Шамшод ДИЛШОДЗОДА,
омӯзгори мактаби №54-и
ба номи Лоиқ Шералии
ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ, маъруф ба Мавлоно ё Мавлои Рум, бузургтарин ориф ва шоири тоҷик-форс аст, ки дар қарни XIII зистааст. «Маснавии маънавӣ» яке аз барҷастатарин осори Мавлоност, ки дорои шева ва услуби хитобӣ-таълимӣ мебошад. Шеъри Мавлоно дар асри ӯ бо мухотабон иртиботе дошт. Яъне, тавассути худи ӯ ё ровиён барои мухотабон хонда мешуд. «Маснавии маънавӣ» аз лиҳози навъи адабӣ дар хиттаи осори ирфонӣ, яъне таълимӣ-иҷтимоӣ қарор мегирад. Яке аз муҳимтарин омилҳое, ки «Маснавии маънавӣ» аз дигар осори ахлоқӣ ва тарбиятии адабиётамон тафовут пайдо намуд, ҳамин рӯйкарди таълимӣ ва иртиботи иҷтимоии зиндаи Мавлавӣ бо мухотаб аст. Ҳадафи Мавлоно дар саросари абёти «Маснавии маънавӣ» тарбия, таълим ва густариши ахлоқ аст. Дар ин пажуҳиш мақсад гузоштем, то мухтасар дар хусуси ахлоқу тарбия дар осори Мавлоно маълумот ироа кунем.
Дар «Маснавии маънавӣ» Мавлоно бештар ба ахлоқ ва тарбият назар дошта, мекӯшад, ки хонандаро аз худ берун оварад ва аз ӯ чизи тозае бисозад. Ҳамаи достонҳои ӯ ҷанбаи таълимӣ доранд. Ҳатто чанд ҳикояте, ки дар онҳо воқеаҳои зишт тасвир шудааст, аз тарбият холӣ нестанд. Ба ҳар ҳол, Мавлоно дар «Маснавии маънавӣ» бештар ба тарбияти «инсон» алоқа дорад ва достонсароии ӯ низ аз ҳамин рӯст [2, с. 217]. Ба эътиқоди Мавлоно агар дил сайқал наёфтаву ба нур нарасида бошад, онро наметавон дил номид ва чун дил ба нур даст ёбад, бар дигар узвҳо таъсир гузорад ва онҳоро аз нури худ қудрат ва тавоноии вежа бахшад, инсон худогоҳ, хештаншинос ва хушахлоқ хоҳад шуд.
Нури нури чашм худ нури дил аст,
Нури чашм аз нури дилҳо ҳосил аст. [6, с. 180]
Шояд беҳтарин тамсиле, ки Мавлоно барои баёни нақши таҳзиби дил ва риёзатҳо дар роҳи таълиму заҳматҳои роҳи он меорад, достони мунозиъаи (низоъ кардан) наққошони румӣ ва чинӣ бо якдигар аст, ки дар дафтари аввали «Маснавии маънавӣ» омадааст. Бино бар ин ҳикоят, ҷамъе аз наққошони румӣ ва чинӣ бо якдигар муҷодила мекарданд ва ҳар гурӯҳ муддаӣ буд, ки дар наққошӣ моҳиртар аст. Подшоҳ эшонро ба имтиҳон даъват кард. Ба ҳар як хонае ҷудо доданд. Бо ин вежагӣ, ки дарҳои толори наққошҳо рӯ ба рӯйи якдигар боз мешуданд. Чиниҳо тақозои анвои рангҳо намуданд ва ба кори наққошӣ пардохтанд, вале румиён ҳеч ранге талаб накарданд ва танҳо ба зудудани зангорҳо ва сайқал кардани деворҳо пардохтанд. Чун рӯзи доварӣ фаро расид, подшоҳро ба тамошо фаро хонданд. Подшоҳ нахуст кори чиниёнро мавриди баррасӣ қарор дод. Эшон чунон нақшҳои зебо ва шигифтангезе кашида буданд, ки ҳуш аз сар мебурданд. Он гоҳ ба тамошои кори румиён рафт. Чун пардаҳоро канор заданд, ӯ нақшҳои басе равшантар ва дилангезтар аз он чи чиниён наққошӣ карда буданд, дид. Дар ин рақобат, румиён, ки бо зудудани зангорҳо даст ёфта буданд, пирӯз шуданд.
Мавлоно пас аз зикри достон, ба ҳадафи аслии хеш, ки муқоисаи кӯшишҳои олимон ва орифон аст, бармехезад ва румиёнро тамсил аз орифоне мегирад, ки бо пок кардани дил аз бухл ва ҳирсу кина нури таҷаллиро дар синаҳои хеш меёбанд ва ба ҳақоиқе мерасанд, ки ақл дар тасаввури он нотавон аст. Ин зангорзудоӣ ва шустушӯи дил танҳо ба тааллуқоти нафсонӣ ва ҳирсу ному номус хулоса намешавад, балки пок кардани лавҳи дил аз кибру ғурур аст:
Гарчи он сурат нагунҷад дар фалак,
На ба аршу фаршу дарёву самак.
Ақл ин ҷо сокит омад ё музил,
З-он ки дил бо ӯст ё худ ӯст дил. [4, с. 320]
Аз масъалаҳои дигаре, ки дар андешаҳои ахлоқӣ-тарбиятӣ ва таълимии Мавлоно чарх мезанад, робитаи донишомӯз бо устод мебошад. Он чи Мавлоно дар атрофи робитаи муаллим ва шогирд ба таври куллӣ баён мекунад, нуктаҳои зарифи қобили истифода аст, ки таваҷҷуҳ ба онҳо дар амри таълиму тарбият аҳаммияти ҳаётӣ дорад. Яке аз ин нуктаҳо дар назар гирифтани зарфият, мақом ва мавқеияти шогирд аст. Ба назари Мавлоно, ба ҳар кас ба андозаи бардошт, дониш, таҷриба ва синну соли ӯ бояд сухан кард ва дар низоми тарбия омӯзгор бояд чунон бошад, ки битавонад ба афроди гуногун забон як кунад ва ба воситаи кор гирифтан аз ҳолатҳои гуногуни равоншиносӣ тарбияро ба роҳ монад:
Чун сари кори ту бо кӯдак фитод,
Ҳам забони кӯдакӣ бояд кушод. [4, c. 286]
Интизори беш аз тавон ва зарфияти фард ва таҳмили он чи ки дар ҳадди вуҷуди ӯ нест, мумкин аст, садамоте бар ӯ ворид созад:
Равшание, к-ӯ ҳаёти аввал аст,
Ранҷи ҷону фитнаи ин аҳвал аст.
Аҳвалиҳо андак-андак кам шавад,
Чун зи ҳафсад бигзарад, ӯ ям шавад. [3, c. 291]
Тавре маълум аст, яке аз фазилатҳои неки инсонҳо, ки ӯро аз дигар ҷонварон фарқ мекунонад ва шарафу манзилати ӯро баланд мебардорад, ахлоқи нек ва намунавӣ мебошад. Омӯзиш ва парвариши инсон яке аз мавзуъҳои хеле қадим дар таърихи тамаддуни мо ба шумор меравад, ки онҳо аз насл ба насл гузашта, дар осори бузургтарин адибони мо то ба имрӯз расидаанд. Ба воситаи мақолаҳои таълимӣ ва тарбиятӣ бузургони гузаштаи мо мардумро ба роҳи рост ҳидоят карда, бузургтарин арзишҳои ахлоқиро дар ҷамъият тарғибу густариш бахшидаанд. Таълимоти педагогии Мавлоно бар асоси андешаҳои инсонгароёнаи ӯ бунёд шуда, ҳамеша барои расидани инсон ба саодат, кӯшиш мекунад, ки ӯро аз тангнои тан бурун орад ва барои пешрафти худ қадамҳои устувор биниҳад:
Илму ҳикмат зояд аз луқмай ҳалол,
Ишқу риққат ояд аз луқмай ҳалол.
Чун зи луқма ту ҳасад бинию дом,
Ҷаҳлу ғафлат зояд, онро дон ҳаром.
Луқма тухм асту бараш андешаҳо,
Луқма баҳру гавҳараш андешаҳо [4, c. 118]
Агар андешаи Мавлоноро ба талаботи педагогикаи муосир муқоиса намоем, дармеёбем, ки ба илми имрӯз низ мувофиқ мебошанд. Воқеан, агар тарбият дуруст ва тибқи чаҳорчӯби мушаххас ба роҳ монда шавад, зеҳни кӯдак вусъат ёфта, фаҳмишу дарки ашёи олам барояш осон мешавад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки Мавлоно дар «Маснавии маънавӣ» мулоҳизаҳои хешро аз баёни моҳияти инсон оғоз намуда, дар шаш дафтари он раванди ташаккули фарзандро аз кӯдакӣ, наврасию ҷавонӣ то ба пирӣ, зарурат ва аҳаммияти омӯзиши илму ҳунар ва ҳар гуна шуғл барои камолоти равонию ҷисмонии фарзанд, сипас, зина ба зина ба дараҷаи сарварӣ расидани ӯ андешаҳои ҳакимона иброз намудааст. Аз таҳлили андешаҳои тарбиявии Мавлоно ба хулосае омадан мумкин аст, ки консепсияи мукаммали тарбияи муттасил ва камолоти равонию ҷисмонии фарзандонро дар шароити оила офаридаааст, ки бисёр нуктаҳои он то ҳанӯз аҳаммияти тарбиявӣ ва ахлоқии худро гум накардаанд. Мавлоно таъкид мекунад, ки барои он, ки шахс комил шавад ва аз панду насиҳат баҳра барад, ӯро лозим аст, ки мутлақан аз бадию шарорат дурӣ ҷӯяд:
Аз Худо ҷӯем тавфиқи адаб,
Беадаб маҳрум гашт аз лутфи Раб.
Беадаб танҳо на худро дошт бад,
Балки оташ дар ҳама офоқ зад. [4, c. 38]
Мавлоно худ мураббӣ ва тарбиятгар буд, ки инро аксари сарчашмаҳо ва осори таҳқиқӣ тасдиқ мекунанд. Масалан, Б. Фурӯзонфар гуфтааст: «Чун Мавлоно аз вуҷуди Шамс навмед ва аз ҷустуҷӯи ӯ фориғдил гашт ва ба Қуния бозомад, бинои тарбияту иршодро бар бунёде нав ва асосе ҷадид ниҳод ва ҳарчанд ба тарки ваъз ва тадрису тасаддии маносиби зоҳир гуфта буд, ба дилгармии тамом ба такмили ноқисон ва иршоди соликон рӯй овард ва ба василаи байту ғазал ва самоъ нозуктабъони латифхӯйро ба рақоиқи инсоният ошно мекард ва гоҳу бегоҳ амирону фақирон ва муслиму номусулмонро ба ягонагию дӯстӣ роҳ менамуд» [7, с. 133].
Инчунин, Мавлоно ба замони оғози тарбия низ хуб таваҷҷуҳ кардааст. Ӯ нафси одамиро хуб мешиносад ва бар ин бовар аст, ки бояд тарбияи ахлоқӣ аз ҳамон оғози кӯдакӣ шуруъ шавад, зеро агар хӯи бад дар нафси одамӣ истиқрор ёфт, ба осонӣ наметавон онро пок сохт. Гузашта аз ин, Мавлоно тарбияти ахлоқиро ба доштани мураббӣ марбут дониста ва барои мураббии ахлоқ, шароити вежаҳое қоил шуда, мегӯяд: “Мураббии ахлоқӣ илова бар ин, ки бояд аҳли фазл ва маърифат бошад, бояд аҳли амали солеҳ, ростгуфтор дурусткирдор низ бошад ва беш аз тарбияти дигарон, нафси худро тарбият карда ва бар нафси худ ғолиб шуда бошад”. Кулли осори Мавлоно тараннуми донишу омӯзишу тарбия мебошад. Ҳангоми интиқолу татбиқи афкори педагогии Мавлоно дар системаи тарбияи имрӯза, аз ҷумла, омӯзиши улум ва такя кардан ба устод маълум мешавад, ки онҳо имрӯз низ арзиши баланд доранд. Ба андешаи ӯ то даст бар домани муаллиме назанем, мо чизе намешавем ва ба ҷое намерасем:
Ҳеч кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеч оҳан ханҷари тезе нашуд.
Ҳеч Мавлоно нашуд Мавлои Рум,
То муриди Шамси Табрезӣ нашуд. [5, c. 38]
Мавлоно бар ин бовар буд, ки муаллим аз тасоҳул ва дониши фаровон ва ахлоқи неку бархӯрдор ва аз равишҳои улгупазирӣ, муҳаббат дар гуфтор, ташвиқи муносиб, панди неку ва истифода аз достону зарбулмасал ҷиҳати иҷрои барномаи тарбият баҳраманд шавад. Аз назари Мавлоно сахтгирӣ, бадсуханӣ ва муомилаи бади омӯзгор толибилмонро аз таълиму тарбият дур карда, нафрати онҳоро нисбат ба омӯзгор зиёд мекунад. Дар дафтари севуми «Маснавии маънавӣ» ҳикоятест бо номи «Ҳикояти устод ва шогирдони ӯ», ки сужаи мухтасари ҳикоят он чунин аст: омӯзгоре нисбат ба шогирдони худ сахтгирӣ ва бадзабонӣ мекунад. Ин хислати ӯ дили шогирдонро гирифта, онҳоро нисбат ба мактаб ва хондан дилсард мекунад. Онҳо бо ҳам ҷамъ шуда, дар фикри чораи дурӣ аз устод ва мактаб мешаванд. Ва билохира, ба хулосае меоянд, ки бо захми забони худ устодро бемор кунанд ва рӯзе чанд тарки таҳсил кунанд:
Чун намеояд варо ранҷӯрие,
Ки бигирад чанд рӯз ӯ дурие.
То раҳем аз ҳабсу аз тангии кор.
Ҳаст он чун кӯҳи хоро барқарор… [6, с. 349]
Дар ин ҳикоя Мавлоно аз як сӯ сахтгирии бемавриди омӯзгоронро сарзаниш мекунад, аз сӯйи дигар, нишон медиҳад, ки инсон бо сеҳри сухан метавонад инсони сиҳат ва ҳатто, оқилеро ба мисли омӯзгор ранҷур кунад.
Аз таҳқиқи мухтасари ин мавзуъ дар осори Мавлоно ба хулосае омадан лозим аст, ки таълиму тарбият лозимаи зиндагӣ ва ҳаёти инсон аст, саодат ва хушбахтии афроди ҷамъият ба таълим ва тарбият вобаста аст. Ду рукни муҳимми таълиму тарбият муаллим ва шогирд аст. Шинохти нақш ва ҷойгоҳи муаллим ва донишомӯз дар таълиму тарбия зарур аст. Яке аз роҳҳои шинохти ин рукнҳо мутолиаи манобеи муҳимми илмӣ, адабӣ, ҳунарӣ ва мушоҳидаи дидгоҳҳо ва назариёти тарбиятӣ аст. Ҳадафи пажуҳиши мо низ баррасии равобити муаллиму шогирд ва нақши хираду тарбият дар осори Мавлоно, махсусан, «Маснавии маънавӣ» буд.
Натиҷаҳои ин ҷӯстор нишондиҳандаи он аст, ки Мавлоно муътақид аст, ки равобити муаллим ва шогирд бояд такя бар сабри муаллим, амонатдорӣ, эътиқод, роздорӣ, муҳаббати муаллиму таваҷҷуҳ ба тафовутҳои фардӣ, парвариши ақлоният, истеъдод ва омодагии ангеза ва майлу рағбат, ташвиқ ва ниёзҳои фардӣ ва иҷтимоии донишомӯзон бошад, то сабаби рушду пешрафти таълиму тарбият ва ба воситаи он, сабаби пешрафти ҷомеа дар тамоми самтҳо шавад.
Адабиёт:
1. Зарринкӯб, Абдулҳусайн. Бо корвони ҳулла, Теҳрон. Интишороти илмӣ, 1368. ‒ 411 с.
2. Зарринкӯб, Абдулҳусайн, Сирри най. 1. Теҳрон. Интишороти илмӣ, 1374. ‒530 с.
3. Қиссаҳои хуб барои бачаҳои хуб (қиссаҳо аз маснавии Мавлавӣ). Нигориши Маҳдии Озарияздӣ. ‒ Душанбе: «Адиб» 2024‒ 176 с.
4. Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ. Маснавии маънавӣ: Дафтари аввал ва дувум ‒ Душанбе: «Адиб», 2013. ‒ 480 с.
5. Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ. Маснавии маънавӣ: Дафтари севум ва чаҳорум. ‒ Душанбе: «Адиб», 2013. ‒ 480 с.
6. Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ. Маснавии Маънавӣ. Теҳрон, 2001. ‒ 728 с.
7. Фурӯзонфар, Бадеъуззамон. Шарҳи аҳвол ва осори Мавлоно/Бадеъуззамон Ф. ‒ Душанбе, 2007. 277 с.