Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ,
                                                                             рӯзноманигор

Суҳбат бо Сулаймон Абдуқаҳҳор — ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии
«Омӯзгори соли Тоҷикистон — 2023», омӯзгори физика ва астрономияи
Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб

— Ба назари шумо пешаи омӯзгорӣ кай ва чӣ гуна пайдо шудааст?
— Аз замоне, ки инсон дар рӯи Замин арзи ҳастӣ кард, барои таълиму тарбия ва вусъати ҷаҳонбинияш шахсе лозим буд ва он кас маҳз омӯзгор ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, метавон гуфт, ки пайдоиши ин касб аз замони ҳастии башарият сарчашма мегирад.
— Омӯзгор кист?
— Омӯзгор дар ҳама давру замон барои ҳар як инсон сарчашмаи беминнати илму дониш, ақлу заковат ба ҳисоб меравад. Омӯзгор барои мо қуллаи нурест, ки тамоми самтҳои пешравии касбу кори олам аз он равшанӣ маншаъ мегиранд. Муаллим, омӯзгор, устод — ин вожаҳое мебошанд, ки барои фарзанди инсон ошною муқаддас буда, таҳти ин калимаҳои арзишманд омӯзандаи илму дониш, фарҳангу адаб таҷассум меёбад. Муаллим шахси барумандест, ки аз кӯдакӣ инсонро илму адаб омӯхта, ӯро ба воя мерасонад.
Мо набояд фаромӯш созем, ки сарманшаи ҳамаи хушиҳо, ободии ҳамаи маҳфилҳо, пешрафти давлатҳову кишварҳои олам аз заҳматҳои омӯзгорон вобастагии зиёд дорад. Аз оғози пайдоиши олам то имрӯз омӯзгорон вазифаи ниҳоят душворро ба зимма гирифта, тифли инсонро тарбия менамоянд, илм меомӯзонанд, то ки дар зиндагии пур аз шебу фароз роҳи дурусти хешро пайдо намояд. Бузургон гуфтаанд: «Муаллим муҳандиси руҳи инсон аст». Омӯзгор касест, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯи навоварист. Донистану аз худ кардани навоварию ҷамъи рафтору гуфтори неку шоиста ба осонӣ муяссар намешавад. Корест басо мушкил аз тифле, ки аз олами маънӣ хабаре надорад, инсони комиле сохтан. Омӯзгор шахси раҳнамову раҳкушо ва ҳидоятгари инсонҳост. Аз ин лиҳоз, саромади илми педагогика Ян Амос Каменский ба касби ифтихорманди омӯзгорӣ баҳои арзанда дода, чунин гуфтааст: «Ба муаллимон вазифаи беҳтарине супорида шудааст, ки болотар аз он дар зери хуршед чизе буда наметавонад».
— Аз чӣ хотир пешаи омӯзгориро интихоб намудед?
— Аслан, муҳаббати рӯзафзун ба физика боис шуд, ки ман омӯзгор шавам. Дар давраи мактабхонӣ бо омӯзгори физика зиёд кор мекардем ва ба озмуну олимпиадаҳо омодагӣ мегирифтем. Дар олимпиадаҳои зиёде ширкат карда, ҳамеша бо дастовардҳо бармегаштам. Ин боис шуд, ки дар муассисаи таълимӣ миёни омӯзгорону хонандагон эҳтиром пайдо кунам. Мактабро бо баҳои аъло хатм карда, тибқи Квотаи Президентӣ ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз рӯйи ихтисоси физика ва математика шомил шудам. Соли 2015 дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ҷойи намоёнро ишғол намудам. Ҳар куҷое будам, аз физика ҳарф мезадаму онро муаррифӣ мекардам. Яъне, фикру зикру руҳу равонам банди олами физика буд.
— Лаҳзаҳое буданд, ки мехостед, касби худро тарк кунед? Агар ҳа, чӣ шуморо бозмедошт?
— Чун дар боло зикр кардам, маҳз бо завқу хоҳиши худ ин касбро интихоб карда будам, аз ин рӯ, барои рафъи душвориҳо дар ин ҷода пайваста роҳи ҳал меҷустам, вале боз вақт довари ҳамаи амалҳои мо хоҳад буд. Албатта, баъзе мавридҳо рухдоду корҳое ҳастанд, ки инсонро маҳзуну дилгир мекунанд. Вале омилҳое ҳастанд, ки ҳама вақт маро дар роҳи интихобнамудаам устувор нигаҳ медоранд! Ин ҳамон ранҷу азоб ва машаққате, ки дар айёми донишҷӯӣ барои илмомӯзӣ ва соҳибкасб шуданам кашидаам ва илова бар ин, меҳри беканор ба касби дӯстдоштаам ҳамеша барои идомаи корам маро дилгарм мекунад. Имрӯзҳо барои беҳтар кардани фаъолиятам тамоми роҳҳоро андешида истодаам, то омӯзгори содиқ ба касби худ бошам.
— Кадом сифатҳо барои як омӯзгори муваффақ муҳим арзёбӣ мешаванд?
— Аз нигоҳи ман, ҳамчун як омӯзгори ҷавон, пешаи омӯзгорӣ саропо муҳаббат, адолат, садоқат, некию накукорӣ буда, аз омӯзгор ҷустуҷӯву такмилу худомӯзии пайвастаро талаб мекунад. Ҳар касе, ки ба касби омӯзгорӣ шавқ дорад ва онро сидқан дӯст медораду барои такмили донишу маҳораташ ҳамеша пайи омӯзиш аст, метавонад омӯзгори муваффақ бошад. Яъне, пеш аз ҳама, омӯзгор бояд бомуҳаббат дарс гӯяду бо шогирдон ва волидони онҳо муносибати хуб дошта бошад. Дар ҳаёт ва пешаи омӯзгорӣ худомӯзии бардавом нақши калидӣ дорад. Ӯ, новобаста ба оне, ки донандаи хуби фанни худ мебошад, бояд ҳамеша пайи омӯзиш, такмили донишу маҳорат ва маълумотнокӣ бошад, зеро наврасони имрӯз дониши хубу ҷаҳонбинии васеъ доранд. Барои омӯзгори муваффақ шудан, аввал худро фидои касби худ бояд кард.
— Бо пайдоишу дастрасии оммавии интернет вазифаву рисолати омӯзгор бештар шуд ё баръакс?
— Солҳои охир рушди босуръати илму техника ва технологияҳои иттилоотӣ аз омӯзгор талаб мекунад, ки фаъолияти касбиашро ба талаботи замони нав мутобиқ намояд. Дар замони имрӯза омӯзгоре, ки дониши номукаммал дорад, хонандагонро қонеъ гардонида наметавонад. Ҳамчунин, бинобар вазъи мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз ҷавонон имкони зиёди дастрас намудани маълумот, дониш ва ақоиди гуногунро аз воситаҳои ахбори омма ва интернет доранд, ки ба ҷаҳонбинии онҳо бетаъсир намемонанд. Дар раванди бархурди тамаддунҳо, афкори гуногуни мазҳабию динӣ, экстремистию террористӣ донистани асрори илмҳои дақиқ ва табиатшиносию риёзӣ дар фаҳмиши фикрии дуруст, тафаккуру андешаи солим ва самаранок истифода бурдани технологияи муосир омили муҳим ба ҳисоб меравад. Воқеан, ин ҳолат омӯзгорро водор месозад, ки фаъолияти шогирдонро ба инобат гирифта, барои рушди тафаккури онҳо аз усулҳои муосир ва гуногуни таълим истифода барад.
— Сарвари давлат дар Паёмҳояшон ба масъалаи маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои пешрафти соҳа иқдому ташаббусҳои шоиста анҷом медиҳанд…
— Бале, дуруст қайд кардед, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳои ба арсаи сиёсат қадам гузоштанашон соҳаи маорифро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатдории хеш қарор дода, аҳли маорифро дастгириҳои беназир намуданд. Хусусан, ғамхориҳои Президенти мамлакат нисбат ба ҷавонон ҳамто надорад ва натиҷаи ҳамин дастгириҳост, ки насли ояндасози Ватан дар озмунҳои дохилию байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд. Таъсиси Квотаи Президентӣ низ намунаи волои таваҷҷуҳи Сарвари кишварамон нисбат ба ояндаи ҷавонон мебошад. Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ба қадри дастгириҳои бемисли Пешвои маҳбубамон расем ва атрофи ин марди таърихсозу таърихофар муттаҳид шуда, барои ободонии Ватани азизамон талош намоем ва дар таълиму тарбияи насли наврас ҳиссаи арзандаи хешро гузорем.
— Ба омӯзгорони ҷавон чӣ тавсияҳо доред?
— Омӯзгорони ҷавон бояд дорои иродаи қавӣ, донишомӯзу донишдӯст, созандаву бунёдкор бошанд. Ҳамеша омӯзанд, донишу ҷаҳонбинии худро вусъат бахшанд ва дар таълиму тарбияи насли наврас саҳмгузор бошанд.
— Ташаккур барои як суҳбати самимӣ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *