Файзулло ҚУРБОНОВ,
омӯзгори коллеҷи муҳандисию
омӯзгории шаҳри Душанбе
9-уми май Рӯзи Ғалаба бар фашизм ва рӯзи ба итмом расидани Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳисоб меравад. Рӯзи Ғалабаро тамоми халқҳои тараққипарвари ҷаҳон ҷашн мегиранд, зеро баробари ба сари қудрат омадани фашистон, аксарияти халқҳои ҷаҳонро хатари маҳрумият аз озодӣ ва гирифторӣ ба бардагӣ таҳдид мекард. Маҳз бо чунин мақсад фашистони хунхор соли 1941 Ҷанги сеюми ҷаҳонро оғоз намуда буданд, аммо онҳо интизор надоштанд, ки ба муқовимати сахти халқи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ рӯ ба рӯ мегарданд. Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Олмони фашистӣ ба ҷабҳаи марказӣ бо мақсади ишғоли шаҳри Москва–пойтахти Иттиҳоди ҷамоҳири Шуравӣ неруву техникаи зиёди ҷангиро дар ихтиёр гузошт.
Ин ҳуҷуми ғофилгирона марзу хатҳои дифоии давлати Шуравиро шикаста, шаҳрҳоро валангор намуд ва деҳу русторо ба хоку хун кашида, садҳо ҳазор инсони бегуноҳро аз зиндагии осоишта маҳрум кард. Миллионҳо сокини давлати азими Шуравиро фирорию овора гардонид. Ҳуҷуми душман беист пеш мерафт ва дар баъзе минтақаҳо то ба масофаи 17 километр ба шаҳри Москва наздик омада буд. Ҳатто, баъзе командирони онҳо ба хешу ақрабо ва дӯстони худ хабари ғалабаро ҳам навишта буданд…
Мо ҳамеша доир ба фашизм ҳарф мезанем, менависем ва дар дарсҳову машғулиятҳоямон фашизмро мазаммат мекунем, вале аксаран моҳият, таърих ва раванди ташаккули ин низоми миллатгароиро ба таври амиқ дарк намекунанд. Ҳаракати сиёсӣ — миллатгароии фашизм соли 1922 дар Италия таҳти роҳбарии Бенито Мусоллини рушд намуда, соли 1933 намояндагони ин ҳаракат дар Олмон ба ҳокимияти сиёсӣ расида буданд ва ҳадафҳои идоракунии мутлақи ҷаҳонро тарҳрезӣ мекарданд.
25-уми ноябри соли 1936 давлатҳои Олмон ва Япония қарори зиддикоммунистиро имзо карда, соли 1937 ба ин қарори ғасбкорона давлати Италия низ ҳамроҳ шуд.
Фашистони Олмон ва иттифоқчиёни онҳо ба Иттифоқи мустаҳками халқҳои Шӯравӣ боварӣ надоштанд. Онҳо чунин андешаи хом донтанд, ки баробари ҳуҷуми фашистон гӯё Иттиҳоди Шӯравиро ҷанги дохилӣ фаро мегирад ва ин набардҳои дохилӣ амалиёти забткоронаи онҳоро осон мекунад. Аллакай воқеаҳои рӯзҳои аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ исбот намуд, ки дӯстии байни халқҳои Шуравӣ на танҳо хатчадор нашуд, балки қавитар гардид.
Субҳи 22-юми июни соли 1941 Олмони фашистӣ бе эълони ҷанг ба худуди Иттиҳоди Шуравӣ ҳуҷум кард. Худи ҳамон рӯз иттифоқчиёни он — давлатҳои Италия, Финландия, Венгрия, Руминия низ ба Иттифоқи Шуравӣ ҷанг эълон карданд…
Дар солҳои ҷанг аз Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон наздик ба 300 ҳазор фарзандони асил ба сафи мубориза бар зидди озодии Ватан ҳамроҳ шуданд. Аз ин миқдор, 209 ҳазор дар ҷабҳаҳои ҷангӣ, 45 ҳазор дар саноати ҳарбии мамлакат ва боқимонда дар сохтмони барқарорсозии иншооти вайроншуда, фаъолият мекарданд.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба баъзе дармонгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 ҳазор захмдор оварда шуданд, ки аз ин миқдор қариб 25 ҳазор нафарашон табобат ёфта, боз ба ҷабҳаҳои ҷангӣ баргаштанд.
Аз фиристодагони Тоҷикистон 58 ҳазор нафарашон дар амалиётҳои ҷангӣ мардонагию шуҷоати зиёд нишон дода, сазовори ордену медалҳои давлатӣ гардиданд.
54 фарзанди шуҷои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони аз ҳама баланди ҷанг — Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сазовор шуданд, ки намояндагони 9 миллат мебошанд. Инчунин, 19 нафар аз фиристодагони кишвари мо бо ҳар се дараҷаи Ордени Шараф сазовор шуданд, ки онҳо ҳам дар қатори Қаҳрамонони Иттиҳоди Шуравӣ баробар меистанд.
Ҷанговарони ҷумҳурии мо дар муҳорибаҳои назди Москва, Сталинград, мудофиаи Ленинград ва ғайраҳо қаҳрамониҳои бемисл нишон доданд. Чуноне ки Аҳмад Турдиеви тоҷик дар қатори намояндагони 8 миллати Шуравӣ қариб ду моҳ “хонаи Павлов”-ро аз душман мудофиа намудааст.
Дар муҳорибаи Курск тӯпчиён Ҳодӣ Кенҷаев ва Исмоил Ҳамзаалиев аввалин шуда ба гирифтани Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сазовор шуданд.
Дар гузаштани дарёи Днепр 21 нафар фиристодаи тоҷик ба гирифтани унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардиданд.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аз ҷумлаи фиристодагони далери Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдонҳои ҷанг на танҳо мардҳо, балки бонувони тоҷик низ корнамоӣ нишон доданд. Ба ин корнамоӣ лётчикдухтар Ойгул Муҳаммадҷонова, ки 93 парвоз анҷом додааст ва бо Ордени Ленин мукофонида шудааст, афсари хизмати тиббӣ Шаҳрӣ Ҳайдарова, С. Ниёзова ва дигарон мисол шуда метавонанд. Ин духтарони диловари тоҷик бо тамоми ҳастии худ дар самтҳои фаъолияташон хизмат намуда, барои ғалаба бар фашизм шоистагӣ нишон додаанд.
Адибони тоҷик ҳам дар солҳои ҷанг на танҳо асарҳои баландмазмуни ватанпарварӣ офариданд, балки як қисми онҳо, ба монанди Ҳабиб Юсуфӣ, Сотим Улуғзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Боқӣ Раҳимзода, Василиӣ Кириллов, Ҳаким Карим, Ҳабиб Аҳрорӣ, Абдушукур Пирмуҳаммадзода, Лутфулло Бузургзода, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ ва дигарон ба фронт сафарбар гардиданд. Аз онҳо, Ҳ. Юсуфӣ, А. Пирмуҳаммадзода, Ҳ. Карим ва Л. Бузургзода дар майдони ҷанг ҳалок шуданд.
Дар баробари ин, мардуми меҳнаткашу ватандӯсти Тоҷикистон барои таъмини ҷабҳаҳои ҷанг бо маводди ғизоӣ корҳои бузург анҷом дода, аз Тоҷикистон ба фронт гандум, ҷав, равған, шир, қаймок, меваҳои хушку тар, гӯшт, пӯст, пашм, моҳӣ, консерваҳо, матоъ ва аз конҳои Тоҷикистон ангишт, намак, тилло, нуқра, сурб ва уран, ки асоситарин маводи ҷангӣ мебошад, ирсол карда шуданд.
Бо ҷоннисориҳои фарзандони фарзонаи миллатҳои бародарӣ сарзамини Шуравӣ аз истилои фашизм озод шуда, роҳбари фашистони олмонӣ Адолф Гитлер барои ҳимояи Берлин 63 дивизияи ҷангӣ ва 23 дивизияи ихтиёриёнро сафарбар намуд. Ҳуҷум бар Берлин аз 16-уми апрел сар шуда, то 8-уми май давом кард.
30-юми апрел Адолф Гитлер шикасти амиқи худро дарк карда, даст ба худкушӣ зад ва ин хабарро генерали немис Ҳанс Кребс ба генерали Шуравӣ Василий Чуйков мерасонад. Василий Чуйков ин хабарро ба Маршали Иттифоқи Шуравӣ Г. К. Жуков мерасонад. Г. Жуков, ки роҳбари муқтадири артиши Шуравӣ буд, ин хабарро ба Котиби Генералии Комитети Марказии Ҳизби Коммунистии Иттиҳоди Шуравӣ Иосиф Виссарионович Сталин мерасонад.Аҳдномаи шикастхӯрии Олмон шаби 9-уми май, соати 00:50 ба имзо расид, ки онро аз тарафи Иттиҳоди Шуравӣ Маршал Г. К. Жуков ва аз тарафи Олмон генерал-фелдмаршал Вилгелм Кейтел имзо кардаанд. Ҳамин тавр, аз ҳамон вақт, яъне, аз 9-уми майи соли 1945 ба поси қаҳрамонию диловарӣ, ҷасурию мардонагӣ ва ҳифзи хотираи неки шаҳидони роҳи озодӣ ҳар сол ин рӯз ҳамчун Рӯзи Ғалаба бар Олмони фашистӣ ҷашн гирифта мешавад, ки 46 моҳу 13 рӯз ё 1418 рӯз давом кард ва бо ғалабаи комили халқи собиқ давлати Шуравӣ анҷом ёфт.