Азизбек БОРОНОВ,
директори мактаби №8-и ба номи Бозор Собири
ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

Боиси ифтихори мо-омӯзгорон аст, ки Тоҷикистони азиз сол то сол рушд меёбад, ободу зеботар мешавад ва дар арсаи байналхалқӣ эътибори шоиста пайдо мекунад. Барои халқи тоҷик пас аз тахрибкориҳои хиёнаткорони дохилӣ дар солҳои 90-ум қомат рост кардану пайи ободонӣ кӯшидан кори саҳл набуд. Ин азми бузург фидокорӣ, мардонагӣ ва ифтихори баланди миллиро тақозо мекард. Хушбахтона, дар он лаҳзаҳои сангину оташбор миллати моро дар ин ҷода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳнамову ҳидоятгар шуданд. Дар заминаи дӯстиву рафоқат ва сулҳу ваҳдат Тоҷикистони маҳбуби мо аз вартаи муҳлик вораста, ба арсаи созандагию бунёдкорӣ ворид гашт ва бo иродаи бемисл собит кард, ки миллат бо Пешвои худ руҳи бешикаст дорад ва дар ҳар арса, бахусус, дар самти маориф гомҳои қотеъ мегузорад.
Ҳамасола Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми солонаи хеш баромад менамоянд ва аҳли маорифи кишвар ин рӯзро бесаброна мунтазир мешаванд, чунки Паём роҳнамоест, ки рушди тамоми соҳаҳои мамлакатро муайян ва мушаххас менамояд. Боиси хурсандист, ки Роҳбари давлат ба соҳаи маорифи кишвар таваҷҷуҳи хос намуда, дар ҳар мулоқоту суханронӣ масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии таълиму тарбияи кадрҳои илмиро дар кишвар баррасӣ намуда, барои беҳтар шудани шароити иқтисодию иҷтимоии омӯзгорон ғамхории беандоза зоҳир мекунанд. Чунин ғамхорӣ имкон медиҳад, ки омӯзгорон дар тарбияи насли наврас боз ҳам хубтар ва бо дасту дили гарм кору фаъолияти шоиста анҷом диҳанд.
Паёмҳои Пешвои муаззами миллат саршори ақидаҳои ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ, тарбия ёфтан дар руҳияи эҳтироми муқаддасоти миллӣ ва эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Бо дарназардошти аҳаммияти ин масъала, мақому манзалати илм, олимону донишмандон, аҳли маориф ва зиёиёни эҷодкор дар ҷомеа аз нигоҳи иҷтимоӣ, маънавӣ ва молиявӣ давра ба давра баланд мегардад. Тарбияи хуби насли наврас ва боло бурдани сатҳи касбомӯзии ҷавонон афзоиш меёбад.
Ба ҳамагон равшан аст, ки Ҳукумати мамлакат дар шароити бисёр мураккаби иқтисодиву молиявии солҳои 90-ум нафақат ҳамаи муассисаҳои илмӣ, аз ҷумла, Академияи илмҳои Тоҷикистон ва академияҳои соҳавиро устувор нигоҳ дошт, балки дар сохтори онҳо даҳҳо пажуҳишгоҳ ва марказҳои нави илмиву тадқиқотиро таъсис дод. Бо рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ин созандагию бунёдкорӣ боз ҳам афзоиш меёбад! Агар соли 1992 ба соҳаи илм ҳамагӣ 58 ҳазор сомонӣ маблағ равона гардида бошад, пас дар соли 2023 ба ин соҳа 180 миллион сомонӣ, дар соли 2024 зиёда аз 225 миллион сомонӣ ҷудо гардид, ки боиси хушнудист.
Барои аҳли маориф боиси ифтихор аст, ки Ҳукумати мамлакат ба масъалаи маориф ва илм таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода, дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ зиёда аз 3900 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла, муассисаҳои типи нав, яъне, гимназия, литсею коллеҷ, инчунин, донишгоҳу донишкадаҳоро бунёду азнавсозӣ намуд.
Қобили зикри хос аст, ки тавсеаи тафаккур ва ҷаҳонбинии илмӣ, ҷалби бештари ҷомеа, алалхусус, наврасону ҷавонон ба илмомӯзӣ, ки бунёди онро илмҳои табиӣ ва риёзӣ ташкил медиҳанд, василаи асосии пешгирии хурофот, ифротишавӣ, зоҳирпарастии динӣ ва гароидан ба ғояҳои иртиҷоӣ мебошад. Бо ин мақсад, Ҳукумати кишвар солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намуд. Дар заминаи ин иқдом аз ҷониби вазорату идораҳои масъул як қатор тадбирҳо роҳандозӣ гардидаанд, ки ба болоравии тафаккури техникии ҷавонон, ҷалби ҷомеа ба омӯзиши илмҳои табииву риёзӣ ва таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ мусоидат менамоянд.
Ҳамчунин, ҷиҳати ҳавасманд намудани наврасону ҷавонон ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ ҳамасола Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор мешавад.
Лоиқи зикр аст, ки ба шарофати кӯшишу талошҳои Ҳукумати мамлакат дар самти расидан ба ҳадафҳои миллӣ, хусусан, ноил гардидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат имрӯзҳо дар соҳаи саноати кишвар дастовардҳои назаррас дида мешаванд.
Устодону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилотӣ, ғайр аз фаъолияти таълимӣ, барои пешрафти илми мамлакат низ саҳми худро мегузоранд. Омӯзгорон ҳамчун неруи огоҳу пешсафи ҷомеа бояд дар корҳои таълиму тарбияи насли наврас таваҷҷуҳ ва эҳтироми хосса зоҳир карда, аз бегонапарастиву тарғиби ғояҳои носолим худдорӣ кунонанд ва дар ин самт бештар корҳо бурда шаванд.
Вазъи кунунии ҷаҳон ҳар яки мо-омӯзгоронро водор месозад, ки дар кишварамон сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз ҳам мустаҳкам гардонем ва манфиатҳои миллии худро аз таъсири пайомадҳои манфии равандҳои ҷаҳони муосир ҳифз намоем. Ҳифзи ҷомеаи кишвар аз таъсири зуҳуроти манфии ҷаҳони муосир, аз ҷумла, фарҳангу маънавиёти бегона, дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми забони модарӣ, таърих, суннату анъанаҳо, расму оинҳо ва либоси миллӣ тарбия кардани наслҳои наврасу ҷавон қарз ва вазифаи муҳимтарини ҳар яки мо-устодон ба шумор меравад.
Ҷомеаи педагогии мактаби №8-и шаҳри Душанбе, ки иборат аз 133 нафар омӯзгор, аз ҷумла, 11 нафар «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошанд, ҳамасола Паёмҳои Пешвои миллатро бесаброна интизор шуда, ҳар як дастуру супоришҳояшонро бо дилгармӣ иҷро мекунанд, дар муҳокимаи нуктаҳои судманди ба илму маориф, технология ва ҳунар, проблемаҳои соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим бахшидаи он ширкат меварзанд.
Таъкидҳои Сарвари маҳбуби кишвар доир ба вазъи кунунии ҷаҳон моро водор месозад, ки бояд беш аз ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем, давлатдории миллии худ ва манфиатҳои давлату миллатамонро ҳимоя намоем, амнияти давлат ва ҷомеа, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро ҳамчун пояи устувори давлати соҳибихтиёрамон ҳифз кунем. Ҳар яки мо бояд шукрона кунем, ки соҳиби Ватани озод ва давлати соҳибистиқлол ҳастем ва Тоҷикистони азизи моро, ки дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ баробари тамоми кишварҳои мутамаддину пешрафта як овоз дорад, имрӯз дар дунё на танҳо мешиносанд, балки ташаббусҳои онро ба хотири ҳалли мушкилоти сайёра ҷонибдорӣ ва эътироф мекунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *