Мавҷуда ҶУМЪАЕВА,
мутахассиси Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хусусиятҳои оламу падидаҳои он на ҳамеша аёну равшан аст ва худ аз худ дастраси мо намешавад. Кашфи олами наботот аз мо ҷустуҷӯйҳои илмӣ-тадқиқотиро тақозо мекунад, ки ҷараёни мушоҳида, таассурот ва тасаввурот доштанро ифода менамояд.
Лаёқати дарки олами наботот, хусусиятҳои муҳимми он, кашф кардану муайян намудани тарафҳои норавшани олам, барои мо — инсонҳо насиб гардидааст, то ки аз аҷоиботи олами иҳоташуда воқиф шавем, аз тамошои дигаргуниҳои табиат ва оламе, ки дар он зиндагӣ мекунем, завқ барем, муъҷизаҳоеро, ки моро иҳота мекунад, бо чашми сар мушоҳида карда тавонем.
Дар китоби дарсии зоология барои синфи ҳафт, таҳти унвони мавзуи “Тақсимоти синфи ҳашарот” хонандагон дар бораи занбӯрҳо иттилоъ мегиранд. Дар ин навишта мо мақсад гузоштем, ки дар бораи занбӯрҳо васеътар маълумот пешниҳод намоем, то ки омӯзгорон, хусусан, омӯзгорони ҷавон аз он дар раванди дарсҳои худ истифода намоянд.
Дар нахустин Конференсияи байналмилалии “Олами ҳайвонҳо ва шуури ҳайвонот”, ки аз 1 то 6 майи соли 2023 дар шаҳри Дҳамрамсалаи иёлоти Ҳимачал-Прадеши Ҳиндустон баргузор гардид, як гурӯҳ олимони соҳа мушоҳидаҳо ва тадқиқоти чандинсолаи худро бо далелҳои марбут ба ҳайвонот пешниҳод намуданд, ки дар рӯзномаву маҷаллаҳо ва сомонаҳои хабарии соҳавӣ нашр гардиданд.
Масалан, Ларс Читтка, профессор, корманди Маркази тадқиқоти равоншиносии Донишгоҳи ба номи Малика Марияи шаҳри Лондон дар рафти конфронс оид ба мушоҳида ва тадқиқоти чандинсолаи худ дар бораи олами занбӯрҳо зери унвони “Магар занбӯрҳо забон, шуур ва ҳисобро медонанд?” баромад карда, чунин гуфтааст:
— Занбӯрҳо «забони худро доранд», хотираи хуб, қобилияти баланди омӯхтан доранд ва ҳатто, то панҷ ҳисоб карда метавонанд. Аз ин рӯ, бо эҳтимоли зиёд гуфтан мумкин аст, ки занбӯрҳо шуур доранд. Эҳтимоли мавҷудияти шуур ё зеҳни занбӯр хеле баланд аст, он 55-70 дарсадро ташкил медиҳад.
Ларс Читтка тафаккури якдигарфаҳмӣ ва дастаҷамъона амал кардани занбӯрҳоро мушоҳида кардааст. Дар бораи мушоҳидаҳо ва таҷрибаҳои шавқовараш аз ҳаёти занбӯрҳо чунин далелҳо меорад:
— Занбӯрҳо забони рамзӣ доранд ва якдигарро бо ин рамзҳо мефаҳманд. Дар муайян кардани самти ҳаракат ба тарафи рост ё чап масофаи парвозро бо ишораи аломатҳо ҳангоми парвоз бо ҳаракатҳои рақсӣ рамзгузорӣ мекунанд. Занбӯрҳо ҳангоми ба ҷойи дигар ҳаракат кардан, нахуст, барои “таҳқиқ» мераванд ва пас аз бозгашт дар назди занбӯрони дигар бо ҳаракатҳои «рақсӣ» мақсади худро мефаҳмонанд, самти масофаи тайшударо рамзгузорӣ намуда, ба дигар занбӯрҳо хабар медиҳанд.
Агар занбӯрҳои «таҳқиқотчӣ» ҳангоми парвоз ба масофаи дур маълумоти гуногун биёранд, ҳар кадоми онҳо макони ёфтаи худро тарафдорӣ менамоянд, ба як тараф худро моил карда, муддати тӯлонӣ худро ларзиш медиҳанд ва он гоҳ занбӯрҳо қарори дастаҷамъона қабул мекунанд ва онро «малика»-и занбӯрҳо тасдиқ мекунад. Қабули қарори дастаҷамъӣ метавонад, далели мавҷудияти ақл бошад.
Бояд гуфт, ки Ларс Читтка зиёда аз 20 соли умри худро барои омӯхтани ҳаёти занбӯрҳо бахшидааст ва китобе бо номи «Ақл» дар бораи ин ҳашарот навиштааст.
Дар рафти конфронс вобаста ба ин, пешниҳод карда шуд, ки корнамоиҳои занбӯрҳо бояд васеътар омӯхта шавад. Олимону пажуҳишгарон бояд андешаву фарзияҳои худро оид ба мавҷудияти ақли занбӯрҳо боз ҳам асоснок ва исбот намоянд. Ҳар як ҳаракати занбӯрҳоро дар алоҳидагӣ омӯхтан ва тадқиқ кардан даркор аст.
Бо вуҷуди ин, мутахассисони соҳа дар тадқиқотҳои худ нишон додаанд, ки занбӯрҳо метавонанд «чеҳраи одамон”-ро дар хотир нигоҳ доранд ва шиносанд.
Ҳангоми сайри гулҳо фарқияти накҳати гулҳоро аз бӯяшон фарқ мекунанд. Агар як маротиба бӯйи гул писанд афтад ва он кампайдо бошад, барои дарёфти гули мақбулашон ба масофаҳои дур парвоз мекунанд.
Олимон ҳангоми таҷрибагузаронӣ ҳолатҳоеро мушоҳида кардаанд, ки занбӯрҳо шишачаҳоеро, ки дар дохил гул доранд, ба ҳаракат дароварданӣ мешаванд, то гули дохили онро дастрас намоянд. Барои ин корро кардан, шишачаро хуб меомӯзанд ва роҳҳои дохил шудан ба онро ҷустуҷӯ мекунанд.
Ин амалҳоро дастаҷамъона ва бо маслиҳати ҳамдигар мекунанд.
Ҳамчунин, барои муайян кардани мавҷудияти ақли занбӯрҳо тадқиқотчиён аз саққочаҳо истифода мебаранд. Онҳо мушоҳида мекунанд, ки дар ғелонидани саққочаҳо занбӯрҳо ҳаракати фардии худро нишон медиҳанд, ки он нотакрор аст.
Занбӯрҳо лаёқати фарқ карда тавонистани ашёҳои гуногун, ба монанди саққо ва кубро доранд, зеро ҳангоми гузаронидани таҷриба дар хонаи торик ашёро фарқ карда тавонистанд.
-Ин амали занбӯрҳо мутахассисонро ба хулосае овард, ки занбӯрҳо қобилияти баланди омӯхтан ва малакаи ирсии азхудкунӣ доранд. Ҳамзамон, занбӯрҳо ба ашёҳое, ки майли бештар доранд, ба он бо эҳтиёт муомила мекунанд ва бо эҳсос тарафи он парвоз мекунанд. Инро дар таҷриба бо саққоҳо, ки барои занбӯрҳо як фазои хушҳолӣ меорад, дидан мумкин аст, — қайд мекунад профессор Читтка.
Ба саволи «Оё занбӯрҳо дардро ҳис мекунанд?», профессор чунин гуфтааст:
— Барои санҷидани ин муаммо, вақте ба мӯйлаби занбӯр электроди гармро расонданд, вай аз дард якчанд сония мӯйлабашро молиш дод. Пас, маълум аст, ки занбӯрҳо дардро низ эҳсос мекунанд. Мутахассисон муайян кардаанд, ки занбӯр пуртоқат ва хеле босабр аст. Онҳо барои санҷиш ду тобаи гармро истифода мебаранд. Якеро бо ширинӣ пур мекунанд, дигареро холӣ мегузоранд. Занбӯр ба тобаи гарми ширинидошта нишаста, аз гармии он намеҳаросад ва шириниро тановул мекунад.
Мартин Ҷурфа, профессор ва биолог аз Донишгоҳи Поля Сабатиеи Тулузаи Ҷумҳурии Фаронса дар он ақида аст, ки занбӯрҳо системаи қобилияти омӯхтан ва хотираи қавӣ доранд. Масадан, агар дар даромадгоҳ ду доира бошад, занбӯр ба доираи дувум медарояд, агар се доира бошад, ба доираи сеюм ворид мешавад. Аз ин бармеояд, ки занбӯрҳо то панҷ ададро ба ҳисоб гирифта метавонанд. Ҳамзамон, профессор бар он ақида аст, ки занбӯрҳо идроки ҳисобро доранд. Барои таҷриба гузаронидан онҳо дар ду тараф гулҳоро мегузоранд. Мушоҳида карда мешавад, ки занбӯрҳо дар аввал атрофҳоро хуб давр мезананду меомӯзанд. Баъд аз он ба тарафе майл мекунанд, ки гулҳои зиёде дорад. Пас аз ин таҷриба, профессор Мартин Ҷурфа ба хулосае меояд, ки занбӯрҳо қобилияти дарк карданро доранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *