабабҳои ғуборолуд гардидани табиатро олимон бештар дар биёбоншавӣ, нест шудани растанӣ ва ҷангалзорҳо, обшавии пиряхҳо ва умуман, дар тағйирёбии иқлим мебинанд, ки дар ин робита, масъалаи баланд бардоштани савияи дониши экологии аҳолӣ ва ҳифзи муҳити зист айни муддаост. Мувофиқи маълумоти мутахассисони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари мо сол то сол шумораи рӯзҳои чангу ғубор зиёд мешаванд. Агар дар ибтидои солҳои 90-ум ҳамагӣ 2-3 ҳолати тӯфони қуму чанг ба қайд гирифта шуда бошад, дар айни замон чунин ҳодиса дар як сол зиёда аз 35 маротиба ба қайд гирифта мешаванд. Дар ин росто, татбиқи “Барномаи давлатии маҷмуи рушди тарбия ва маърифати экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” дар баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Муҳаққиқи шинохтаи тоҷик, доктори илмҳои физикаю математика, корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Сабур Абдуллоев давоми солҳои зиёд бо шогирдонаш омилу сабабҳо ва масири ҳаракати тӯфонҳои чангиро таҳқиқ карда, ба хулосае омадааст, ки онҳо асосан берун аз Тоҷикистон, дар биёбонҳои Қандаҳори Афғонистон ва Кирмони Эрон ба вуҷуд омада, то кишвари мо меоянд. Бинобар ин, дар байни мардум ин тӯфонҳо чун “боди афғонӣ” машҳуранд. Инчунин, манбаи дигари тӯфонҳои чангӣ ҷойҳои хушкшудаи баҳри Арал буда, тавассути қаторкӯҳи Зарафшон ба ҳудуди Тоҷикистон ворид мешаванд. Таҳқиқот нишон медиҳанд, ки солҳои охир тӯфонҳои чангӣ аз биёбонҳои Сурия, Нимҷазираи Арабистон ва ҳатто, биёбони Сахара то Тоҷикистон омада мерасанд.
Мувофиқи маълумоти муҳаққиқон дар 30 соли охир тақрибан 70 дар сади масоҳати ҷангалзор дар Тоҷикистон аз байн бурда шудаанд. Махсусан, дар масири асосии тӯфони чангӣ аз минтақаи Айвоҷ то шаҳри Душанбе қариб, ки ҷангал боқӣ намондааст.
Яке аз қадамҳои муҳимтарини мубориза бо тӯфони чангу ғубор баланд бардоштани маърифати экологӣ ва огоҳӣ аз мушкилот мебошад. Баланд бардоштани саводнокӣ дар масъалаҳои экологӣ ва пешгирии тӯфони чанг на танҳо манфиати таълимӣ, балки заруратест, ки ояндаи сайёраи мо аз он вобаста аст. Ин аз он иборат аст, ки ба мардум дар бораи сабабу оқибатҳои тӯфонҳои чангу хок ва аҳаммияти ҳифзи табиат маълумот дода шавад. Ба барномаҳои таълимӣ ворид кардани соатҳои дарсии иловагӣ вобаста ба мавзуи мазкур, маъракаҳои ВАО ва ташаббусҳои ҷомеа метавонанд дар паҳн кардани дониш ва ҳавасмандгардонии амал нақши калидӣ бозанд. Ин на танҳо роҳи мубориза бо таҳдиди фаврӣ, балки роҳи ояндаи устуворест, ки дар он ҳамоҳангии байни одамон ва табиат асоси некуаҳволӣ ва саломатии сайёраи мо мебошад. Дар ҷаҳоне, ки мушкилоти экологӣ торафт мураккаб ва гуногунранг шуда истодааст, яке аз таҳдидҳои асосӣ, ки таваҷҷуҳи фаврии моро тақозо мекунад, тӯфони чангу ғубор аст. Ин падидаҳои табиӣ, гарчанде ки зоҳиран аз ҳаёти ҳаррӯзаи аксари одамон дур шудаанд, дар маҷмуъ, ба саломатии инсон, экосистема ва иқлим таъсири манфӣ доранд. Зарарҳои тӯфони чангҳо ба муҳити зист ва саломатии инсон аз инҳо иборатанд:
• нобуд кардани қабати болоии хок ҳосилхезии заминро коҳиш медиҳад ва ба рушди соҳаи кишоварзӣ монеъ мешавад;
• ғубор дар ҳаво метавонад ба бемориҳои роҳи нафас ва дигар мушкилоти саломатӣ (бемориҳои роҳи нафас, пӯст, мушкилоти чашм) оварда расонад;
• таъсири манфӣ ба боғу киштзорҳо, олами наботот ва ҳайвонот;
• тӯфони чангҳо метавонанд намуди зоҳириро ба таври ҷиддӣ коҳиш дода, барои ҳаракати роҳ ва нақлиёти ҳавоӣ хатар эҷод кунанд;
Роҳҳои мубориза бо тӯфонҳои чанголуд аз инҳо иборат мебошанд:
• беҳтар кардани устувории хок: Истифодаи усулҳои идоракунии замин, ба монанди шинонидани дарахтони зиёд, (мутаассифона имрӯзҳо барои сохтани биноҳои баландошёна баракс дарахтҳоро бурида истодаанд) ва буттаҳо ба мустаҳкам кардани замин ва пешгирии эрозияи хок мусоидат мекунад.
• Барқарорсозии ҷангалзорҳо: Барқарор кардан ва нигоҳ доштани сарпӯши наботот барои ҳифзи хок аз эрозия ва фурӯбарии чанг ҳангоми ҳаракати шамол муҳим аст.
• Идоракунии захираҳои об: Истифодаи самаранокии об ва таҷрибаҳои обёрӣ метавонад ба пешгирии хушксолӣ ва биёбоншавӣ мусоидат кунад.
• Мониторинг ва пешгӯӣ: Таҳияи системаҳои пешгӯии тӯфони чанг имкон медиҳад, ки барои кам кардани таъсири онҳо сари вақт чораҳо андешида шаванд.
Ҳамин тавр, эҳтироми табиату самаранок истифодабарии манбаъҳои он қарзи ҳар як инсони асил аст. Тӯфонҳои чангӣ як мушкили ҷиддии экологӣ буда, барои ҳалли он муносибати комплексӣ лозим аст. Андешидани тадбирҳо оид ба барқарорсозӣ ва ҳифзи экосистемаҳо, идоракунии захираҳои об ва таҳияи системаҳои мониторинг ва пешгӯӣ метавонад басомад ва шиддатнокии ин ҳодисаҳоро ба таври назаррас коҳиш диҳад, инчунин, таъсири манфии онҳоро ба муҳити зист ва саломатии одамон кам кунад. Тӯфони чанг як мушкили ҷиддии экологӣ ва иҷтимоӣ буда, барои ҳалли он талошҳои муштараки кишварҳо ва созмонҳои гуногун ба роҳ монда шудааст. Дар ин раванд кормандони соҳаи маориф вазифадоранд, насли наврасро дар руҳияи муносибати бошуурона нисбат ба табиат тарбия кунанд. Фанҳои табиатшиносӣ, биология, ҷуғрофия ва дарсҳои кушоду намунавӣ метавонанд барои амалисозии ин гуфтаҳо воситае бошанд. Дарки ҳар як шахс аз нақш ва масъулияти худ дар ҳифзи табиат ва мубориза бо тағирёбии иқлим бояд асоси раванди таълим гардад. Ба ин васила, кормандони соҳаи маориф дар ташаккули ҷомеаи бомасъулияту эҳтиёткор дар муносибат бо табиат метавонанд саҳм гузоранд. Ободии кишвар ва тозагии муҳити зист танҳо ба одамон вобастагӣ дорад. Дар урфият мегӯянд, яке аз корҳои мондагори инсон шинондани дарахт мебошад, биёед, якҷоя барои сабз гардонидани муҳити зистамон ҷидду ҷаҳд намоем!