Идибек ШАРИПОВ,
омӯзгори географияи
Литсейи тамоюли технологии
шаҳри Бохтар ба номи Назир Назирмадов

Соҳаи илму маориф низоми калидии пешрафту тараққиёти давлату миллат мебошад. Ҳамин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба рушди илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода, чораҳои таҳкимбахш ва саривақтӣ меандешад. Зеро бо ин васила, сатҳи донишу маърифати аҳолӣ баланд ва ҷаҳонбинии сокинон вусъат пайдо мекунад.
Ин ҳама тадбирандешӣ аз татбиқи кафолатҳои давлатии ҳуқуқ ба таҳсили шаҳрвандон дарак медиҳад. Бо ин мақсад, дар моддаи 41-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин меъёр муқаррар шудааст: «Ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Таълими умумии асосӣ ҳатмист. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад.
Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун дар муассисаҳои таълимии давлатӣ метавонад, ба таври ройгон таълими миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ гирад. Шаклҳои дигари таълимро қонун муайян мекунад».

Дар таърихи маориф ва илми кишвар ва давлатдории тоҷикон баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар низоми маориф ва илм муносибатҳои сифатан нав ба вуҷуд омад, ки онҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунандаи соҳавӣ ва дигар санадҳои меъёрӣ инъикос ёфтаанд. Тағйироте, ки дар низоми ҷаҳонии таҳсилоти олии касбӣ ворид гардиданд, аз қабили гузаштан ба низоми таълими бисёрзина, рӯйи кор омадани ихтисосҳои нави ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ ва мустаҳкам гардонидани пояи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ дар назди давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои навро гузошт. Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарӣ ва сиёсати ғамхоронаву маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфи назар аз мураккабиҳо ва мушкилоти замони гузариши давлатдории навин низоми маориф ва илмро соҳаи афзалиятнок ва калидии давлат дониста, мавриди пуштибонии махсус қарор доданд. Тайи солҳои охир барои ба танзим даровардани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ дар самти фарогирии наврасону ҷавонон ба омӯзиш, пешбурди раванди таълим ва тайёр намудани мутахассисони донишманд санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ таҷдиди назар карда шуда, барномаҳову консепсияҳо таҳияву тасдиқ гардиданд.
Ҳар як қуллаи асрори нуҳуфтаро маҳз тавассути илму дониш метавон фатҳу ифшо намуд. Солҳои нобасомони ҷанги шаҳрвандӣ соҳаҳои гуногуни кишвар, махсусан, соҳаи маориф ва илмро бо мушкилоти кадрӣ агарчи рӯ ба рӯ сохта буд, аммо хушбахтона, дар шароити сулҳу салоҳ ва ваҳдату ҳамдилӣ бо талошҳои пайгиронаи Сарвари ғамхору маорифпарвар раванди тайёр кардани кадрҳои соҳаи маориф ҷоннок гардида, ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ кадрҳои илмии сатҳи баланд тарбия карда шуданд.
Имрӯз дар ҳамаи соҳаҳо ва сохторҳои давлатӣ олимону муҳаққиқон ва мутахассисони донишманд машғули коранд ва тавассути фаъолияти пурсамари хеш Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҳамчун давлати сулҳҷӯю сулҳпарвар ва пешбарандаи сиёсати «Дарҳои боз» ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд, ки дар саргаҳи ҳамаи ин сиёсати маорифпарварона Пешвои муаззами миллат мебошанд.
Имрӯз тамоми шароити зарурӣ барои таҳсил фароҳам шудааст, танҳо аз муҳассилин тақозо мегардад, ки барои аз худ намудани илмҳои дақиқу муосир сидқан талош намоянд. Ҳамчунин, омӯзгоронро мебояд, ки барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии шаҳрвандон ва ба ин васила, дар рушду тараққиёт ва пояндаву ҷовидон мондани Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошанд, зеро бе мактабу маориф пояи давлатро наметавон устувор кард. Ба қавли шоир:

Пояи давлат нагардад бе маориф устувор,
Давлати поянда хоҳӣ, рӯй бар мактаб биёр

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтани ҷомеаи солиму давлати поянда ба соҳаи маориф ва илм таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои расидан ба ин мақсад ҳамеша ҳадафҳои нишонрасро пеш мегирад. Дар Тоҷикистон тамоми шароиту имконияти фаъолят дар соҳаи маориф вуҷуд дорад ва техникаву технологияи соҳавӣ пайваста рушд мекунад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди ҷаҳонишавӣ ба масъалаҳои саноатикунонии давлат, истеҳсолот ва рушди иқтисодиёт диққати махсус дода, вазифаҳои мушаххасро пеши худ гузоштааст. Бо дарназардошти ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва илмҳои дақиқ, тавсеаи тафаккури техники насли наврас ва масъалаи омода намудани мутахассисони соҳавӣ дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.12.2019) таъкид намуданд, ки «Солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шавад».
Дар доираи ин ҳадаф ниҳодҳои ваколатдор, аз ҷумла, Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ амал мекунанд, пайваста чораҳо меандешанд ва дар ин самт ба дастовардҳои назаррас низ ноил гардидаанд.
Имрӯз талошҳо бар он равона мешавад, ки назорати азхудкунии донишҳои замонавӣ пурзӯр гарданд, наврасону ҷавонон ба мутолиаи китобҳои илмию бадеӣ ҷалб шаванд, қобилияти эҷодии онҳо тақвият ёбад ва бо таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ бештар таваҷҷуҳ намоянд. Ба андешаи мо, дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» вазифаи ҳар як сокини бо нангу ор ва боиродаву ватандӯст ба ҳисоб меравад.
Яке аз дастовардҳои замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин таъсису ба роҳ мондани фаъолияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Имрӯз дар муассисаҳои таълимии мамлакат омӯзиши ихтисосҳои зиёде роҳандозӣ шудааст. Тибқи маълумоти коршиносони соҳа дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ихтисосҳо ба панҷ кластер: «Табиӣ ва техникӣ», «Иқтисод ва география», «Филология, педагогика ва санъат», «Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ», «Тиб, биология ва варзиш» мутобиқ гардонида шуда, ҳамасола шумораи зиёди довталабон дар ин марказ аз қайд гузашта, бе мушкилоту хароҷот ва сарбориҳои иловагӣ ба донишгоҳу донишкада ва омӯзишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд.
Дастовардҳои дигари арзишманди соҳа рушди маорифу илм ва муҳайёсозии шароити созгори моддию техникии муассисаҳои таълимӣ мебошад. Дар дурдасттарин шаҳру ноҳия ва ҷамоату деҳоти мамлакат муассисаҳои таълимии замонавӣ сохтаву ба истифода дода шудаанд, ки дар онҳо омӯзгорон ба кор ҷалб гаштаанду наврасону ҷавонон бо васоили таълимӣ ва таҷҳизоти техникии таълим таъмин мебошанд.
Боиси қаноатмандист, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дарёфт, дастгирӣ, рушди хонандагони боистеъдод, фароҳам овардани шароити мусоиди таълимию тарбиявӣ, амалӣ намудани қобилиятҳои эҷодии истеъдодҳои ҷавон ва дар умум, вусъат додани ҳаракати олимпӣ ғамхории ҳамешагӣ зоҳир менамояд. Қабул гардидани «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025», №113, аз 3 апрели соли 2021 тасдиқи гуфтаҳои болост. Дар доираи ин барнома тадбирҳои зиёде, аз қабили бунёди заминаи мустаҳками моддию техникӣ, рушди фаъолияти маҳфилҳои фаннӣ ва ҷалби бештари хонандагон ба ин маҳфилҳо, омода намудани хонандагон ҷиҳати иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ амалӣ мешаванд.
Муваффақияти дигари соҳа равобити муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ дар самти маориф ва илм мебошад. Ҳамасола шумораи зиёди ҷавонони кишвар ба донишгоҳу донишкадаҳои давлатҳои пешрафта дохил шуда, баъд аз хатм таҷрибаи пешқадами давлатҳои пешрафтаро дар соҳаҳои гуногуни мамлакат ҷорӣ намуда, ба натиҷаҳои назаррас соҳиб мегарданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *