Ӯғулой ҚОСИДОВА,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маориф ҳамчун соҳаи калидию афзалиятнок мавриди таваҷҷуҳу дастгирии ҳамешагии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо татбиқи ислоҳоту дигаргуниҳои куллӣ ба дастовардҳои зиёде ноил гаштааст. Дар тамоми гӯшаву канори мамлакат раванди бунёдкорию созандагӣ афзуда, ҳамарӯза муассисаҳои таълимии муҷаҳҳаз ва ҷавобгӯ ба талаботу меъёрҳои имрӯзаи ҷаҳони муосир ба истифода дода мешаванд. Ҳамчунин, иштироки фаъолонаи дастпарварони мактабҳои ҷумҳурӣ дар сабқату олимпиадаҳои фаннӣ, ҳунарӣ, варзишӣ дар кишвар ва хориҷ аз он бозгӯи он аст, ки сифати таълиму тадрис низ дар дабистону донишкадаҳои диёрамон дар сатҳи баланд қарор дорад ва ин пирӯзиҳо мардуми шарафманди ҷумҳуриро ба ояндаи боз ҳам дурахшону бобарор раҳнамун месозад. Лозим ба зикр аст, ки воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла, нашрияҳои соҳавӣ дар инъикоси навгониҳо, пешрафту комёбиҳои соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, соҳаи маориф ва барои аҳли ҷомеа пешкаш кардани иттилооти муҳимму саривақтӣ нақши арзанда доранд. Махсусан, маҷалла, рӯзнома, ҳафтанома, моҳномаву гоҳномаҳои маориф чун минбари омӯзгорону устодон ва кормандон бедареғ хидмат намуда, баҳри таблиғу ташвиқи дастоварду музаффариятҳои ин соҳаи афзалиятнок корҳои зиёдеро ба сомон мерасонанд.
Яке аз чунин нашрияҳои маърифативу иттилоотӣ рӯзномаи “Раҳбари дониш”-и шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад, ки аз оғози фаъолияти он 15 сол пур шуд. Дар робита ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, шуъбаи маорифи ноҳия дар ҳамҷоягӣ бо Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, бо иштироки доираи васеи аҳли зиё ва маорифи ноҳия конфронси муштарак таҳти унвони “Нақши матбуоти ватанӣ дар ҳифзу гиромидошт ва рушди забони тоҷикӣ”, ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи омӯзгор ва 15-солагии таъсиси рӯзномаи “Раҳбари дониш” баргузор намуд. Конфронси мазкур дар Литсеи №1-и ноҳия доир гардида, дар он муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Дилором Турсунзода, сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Мадина Набизода, сармуҳаррири маҷаллаи “Маърифати омӯзгор”-и Вазорати маориф ва илм Дилафрӯз Қурбонзода, муовини сармуҳаррири нашрияи “Омӯзгор”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдурауф Муродӣ, муовини раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Карим Шариф, дотсенти кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума Дилбар Самадова ва мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Махсуда Абдуллозода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Иштирокдорон ҳамагонро бо Рӯзи забони давлатӣ, Рӯзи омӯзгор табрик намуда, ба ҳайати эҷодӣ ва алоқамандони рӯзномаи “Раҳбари дониш”, ки тайи 15 сол барои таҳкиму тавсеаи маорифи як гӯшаи диёр ва дар ин замина, барои рушди матбуоти ватанӣ, дар як соҳаи муҳимму афзалиятноки ҷомеа нақши муқтадир мегузоранд, барору комёбиҳо таманно намуданд.
Дар конфронс таъкид гардид, ки бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар, сиёсати маорифпарваронаву маънавибунёди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арзишҳои милливу маънавӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир шуда, он ба мақоми олӣ нишондаву гиромӣ дошта шуд. Таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи чунин арзишҳои милливу маънавӣ мебошад. Дар ҳақиқат, забон унсури асосию муҳимми ҳастии миллат ва бунёди давлати миллӣ шинохта мешавад. Аз ин лиҳоз, он ба мисли вожаҳои Ватан, Модар, Истиқлол, Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти миллӣ маҳсуб меёбад.
Камоли ифтихормандист, ки нақши омӯзгор дар рушду такомули забони модарӣ назаррас аст. Бинобар ин, дар ҳама давру замон рисолати бузурги таълиму тарбияи насли наврас, ҳамчунин, масъулияти пешоҳангӣ, роҳнамоӣ ва ҳидоятгарӣ бар дӯши омӯзгорону устодони соҳибтаҷриба вогузор гардидааст. Хушбахтона, кӯшишу заҳматҳои бобаракати устодону омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи ноҳия аст, ки дар солҳои охир онҳо дар озмунҳои касбии ҷумҳуриявии “Мураббии соли Тоҷикистон”, “Омӯзгори соли Тоҷикистон” соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ ва шоиста мегарданд.
Инчунин, барои ҳифзу гиромидошт ва рушди забони давлатӣ, таҳкиму тавсеаи маорифи миллӣ ва инъикоси ҳамаҷонибаи фаъолияти омӯзгорон нақши матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма назаррас мебошад. Ин аст, ки рӯзномаи соҳавии “Раҳбари дониш” 15 сол инҷониб минбари аҳли маорифи ноҳия буда, баҳри ғановати маънавиёти толибилмон, омӯзгорону мураббиён рисолату вазифаи худро сарбаландона иҷро мекунад. Таъсиси рӯзномаи мазкур дар назди шуъбаи маорифи ноҳия таҷрибаи нахустин буда, ба пайдоиши нашрияҳои назди шуъбаи маорифи шаҳру навоҳии вилоят замина гузошт. Тарғиби сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инъикоси ҳамаҷонибаи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, иҷрои барномаҳои давлатии соҳавӣ, дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати маорифи вилояти Суғд ва мақомоти маҳаллӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи аҳли эҷоди нашрия қарор доранд. Бо итминон метавон гуфт, ки рӯзномаи “Раҳбари дониш” аз маҷаллаи таърихии “Раҳбари дониш”, ки барои рушди маънавиёти миллати тоҷик хидмати беназир анҷом додааст, илҳом гирифта, ҳамчун раҳнаварди ҷодаи маърифату ахлоқ роҳ мепаймояд.
Дар идомаи ҳамоиш чанд нафар пешсафони соҳа бо унвони фахрии соҳавии Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати маорифи вилояти Суғд, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сарфароз гардонида шуданд. Дар ин рӯз кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои ҳамкории судманд, тарбияи мутахассисони варзида дар соҳаи журналистика, саҳми арзанда дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ва фаъолияти эҷодкорона бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва рӯзномаи “Раҳбари дониш” бо Сипосномаи маҷаллаи “Маърифати омӯзгор” ва нашрияи “Омӯзгор”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд. Барномаи омоданамудаи ҳунармандони ноҳия қисмати фарҳангии конфронсро шукӯҳи тоза бахшид.
Сипас, қисмати илмии конфронс идома ёфт, ки дар он мудири кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума Замира Сатторова дар мавзуи “Забон ва услуби ВАО дар замони соҳибистиқлолӣ”, Муҳиба Зикриёева дар мавзуи “Медиалингвистика парадигмаи нави омӯзишӣ дар забони ВАО”, Каримбой Комилов дар мавзуи “Махсусиятҳои фаъолияти матбуоти маҳаллӣ дар шароити рушди технологияи иттилоотӣ-иртиботӣ”, Ӯғулой Қосидова дар мавзуи “Вижагиҳои жанрӣ ва меъёрҳои истифодаи он дар саҳифаҳои рӯзномаи “Раҳбари дониш”, Маликахон Саидхоҷаева дар мавзуи “Раҳбари дониш”-нахустин маҷаллаи маорифӣ ва адабӣ” ва унвонҷӯ Мафтуна Исмоилова дар мавзуи “Риояи меъёрҳои забон дар маводи ВАО” гузориши илмӣ намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *