Таҳияи Саъдӣ ҚОСИМӢ,
фолклоршинос
Нигоҳе ба вожаи «Меҳргон»
Ҷашни ниёии «Меҳргон» яке аз ҷашнҳои муҳимми ориёӣ буда, дорои суннатҳои неки инсонӣ, одобу русуми ирфонӣ ва вежагиҳои табиӣ мебошад. Дар ин нигошта заминаҳои таърихии пайдоиш, анъанаҳо, сарчашмаҳои таърихӣ ва одобу русуми ин ҷашни миллии мо гирдоварӣ шудааст, ки ҳамчун маводи иловагӣ барои омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, фарҳангшиносӣ ва таъриху адабиёт манзур карда мешавад.
Вожаи «Меҳргон» аз ду ҷузъ иборат буда, дар луғатномаҳо чунин шарҳ ёфтааст: «Меҳр» муҳаббат, самимият, дӯстӣ ва «гон» далел бар нисбат, яъне, ба чизе мансуб будан аст. Ориёиён дар замони бостон рӯзеро, ки дар охири рӯзу моҳаш пасванди «гон» мегирифт, бо шукӯҳи хос ҷашн мегирифтанд, аз ҷумла, Меҳргон, Тиргон ва ғайра.
Решаи калимаи «Меҳргон» («Меҳрангон», «Миҳрагон», «Миҳрангон», бо забони арабӣ «Меҳрҷон») аз «Меҳр» буда, дар забони санскрит «митра», дар «Авасто» ва порсии бостон «митҳра», дар паҳлавӣ «митр» ё «миҳр» аст ва ба маънои пайвандгари рӯшноӣ ва нури азалӣ омадааст. Дар форсии нав исми он ба «меҳр» ё «миҳр» табдил ёфта, номи моҳи ҳафтуми тақвими шамсӣ мебошад, ки ниёгони мо ба шарафи он-Меҳр, яъне, Офтоби оламафрӯз маросими зиёде меоростанд.
Сайри таърихии Меҳргон
Ҷашни «Меҳргон» яке аз бузургтарин ҷашни ҳамагониест, ки дар фасли тирамоҳ ё пойиз аз ниёгони покнажоди мо ба мерос мондаву то ба имрӯз дар байни мардуми тоҷик бо шаҳомате хосса таҷлил карда мешавад.
Меҳргон ба монанди аксари оин ва ҷашнҳои бостонии ниёгони мо чун Наврӯз, Сада ва Тиргон ба зиндагии мардум, тақвими кишоварзӣ, мушоҳидаҳои одамон бар табиат, тасаввуроти инсон нисбат ба ҳаракати офтобу моҳу замин, баракати зиндагӣ, ҷамъоварии самараи кори кишоварзон ва монанди ин пайвандӣ дорад.
Ин ҷашн ба рӯзи Меҳр, ки дар рӯзи 16-уми моҳи 7-ум тақвими шамсӣ аст, дар тақвими имрӯза ба рӯзи 2-юми октябр рост меояд. Баъзе муҳаққиқон онро баробар ба 7 ва 8 октябр ва бархе ба 10 то 12 октябр медонанд.
Хулоса, дар баъзе мавридҳо мардум фасли тирамоҳро фасли Меҳргон низ мегӯянд ва аз нимаи дуюми моҳи сентябр то нимаи дуюми моҳи октябр онро дар ҳар минтақа таҷлил мекарданд. Имрӯзҳо дар Тоҷикистони соҳибистиқлол мебинем, ки дар ин давра ба истиқболи ҷашни Меҳргон «Иди харбуза», «Иди асал», «Иди каду» ва ғайраҳо баргузор шуда истодааст.
Меҳргон таърихи басо бостонӣ дорад. Роҷеъ ба Меҳргон дар осори таърихӣ ва адабӣ ишораҳои зиёде мавҷуд аст. Мувофиқи нақли Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома», ҷашни «Меҳргон» ба шарафи мағлуб ва банд шудани Заҳҳоки мордӯш дар кӯҳи Дамованд ва ба тахти шоҳаншоҳӣ нишастани Фаридун ороста гардидааст (ҳарчанд ки аз таҷлили он дар замони Ҳушанги Пешдодӣ ва аз он қадимтар низ ном бурда мешавад):
Фаридун чу шуд бар ҷаҳон комгор,
Надонист ҷуз хештан шаҳриёр.
Ба расми Каён тоҷу тахти меҳӣ,
Биёрост бо кохи шоҳаншоҳӣ.
Ба рӯзи хуҷаста сари Меҳрмоҳ,
Ба сар барниҳод он каёнӣ кӯлоҳ.
Замона беандуҳ гашт аз бадӣ,
Гирифтанд ҳар як раҳи эзадӣ,
Дил аз довариҳо бипардохтанд,
Ба оин яке ҷашни нав сохтанд… .
Кунун ёдгор аст аз ӯ моҳи Меҳр,
Бикӯшу ба ранҷ эч манмой чеҳр.
Варо буд ҷаҳон солиён понсад,
Наяфканд як рӯз бунёди бад.
Ҳамзамон, маълумоти дигар низ ҳаст, ки «Меҳргон» ба номи Коваи оҳангар ё Коваи Додҳоҳ низ алоқаманд аст. Аз он хотир, ин оин азиз аст, ки дар он рӯз Кова пешдомани кориашро аз пӯсти шер (ба маълумоти дигар аз пӯсти хирс) ба сифати дирафш, ҳамчун мубориза алайҳи хунхориҳои Заҳҳок бардошт ва халқи заҳматкашро ба дафъи қувваҳои бехиради аҳримонӣ даъват кард.
Азбаски хурӯҷи Кова ба ҷашни Меҳргон рост омадааст, ҷанбаи халқӣ ва беш аз ҳама, бо аҳли заҳматкаш марбут будани ин маросими тоисломӣ боз ҳам равшантар мешавад. Чуноне ки аз гуфтаҳои болоӣ маълум шуд ва ҳамзамон, дар баъзе китобҳову навиштаҷоти пешин низ омадааст, ҷашни Меҳргон ва баргузории он ба номи Фаридун ва он Коваи додхоҳ, ки бо ҳамдастии Фаридун бар Заҳҳоки зулматсиришт пирӯз шуд, мансуб аст.
Ба ҳар ҳол, Меҳргон дар замони қадим чунон аҳаммиятеро молик буда, ки баробари рӯйи кор омадани дини Зардушт на танҳо аз байн нарафт, балки ҷойгоҳи хосе низ пайдо намуд.
Ҷашни Меҳрангон иди маъракаи ҳосилғундорӣ буд ва низ арзи сипос ба Меҳр — Хуршед, ки хомҳоро пухта мегардонад ва танҳоро гармиву ҷон мебахшад.
Гузашта аз ин бояд гуфт, ки ниёгони мо ғайр аз ҷашнҳои Наврӯзу Сада ва Тиргон боз чаҳордаҳ ҷашни бузург дар дарозои сол баргузор мекарданд, ки аз ин ҷашнҳои чаҳордаҳгона маъмултаринаш Меҳргон аст.
Ногуфта намонад, ки гузаштагони мо дар замонҳои басо дур солро ба ду фасл ҷудо мекарданд: тобистон (210 рӯз) ва зимистон (155 рӯз). Наврӯз дар оғози тобистони бузург ҷой дошту баргузор мешуд ва Меҳргон сароғози зимистони бузург буд.
Баъдтар дар замони Сосониён фаслҳои сол ба чор тақсим шуданд ва Наврӯз ба фасли баҳору Меҳргон ба фасли тирамоҳ рост омаданд.
Баргузории ин ду ҷашн таърихи бостонӣ доранд ва ҳаммонандии бисёр. Бад он гуна, ки бисёре аз ангезаҳои баргузории Наврӯзу Меҳргонро ҳамсон гувоҳем. Меҳргон дар шаш рӯз баргузор мешуд, ки худ нишоне аз арҷу арзиши ин ҷашни бузург ба шумор мерафт. Меҳргон аз «меҳррӯз», яъне, шонздаҳуми рӯзи Меҳрмоҳи бостонӣ оғоз мешавад ва дар «ромрӯз» — бисту якуми моҳ поён меёфт.
Муддати таҷлили Меҳргон дар сарчашмаҳо ба шаш рӯз ишора шудааст (1-рӯзи меҳр, 2-рӯзи дӯстӣ, 3-рӯзи рӯшанӣ, 4-рӯзи Хуршед, 5-рӯзи паймон ва 6-рӯзи ромишу шодию шодмонӣ), ки рӯзи нахусти ӯ «Меҳргони кучак» («Меҳргони омма») ва вопасин рӯзи ӯ «Меҳргони бузург» («Меҳргони хосса» ва ё «Меҳргони вижагон») ном доштанд.
Ҳамчунин, ақидаи дигаре низ мавҷуд аст, ки дар гузашта Меҳргонро сӣ рӯз таҷлил мекарданд. Панҷ рӯзи аввал-«Меҳргони омма» («Меҳргони кучак») ном дошт ва рӯзҳои баъдӣ ба панҷ бахш тақсим шуда, ҳар як бахш ба синфе ва ё табақаи иҷтимоие ихтисос доштаанд ва онро «Меҳргони хосса» меномиданд.
Дар асри 19 ва аввалҳои садаи 20 дар фасли тирамоҳ, ба хусус, дар моҳи октябр натиҷаи ҷамъоварии ҳосил дар байни тоҷикони Осиёи Миёна бо шодию нишот баргузор мегардид ва ҷашнҳои бошукӯҳе барпо мешуд.
Тавре ки пирамардони куҳансол нақл менамоянд, мардум дар гузашта, пас аз ҷамъоварии ҳосил дар меҳмонхонаҳо, сайргоҳҳо ва бозорҳо хурсандӣ мекарданд. Аз ҳосили ба дастовардаи худ ғизоҳо пухта ҳамдигарро зиёфат медоданд, ки ин оин имрӯзҳо низ ба чашм мерасад.
С. Айнӣ дар «Ёддоштҳо»-и худ таҳти унвони «Сайри Дарвешобод» ба таври муфассал яке аз чунин ҷашнҳоро тасвир намудааст, ки он дар фасли тирамоҳ баргузор мегашт ва ҷашни Меҳргонро ба ёд меовард. Устод Айнӣ бидуни ишорат ба номи Меҳргон ба таври муфассал раванди баргузории ин ҷашнро, ки худ дар он ширкат варзидааст, тасвир намуда, аз шодиҳо, бозиҳо, сурудхониҳо ва шӯхиҳои мардум бо самимият ёд карда, лаҳзаҳои онро ҳунармандона ба қалам овардааст.
Чунин сайру гаштҳо дар тирамоҳ, ки Меҳргонро ба ёд меовард, дар Бухоро, Самарқанд, Панҷакент, Истаравшан, Хуҷанд, Кӯлоб, Ҳисор, Бойсун ва минтақаҳои дигари тоҷикнишини Осиёи Марказӣ дар охири асри 19 ва аввалҳои садаи 20 баргузор мешуд ва ҳоло низ аз байн нарафтааст.
Дар замони собиқ Шуравӣ низ дар фасли тирамоҳ дар байни мардум ин ҷашн баргузор мегардид, вале сиёсатмадорони замон кӯшиш намуданд, ки онро ба фоидаи сиёсати худ истифода баранд. Аз ин рӯ, бо номи «Иди ҳосилот» ва ё «Иди ҳосил» дар фасли тирамоҳ дар деҳоту навоҳии Осиёи Миёна ҷашне бо шодию нишот барпо мешуд, ки онро бо карнаю сурнай ва рақсу бозӣ баргузор менамуданд.
Ривояту устураҳо роҷеъ ба Меҳргон
1. Меҳргон рӯзи густариши замин аст («Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ).
2. Меҳргон рӯзи офариниши Офтоб аст («Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ).
3. Меҳргон рӯзи падид омадани нахустин зану марди ҷаҳон аст («Бундаҳишн»).
4. Меҳргон рӯзи оғози зимистони бузург аст («Ҷашни Меҳргон»-и Бурҳон ибни Юсуф (соли 1986)).
Вижагиҳои Меҳргон
Ба шодию шодмонӣ ва сурур пайвастани баргузоркунандагони ҷашни мазкур яке аз хусусиятҳои асосии ҷашни «Меҳргон» аст, чунки аз боварҳое, ки аз ниёгони хеш ба мо расидааст, мебинем, ки ориёиҳо бо «шодӣ» ва «сур» арҷи бисёр мегузоштанд. Аз ин рӯст, ки пешиниёнамон ба ҳангоми баргузории оини Меҳргон (бомдодон, пеш аз баромадани Хуршед) оташ меафрӯхтанд, ба ниёиши оташ мепардохтанд ва ба шодию шодмонӣ саргарм мешуданд. Ба гуфтори Асадии Тӯсӣ:
Баланд оташи меҳрагонӣ бихост.
Ки тафаш, ба чарх ахтаронро бихост.
Бинобар манобеи оини меҳрпарастӣ дар даврони тозардуштӣ дар ҷашни Меҳргон қурбонӣ кардани говҳо аз маъмултарин ва муҳимтарин унсурҳои ҷашн ба шумор мерафтааст.
Яке аз одатҳои дигари шоҳони Ҳахоманишӣ дар давраи ҷашни Меҳргон ин додани «бор»-и ом буд. Дар маросими «бор» яъне, пазироии хоссу ом ва сафирону кабирон масъалаҳои пешниҳодшуда аз ҷониби шоҳ баррасӣ ва ҳаллу фасл мегашт. Дар ин маросим ҳадя ва пешкашҳо аз хоссу ом ба шоҳ супорида мешуд ва ҳамчунин, ба шахсони борёб ё борёр, яъне, аз ҷониби шоҳ пазируфташуда ҳадяҳо тақдим мегардид.
Шоҳ панҷ рӯзи аввали ин ҷашнро ба қабули омма ихтисос медод, ки додани бор ба онҳоро «бори ом» мегуфтанд. Баъдан дар рӯзи шашум, ба таври ҷудогона, бори хоси кормандони давлатӣ, ашрофон ва узви хонадони подшоҳӣ сурат мегирифтааст, ки онро додани «бори хос» мегуфтанд.
Ҳангоми баргузории ҷашни Наврӯзу Меҳргон ҳакимон пандҳо мегуфтанд, шоирон шеърҳои нав мехонданд ва сарояндагону навозандагон оҳангу сурудаҳои вижа зери номҳои «Наврӯзи кучак»-у «Наврӯзи бузург», «Меҳргони кучак»-у «Меҳргони бузург» ва «Меҳргонӣ»-ю «Навои меҳргонӣ» ва ғайра, менавохтанду тараннум мекарданд.
Дар ҷашни зебои Меҳргон ниёгони мо танҳо дил ба шунидани навои созу сурудани хунёгарону хонандагон намедоданд, балки ба пойкӯбию дастафшонӣ ва рақсу бозӣ низ мепардохтанд ва ба пешвози Меҳри ҷаҳонтоб (Офтоб) мешитофтанд.
Меҳргон беҳтарин замон барои бастани паймон аст, ба вижа, паймони заношӯӣ. Аз ин рӯ, шоир Масъуди Саъди Салмон чунин оварда:
Рӯзи Меҳру моҳи Меҳру ҷашни фаррух Меҳрагон,
Меҳр бифзой, эй нигори моҳчеҳри меҳрабон.
Ҳамзамон, агар навзоде дар ин рӯз таваллуд мешуд, исми ӯро ба гунае интихоб мекарданд, ки вожаи «меҳр» дар он бошад, амсоли Меҳрдод, Меҳрёр, Меҳрубон, Меҳрӣ, Меҳрон, Меҳрафрӯз, Пурмеҳр ва ғайра.
Мардум дар ҷашни Меҳргон ба ҳамдигар ҳадяҳо мефиристоданд ва ҳамдигарро бо беҳтарин таманниёт табрик мекарданд. Чунин ёд шуда, ки шоҳаншоҳони Сосонӣ ҳангоми баргузории Меҳргон ба мардум ҷомаи нав мебахшиданд, то ки мардуми камбизоат низ дар ин ҷашни фархунда шарик бошанд ва оянда фасли зимистонро гарм гузаронанд. Дар он замонҳо, инчунин, баҳри гиромидошти ҷашни Меҳргон номи яке аз либосҳои болопӯшро «меҳргонӣ» мегуфтанд. Ин «меҳргонӣ» дар он замон як навъ пӯстине буд, ки аз пӯсти ҳайвоне бо номи хаз (шабеҳи санҷоб) дӯхта мешудааст. Пӯсти ин ҳайвон хело гаронбаҳо буда, барои ҳар кас дастрас намешудааст. Барои таҳияи он бояд чандин хазро шикор мекарданд ва баъдан таҳия менамуданд. Маъмулан, пӯшидани «меҳргонӣ» аз фасли тирамоҳ оғоз шуда, то охири зимистон идома меёфтааст. Дар ин бобат Фирдавсии бузургвор чунин фармудааст:
Ҳаво рост гардад, на гарму на сард,
Замин тозаву обҳо лоҷвард.
Чу бо меҳрубонӣ бипӯшем хаз,
Ба нахчир бояд шудан сӯи Ҷаз.
Мардум ҳар он чи дар остонаи Наврӯз — Соли нав анҷом медоданд, дар пешвози Меҳргон низ ба анҷом мерасонданд. Пешвозгирандагони Меҳргон ба шустушӯи беруну дарун мепардохтанд. Ҳамон гуна ки тан, хонаву кошона поку покиза мекарданд, дил аз бадиҳо мешустанду шодмон ба доштани андеша, гуфтору кирдори нек чашмбароҳи даромадан ба ҷашнгоҳи Меҳргон буданд.
Барои хушбӯй кардани тан аз рӯғани вижае, ки аз гиёҳи «бон» ё «пон» мегирифтанд, ба бадани хеш мемолиданд ва баҳра мебурданд. Пӯшоки поку покизаву нав бо рангҳои шоду шодибахш ва бештар арғувонӣ (лолагун) мепӯшиданд. Ба хешу табор гулоб мепошиданд ва аз хон ё суфраи Меҳргон ба шодӣ мехӯрданд ва ҳамагонро арзонӣ медоштанд. Хон ва ё суфраи Меҳргонро бо порчаи сафеди поку покиза мепӯшонанд ва рӯйи он порчаи гирди сурху дурахшонӣ паҳн мекунанду гирдогирдашро дувоздаҳ шамъи фурӯзон мегузоранд.
Се гулдони сарв, се даста гиёҳи сурх, шаш кӯза ё гулдони гулҳои зард ва ду парчам дар ду сӯйи хони Меҳргон ҷойгузин мекарданд.
Оина, тухми мурғи хому пухтаву рангин, ҷоми пуроб, ки моҳии сурх ё рангине дар он аст, дар суфра мебинем ва ҳафт гуна ширинии сапеду рангоранг ниҳода бар суфра ба ширинкомии бошандагон меафзояд.
Хӯроки вижаи Меҳргонро аз гӯшту сабзӣ ва донаҳои гуногун фароҳам меоваранд. Дар ин рӯз зардуштиён либоси нав ба бар мекарданд, мурғро тоза ва даруни онро аз маводди ғизоӣ пур мекарданд ва онро пӯхта, рӯйи дастархон мегузоштанд.
Дар рӯзи ҷашни Меҳргон мубадон ва донишмандон дар ҳафт хон меваҳои махсуси меҳргонӣ: 1-найшакар, 2-турунҷ (лимуи сабз), 3-себ, 4-биҳӣ, 5-анор, 6-ангури сафед ва 7-кунор (дӯлона) ба назди шоҳ меоварданд ва хӯрдану чашидани онҳо хусусияти хуб дошт.
Пеш аз баромадани офтоб, ҳамон замон, ки Меҳргон оғоз мешавад, овози занги оташкада, оғози ҷашни бофарру шукӯҳи Меҳргонро ба гӯши ҷону дил ва сари ҳамагон мерасонад. Ҷашни мазкур бо ширинкомию хушнӯшидан оғоз мешавад ва бо меҳрабонию додану гирифтан фарҷом меёбад:
Ҳумоюни фархунда бодат нишастан,
Бад-ин ҷашни фархундаи Миҳрагонӣ.
Меҳргон дар замони Истиқлоли давлатӣ
Ин ҷашн барои мо-тоҷикон аз замонҳои бостон мерос мондааст ва пас аз Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора бо рангу бӯю таровати дигар эҳё шуд.
Ҷашни Меҳргонро Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон куҳантарин ҷашни миллии мо медонанд ва ба арзишҳои он эҳтироми хос мегузоранд. Дар ҳамин асос ҷашни мазкур аз нав эҳё шуда, доир кардани он ҳамасола ба ҳукми анъана даромада истодааст.
Вобаста ба ин, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми баргузории 80-солагии таъсиси Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур (8 октябри соли 2011) гуфта буданд: «Меҳргон ба монанди Наврӯз таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шавад».
Ин таъкиди Роҳбари давлат асос гузошт, ки ба ин оини мардумӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир шавад, заминаи таърихӣ ва асосҳои миллию мардумии ин рукни фарҳанги ниёгон мавриди омӯзиш қарор гирад ва таҷлили он бо хусусиятҳои хоси маҳалҳо бо шаклу шеваи зарурӣ доир гардад.
Хеле хуб аст, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷашнҳои бостонӣ, ба монанди Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон таваҷҷуҳ намуда, барои эҳёи дубораи онҳо бо тасвиби қарору фармонҳои расмии давлатӣ шароит муҳайё сохтаанд. Ҳамин муҳаббат ба миллат ва кишвар буд, ки бо ташаббуси Сарвари давлат ҷашни Меҳргон умри дубора гирифта, сол то сол мақбултар таҷлил мегардад. Ҳоло чанд сол аст, ки дар Тоҷикистон ҷашни Меҳргон дар пайванди Истиқлоли кишвар моҳи октябр таҷлил мегардад. Дар тамоми бозорҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар мардум дастовардҳои кишоварзии соли равонро ба намоиш бароварда, гурӯҳҳои ҳунарӣ даста-даста дар фазои озод таронасароӣ, рақсу бозӣ ва шодмонӣ менамоянд.
Дар раванди ин ҷашн дар сайргоҳҳо барои хариду фурӯш маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ бароварда мешавад ва бо нархи арзон мардум аз он маҳсулот мехаранд. Ҳамчунин, дар баъзе шаҳру ноҳияҳо намоишҳои махсуси театрӣ ба муносибати Меҳргон барпо менамоянд.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар тамоми қаламрави кишвар ҷашни Меҳргонро мисли Наврӯз ҷашн гирифта, бо Сарвари ватандӯсту фарҳангпарварашон ифтихор намуда, баҳри пешрафти Ватани маҳбубамон боз ҳам бештар саъю талош менамоянд.